Гуруҳҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза барои амалисозии мақсадҳои нопоки худ пайваста талош мекунанд. Онҳо бо ҷараёнҳои носозгор наздикӣ дошта, аллакай ҷинояткори тайёранд, чунки зери ақидаҳои бегона мондаанд. Ақидаҳои бегона онҳоро маҷбур месозанд, то бимиранду чанд тани дигарро аз ҳаёт маҳрум кунанд ва бо ҳамин садоқати худро ба созмонҳои терористӣ ва экстремистӣ амсоли ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) нишон бидиҳанд.
Зимнан, бо далели куллӣ исбот шуда, ки ақидаҳои тафриқаандозона ва хоинонаи зиддибашарии ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ҳанӯз чанде қабл аз ҷониби мамолики манфиатхоҳ ба хотири миёни мардуми тоҷик тафриқа андохтан, тавлид шудаанд ва ин ҳама зери таъсири бевоситаи аҷнабиён сурат гирифта, ҷонибдори ноором кардани зисту зиндагонӣ ва ҳаёти осоиштаи давлату миллати тоҷик аст.
Касе, ки ба ТТЭ ҲНИ пайваст, ҷинояткор асту ҷазои ногузираш барои ин ҳушдори умрбодест тамоми наслҳоро. Дар рафтори чунинҳо як риштаи зарурӣ, бисёр як ҷузъи дархурди замон вуҷуд надорад. Саркардаи фирорӣ ва пайравони ин ҳизби ифротӣ барои ифшои нақшаҳои аз азал хоинона ва разилонаи ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки гӯё даъво доранд, ба роҳи хоси пешрафт мерасанд, бебаҳра аст ва хидмат нахоҳад кард. Кирдори ғайриинсонии аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар минтақа ва ё кишвар аз хотираҳо нарафтаву аллакай дар пайи он боз ашхосе пайдо мегарданд, ки ба муқобили сулҳи умумибашарӣ ва зиндагии осоишта бармехезанд.
Бояд тазаккур дод, ки майдатарин далел метавонад охирин санге бошад, ки роҳгумкардаҳоро дар гирудори мафкуравӣ аз по афтонад. Охир, маънии зиндагӣ хушбахтист, муваффақият оғози бахт аст. Вале дидаву дониста худро ба доми бало партофтан аз нодониву гумроҳист. Ин афрод фикр доштанд, ки мисли шиновари дарёи пуртуғён, ҳар лаҳза дар гирдоби ҳирсу рағбати хеш шино мекунанд, чун надонистанд, ки роҳи интихобкардаашон роҳи носолим ва зулмот буд. Чун даррандаи хашмӣ, ки нимашаб ба шикор баромадаву бӯи сайдро гирифтааст, ба кадом як иқдоме тайёрӣ медиданд, дар охир бо гумроҳӣ худ ба ҷони хештан ситам карданд.
Гуфтан мумкин аст, ки бисёр касон дар пайравии ин нафарон буданд, ҳарчанд ки имрӯз аз мушхонаҳояшон намебароянд ва чунин ниятҳои худфиребона касеро ба зинаи мурод намерасонад. Барои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом зиндагии орому осуда ва ҷомеаи муттамадин насиб намекунад. Ақидаҳо ва ҷараёнҳои ба инсоният бегона зуд аз байн хоҳанд рафт. Мақсади хиёнаткорона ба хокистар мубаддал мешаваду ба боди фано меравад.
Соибҷони САИД, донишҷӯи курси 3-юми ДТТ