Бори нахуст бо устод Фазлиддин Муҳаммадиев ибтидои солхои 70 — уми асри гузашта, хангоми дар рӯзномаи русизабони «Комсомолец Таджикистана» адои вазифа намудан вохӯрда будам. Устод порчае аз романи ба наздикиҳо иншонамудаи «Палатаи кунҷакӣ» — ашро ба русӣ тарҷума намуда, барои чоп оварда буданд.

Идораи рӯзнома баробари нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» дар бинои куҳнаи якошёнаи солҳои 30 — юм қоматафрохтаи мавзеи Хонаи матбуот маскан дошт. Ягона роҳрави нимторик ҳама вақт пури равуокунанадаҳо буд. Мардум он солҳо ба матбуот дилбастагии хосае дошт ва омада мушкилу осонашонро бо аҳли рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамроҳ муҳокима мекарданд. Алалхусус, ки аксари кормандони ин нашрияҳо шоирону нависандагон ва мунаққидону мутарҷимони баркамолу номии адабиёти муосир маҳсуб меёфтанд.

Он рӯз наздикиҳои нисфирӯзӣ ҳуҷраи кории майдаякеро, ки шаш — ҳафт мизи корӣ дошту паси ҳар яки онҳо ҷавонзанҳои заркокулу чашмкабуди сигоркаше нишаставу эҷод мекарданд, чун ҳарвақта дуди ғализе печонда буд.

Устод баро бари вориди ҳуҷра гаштан лаҳзае синчакунон ба нишастагон нигаристу сӯи мизам қадам гузошт. Ба эҳтиромаш аз ҷой бархоста ду — се қадам пеш гузоштам. Устод гӯё, ки бо шиноси наздикаш бошад, бо ман басо самимӣ аҳволпурсӣ карда, лаҳзае пас мақсадро баён карданд:

— Сармуҳаррирро дар ҷойи кораш наёфтам. Аз ин рӯ, порчаеро аз романи «Палатаи кунҷакӣ» дар наздатон мемонам, то ба он кас расонед…

Варақҳоро «бо чашм!» — гӯён рӯи миз гузоштам. Устод баъди лаҳзае пас гаштанду бо овози тасаллибахшашон шӯхиомез суол карданд:

— Дар миёни ин кӯрдуд худро чӣ навъ ҳис мекунед?

— Бад не устод, одат карда мондаам…

Устоди забардасти сухани бадеъ табассуми ширине карданду бо маданияти баланди ба худашон хос солору самимона хайрухӯш карда баромада рафтанд. Нигоҳи пур аз меҳру чеҳраи пурҷозибаи устод Фазлиддин Муҳаммадиевро, ки аз он гӯё нури илоҳӣ мерехт, бори нахуст аз наздик дида, овози нарму оромонаашро шунида, миёни саҳни ҳуҷра моту маҳбут меистодам.

Баъдан солҳои дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба ҳайси мудири шӯъбаи ташвиқу тарғиб ва котиби масъул адои вазифа намудан, борҳо муяссарам гардида буд, то сӯҳбатҳои пур аз зарофату самимияти устод Фазлиддин Муҳаммадиев — ин инсони пуртамкини фозилу орифи рангинсуханро аз наздик мушоҳида намоям. Албатта, аз дӯстон ва ё шогирдони наздики устод набудам ва сӯҳбати он кас аҳён — аҳён муяссарам мегашт.

Вале ҳикояти имрӯзаам ёде аз сӯҳбатҳои пур аз ҳикмату зарофати ин марди ҳамеша хандонрӯ, қадрдону ҳақшинос, ки аслан барои таскини дилу хотири ҳамсӯҳбатон мегуфт, нест. Сухан аз тири аҷал аст, ки баҳори умри ӯро хазон сохтаву дар дили азизону пайвандон, ёру дӯстон ва ҳаводорони насраш ҳазорон дарду доғ боқӣ гузошт. Табассумкунону хандон — хандон ин дунёро тарк ва доғи ҳасрате дар дили ҳазорон ҳаммаслакону шогирдон ва мухлисонаш гузошту рафт. Сад ҳайф, ки чунин марди соҳиби қалби бузург ва накӯ, ошиқи зебоиҳои зиндагӣ дар айёми камолот ва шукуфоӣ ҷаҳонро падруд гуфт. Ҳазорон афсӯс, вале чӣ илоҷ? Чунин мешуморанд, ки одамони неку бузург дӯстдоштаи Парвардигоранду пайваста сӯи ӯ равонанд.

…Бо ҳукми тақдир чандин солҳо дар соҳаи хадамоти амнияти давлатии Тоҷикистон ифои вазифа менамудам. Кор дар ин ҷода бароям чандон душворӣ надошт, зеро аслан бо зиёиён сару кор доштам. Ба серкорӣ нигоҳ накарда, касби асосӣ — журналистиро ҳам идома медодам ва ҳар замон дар нашрияҳои даврӣ мақолаву очеркҳоям ба табъ мерасиданд. Сарварии Дафтари матбуоти КГБ — ро ҳам, ки он замон ҳанӯз сохтори алоҳида набуду кормандону басти муайяне надошт ва илова бар ин маош низ надошт, ба уҳдаам гузошта буданд.

Субҳи яке аз рӯзҳои тобистони соли 1986 ҳангоми вориди бинои идораи КГБ шудан, нахуст хадамоти навбатдориро хабар гирифтам. Хамкоронам қабл аз ҳама корашонро аз ҳамин ҷо оғоз мекарданд, зеро ин яке аз хадамотҳое буд, ки тӯли 24 соат бефосила фаъолият дошт ва ойиди тамоми ҳодисоти ҷумҳурӣ аз иттилоъи комиле бархурдор буд.

Иван Смолякови хандонрӯву кушодчеҳра, ки бо ӯ ҳамроҳ дар як шӯъба кор мекардем ва он шабро ба сифати сардори навбатдорҳо рӯз карда буд, маро дидан замон саросема изҳор намуд:

— Султонҷон, шаб ба ҷони яке аз бонуфузтарин нависандаҳои тоҷик Фазлиддин Мухаммадиев сӯиқасд кардаанд. Гуруҳи таъҷилии мо ба ҷойи ҳодиса рафта буд. Прокуратураву милиса парванда кушода, кор карда истодаанд. Фазлиддин — ако ҳоло дар беморхона бистарианд. Роҳбарият аз ҳодиса огоҳ кардам…

Ба ошёнаи дуюм баромада вориди ҳуҷраи корӣ гаштаму сандуқи калони оҳаниро кушода нав коғазҳоро рӯи миз гузошта будам, ки дар кушода шуду шитобзада сардори шӯъба Муҳаммад Ҳакимович Сироҷиддинов ворид гашт. Ба саломи ҳарбиёнаам аҳамият надода, изҳор намуд:

— Тез наздам даро!

Муҳаммад Ҳакимович аллакай аз панҷоҳ гузашта буду мо зердастон барои ғамхориҳои падаронаву ростқавлӣ, дониши васеъву ҳақпарастиаш ӯро беш аз дигарон нағз медидему эҳтиромаш мекардем. Аслан ӯ омӯзгор ва баъдан сарвари яке аз шӯъбаҳои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон шуда кор мекард, ки бо илму маориф сарукор дошт.

Ҳангоме ки дохили ҳуҷраи кории сардор гардидам, Муҳаммад Ҳакимович рӯи миз коғазеро варақзанон «оҳ» — гӯён афсӯс мехӯрд. Сӯям нигариста таклифи нишастан кард ва сухан оғоз намуд:

— Имшаб як фоҷиаи барои мардуми тоҷик гароне рух дод. Ба ҷони нависандаи некном Фазлиддин Муҳаммадиев дар қаламрави Қарияи Боло қасд кардаанд. Ӯ бо ҷароҳатҳои ниҳоят вазнин дар беморхона бистарӣ аст. Қабл аз ҳама бо устод Мӯъмин Қаноат вохӯрда аниқ муайян намудан лозим, ки ин сӯиқасд чӣ ҷанбае дошта бошад. Тахмин бист сол қабл Фазлиддин Муҳаммадиев китоби «Дар он дунё» — ро иншо намуда буданд, ки он ба иддае дар кишвар ва хусусан дар хориҷа, на ба ҳама писанд омада буд. Имконоти фавриву расмиро истифода карда, оиди вазъи кунунии Иттиҳоди нависандагон ва алалхусус, гирду атрофи сӯиқасдро оҷилӣ муайян кардан зарур аст. Парвандаи ҷиноиро оиди ин ҳодиса раёсатҳои шаҳрии прокуратура ва милиса мебаранд. Рафта бо муфаттишон ва аснодҳо аз наздик шинос шав. Аз тамоми навигариҳои ин парванда маро фаврӣ огоҳ соз. Муайян намудани сабабҳову омилҳои сӯиқасд ва ширкаткунандагони он қарзи ҳар яки мо назди имрӯзу фардо хоҳад буд…

Пас аз соате бо устод Мӯъмин Қаноат, ки сарварии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва чун намояндаи Шӯрои Олии СССР ва Кумитаи масоили хориҷии он пайваста ба хориҷи кишвар сафар мекард, сӯҳбат доштам. Ин инсони покниҳоду поксиришт ва чун булӯри куҳии диёраш софу беолоиш аз чунин анҷом гирифтани кор ҳайратзадаву ошуфта буд:

— Ба ростӣ, ақли солим назди ин кирдори разилона оҷиз мемонад, — оҳ кашиданд устод. Охир, ин гургбачаҳои дар домани модар тарбиятёфта аз ҷинси инсонанд ва ё махлуқ?!

Бо устод Мӯмин Қаноат наздики ду соат сӯҳбат доштем. Дар ин миён устодон Лоиқ, (руҳашон шод бод!), Фотеҳ Ниёзӣ, (руҳашон шод бод!), Миршакар (руҳашон шод бод!), Аскар Ҳаким, Ӯрун Куҳзод, Гулназар (руҳашон шод бод!), Меҳмон Бахтӣ, Ибод Файзуллоев, (руҳашон шод бод!), Маъсуд Муллоҷонов (руҳашон шод бод!), Михаил Левин (руҳашон шод бод!) ва чанде дигарон, ки аксарашон ба дидорбинии нависандаи забардасти аз банди аҷал раста, рафта буданд, ба ҳуҷраи кории Мӯъмин Қаноат даробуро доштанд, маслиҳатҳо медоданд ва аз ӯ маслиҳат мегирифтанд. Зимни сӯҳбат устод фарзияи барои китоби «Дар он дунё» аз Фазлиддин Муҳаммадиев қасд гирифтани ифроткорони исломиро қатъӣ рад намуд:

— Муддати бист соли баъди нашри «Дар он дунё» нашунидаам, ки оиди таҳдиди ашхосе Фазлиддин ақаллан боре назди дӯстон, шогирдон, ҳаммаслакон ишорае карда бошад. Дар дохилу хориҷи кишвар низ дар ин хусус чизе нашунидаам…

Баъдан бо адабиётшинос ва мунаққид Ҷӯрахон Бақозода, ки ҳамон шаб устод Фазлиддин Муҳаммадиевро дар шафати толори кинову консерти «Борбад», аз миёни роҳи тӯлкашидаи ҳавлиҳову беморхонаи Қарияи Боло, ҷониби тангкӯчаи Шараф — ҷойи зисташ гусел карда буд, дар алоҳидагӣ сӯҳбат доштам. Кормандони прокуратураи шаҳр ӯро даъват карда, аллакай баёнот гирифта буданд. Устод Ҷӯрахон Бақозода, ки баданаш ҳанӯз пас аз он фоҷиа пур аз захм буд, кирдори разилонаи роҳзанони ваҳширо якояк муфассал ҳикоя карданд…

Дар мавзеи Қарияи Боло, замоне ки кӯчаҳо холӣ ва мардуми шаҳр ба хоб рафта буданд, ҳангоми гардиш ба сӯи тангкӯчаи Шараф нависандаи Халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти Давлатии ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев ва адабиётшиносу мунаққид Ҷӯрахон Бақозодаро даҳ — дувоздаҳ нафар ҷавонони нашъаву шаробнӯшида иҳота мекунанд. (Аз маводҳои парвандаи ҷиноӣ):

Яке аз онҳо рӯи даст намоишкорона кордеро бозӣ медоронд.

— Сигор дорӣ, тағо? — пурсид йигитчаи маст.

— Якбора баровардани пулро ҳам фаромӯш накун!- амр кард дигаре.

Чун ҷавоби радро шуниданд, ба шӯру валвала пардохтанд. Аз мобайни нашъакашидагиҳову шикамсерӣ нӯшидагиҳо як паканае баҳузур ба китфи устод Фазлиддин Муҳаммадиев такя карда, файласуфона «маслиҳат» додан гирифт:

— Раис, ҷанҷол, муқобилат, ину он ҳеҷ фойида надорад. Дар ин қаламрав мо хӯҷаинем, мо! Киссаҳоятро холӣ кун, ба мо пул даркор…

Киссаҳои нависандаро тагу рӯ карда, доруи дарди дил ва коғазҳоро бо писханду заҳрханд пас гардонданд. Аз киссаи мунаққид ҳам чизе ёфта натавонистанд. Устоди сухан, ки тӯли умраш таъми пастиву баландии рӯзгорро хуб чашида буд, пеши ин гургони одамсурат сар фурӯ наовард.

— Ин коратон хуб не, мо ба шумо кордор нестем, монед хонаамон равем…

Рафтори оромонаву гуфтори хуби устод Фазлиддин Муҳаммадиев ваҳшисифатонро маҷбур сохт, то ҳардуро масхаракунон раҳо созанд.

Нав роҳ ҷониби хонаи устод Фазлиддин Муҳаммадиев гирифта буданд, ки Ҷӯрахон Бақозодаи ба муаллимаш содиқу ғамхор оқибати нофарҷоми ҳодисаро гӯё пешакӣ ҳис карда бошад, таклиф ба миён гузошт:

— Устод, аз дасти ин ноҷинсҳо ҳама гуна кори паст меояд, биёед, беҳтараш гурезем, -ки он аз ҷониби Фазлиддин Муҳаммадиев қатъӣ рад шуд.

— Аввал инки гурехтан айб аст, Ҷӯрахон, сониян худат нағз медонӣ — ку, ман сактаи дил дорам, ба ростӣ давида наметавонам…

Ҳамагӣ 30 — 40 метр роҳ паймуда буданд, ки таъқибкунандагон бо таъқиру надомату ҳақорат аз нав онҳоро печонда гирифтанду ин дафъа баҳонаи «сигору нос» — гӯён кисаҳояшонро аз нав «тафтиш» карданд. Ин бор низ суханҳои оқилонаву омиронаи устод Фазлиддин Муҳаммадиев галаи масту нашъазадаи роҳзанонро маҷбур сохт, ки сайдҳояшонро раҳо созанд.

Мубориза барои ҳаёту мамот ҳамоно идома дошт. Бори саввум худобехабарон адибонро печонда гирифта Ҷӯрахон Бақозодаро мушту лагадкӯб карда афтонданду аз кисаҳояш ду сум пулро дарёфтанд. Се нафари дигар устод Фазлиддин Муҳаммадиевро печонда гирифтаву дошта, чорумин аз кисаи ақиби шимаш 30 сум пулашро кашида гирифт. Ҷӯра Бақозодаро пайваста лагадкӯб карда, имкони аз ҷо хестан намедоданд. Устод Фазлиддин Муҳаммадиев, ки андоми боқувват дошт, то қадри имкон худро муҳофизат мекард. Зарбааш ваҳшии бо корд ҳуҷумкардаро сарнагун сохт. Вале беш аз пеш симои одамӣ ин галаи хунхорро тарк мегуфт. Доду фарёди ҷонгудози адибу мунаққид онҳоро бештар ба шӯру шар андохтаву ваҳшонияташонро дучанд мекард. Сари сина, китф, шикам ва чанд ҷойи дигари бадани устод Фазлиддин Муҳаммадиев аз зарбаҳои сахту чандинкаратаи корд лолагун гашта буданд. Ҷӯрахон Бақозода рӯи роҳи асфалт афтида низ пайи ҳам зарбаи корд мехӯрд. Ӯ то ҷон дар рамақ дошт дасту пой мезад ва намегузошт, ки корд ба баданаш расад. Аз захмҳои бешумори дасту пояш хун мешорид.

Устод Фазлиддин Муҳаммадиев лаҳзае аз зери зарбаҳои пайдарҳами корди хунхорони ноқисулақл раҳо ёфта, барои мадад сӯи Ҷӯра Бақозода шитофт. Бо як зарбаи сахти ӯ яке аз қотилон, ки ба қасди дили шарикаш бехато заданӣ буд, рӯи раҳ пачақ шуд. Ҷӯрахон аз марги аниқ раҳо ёфт. Ҳамин вақт аз тахтапушташ дарди ҷонкоҳеро ҳис кард ва фаҳмид, ки ваҳшие ӯро аз ақиб нишон гирифтааст…

Ду адиби забардасти тоҷики оғуштаи хун ва бо аҷал дастугиребонгашта нисфишабӣ паҳлӯи таҳкурсии беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло танҳову зор, беҳолу бемадор ва хору залил маҷоли аз ҷой хестан надоштанд. Соат аз яки шаб гузашта, душанбешаҳр ба хоби ноз рафта буд…

Тӯли ҳафтаи аввал прокуратура ва милисаи шаҳрӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Селаи гургони асосии ҷинояткор аллакай дастгир шуда буданд. Сардори гуруҳи прокуратураи шаҳри Душанбе, яке аз соҳибкасбони ботаҷриба Валерий Владимирович Хан дар ҳамдастӣ бо милисаи шаҳр субҳи 17 — уми июн панҷ нафар гумонбаршудагонро боздошт намудаву сару либосҳояшонро субҳи барвақт аз таҳқиқ гузаронд.

Ба роҳи тайнамудаи чанде аз онҳое, ки гули сари сабади зиёиёни тоҷикро ба марг маҳкум намуда буданд, зеҳн монед:

Абдусалом Саидов, 21 сола, тоҷик, дорои маълумоти миёнаи нопурра, соли 1981 барои ғоратгарии гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум гашта буд. Ҷойи охирини корашро ДОСААФ нишон додаст.

Мирзо Боев, 34 сола, тоҷик, маълумоташ миёнаи нопурра, дар ҳеҷ куҷо кор намекард. Ду маротиба ҷиноят содир карда, доғи судӣ доштааст. Соли 1981 барои дуздии гуруҳӣ ба се сол маҳкум гаштааст. Дар колоннаи ислоҳию меҳнатӣ ҷинояти нав содир намуда, ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум гашт. Ҳамагӣ 20 рӯз қабл аз ин ҳодиса маҳбасро тарк карда баромада буд.

Саидвалӣ Азимов, 20 сола, тоҷик, бо маълумоти синфи 8, соли 1985 барои нашъамандӣ ба ду сол корҳои ислоҳотӣ маҳкум гаштааст. Муваққатан ба касби дуредгарӣ машғул буд.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар мурофиаи аввали судӣ ҷинояткорони асосӣ беҳаёҳона дурӯғ бофта, иштирокчиёни муҳокимаро ба ҳар роҳ ба иштибоҳ андохтанӣ мешуданд. Тӯли беш аз як ҳафтаи мурофиаи судӣ додгоҳи шаҳрӣ таҳти раёсати Б. Ҳамроҳқулов барои ба мақсади ғаразноки нияти куштани одам ва роҳзанӣ Азимов Саидвалиро ба муддати 12 солу чаҳор моҳ, Саидов Абдусаломро ба муддати 10 сол, Боев Мирзоро ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Вале ин ҳукм аз рӯзҳои нахустин боиси норозигии мардум, махсусан ҳазорон нафар мухлисони асарҳои чаззобу пандомӯзи ин қаламкаши забардаст гардид. Журналистони тоҷик дар матбуот пайи ҳам чандин маводи танқидиеро нисбати ин муроифа дарҷ намуданд, ки норозигири чомеаро аз қарори мусолиҳаомези додгоҳи шаҳри Душанбе хеле зиёд кард. Воқеан, ба ин ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нахуст прокурори ҷумҳурӣ эътироз баён намуд. Президиуми Суди Олии РСС Тоҷикистон мурофиаро мавриди таҳқиқ қарор дода, хулоса баровард, ки ҳукм нисбати ҷинояткорон чавобгуйи амалашон нест. Парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши иловагӣ баргардонда шуд.

Расо баъди як сол — 16 — уми июни соли 1987 муроифаи дуввум баргузор гардида, ба бисёре аз паҳлӯҳои торики ин қазия рӯшанӣ андохт. Барои бештар омӯхтану чуқур таҳлил намудани ин паҳлӯҳо лозим донистанд, ки тафтиши иловагӣ гузаронанд. Пас аз гузашти беш аз шаш моҳ, мурофиаи саввум баргузор гардид. Дар ин мурофиа шумораи айбдоршавандаҳо ба нуҳ нафар расид: Сайвалӣ Азимов, Абдусалом Саидов, Мирзо Боев, Шарофиддин Нуруллоев, Раҳмат Ёқубов, Каромиддин Бобокалонов, Шарофиддин Тағоев, Сайфиддин Толибов ва Раҷабалӣ Назаров. Ин дафъа се ҷинояткори асосӣ — Сайвалӣ Азимов, Абдусалом Саидов ва Мирзо Боев ба муддати 15 — солӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд. Шаш нафари дигар мутобиқи моддаи 203, қисми 1 — ӣ Кодекси ҷиноии РСС Тоҷикистон (хабар надодан ҳангоми содир шудани ҷиноят) маҳкум гаштанд. Шарофиддин Нуруллоев бо шаш соли ҳукми аввалаш ду соли изофа гирифт. Шарофиддин Тағоев бо ду соли ҳукми шартиаш як сол зам кард. Раҷабалӣ Назаров тӯли як сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум гардид. Киромиддин Бобокалонов, Раҳмат Ёқубов ва Сайфиддин Толибов яксолӣ шартӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд.

Нависандаи забардасти аз банди аҷал раста, устод Фазлиддин Муҳаммадиев, ки ҳафт захми нофарҷомро бо як азоби азиме таҳаммул мекарданд, анҷоми мурофиаро интизор нагашта, аз нав ба бемористони ҷарроҳӣ хобиданд. Зеро дасти чапи аз се ҷой захмбардоштааш дарди ҷонкоҳе дошт ва илоҷе ҷуз аз нав ҷарроҳӣ кардан набуд. Устоди аз мурофиаи тӯлонӣ хастагаштаву ҷарроҳии басо вазнинро аз сар гузаронида, болои мизи ҷарроҳӣ аз ҳуш рафтанд. Баъди гузашти ҳафт рӯз — 6 — уми октябри соли 1986 нависандаи маъруфу маҳбуби халқ

Фазлиддин Муҳаммадиев дар сини 59 — солагӣ ба хоби абад раҳсипор гаштанд…

Як нуктаро бояд хотиррасон намуд, ки пас аз вафот ҷасади устодро бояд аз ташхиси додгоҳӣ — тиббӣ гузаронида, таҳқиқ мекарданд. Агарчӣ хешу пайвандон монеъи ин кор нашуда буданд, он бо айби кормандони тафтишоту (милисаву прокуратураву) тиб сурат нагирифта буд. Баъди ин бояд санади ташхису таҳқиқ тартиб дода мешуд, ки сабаби аслии маргро аниқ мекард. Ҳамин норасоии ҷиддӣ аслан сабаби он гардид, ки ҷинояткорон мувофиқи аъмолашон ҷазо нагирифтанд.

Аз байн ду сол сипарӣ гашт. Дар яке аз рӯзҳои аввали тирамоҳи соли 1988 ба унвони Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон лифофае бо муҳри «махфӣ» — ву суроғаи КГБ — и СССР ворид гардид. Рӯйи мавод муҳри ранги сурхдоштаи «Зери назорати махсус» гузошта шуда буд, ки аз ҷиддӣ будани ҳуҷҷат гувоҳӣ медод. Пайнависи аз ҷониби роҳбарияти Кумита ва шӯъба навишташуда якуним саҳифаи коғази алоҳидаро ташкил медод. Бо мазмуни аснод шинос шуда дарёфтам, ки сухан оиди устод Фазлиддин Муҳаммадиев меравад. Мазмуни мухтасараш ин буд, ки манобеъи (агенти) Шӯъбаи махсуси Вазорати мудофиаи СССР («Особый отдел») дар ҳайҳати қувваҳои маҳдуди Шӯравӣ дар Афғонистон, афсари озартабор аз шаҳри Мазори Шариф иттилоъ додаст, ки нависанда Фазлиддин Муҳаммадиевро аслан барои иншои китоби «Дар он дунё» мусалмонҳои ифротӣ ба қатл расондаанд.

Баъди ин шӯру шаре хест, ногуфтанӣ. Асноди КГБ — и СССР талаб мекард, ки тӯли се моҳ тамоми паҳлӯҳои ин масъала дақиқ омӯхта шуда, сипас, ба унвони роҳбарияти Кумитаи амнияти СССР ҷавоби саҳеҳ ирсол гардад. Роҳбарони онвақтаи Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон фаврӣ ситоде ташкил намуданд, ки ба он тамоми шӯъбаҳои асосии таъҷилии Кумита — аз иктишофоту истихборот (разведкаву контрразведка) то шӯъбаи шаҳрӣ шомил буданд. Тамоми иттилоъи бадастомада фаврӣ таҳлил ва тавассути имконоти мухталиф аз нав таҳқиқ мешуд. Бо пайвандон, дӯстону шогирдон, адибону олимоне, ки устодро аз наздик мешинохтанд, пайваста вохӯриҳо барпо мешуданд. Прокуратура ва милисаи шаҳр аз нав ба мавзӯи марги нобаҳангоми устод Фазлиддин Муҳаммадиев рӯй оварданд. Рӯзҳо мегузаштанд, вале фарзияи «таҳдиди муллоҳои ифротӣ» нисбати устод ҳеҷ тасдиқи худро намеёфт. Маводҳои бешумори бадастомада шоҳиди он буданд, ки чунин «таҳдид» аслан вуҷуд надошт. Прокуратураву милисаи шаҳр дар колонияҳои ислоҳию меҳнатӣ — ҷое, ки ҷинояткорон — гунаҳкорони ин фоҷиа адои ҷазо мегузаштанд, пурсуҷӯи зиёде гузарониданд, вале натиҷаи дилхоҳе ба даст наомад. Хуллас, пас аз гузашти се моҳ ба унвони роҳбарияти КГБ СССР ҳуҷҷате пешниҳод гардид, ки иттилоъи манобеъи Шӯъбаи махсуси дар Афғонистон будаи қувваҳои маҳдуди Шӯравиро комилан рад мекард.

Охири ҳамон сол намояндагони Инспексияи роҳбарияти КГБ СССР, ки ҳамасола фаъолияти тамоми сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистонро мӯ ба мӯ тафтишу таҳлил мекарданд, маводҳои ҷамъовардаро бори дигар аз назар гузаронида, оқибат барои аз «қайди махсус» баровардани қазияи марбут ба марги устод Фазлиддин Муҳамммадиевро иҷозат доданд.

Аз миён 34 сол сипарӣ гашт. Он тифлаконе, ки он солҳо нав чашм ба дунёи равшан кушуда буданд, имрӯз аллакай ба синни ҷавонмардӣ расидаву соҳиби фарзандҳо гаштаанд. Ҳодисаҳои зиёди ин айём рухдода бо мурури замон аз хотираҳо зудуда шудаанд, вале фоҷиаи 15 — уми моҳи июни соли 1986 дар Қарияи Боло рухдода, ки як марди зебо, соҳибҳунару фозил, устоди хандонрӯи ҳамаи зиёиёни тоҷикро зери теғ — теғи аҷал бурд, ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад гашт. Марги ин гуна мардони шариф барои аҳли башар дарси бузургу ибратомӯзест. То инсонҳо эҳсос намоянд, ки марги як марди ҳақиқӣ чӣ фоҷиаи бузург ва чӣ зоеъи ҷуброннопазир аст…

Симои ҷавонмардонаи ин шаҳчанори адабиёти муосири тоҷик, ки умре шамъи табассум дар лабҳояшон пайваста партав меафканд, дар дили доғи ҳамзамонон ва ояндагон абадӣ боқӣ хоҳад монд.Чуноне ки шоири зиндаёд Мастон Шералӣ он рӯзҳо дарди дилашонро аз рафтани устодашон ҳаққонӣ қайд карда буданд:

Гарчӣ буд кӯтоҳқад,

Балки буд кӯтоҳқадр,

Аммо ба фазлу фитрату ахлоқу панд,

Дар назар метофт монанди чиноре,

Ё маноре сарбаланд…

Аз фарозаш метавонистӣ бубинӣ дурро,

Вошиносӣ дурро, манзурро,

Гарди роҳ бисёр хӯрда даври чашмони сиёҳаш,

Метавон хондан зи хатти ҷабҳаи ӯ хатти роҳаш.

…Мард буд ӯ,

Дар садоқат фард буд,

Аз ҳисоби дарди бедардону номардони айём,

Синааш пурдард буду — ҷонфидо як мард буд.

Гарчи ӯ аз мо ҷудо нест,

Ӯ дигар дар байни мо нест…

Гарчи медонам чу нахли решаканда

Сад баҳор ояд, насабзад шоху баргаш,

Боварам нояд ба маргаш…

Гарчӣ худ дидам ба чашми ғарқи об

Аз сари мижгони ёрон мисли ашк афтода рафт,

Лек то ҳастам тасалло медиҳам дилро, ки ӯ

Бо зиёрат бар мазори поки Турсунзода рафт.

Муҳаммади Султон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here