Рақобат ва фарҳанги мусолиҳа

“Бозии бузург” ва ё “Ҷанги сояҳо”. Рақобатҳои шаклгирифта дар миёнаҳои асри XIX миёни Русия ва Англияро аслан чунин унвон мекунанд. Ва ин рақобати геостратегӣ ва сиёсӣ буд. Аммо боз мусобиқоти хадамоти ҷосусии ду кишвар ва ду императории қудратманди вақт чизе буд бештар аз ин рақобатҳо.

Инак, ҳоло мо бори дигар ин ҷоем ва ба сари ҳамдигар меғуррем, ҳамдигарро чашми дидан надорем, аммо ҷангро низ намехоҳем…
(Г.Ҷ.Палмерстон)

Ҷанги Қрим ба чӣ анҷомид?

Ҷараёни “Бозии бузург” қобили дарк нест, агар кас ба рӯйдодҳои даҳсолаҳои қаблӣ таваҷҷуҳ накунад ва онҳоро наёмӯзад. Аз ин рӯ бидуни дебоча наметавонем вазъро дарк кунем. Мо ба мулоҳизоти аҳдномаи Париж дар мавриди “шикасти шармандавори Русия дар ҷанги Қрим одат кардаем, аммо аз чӣ бошад, ки масалан дар бораи шикасти шармовари Наполеони фаронсавӣ дар солҳои 1812-1814, ки оқибати он ғасби Париж буд, ҳарфе ба забон намеорем.
Танҳо бо гузашти замон метавон ин ё он аҳднома ва ё муоҳадаро комёб ва ё шармандавор номид. Муаррхи амрикоӣ Ҷ. Ледонн бар ин назар аст, ки ҷанги Қрим шикасти комил ва пурра барои мухолифони Русия буд. Ин ҷанг сабабгори фоҷеаҳои Франсия дар соли 1871 шуд ва ба он оварда расонд, ки Англия солҳои сол ба он халал мерасонд, зеро аз оқибатҳои ин гуна рӯйдод ба хотири хатар ба кишвари худаш бим дошту метарсид. Барои империяи онзамонаи Англия вуруди Осиёи Миёна ба Русия фоҷеае беш набуд.
Ҳанӯз дар асри XVIII англисҳоро ҳаракати русҳо ба самти ҷануб нигарон мекунад. Онҳо бовар намекарднд, ки Русия бо ин амал мехоҳад масеҳиёни закавказиро ҳимоя кунад. Он замон англисҳо ба Ҳинд даст дароз карда буданд ва бо ҳама нерӯе, ки доштанд, рақибонашон (фаронсавиҳо, ҳолландиҳо ва португалиҳоро)-ро аз ин макон танг мекарданд, вале ҳамеша ба оянда менигаристанд ва чораҳои эҳтиётӣ ҳам меандешиданд.
Ана барои чӣ дар рафти ҷанги русу форс дар солҳои 1804-1813 ба артиши рус лозим омад бо душмане биҷангад, ки онро мураббиёни англис омода карда буданд. Вале ин мураббӣ чандон азамату корномае надошт ва дар ин ҷанг артиши Русия шоҳи Эронро водор кард, ки ҳамроҳ шудани Гурҷистон ба Русияро эътироф намояд. Дар ин росто англисҳо ҳам ночор шуданд ҳатто дар омода кардани ин муоҳада бо Эрон ҳамкорӣ кунанд.
Вале ин ҳоло лаҳзаи “Бозии бузург” нест ва ҳатто қатли Грибоедовро ба оғози ин бозӣ шомил намекунанд, ҳарчанд гуфта мешавад, ки ин фоҷеа бо дастуру нишондоди англисҳо сурат гирифта буд, вале барои ин исбот нест. Ин гуна суол мегузоранд: оё замоне, ки Англия бо тамоми нерӯ ба нуфузи Русия дар Қафқоз мубориза мебурд ва истиқлолхоҳони қафқозиро бо пул таъмин мекард, магар “Бозии бузург” он замон оғоз нашуда буд? На, чунин нест. Ин ҷо ба ҷойи Англия чандин тундмиҷозони русбадбин саргарми ин кор буданд. Дар бораи силоҳ ва пул ҳам метавон гуфт, ки оре, ин ҳама дуруст буд, намояндагони онҳо ҳатто пинҳонӣ ба Қафқоз низ омада буданд ва корҳои таблиғотӣ низ роҳандозӣ карда буданд.
“Бозии бузург” гӯё дар як тахтаи шатранҷ оғоз шуд, ки дар он муҳраҳо вобаста ба мавқеъияти худ ҷой иваз мекарданд. Ва метавон шуруъи онро аз соли 1857 донист. Ва бими аслии Британияи Кабир дар ин бозӣ аз даст додани Ҳинд буд. Ҳинди британиёии асри 19 танҳо бо қаламрави имрӯзаи Ҳиндустон маҳдуд намешуд, он қаламрави имрӯзаи Покистон, Бирма ва Бангладешро ҳам дар бар мегирифт. Англисҳо аз талошҳои Русия тарс доштанд, ки метавонанд Ҳинд — ин сарзамини саропо ганҷро аз даст диҳанд.

Марзҳои ҷанубии Русия

Он замон Русия мустаъмарае надошт, ки барояш сарват орад. Албатта, минтақаи Заурал дар асрҳои XVI–XVIII фоида медод, аз он ҷо русҳо мӯинаи арзишмандро мекашиданд, вале он ҳама хароҷоти будубошашонро намепӯшид. То ишғоли нафти Боку Русия дар ҳама мустаъмараҳо сармоягузорӣ мекард ва барои фоида аз онҳо андешаи илмиву тарҳҳои хоса вуҷуд надоштанд. Бисёриҳо ин ҳамаро иштибоҳ медонистанд Солҳои 1860-1870 генерал Ростислав Фадеев дар мақолаҳои худ дар рӯзномаҳои замонаш навишта буд, ки заминҳои ишғолкардаи Русия дар Осиё сарборианд.
Русия ба инҳисори табииву географӣ монда, дар ташвиши ҷустуҷӯ ва пайдо кардани роҳҳои нави тиҷоратӣ шуд. Ва чуноне одати империя аст, борҳо талош кард ин корро бо истифода аз қувва анҷом диҳад. Ҷанги Хива дар соли 1717 аз ҷониби княз Бекович-Черкасский ва ҷанги Форс (солҳои 1722-1723), ки Пётри якум роҳандозӣ кард, аз ҳамин қабил ҷангҳо ва лашкаркашиҳо буданд. Ба русҳо барои тиҷорати бемамонит бо Бухоро, Хева, Самарқанд, Ҳирот, Қуқанд ҷангиёни қирғизу қазоқ, қара-қирғизҳо, хевагиҳо, туркманҳо ва қароқалпоқҳо халал мерасонданд. Асри XVIII пурра аз ҳамин гуна ҳамлаҳову ҷангҳои хурду реза иборат буд. Дар канораи даштҳо сислсилақалъаҳо сохта шуданд, ки дар бораи яке аз онҳо дар асари “Духтари капитан” муфассал гуфта шудааст. Ва ҳар касе “Дарвеши шефта”-и Лесковро хонда бошад, Иван Северянович Флягинро ёд дорад, ки дар даштҳои пушти Оренбург ба асорату ғуломии кӯчиён афтода буд.
Бодянишинон корвонҳоро ғорат мекарданд, одамонро ба асорат мегирифтанд ва баъдан онҳоро барои ғуломӣ ба хонигариҳои Хева ё Бухоро мефурӯхтанд. Танҳо соли 1830 наздик ба ду ҳазор табаъи Русия аз ҷониби онҳо рабуда шудааст. Соли 1845 мансабдори англис Ҷозеф Волф (Wolff) ба Лондон маърӯзаеро ироа кард, ки дар он гуфта мешуд: аз 1,2 миллион аҳолии Аморати Бухоро 200 ҳазори онҳо ғуломони форс мебошанд. Ва Русия вақте се шоҳигарии туркистониро ғасб кард, ҳамаи ғуломонро озод намуд ва ғуломдориро низ дар ин минтақа барҳам зад.
Муаррихи рус Е. Ю. Сергеев, муаллифи асари “Бозии бузург, солҳои 1856 — 1907”, М., 2012 навиштааст, ки асноди омӯхтаи вай гувоҳ аз он медиҳад, ки стратегҳои шоҳ дар тарҳрезиҳои амалиётҳои ҷангӣ дар Қафқоз то замони ҷанги Қрим самти Ҳиндро нодида мегирифтанд. Аммо дар Лондон баръакс, гумон мекарданд, русҳо чашми тамаъ ба Ҳинд дӯхтаанд ва ҳукумати худро ба он муттаҳам мекарданд, дар баробари таҳдидҳои Русия ва хатарҳои вай чашм мепӯшад.
Ҷанги Қрим нишон дод, ки Ҳинд барои Британияи Кабир ба сони як нуқтаи заъф намудор шудааст. Аз ин рӯ ҳарбиёни олирутба ҳамарӯза тарҳҳои мухталифи ҳамла ба Ҳиндро пешниҳод мекарданд. Профессори донишгоҳи Маскав И. В. Вернадский (падари Владимир Иванович Вернадский) соли 1855, дар авҷи ҷанги Қрим китоби худ “Мувозинати сиёсӣ ва Англия” — ро интишор дод ва навишт, ки агар Русия зарба ба Ҳиндустон назанад, пас Британия ҳатто Чинро ишғол мекунад, чуноне бо Ҳинд кард. Ва таърих нишон дод, ки ин пешгӯӣ ба зудӣ, баъди ҷанги афюнӣ амалӣ шуд.
Аммо Александр II ин машваратҳоро ба гӯш нагирифт ва аз пайи ислоҳоти худ шуд. Густариши қаламрави Русия аз Урал ва Сибири Ҷанубӣ ба самти Осиёи Миёна амри зарурат буд. Сабаби аслии он фарқияти зарфиятҳои империя ва шоҳаншоҳиҳои мустақили бодянишин буд. Молҳои тавлиди русӣ, аз ҷумла орд, матоъ, шакар, соатҳо, маснуъоти шишагиву металӣ бозори нав мехостанд, бозаргонҳои рус ба пахтаи Туркистон, абрешим, пашми қароқулӣ, қолинҳо, дорувор ва молҳое, ки аз Чин меомаданд, ниёз доштанд. Вале дар роҳ ин корвонҳо мавриди ҳамла қарор мегирифтанд.
Аллакай дар охири соли 1820 дар Бухоро ва Самарқанд ҷосусони англис пайдо шуданд. Воҳаи Туркистон аз шимоли Афғонистон дур набуд ва англисҳо метавонистанд бо ин васила ба русҳо наздиктар шаванд. Ҳадафи ҷосусфиристӣ низ омӯзиши вазъ ва минтақа буд.
Рӯйдодҳои солҳои 1839 -1842 хавфи русҳоро барангехт. Англисҳо бо ҳадафҳои номушаххас неруҳои ҳарбии худро вориди Афғонистон карданд. Ахбор дар бораи ин ҳамла ба Кобул зиддунақиз мерасид. Русия барҳақ метавонист нигарон бошад, чун амалан англисҳо Афғонистонро ба тобеъияти худ дароварда буданд ва онҳо ҳоло метавонанд тадриҷан ба ҷануб ҳаракат кунанд ва аввал воҳаи Марв ва баъдан Самарқанду Бухороро ишғол намоянд. Ба қувваҳое, ки Ҳиндукушро аз худ кардаанд, мушкил нест, ки саҳроҳову доманкуҳҳои Туркистонро ишғол накунанд. Аввали соли 1842 ин хабар ба Петербург расид, ки англисҳо дар Афғонистон шикасти сангин хӯрдаанд ва бо талафи 18 ҳазор сарбозону афсарони худ, ақиб нишастаанд. Русия тасмим гирифт, ки ба густариши марзҳояш иқдом кунад. Дар натиҷа ҷанг бо роҳзанҳо нақшаи рақами ду шуд, мебоист ба кори ҷиддитаре даст мезаданд.
Ҳаракат ба самти ҷануб чӣ гуна сурат гирифт? Хонигарии қазоқ ҳанӯз соли 1922 ба мавҷудияти худ хотима дода буд, соли 1847 хон Кенесари, ки мехост он хонигариро эҳё кунад, дар ҷанг бо қирғизҳо ба ҳалокат расид. Ҳамаи заминҳои қаблии хонигарии Қазоқистон шомили империя шуд, вале қадамҳои баъдии Русияро ба ҷануб ҷанги Қрим боздошт. Натиҷаи ҷанги Қрим барои Русия ҳалокатбор буд, ғамангезу кушанда, вале фаронсавиҳо онро дигаргуна арзёбӣ карданд. Фаронса дар ин ҷанг 95 ҳазор нафарро аз даст дод, ҳарчанд онро қасос барои шикасти Наполеон меномиданд. Сафири Франсия дар Вена Франсуа Буркне бо матни муоҳадаи Париж ошно шуд ва гуфт: “Аз ин санад душвор аст дарёфт, ки ғолиб кисту мағлуб кист”.
Соли 1857 дар Ҳинд сипуиҳо (унвони сарбозони ҳиндӣ) шӯриш бардоштанд. Мутаассифона, дар бораи ин шӯриш мо танҳо аз асари наққошии Вершагин “Қатли британиёӣ дар Ҳинд” медонем ва на аз ин беш. Аммо аз ин шӯриш, ки баъдан шикаст хӯрд, тахту тоҷи британиёӣ ба ларза омад ва худро бо азобе нигоҳ дошт. Дар Британияи Кабир талошҳои нокоме дар мавриди даст доштани русҳо дар ин шӯриш буданд ва матбуот мақолоти зиёдеро ҳам дар ин бора чоп карда буд.

Бозӣ оғоз мешавад

Соли 1863 баъди сулҳи Қафқоз ва пахш кардани шӯриши Полша (бо ёрии Пруссия) Русия ба ғасби Осиёи Миёна идома дод. Ва ин ҳамла то охири қарн давом кард. Аз ин ба баъд империя муназзам ба фаъолият пардохт ва чун пештара бидуни ҳадафу мақсад набуд. Аз ин ба баъд омили британиёӣ ҳамеша дар маркази тарҳрезиҳо ҳузур дошт. “Бозии бузург” оғоз гардид.
Бо ташаббуси вазири ҳарбӣ Милютин ҳамлаи бузург ба Осиёи Миёна соли 1864 шуруъ шуд. То охири соли 1865 чандин шаҳрҳо дар хонигарии Қуқанд, аз ҷумла хонигарии Тошканд ишғол шуданд. Аммо баъди ин ба ҳамлаи нав зарурат намонд, гуфтушунидҳо оғоз шуданд ва ҷанг дар ин минтақа аллакай соли 1868 ба анҷом расид. Дар ин сол миёни Худоёрхони қуқандӣ ва генерал-губернатори Туркистон Константин фон Кауфман муоҳадаи тиҷоратӣ имзо шуд
Амири Бухоро низ якбора тобеъ нашуд. Вале баъди ишғоли Самарқанд ба тақдир тан дод ва тобеъ гашт.
Дар оғоз Англия ба ин комёбиҳои Русия бо шаку тардид нигарист. Он замон нашрияи машҳури “Таймс” навишта буд: “Дар Петербург ҳамоно рӯи лоиҳаи ворид сохтани Шарқ ба як империяи бузург меандешанд… Ин тарҳҳо ба манзалаи орзуҳои амалиношуданӣ боқӣ мемонанд…”
Ноиби шоҳи Ҳинд Нортбрук ба вазир дар умури Ҳинд Аргайл навишта буд: “Ҳар қадар Русия нуфузи худро дар Туркистон густариш медиҳад, ҳамон андоза вай барои ҳамлаи мо ва зарбаи неруҳои мо боз хоҳад буд ва гузашта аз ин қувваҳои камтаре барои муқовимат бо мо хоҳад дошт”. Яъне, бигзор вазъ пухтатар шавад ва мо ҳар вақт бихоҳем посухашро дода метавонем.
Аз аввали соли 1860 Русия дар тарҳҳои ишғолгаронаи худ қадам ба қадам пеш мерафт. Муаллифи китоби машҳури “Бозии бузург” Е.Сергеев менависад, ки Русия басо сари вақт (соли 1867) иқдом ба сохтани генерал-губернатории Туркистон кард. Ҳамчунин сари вақт (соли 1869) бандари баҳри Хазарро сохт. Ин қаламрав ҳокими ягонаи худро надошт, мансуб ба чандин қабилаҳои нимаҳарбӣ буд. Ин муаррих бар ин назар аст, ки ин ду рӯйдод водор кард, ки соли 1869 (30 октябр) бо ғояи “ризояти қалбӣ” (entente cordiale) ба Петербург муроҷиат намуд. Гуфтушунидҳо миёни ду империя аз ин ба баъд дигар ҳаргиз гусаста нашуданд. Ва муддати чиҳил соли баъдӣ ҳамин гуна иртиботҳои ҳасана миёни ду қудрати ишғолгар боқӣ монд. Аммо ҳолатҳое ҳам буданд, ки ҷустуҷӯи роҳи мувофиқи ҳалли ин ё он мушкил муносибатҳоро сари як мӯй қарор медод.
Ҳамин гуна рухдоде дар ҷанги русу турк (солҳои 1877–1878) барои озодсозии славянҳои Балкан буд. Маҳз ҳамон замон дар Лондон тарҳи ҷанги калонмиқёс бо Русия рӯи даст гирифта шуд, ки мебоист аз самти Осиё ба Қафқоз шуруъ мегардид, баҳри Хазар, Форс ва Афғонистонро фаро мегирифт. Мебоист бо ин васила неруҳои Русия аз Осиёи Миёна ва Қафқоз комилан хориҷ карда мешуданд. Вале тарҳ тарҳ аст ва иҷрои он мушкилоти дигар дорад. Зеро баъдан ба хулосае омаданд, ки Форсро баъид аст мутоқоиди ширкат дар ин нақша кунанд, аз ин рӯ он амалӣ нагардид. Ва ҷолиб он аст, ки ҳамон солҳо сарварони ирландҳои миллигаро ба намояндаи ҳарбии рус дар Лондон генерал Горлов мулоқот карданд ва масъалаи дар назди артиши Русия ташкил кардани бахши мураббиҳо барои ҷанги ирландиҳо зидди англисҳо мулоқот анҷом доданд. Князҳои ҳинд ба Тошканд ва Петербург омада буданд ва машварат карданд, ки Ҳиндро аз ишғоли Британия озод кунанд.
Буҳрони дигар миёни Русия ва Англия сари Помир ба вуҷуд омад. Ин сарзамин аз маъданҳо бой аст, сарватҳое чун тилло, мис, лоҷвард, сангҳои қиматбаҳо ва ғайра мавриди таваҷҷуҳи ҳам британиёиҳо буду ҳам русҳо. Ҳузури русҳо дар ин қаламрав англисҳоро ошуфта карда буд. Русҳо метавонистанд бидуни он ки қонуненро нақз кунанд, басо ба осонӣ вориди Кашмир шаванд ва англисҳову афғонҳо ба водии Фарғона дохил гарданд. Гузашта аз ин ба Помир Чин чашм ало карда буд. Аммо Бадахшон аз қадим ба амири Бухоро боҷ медод ва акнун лозим меомад онро боз ҳам барои амир гузоранд. Ва долони Вахон хате шуд, ки марзи қаламрави мустаъмараҳои Русия ва Британияро аз ҳам ҷудо мекард.
Муоҳдаи байни Британияи Кабир ва Русияи подшоҳӣ, ки 18 (31) августи соли 1907 дар Санк-Петербург имзо шуд, ба “Бозии бузург” хотима бахшид. Русия дар ин муоҳада тобеъияти Афғонистон ба Англияро расман эътироф намуд, Англия бошад дар навбати худ Бухоро ва Хеваро расман минтақаҳои мансуб ба Русия донист.

Хулосаи “Бозии бузург”

Бозии бузург муддати ним аср ҳамаи Аврупо ва қариб кулли Осиёро дар ҳолати ҷанг қарор дода буд. Ин рӯйдод ва ин ҳолат сабабгори он шуд, ки китобҳои зиёде навишта шаванд ва дар адабиёти бадеӣ роҳ ёфт, дар наққошии рассомон мавқеъ дошт.
Бозии бузург бахше аз сиёсатҳои ҳамоно омӯхтанашудаи таърихи башар аст. Ҳар қадар ба гузашта рӯ меоранд, муаррихон барои таърих ҷузъиёти наве кашф мекунанд. Ин бозӣ муҷиб шуд, ки баъди Инқилоби Ленин ҳам қаламрави таҳти тасарруфи Русияи подшоҳӣ марбут ба Иттиҳоди Шӯравӣ монд. Ҷумҳуриҳои Сотсиалистӣ ташкил шуданд. Ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи олам давлатҳои наве зуҳур карданд, ки яке аз онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here