“Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавононро ҳамеша нерӯи пешбаранда ва ояндасози давлату миллат унвон мекунанд. Тоҷикистон, ки  имрӯз дар ҳоли рушд қарор дорад ва пештари аҳолӣ, яъне нерӯи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас ҷавононро мебояд дар ҷамъият масъулияти бештарро бар дӯш дошта бошанд.

16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик муайян гардид. Вакилон якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар он лаҳзаҳои ҳасос, ки силоҳбадастон   кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, на ҳар шахс ҷуръат мекард, ки роҳбарии Олии кишварро ба уҳдаи хеш гирад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парокандаро сарҷамъ намуда, сулҳу суботро дар кишвар пойдор  намуд.

Аз минбари баланди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!» Ва илова намуданд, ки «ман барои амну амонии халқу Ватани азизам, ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!» Ин суханҳоро Пешвои миллат бо як ҷаҳон самимияту муҳаббат ва боварии комил баён намуданд ва дар дили сардгардидаи мардуми тоҷик гармӣ бахшиданду тухми умед коштанд.

Пешвои миллат борҳо тариқи барномаи радиои Тоҷикистон «Хоки Ватан», ки онро махсус барои гурезагони дар хоки Афғонистон иқомат   мекарданд таъсис дода буд, баромад намуда, ба ҳамватанони муҳоҷиргашта бо чунин суханҳо муроҷиат карда буданд: «Ҳамватанони азиз, ман ба шумо куҳи тилло ваъда намедиҳам, як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ!» Баъди ин суханҳо дар дили ҳар як муҳоҷир ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ пайдо гашта ва ба Ватан баргаштанд.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт. Бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москва даври аввали гуфтушуниди байни мухолифон баргузор гардид. Дар гуфтушунид байни ҳукумат ва мухолифин масъалаҳои зерин: оид ба оташбас, гурезаҳо, муҳоҷирон ва ғайраҳо баррасӣ шуданд. Дар ин музокирот ҳар ду тараф қавл доданд, ки мекӯшем, то раванди гуфтушунид халалдор нашавад.

Даври дуюми музокироти сулҳ аз 18-ум то 28-уми июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон доир гардид. Дар он, тарафҳо масъалаҳои низомӣ, ҷангу сулҳ, роҳҳои оташбас ва аз болои он назорат карданро муҳокима намуданд.

Даври сеюми гуфтушуниди байни тоҷикон аз 20-уми октябр то 1-уми декабри соли 1994 дар шаҳри Исломобод баргузор гашт, ки дар он комиссияи якҷояи муштарак доир ба иҷрои Созишнома оид ба оташбас қабул  карда шуд.

Дар ин се гуфтушунид мақсаду мароми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар чӣ зудтар ба ҷанги нанговар хотима додан, санади сулҳро ба имзо расондан ва баргардондани гурезаҳо ба Ватан буд.

Даври чоруми гуфтушунид аз 22-юми май оғоз гардида то 2-юми июни соли 1995 дар шаҳри Алма-Ато давом кард ва даври панҷум аз 30-юми ноябр то 23-юми декабри 1995 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид.

Дар соли 1996 байни тарафҳо ягон гуфтушунид ба амал наомад. Аммо 10-11-уми декабри соли 1996 Сардори давлат ва роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳи Афғонистон мулоқоти тақдирсозе анҷом доданд. Дар он вақт гуруҳҳои толибон аксар минтақаҳои Афғонистонро ба даст гирифта буданд. Ҳукумати ҳамонвақтаи Афғонистон бо сарварии Президент Бурҳониддин Раббонӣ ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд, ки бо толибон мубориза мебурданд, кӯшиданд, ки амниятро барои ин вохӯрӣ таъмин намоянд.

Даври шашуми гуфтушунид аз 4-ум то 19-уми январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон, даври ҳафтум аз 26-уми феврал то 8-уми марти соли 1997 дар шаҳри Москва, даври ҳаштум 8-18-уми апрел, 21-29-уми майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон ба амал омад. Ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Ҳукумат ва мухолифин намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Д.Меррем ба “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гузоштанд.

Ба шарофати ба имзо расидани ин созишномаи таърихӣ ба ҷанги бародаркуш хотима гузошта шуд. Шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ ба ин муносибат навишта буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад...

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сулҳи тоҷикон обрӯю нуфузи ин халқи бостониро дар арсаи ҷаҳон хеле боло бурд ва ин сулҳ манбаи омӯзиши бисёр кишварҳои ҷангзада гашт. Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислатҳои ватандӯстӣ, хештаншиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Барои ин ҳама фидокорӣ  ва хизматҳои  беназири дар роҳи  сарҷамъ намудани миллати тоҷик, хизматҳои шабонарӯзӣ ба Эмомалӣ Раҳмон 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони Олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.  Хизматҳои Сарвари кишвари мо на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам эътироф гардидаанд.

Соли 2005 дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сазовори ҷоизаи олии медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардиданд. Аввалин касе ҳастанд, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ҷоизаро сазовор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон-Аҳмадшоҳи Масъуд», Нишони фахрии Иттиҳоди

Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимони Осиё, медали тиллоии ба номи Николай Блохини Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, ордени «Ситораи дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, медали тиллоии «Арҷгузории Ҷалолиддини Балхӣ»-и ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаву медалҳо мукофотонида шудаанд.

Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ 8-уми ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун Дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуданд.

Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ,  хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти  миллӣ ва арҷгузории сулҳу ваҳдати миллӣ тарбият намоем. Таҷрибаи таърих низ баёнгари он аст, ки ҳеч таҳаввулоти чашмгир дар гӯшаву канори олам бе иштироки ҷавонон сурат нагирифтааст. Бо дарназардошти ин нуктаҳо Сарвари кишвар соли 2017 -ро «Соли ҷавонон» эълон карданд, ки ин барои ҳар яки мо ҷавонон боиси хушнудӣ,   сарфарозӣ буд ва моро водор менамояд, ки масъулияти худро дучандтар   намуда, бештар забон аз худ намоем ва илми замонаро хуб омӯзиш намоем ва баҳри ободу зебо гардидани ватани азизу маҳбубамон талош  варзем.

Кароматулло ЮСУПОВ,

Магистри бахши 2-юми ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here