Олами муосирро як унсури хосае фаро гирифтааст, ки дар илм онро бо мафҳуми ҷаҳонишавӣ ифода намудаанд. Ҷаҳонишавӣ бо тамоми ҳастиаш оламро фаро гирифта, метавонад натиҷаҳои мусбию манфии хешро ба ин ё он давлат ва миллат расонад. Он дар қатори ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа буданаш омилҳоеро доро мебошад, ки боиси талаф ёфтани баъзе аз хусусиятҳои хоси ин ё он миллат мегардад. Бо таъсири ҷаҳонишавӣ рӯз то рӯз мақом ва мавқеи давлатҳои миллӣ, ки ягона субъекти муаррифгари ин ё он миллат ба шумор мераванд коста гардида, ҷойи онҳоро ташкилотҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар тамоми бахшҳо ишғол намуда истодаанд. Махсусан, суқут ёфтани арзишҳои фарҳангӣ, ки нишонгари хусусиятҳои хоси баъзе аз миллатҳо мебошад, дар ду даҳсолаи асри навин ба таври назаррас ба мушоҳида мерасад. Дар зери таъсири фарҳанги ба мардуми маҳаллӣ бегона фарҳанги миллию таърихӣ дар баъзе аз минтақаҳо рӯ ба таназзул оварда истодааст.
Ҳаминро мебояд қайд намуд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ намудани фаноёбии фарҳанги миллӣ арҷ гузоштан ва эҳё гардонидани анаънаҳои мардумӣ дар марҳилаи муосир ба шумор меравад. Нақши хосаи анаъанаҳои мардумиро, ки васлгари миллат ба саҳифаҳои пурарзиши таърихи хеш мебошад, ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд, ки фоли некест, дар густариши ин соҳаи афзалиятнок.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгари таъриху тамаддуни бузурги халқи тоҷик дар осори таърихии хеш вобаста ба фарҳанги миллӣ, махсусан анъанаҳои мардумӣ ва раванди ташаккулёбии он дар асоси мадракҳои муътамади таърихӣ маълумотҳои пурарзишеро пешниҳоди хонанда намудааст. Ӯ зарурияти омӯзиши таърихи фарҳанги миллиро бо хусусиятҳои хосаш нишон дода, қайд менамояд, ки “Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмӯи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмӯ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад”.
Дар асоси гуфтаҳои Пешвои миллат ҳаминро қайд намудан меарзад, ки миллати тоҷик аз ҷумлаи он халқиятҳоест, ки ба монанди мисриҳо, бобулиҳо, чиниҳо ва ҳиндуҳо бо доро будани таърихи тамаддуни бояш, махсусан анаъанаҳои рангоранги пурмуҳтавои хеш дар тӯли таърих аз ҷониби халқиятҳои ҳамҷавори худ баҳои баландро соҳиб гардида буд. Анъанаҳои миллӣ яке аз унсурҳои махсуси тамаддуни халқ ба шумор рафта, мустақилияти фарҳанги моддию маънавии онро дар тамоми давраҳои таърихӣ ва дар айни ҳол низ инъикос менамояд. Аз ин рӯ, эҳёи анъанаҳои мардумиро дар шакли олиаш метавон танҳо бо роҳи омӯзиши таърихи миллат, махсусан маданияти модию маънавии он амалӣ намуд. Ҳақ бар ҷониби Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар китоби хеш “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” чунин қайд намудааст: “Тадқиқи таърихи тамддуни ҳар халқу миллат ҳеҷ гоҳ барои эҳсоси ғурур ва ифтихори ноҷо аз гузаштаи худ набуда, он бояд барои нишон додани роҳи тӯлонӣ ва пурпечутоби тайкардаи ниёгони худ, шинохти заминаҳои аслию унсурҳои асосӣ ва муайян намудани хусусияту тамоюлҳои тамаддуни аҳди қадим равона гардад ва такони таъсирбахше барои рушду инкишофи тамаддуни муосираш бошад”.
Чӣ тавре, ки дар урфият мегӯянд, ҳар як шахс бояд аз ҳафт пушти худ огоҳ бошад, то дар ҳамаи соҳаҳои зиндагиву фаъолияти худ огоҳона амал намуда, зиндагии созандаи худро пеш барад. Ин суханҳоест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рафти омӯзиши таърихи анъанаҳои мардумии тоҷикон онро сармашқи кори хеш донистааст. Аз ин сабаб ӯ андарзи мазкурро ба зиндагиву рӯзгори миллати хеш тадбиқ намуда, онро каме таъғйир дода, зарурияти шиносоии ҳар як халқу миллатро аз ҳаёти моддию маънавии гузашта бо таври мавҷудааш қайд намуда, таъкид менамояд, ки “Бе маърифати таърихи халқи худ, бе такя ба маънавиёти пурғановати гузашта, бе истифода аз анъанаву суннатҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулёфта, ки дар паси пардаи онҳо ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҳар халқу миллат ниҳон аст, ба муваффақият ноил гардидан амри муҳол аст”.
Дар ҳақиқат, анъанаҳои миллӣ на танҳо инъикоскунандаи фарҳанг, балки хусусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҳар як халқияту миллат ба шумор меравад. Агар ба осори вобаста ба таърихи миллат навиштаи Эмомалӣ Раҳмон назар афканем, ӯ дар асоси хронологияи таърихӣ давраҳои инкишоф ва ташаккулёбии анъанаҳои мардумӣ, махсусан аҳди бостонро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор додааст. Дар асоси осори ӯ ҳаминро мебояд қайд намуд, ки аввалин эҳёгарон ва ташаккулдиҳандагони суннатҳои мардумӣ, алалхусус аҷдодони тоҷикон сулолаи Ҳахоманишӣ ба шумор мерафтанд. Аз санъати шаҳрсозӣ сар карда то маросимҳои мухталифи фарҳангӣ ва санъати идоракунии ҷомеаро ҳахоманишиҳо рушду нумӯъ бахшида, ба наслҳои оянда фарҳанги моддию маънавии асилеро боқӣ гузоштанд, ки дар оянда муаррифгари ин халқи куҳанбунёд гардид. Шаҳрсозӣ бо биноҳои тарҳи ороишашон махсусбуда, аз ҷумлаи амалҳои наҷиби аҷдодони тоҷикон ба шумор меравад. Тибқи навиштаи Эмомалӣ Раҳмон, аҷдодони мо ҳанӯз дар аҳди ҳахоманишиҳо шаҳрҳои бузургро асос гузоштанд, ки маркази муҳими маданӣ ба шумор мерафтанд. Онҳо дорои даҳҳо шаҳрҳои калон ба монанди Посоргод, Шуш, Бохтар, Марв, Самарқанд, Киропол (Истаравшан), Хуҷанд ва ғайра буданд. Қайд намудан ҷойиз аст, ки дар шаҳр қасрҳои боҳашамат, хазинаи марказии шоҳӣ, толор барои занҳо ва биноҳои дигари истиқоматию хоҷагӣ воқеъ гардида буданд. Девори биноҳо аз хишти хом ва ҷои дару тирезаҳо аз санг сохта шудаанд. Сохтмони чунин қасру кӯшкҳои бузургу боҳашамат бешубҳа дониши амиқи санъати меъморӣ ва таҷрибаи калони сохтмониро тақозо мекард. Аҷдодони тоҷикон аз қадим санъати меъмориро як ҷузъи асосии санъати ҳунармандии хеш қарор дода, бо ин ҳунари волояшон дар байни ҷаҳониён то ҳол маълуму машҳуранд. Таҳлили осори Эмомалӣ Раҳмон ва сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки як қатор шаҳрҳои имрӯзаи Тоҷикистон, ба монанди Хӯҷанд, Кӯлоб ва Истаравшан (Киропол) ҳанӯз дар замони ҳахоманишиҳо ҳамчун марказҳои калони аҳолинишин пайдо шудаанд.
Дар ин радиф, ӯ пешрафти ҳунармандиро дар давраи мазкур таъкид намуда, қайд менамояд, ки зарфҳои сафолӣ ва дигар ашёву асбобҳои ёдшуда дар маҳалҳои мухталифи Бохтар, Суғд, Марғиёон ва Хоразм бо услубҳои хосе сохта шудаанд, ки якрангии онҳоро нишон медиҳад. Санъати зарфсозӣ аз тилло ва нуқра хеле тараққӣ намуда буда, ки дар ин бора ҳафриётҳои бостоншиносони тоҷик далолат медиҳанд. Хусусан ҷомҳои тиллоӣ ва нуқрагини ҳахоманишӣ, ки дар Эрмитаж, Осорхонаи Метрополитени ИМА, ва Музейи Британия маҳфузанд, то имрӯз диққати ҳазорон бинандаро ба худ ҷалб менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиши фарҳанг ва анъанаҳои хосаи мардумӣ вобаста ба замони ҳахоманишиҳо бештаран ба ёдгориҳои хазинаи Амударё такя намудааст. Тибқи таҳлили осори Эмомалӣ Раҳмон ва дигар муҳаққиқони соҳа дар хазинаи Амударё 200 ашёи тиллоӣ ва нуқрагин мавҷуд аст. Диққати Эмомалӣ Раҳмонро дар байни ин ёдгориҳои маъмул бештар нусхаи хурди гурдунаи тиллоии дучархаи чораспа, ки дар болояш ду нафар ашроф гардунсавор нишастааст, ҷалб намудааст. Ҳамчунин, дар хазинаи Амударё ашёи гуногун, аз ҷумла ҳайкалчаҳои одамон, ҳайвонҳои муқаддас, табақу косаҳои мунаққашу мусаввар, тугмачаҳои мусаввар, бо тасвири Аҳурамаздо, варақаҳои тиллоӣ бо тасвири мубадони зардуштӣ, муҳраангуштаринҳои мусаввар, дастмонаҳои нугашон сари мор, шер ва дигар ҳайвонҳо мавҷуданд. Дар асоси ин нишондод ва далелҳои инъикоснамудаи Эмомалӣ Раҳмон метавон аз санъати хосаву волои ҳунарии аҳди ҳахоманишиҳо, ки як саҳифаи тиллоии таърихи аҷдодони тоҷикон маҳсуб меёбанд ҳарф зад. Тамоми он ёдгориҳои ба дастомада осори санъати тасвирии амалии ҳахоманишӣ буда, бо маҳорати баланд сохта шудаанд ва дар хусуси ин риштаи санъат ва умуман дар бораи таърих, фарҳанг, маънавиёти ориёиҳо маълумоти ҷолиб ва гуногун медиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон низ ба монанди аксарият хотирнишин намудааст, ки хазинаи Амударё соли 1877 дар Қубодиён ёфт шуда буд ва ба воситаи тоҷирони Бухоро ба Ҳиндустон ва аз он ҷо ба воситаи маъмурони инглис ба Лондон интиқол дода шуд ва ҳоло дар Музейи Британия маҳфуз аст.
Бояд қайд намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон бештар ба унсури хосаи фарҳанги мардуми ориёӣ дар замони ҳахоманишиҳо, ки имрӯз низ чун анаъана дар миёни тоҷикон маъмул аст — санъати тасвирӣ диққати хоса зоҳир намудааст. Ӯ дар ин самт аз нигораҳои рӯи деворҳои гӯрхонаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ, ки саҳнаҳои пирӯзии онҳо дар ҷангҳо ва маросимҳои мухталифи дарборӣ бо иштироки хосаи шоҳ тасвир ёфтаанд, ёдовар шудааст. Дар ҳақиқат, ин аксҳо аксарияти бинадаро ба ҳайрат гузоштаанд. Суратҳо тасвири матни катибаҳое мебошанд, ки дар паҳлӯи онҳо воқеъанд. Дар ин ҷо метавон ақидаи олими рус М.А. Дандамаевро овард, ки мувофиқи он баландии яке аз мусавварҳои катибаи Дорои 1 се метр буда, одамон дар он дар ҳаҷми табииашон тасвир шудаанд. Таҳлили гуфтаи ӯ нишон медиҳад, ки дар ин акс тамоми ҳаёти ҷомеаи ҳахоманишӣ бо расму ойин ва хусусиятҳои хосаш инъикос ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси санъати хосаи тасвирии ин ёдгорӣ қайд менамояд, ки “Пайкари одамон, сару либос ва дигар нишонаҳои хоси онҳо чунон дақиқ тасвир шудаанд, ки муҳаққиқон шахсияти ду ашроф дар пушти Доро истодаро муайян кардаанд. Яке аз онҳо найзабардор Гобрий ва дигараш камонвар Аспатин мебошад, ки сардори ин қисмҳои лашкари шоҳӣ буданд”.
Ёдгории дигаре, ки санъати хосаи ҳахоманишиҳоро бо сабку услубҳои хосаш инъикос менамояд ва дар осори Эмомалӣ Раҳмон ба таври хуб нишон дода шудааст, ин Тахти Ҷамшед ба шумор меравад. Бояд тазаккур дод, ки дар Тахти Ҷамшед сабки шоҳии санъати боҳашамати тасвирии Ҳахоманишиён ташаккул ёфта, ба меъёри умумии барои тамоми империя табдил ёфта, он дар тамоми паҳновар мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар офаридани ин сабку услуб таҷрибаи пешиниёнашон — модҳо ва дигар халқҳои ҳамсоя, ба мисли Бобулу Ошур ба таври фаровон ва эҷодкорона истифода бурданд. Дар натиҷа, ба онҳо муяссар шудааст, ки як санъати тасвирии боҳашамати навро, яъне ҳахоманиширо ба вуҷуд оранд ва он ҳамто надошт. Мувофиқи маълумоти Дандамаев М.А. ин сабк то дараҷае дар байни ориёиҳо ва дигар халқҳои ҳамҷавор интишор ёфтааст, ки намунаҳои он дар гӯрхонаи Пазирики ориёиҳои Олтой низ ёфт шудаанд. Бояд зикр намуд, ки ин тасвирҳо, пеш аз ҳама, бо миқдору ҳаҷму ҳашамат, услуби хосу такрорнашаванда ва дақиқии инъикоси воқеъият бинандаро ба ҳайрат мегузоранд. Дар онҳо асосан саҳнаҳои тӯҳфасупорӣ ба шоҳ, ҷанги шоҳ бо шер ва дигар ҳайвонҳои воқеиву асотирӣ, ҷанговарони форсу мод, гардунаҳои дучархаи ҷангӣ, маросимҳои гуногуни дарборӣ бо иштироки шоҳ ва ашрофону мансабдорон, ташрифи намояндагони халқҳои тобеъ ба дарбор ва мисли инҳо тасвир шудаанд. Дар ин тасвирҳо тамоми рукну унсурҳои хосаи анъанаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст.
Ҳамин тариқ Эмомалӣ Раҳмон дар асоси мадракҳои таърихии тадқиқшуда ва омӯзиши асарҳои муаррихони барҷаста саҳми бузурги ҳахоманишиҳоро дар эҳёи ҳунарҳои волои мардумӣ чунин қайд намудааст: “Ҳахоманишинҳо бо истинод ба фарҳангу маданияти қадимаи ориёии худ ва истифодаи эҷодкоронаи таҷрибаи тамаддунҳои ҳамсоя санъату маданияти сифатан наверо ба вуҷуд оварданд, ки зиёда аз 200 сол дар қисми калони қитъаи Осиё ҳамчун дастоварди муҳим роиҷ буд ва ин тамаддуни худро ворисони худ ба мерос гузоштанд”. Дар замони муосир мо миллати тоҷикро мебояд, ки дар пайрави бо фарҳанги волои аҷдодони гузаштаи хеш ва дастгирии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъанаҳои пурғановати гузаштаи хеш арҷ гузошта, ба хотири мустаҳкам намудани фарҳанги ягонаи миллати хеш аз парастиши фарҳанги ба мо бегона ва зараровар даст кашида эҳёгари анаъанҳои таърихии куҳанбунёдамон бошем. То наслҳои оянда низ пайравони содиқи арзишҳои миллӣ бошанд.
Шарипов ҶАМОЛИДДИН,
муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон