Ба ифтихори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ихтисос дорад, ки дар ҷаҳони муосир дар қиёс бо дигар мутафаккирон бештар мутолеа мешавад.

Нахустин иқдом ҳангоми баёни аҳвол ва афкори мутасаввифа ин аст, ки ирфон ва тасаввуфи исломӣ чист ва суфиён кистанд? Ба гузашта ва имрӯз чӣ иртибот доранд? Кадом андешаҳо барои аҳли тасаввуф таъсир гузоштаанд ва сарманшаи он кадом аст? Муҳаққиқон ҳангоми посух ба суолҳои зикршуда андешаҳои мухталиф доранд. Як гуруҳ афроди пажуҳанда дар садади онанд, ки сарчашмаи тасаввуфи исломӣ Қуръон ва ҳадис мебошад ва ин гуруҳ барои суфия афкор ва таъсири ақидаҳои қабл аз зуҳури исломро қоил нестанд ва гумон мекунанд, ки тасаввуф низ чун улуми фиқҳ, ҳадис, такаллум ва монанд ба онҳо пас аз зуҳури ислом пайдо шуда, аз дигар адён ё худ тариқатҳо таъсирпазир набудааст. Ин андеша ғолибан аз ҷониби мубаллиғини исломӣ матраҳ гардидааст. Аз зумраи онҳо яке Муртазо Мутаҳҳарӣ аст, ки дар китоби худ мавсуф ба «Хадамоти мутақобилаи ислом ва Эрон» таҳти унвони «Ирфон ва тасаввуф» фасли ҷудогонае дар ҷиҳати ҳифзи «Маорифи ирфонӣ ва фирқаи иҷтимоӣ» номгузорӣ намудааст. Номбурда илми тасаввуфро бо ахлоқ қиёс намуда, ба хулосае меояд, ки «ҳамаи системҳои ахлоқӣ зарурате намебинанд, ки дар бораи равобити инсон бо Худо баҳс кунанд, фақат системҳои ахлоқии мазҳабӣ ин ҷиҳатро мавриди иноят ва таваҷчуҳ қарор медиҳанд.
Гузашта аз ин, дар ин китоб се назарияи муқобили тасаввуфи исломӣ баён гардидааст. Назарияи аввалро муҳаддисону фуқаҳо изҳор кардаанд ва гуфтаанд, ки тасаввуф ба ислом рабте надорад. Ин назарияи аввал аз дохил баён ёфтааст дар замонҳои гуногун аз таърихи тамаддуни исломӣ.
Назарияи дуввумро ховаршиносони муосир доранд ва он мубтанӣ аст ба наҳзати ақвоми ғайриараб дар муқобили араб. Мутаҳҳарӣ ин гуруҳро ба он айбдор медонад, ки онҳо мехоҳанд ба ин васила «ирфонро аз саҳнаи маорифи исломӣ хориҷ намоянд».
Назарияи саввум ба гуруҳи бетараф марбут аст, ки онҳо аҳли тасаввуфро чун соири табақоти фарҳангӣ ба ислом мутаваҷҷеҳ донистаанд. Бидуни шак, ҳамаи мутасаввифа аз Қуръону ҳадис, ки аз пояҳои асоситарини дини ислом ҳастанд, воқиф буданд ва ҷаҳд менамуданд ҳангоми муколамаҳо аз ин сарчашмаҳо истифода намоянд. Ҳатто андешае низ вуҷуд дорад, ки мутасаввифа ғолибан мубаллиғини исломӣ маҳсуб мешуданд ва ба хотири таблиғ ҳиҷрат менамуданд ва аз хотири интишор намудани ақоиди понтеистӣ ба ҳокимони давр муроҷиат мекарданд. Бешубҳа, дар таърихи қуруни вустоӣ пӯшиши ирфонӣ барои мухолифон беҳтарин низоми андешаронӣ низ маҳсуб мешуд. Аммо агар ба ҳиҷрати суфиён мутаваҷҷеҳ шавем, аксари онҳо ба марокизи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ муҳоҷират бинмуданд. Ин ҷо хулосае бармеояд, ки ҷосусони кишварҳо дар либоси суфиён миёни муслимин ворид гардида, авзои сиёсии онҳоро омӯхтаанд. Муҳочирати Марко Поло барои ин ҳарфҳо метавонад далел гардад.
Абдулҳусайни Зарринкӯб, ки аз зумраи муҳаққиқони муосири тасаввуфи исломӣ аст, ирфони исломиро аз ирфони масеҳӣ ҷудо мекунад ва иқрор дорад, ки суфия аз ислом бархӯрдор буданд, айни замон таъсирпазирии ин таълимотро аз макотибу фирақи қадимӣ инкор намекунад. Номбурда дар ин маврид бо дар назардошти ҳамоҳангие, ки тасаввуфи исломӣ бо гузашта доштааст, ин гуна изҳори назар намудааст: «Албатта дар байни он чӣ мумкин аст таъсири биловоситае дар пайдоиши тасаввуф дошта бошад, бидуни шак мазоҳиби аҳди Сосонӣ, мисли оини Монӣ, ақоиди гносӣ, оини буддоӣ ва кеши масеҳиро бояд ёд кард, аммо ҳатто қарнҳо пеш аз аҳди Сосонӣ ҳам, пораи аносири ирфонӣ дар ақоид ва одоби маздаясно ва ҳам дар таълими Зартушт ва матовии Авасто вуҷуд дошта аст, ки ривоҷи онҳо собиқаи омодагии муҳити фикрию зеҳнии эрониёнро барои қабули порае аз мабодии суфия нишон медиҳад».
Агар риёзат ва узлатнишиниро василаи истикмол пиндорем, пас тасаввуфи исломӣ бо маслаки Монӣ ва дигар таъолими гносии аввали солшумории масеҳӣ иртибот пайдо мекунад. Берунӣ дар «Осорулбоқия», ки аз бонуфузтарин маохизи таърихӣ аст, аз таҳқиқи ҷанбаи ирфонии кеши монавия барканор намондааст ва маълумоте, ки дар ин китоб омадааст, моро ба хулосае бармедорад, ки канораҷӯӣ ва гӯшанишиниро пайравони Монӣ аз масеҳият барои худ касб намудаанд: «Ва мардумро ба олами нуру инсони қадим ва «руҳулҳаёт» даъват карда ва ба абадии нуру зулмат ва азалияти ин ду асл қоил шуда ва қурбонии ҳайвоноту харар овардан бар оташу обу набототро ҳаром намудааст… Афзал донистани дарвешӣ ва пешгирии ҳирсу шаҳват ва канорагирӣ аз дунё ва зуҳд дар ҷаҳон, аз қабили макру найранги онҳост» .(3.219) Таваҷҷуҳ ба инсони қадим чунон ки дар боло зикраш рафт, дар тасаввуфи исломӣ низ вуҷуд дорад, ки ӯро Абулбашар ва Пири Сарандеб ном бурдаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи «инсони қадим» аз шаманҳо ёдоварӣ мекунад, ки онҳо ҳазрати Одамро падари инсоният маҳсуб медонанд.
Ирфони исломӣ аз ирфони масеҳӣ мутафовит аст. Чун масеҳиён ҷисмро зиндони руҳ пиндоштаанд ва барои ҳусули мақсуд аз дунё дурӣ ҷустанро тавсия бинмудаанд ва ҳатто ба хотири истикмоли руҳ аз баҳри зану фарзанд ва хешу ақрабо гузаштанро пешниҳод сохтаанд, аммо мутасаввифа, ба хусус намояндагони тасаввуфи назарӣ, агарчи на танҳо ҷисм, балки ҷаҳонро барои инсон зиндон донистаанд, вале дунёро дар мухолифи тиллову нуқраву фарзанду зан гузоштаанд. Ва Мавлоно мегӯяд:

Ин ҷаҳон зиндону мо зиндониён,
Ҳафра кун зиндону худро вораҳон.
Чист дунё? Аз Худо ғофил будан,
Не қумошу нуқраву фарзанду зан.

Чунонки аз андешаронии Абдулҳусайни Зарринкӯб бармеояд, гуруҳе аз муҳаққиқин тасаввуфро «тафаккури зидди сомӣ ё лоақал ғайри сомӣ» донистаанд ва ҳатто ба он қонеъ нагардида, ирфонро «аксуламали зеҳни ориёӣ дар муқобили андешаи ақвоми сомӣ хондаанд». Аммо чунонки маълум аст андешаи ирфонӣ фақат хоси ориёиҳо нест, балки хоси ҳамаи миллатҳост, ки дар таърихи худ фалсафаҳо эҷод кардаанд. Аз ашхоси номовари риёзатпеша ва узлатнишин Буддо ва Монӣ ориёитабор будаанд, боқимондаҳо то солшумории ҳиҷрии қамарӣ, ки нуфузи бештар дар ирфони ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, ғайри ориёӣ маҳсуб мешаванд.
Гузашта аз ин, тасаввуфи исломиро аксуламали зидди сомӣ муаррифӣ кардан саҳеҳият надорад. Баръакс, урафои исломӣ чун асрор нуҳуфта медоранд, моил ба ҳама андешаҳо ва таблиғҳои яҳудиён мебошанд, ки ақидаву тафаккурро, ки ба миллати худ мансуб медонанд, аз ғайри худ пинҳон медоранд. Дигар ин ки ҳамаи таблиғоти онҳо аз хотири он аст, ки бартарии хешро аз дигар милали дунё исбот намоянд. Ҳамин гуна тасаввуфи исломӣ аст, ки барои худ бартариро аз соири мардумон иқрор медорад. Дар мисоли гуфтаҳои Мавлоно:

1.Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи бошад дар набиштан шер шир.

2.Дар наёбад ҳоли пухта ҳеҷ хом,
Пас сухан кӯтоҳ бошад, вассалом.

Акнун мутаваҷҷеҳ шавед ба андешаи Зарринкӯб, ки ақоиди бархе аз муҳаққиқинро дар бораи ин ки оини гносӣ як навъи бархӯрд ба асолати яҳудӣ доштаи масеҳият будааст, ба кули рад мекунад ва мегӯяд: «Дар воқеъ, касоне чун Маркиюн ва Бардисон аз ислоҳгарони қадими калисо ҳам, ки мансуб ба ақоиди гносӣ шудаанд, ҳар ду мекушидаанд, то масеҳиятро аз собиқаи хеш ва аз ҳар гуна иртибот бо яҳудият ҷудо кунанд. На, оё ин эҳтимомро метавон ба таъбири муҳаққиқони гузашта навъи туғён бар зидди сомигарӣ маҳсуб кард? Маъхазҳо ду ҷилваи боризи ин тамоюлоти гносӣ, ки махсусан дар Эрон то муддатҳо баъд аз поёни аҳди Сосониён нуфуз ва давоми худро бешу кам ҳифз кардаанд, бо заминаи ақоиди сомӣ, ҳамчунон иртиботи қобили мулоҳиза доштаанд: оини мандоӣ, ки мазҳаби як даста аз ақвоми сомии Эрон ва Байнаннаҳрайн аст ва оини монавӣ, ки бунёдгузори он Монӣ дар Бобул парвариш ёфт ва бо забони суриёнӣ ҳарф мезад».
Дар маохизи арабӣ бо сабаби ин ки пайравони оини мандоӣ дар оби ҷорӣ беш аз меъёр ғусл мекардаанд, онҳо чун «муғтасила» муаррифӣ шудаанд ва Монӣ, ки ба шеъру мусиқӣ низ илтифоти тамом дошт, маҳз дар байни муғтасила парвариш ёфтааст. Маълумоте, ки Берунӣ аз муғтасила додааст, ҷоиз ба тазаккур мебошад: «Кеши собиин аз маҷусияту яҳудият омехтааст». Ҳамчунин муғтасиларо пайрави Яҳё ибни Закариё хондаанд, ки аз ҳақиқати таърихӣ иҷтиноб намекунад. Аммо бармегардем ба бархӯрду иртиботи ақоиди сомӣ бо ирфон.
Дар «Маснавии маънавӣ» аз шоҳу вазири яҳуд ҳикоят омадааст, ки куштани исавиёнро айни матлаб надониста, аввалан бо буридани гушу бинӣ ворид ба муҳити масеҳиён мешаванду барои парокандагии онҳо аз узлатнишинӣ ва риёзаткашӣ истифода менамоянд. Чун муридони вазир аз ӯ мепурсанд, ки чаро аз мо гушанишинӣ мекунӣ, вазир нидо дар медиҳад, ки ман бо назардошти пайғоме, ки аз Исои Масеҳ гирифтаам, узлатнишиниро ихтиёр намудаам.
Чунон ки маълум аст, ҷанбаи раҳбонии оини масеҳӣ аз ҷумлаи ақоиди сомӣ маҳсуб мешавад, ки дар тӯли таърих барои гумроҳии насоро таҳия ва тадвин шуда, баъдан ба эшон таҳмил ёфтааст. Ин ҷо як андеша дар тафаккур пайдо мегардад, ки тасаввуфи исломӣ ба гунаи аслгироӣ будааст ва мутасаввифа бидуни андоза ҷаҳду талош доштаанд ҷӯёи асли асл шаванд. Ин андеша аз ислом сарчашма мегирад ё худ аз зумраи ақоиди таҳмилшуда аз ҷониби бегонагон барои гумроҳии муслимин маҳсуб мешавад? На, чунки суфиён аслгироии фоҳишро, ки дар рафтору гуфторашон ҳувайдост, ба докторини «ваҳдати вуҷуд» мансуб медонанд ва ба як ҳадиси саҳеҳ нисбат медиҳанд, ки инчунин мебошад: «Ҳама чиз бозгарданда ба асли худ аст». Ва маҳз дар асоси ҳамин ҳадис Мавлавӣ дар маснавияш аз фироқ ҳикоят ва шикоят мекунад:

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Ин ҷо маълум аст, ки барои тасаввуфи исломӣ Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ аз сарчашмаҳои асосӣ маҳсуб мешаванд, вале агар бидуни ҳадгузорӣ мо ҷӯёи асли асл шавем, ҳамон гуна аз тадбиқи қудратҳои доштаамон дур мемонем ва билохира хоҳем дид, ки афроди сахткуш дар таҳқиқи дунё рӯ ҷониби оянда доранду мо, ки дунёро барои худ зиндон медонем, рӯ сӯи ҳаводиси сипарӣ шуда бинмудаем, агарчи дар ақлу заковат дар қиёс бо афроди сахткуш муқаддамтару мукаммалтарем. Агар тасаввуфро ба унвони аксуламал дар муқобили авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ талаққӣ кунем, пас бархурди таъолими суфия, ки маншаи воқеии он аз ислом нақш пазируфтааст, бо дигар тариққатҳои исломӣ ҳувайдо мегардад.

Машраби Абдуллоҳ, рӯзноманигор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here