Ҳар гоҳ, ки аз деҳаи Понгоз ҷониби шаҳри Хуҷанд равон мешавед, ҳангоми гузаштан аз деҳаи Меҳробод ҳайкали пурҳашамати аскаре ба назар мерасад, ки дар даст автомат ба пеш медавад.

Вақте ки бори аввал ин ҳайкалро дидам, кӯдак будам. Ҳайкал ба назарам  ғайриоддӣ ва ҳатто афсонавӣ намуд. Солҳои бачагии мо ҳарчанд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳсолаҳо сипарӣ шуда бошад ҳам,таассуротҳои  пурдаҳшати он ҳанӯз дар ёдӣ мардум боқӣ монда буд.

Мардум дар бораи вазниниҳои солҳои ҷанг, дар бораи падару бародар ва хешовандони дар ҷанг нобудшуда ва ё бе ному нишон гумшуда, қиссаҳо мекарданд. Шоиру нависандагон дар бораи корнамоиҳои ҷангии аскарон асарҳо эҷод мекарданд. Беҳтарин филмҳои дӯстдоштаи мо бачагони он солҳо дар бораи ҷанги зидди немисҳо буд. Хуллас, ёди он ҷанги хонумонсӯз аз ёди халқ ҳанӯз зудуда нашуда буд. Эҳсоси ифтихор аз падару бобоҳои қаҳрамон ҳар яки мо фарзандони он даврро фарогир буд.

Аз ин ҷост, ки дидани ин ҳайкали ба назари мани кӯдак муҳташаму пурсалобат, ҳар боре, ки аз назди он мегузаштам ба ман як фараҳмандӣ мебахшид.

Баъдҳо вақте ки ақли худро шинохтам ва ба кӣ тааллуқ доштани ҳайкалро донистам, бо шавқи зиёд ба зиндагиномаи Тӯйчӣ Эрйигитов мароқ зоҳир кардам. Тӯйчӣ Эрйигитов соли 1921 дар деҳаи Қаҳрамон (собиқ Булоқ) ноҳияи Ашт, дар хонадони чӯпон ба дунё меояд. Соли 1933 мактаби ибтидоии деҳа ва соли 1938 мактаби 7-солаи деҳаи Меҳробод (собиқ Қамишқурғон)-ро хатм менамояд. Пас аз он муддате ҳамроҳи падараш  чӯпонӣ кардааст.

12-уми феврали соли 1941 ҳамроҳи ватандӯстони деҳаю ноҳия ихтиёрӣ ба фронт меравад. Аввал дар фронти Калинин, сипас дар фронтҳои Сталинграду Ленинград чун пулемётчӣ, разведкачӣ ва алоқачӣ хизмат мекунад. Сентябри соли 1942 дар ҷанги шадиди фронти Сталинград ярадор шуда, ба госпитал меафтад ва пас аз 2 моҳ сиҳат шуда, боз ба фронт меравад. Дар госпитал ба дасти Тӯйчӣ рӯзномае меафтад, ки дар он дар бораи корнамоии Александр Матросов  мақола дарҷ шуда буд. Ӯ мақоларо гаштаю баргашта мехонд ва дар қалбаш эҳсосоти пайравӣ ва ҷасорату далерии Александр Матросов пайдо мешавад.

5-уми октябри соли 1943 бо мақсади рахна кардани муҳосираи  Ленинград полке, ки дар он Тӯйчӣ хизмат мекард, супориш мегирад, ки деҳаи Смердиняро озод кунад.

Субҳи барвақт аскарони советӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Дар гуруҳи ҳуҷумкунанда, ки Тӯйчӣ сардораш буд, аскарон аз шиддати тири душман имконияти сар бардоштан надоштанд, аммо Тӯйчӣ гаваккашон пеш рафта, охир аз ҷояш хеста рост шуд ва бо овози «ура» ба тарафи душман граната партофт, ки он ба нишон намерасад, ниҳоят боз пеш рафта ба амбразура (ДЗОТ)-и душман наздик мешавад ва худро ба даҳони  амбразура  партофта ба танаш даҳони онро руст мекунад. Аз тири душман тани ӯ пора-пора мешавад, нуқтаи оташфишонии душман хомӯш  гардида аскарони советӣ ба ҳуҷум мегузаранд ва деҳаи Смердиня озод карда мешавад. Ҳамяроқон ҷасади Тӯчиро дар наздикии деҳа бахок месупоранд. Ҳамин тавр Тӯйчӣ Эрйигитов корнамоии бузурги Александр Матросовро такрор карда, дар роҳи озодии Ватан ҷон нисор кард, лекин номи накӯяш абадӣ дар хотири ҳамдиёрону халқҳои озодидӯстӣ советию монд.

21-уми феврали соли 1944 бо фармони Президиуми Совети Олии СССР ба Тӯйчӣ Эрйигитов унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода мешавад. Ба хотири ин фарзанди номдору шуҳратманди ноҳия дар зодгоҳаш-деҳаи Қаҳрамон нимпайкара, дар деҳаи Меҳробод муҷассама, ки зикраш дар боло рафт, номи мактаб, ки қаҳрамон дар он таҳсил карда буд, номи кӯча дар маркази ноҳия шаҳраки Шайдон ва номи яке аз савхозҳои ноҳия гузошта шудааст.

Инчунин ба камоли мамнуният қайд бояд кард, ки ба наздикӣ номи деҳа, ки пештар Булоқ буд, ба шарафи ин фарзанди барумандаш бо қарори Раиси ноҳия номи «Қаҳрамон»-ро гирифт. Аз ин иқдоми нек мардуми деҳа ва саросари ноҳия боз ҳам руҳбаланд гаштанд.

Дар ин рӯзҳо, ки айёми 75-солагии ғалабаи  халқи советӣ аз болои  фашизм фаро мерасад, ба деҳаи Қаҳрамон ба зиёрати хонамузей ва мактабе, ки номи ӯро дорад, рафтам. Дар саҳни мактаб ба пояи нимпайкараи қаҳрамон, ҳамдеҳагон гулҳо гузоштаанд. Онҳо фахр доранд, ки Тӯйчӣ ҳамдеҳаи онҳост. Симои бовиқори қаҳрамон бошад, гӯё ба ҳар як шахси ба зиёраташ омада, гуфтанӣ мешавад:

Мафрӯш обрӯӣ Ватанро зи тарси ҷон,

Номи баланд ба ҳиммати мардӣ харид кун.

Қурбонмат Дадоматов, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон,

ноҳияи Ашт

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here