Ба ҷои корам идораи комитети комсомолии вилоят медаромадам, бисёр шитоб доштам. Аз пешам муовини сардори идораи амнияти вилоят В.А. Лебедев баромад. Баъди салому алейк гӯфт:

— Ҳеҷ гап не, ҳамаааш дуруст мешавад, ғам нахӯр. Ман ба онҳо фаҳмонидам, ки ин ҳодиса ҳангомаи сиёсӣ будаву шуда наметавонад. Магар «Ленин дар Помир» буд? Мирсаид Миршакар дар ин бора достон навишт. Баръакс нишонаи таблиғи санъат ва симои доҳӣ аст ин кори ту ва ҷавонони ҳамкорат.
Ман ҳайрон-ҳайрон ва саволомез ба ӯ нигоҳ мекардам, ба ишорае, ки ҳеҷ чизро намефаҳмам.
— Гап дар бораи ҳамон сурате меравад, ки дар зераш навиштаӣ: «Ленин дар Данғара»…
Хайру хуш карда, ба кабинет ворид шудам. Дидам, ки дар ҳақиқат зери шишаи мизи кориам ҳамон сурат нест. Ин сурат таърих дошт.
Соли 1978 ба муносибати 60-солагии ВЛКСМ Театри ҷавонон песаи «Ленин ва ҷавонон»-ро тайёр карда буд. Гастроли эҷодӣ дошт. Дар чанд ноҳия, аз ҷумла Данғара намоиш дода шуд. Баъд аз намоиши муваффақона ҳамкорам Файзалӣ Мазориев барои хотира иштирокчиёнро бо санъаткори дӯстдоштаи ҷавонон Тағоймурод Розиқов, ки дар грими В.И.Ленин буд, акс бардоштанд. Ба дасти ман яке аз ҳамон аксҳо афтод. Ҳамон лаҳза ба зераш навиштам: «Ленин дар Данғара» ва дар зери шишаи болои мизам гузоштам. Мақсади ман ягон вақт расондани он ба дӯстам Сафаралӣ Қурбонов буд.
Аксро кӣ, кай аз зери шиша гирифта буд, намедонам, вале муҳокима шудани ин амали ман дар назди Котиби дуюми комитети партиявии вилоят Н.В.Речкин тааҷубовар набуд.
Солҳо гузаштанд. Меҳмони Таваккал Мирзоев-котиби якуми вақти райони Данғара шудем. Албоми суратҳояшпро нишон дод. Ин аксро дида, ҳамон лаҳза, ҳамон воқеа ба ёдам расид.
Образи офаридаи Т.Розиқовро ҳамон сол нақши беҳтарин дониста буданд. Дар ҳақиқат ҳам хуб бозида буд. Баъд аз устод Аслӣ Бурҳонов Тағоймурод Розиқов ҳунарманде буд, ки нақши Ленинро бисёр писандида офарид.
Аз Инқилоби Октябр 100 сол гузашт, вале ҳанӯз ҳам хотираҳову ёддоштҳо дар бораи он рӯ мезананд.

С.Фиғонӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here