Рости ҳар фарди тоҷик ба воқеаҳои февралии соли 1990 ба амал омада, бо чашми таассуф менигарад. Чунки то нимаи рӯзи 12-уми феврал сарфи назар аз вазъияти фавқулода дар назди толори кинотеатри Душанбе зиёда аз 15 ҳазор нафар одамон майдонишинӣ намуда буданд. Тибқи қонун чораҳои пешгирӣ намудани чунин иғвоангезӣ имконпазир буд, вале роҳбарияти кишвар шиддатнок шудани вазъиятро ба назар гирифта, дар аввал ба ташккунандагони митинг муқобилат нишон надоданд.
Ба митинг аъзоёни бюрои Кумитаи Марказӣ ва кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ҳозир гардида, ба воситаи балангӯяк фаъолияти мусбии КМ-ро мефаҳмониданд. Фаҳмидани он муҳим буд, ки ақидаи мардум баъди ба воситаи радиои ҷумҳурӣ шунавонидани рафти кори пленум ва қарори ҳукумат оиди вазъият чаро онҳоро дигаргун накарда буд. Чунки тамоми мардуми ҷамъомада зери шиорҳои “Дӯстии халқҳо”, “Руссу тоҷикон бародаранд”, “М.С. Горбочов дар босозӣ ба ҷавонон мадад расонед!” садо мекарданд. Аз ин шиорҳои тазоҳуротгарон маълум буд, ки онҳо бо мақсадҳои гуногун майдонишинӣ карда буданд. Яке аз даъвоҳои тазоҳуротчиёнро масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо ва тартиби интихоби кормандони роҳбарикунандаи ҷумҳурӣ, инчунин ташкилотҳои ҳизбӣ ташкил менамуданд. Дар баробари ин, эътирози дигари митингчиёнро муҳайё намудани шароити хуби ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маданияти сиёсии мардум ташкил менамуд.
Баробари ин, чунин бетартибию эътирозҳои сиёсӣ бо шаъни таъриху маданияти халқи тоҷик, ки дар гузашта ҳамчун мардуми меҳмондӯст, сулҳпарвар ва муносибати некдошта ба ақли кас рост намеомаданд. Аммо наметавон фаромуш кард, ки баъзе аз даъвои тазоҳуротчиён асоси реалӣ доштанд. Чунки аз таърихи сиёсии ИҶШС ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон низ ба мисли дигар ҷумҳуриҳои иттиҳодӣ гирифтори аҳволи ногувори иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ дар он солҳо гардида буд. Баробари ин, ҶШС Тоҷикистон дар он солҳо ба мушкилоти соҳавӣ гирифтор шуда, дар муҳити бедифо, беҳуқуқ ва маҳдудиятҳо фаъолияти кишварро пеш мебурд.
Новобаста аз ин камбудиҳо, ба табақаи равшанфикри ҷомеа то ба имрӯз як нуқта норавшан боқи мондааст. Вақте ҳодисаҳои февралӣ рух медод, дар бинои КМ Партияи Комунистии Тоҷикистон пленумҳо сурат мегирифтанд. Вале чаро рӯзи аввал онро бе қурбонӣ пешгирӣ накарданд? Дар баробари 27 нафари шаҳид гардида, боз қувваҳои қудратии ИҶШС 162 нафари дигарро бинобар сабаби иштирок дар тазоҳурот ба маҳкама кашида буданд. Ғайри ин, аз рӯзҳои аввали ин ҳодиса ба прокуратураи Ҷумҳурӣ нафаре аз комиссияи босалоҳияти КМ супориш надод, ки сабаби воқеаҳои баҳманмоҳро ба таври оҷилӣ санҷида, гунаҳгорони асосиро ба ҷазо кашанд. Афсус ҳамин тавр нашуд. Аммо бо супориши роҳбарияти ҶШСТ Қ. Махкамов комиссияи бонуфузи Шӯрои Олӣ таъсис дода шуда, мудати панҷ моҳ фаъолият намуд ва ягон натиҷаи муайянкунанда ба даст наоварда буд. Дар ин самт натиҷаи комиссияи корӣ чунин мешуморад, ки агар роҳбарони ҷумҳурӣ ҳаматарафа омода шуда, намоишгаронро истиқбол менамуданд ва агар кормандони милитсия калтаки резиниро истифода намекарданд, шояд оташзаниву дигар амалиётҳои авбошонаи мардумро пешгирӣ намудан имконпазир буд.
Баръакси вазъи сангин ва қаҳру ғазаби ҷамъомадаҳо қувваҳои ҳифзи тартиботӣ ҷамъиятӣ ВКД, урдуҳои сарҳадбонҳои КБД, отряди Вазорати дифои ИҶШС ба ҳимояи бинои КМ сафарбар гардида, барои пешгирии давомнокии хунрезӣ ба ҷамъомадагон фишор оварда, баъзан маврид аз силоҳи оташфишон истифода менамуданд. Баробари теъдоди зиёди қурбониёну маҷруҳон ҳангоми истифодаи техникаи ҷангии вазнин вазъиятро на фақат дар минтақаи митинг, балки дар дигар гушаю канори кишвар низ ногувортар менамуд.
Аз ин муносибати КМ ИҶШС маълум буд, ки дар ин кор манфиати дигари қувваҳои берунӣ ва ё дохилӣ ба мушоҳида мерасид. Яъне, вазъияти Душанбе дар он замон муташанниҷтар гардида, ба минтақаҳои дигари кишвар сироят намуда буданд. Воқеан, ин гуруҳи иғвогарони сиёсӣ паси парда амал намуда, кӯшиш менамуданд, ки вазъиятро дар тамоми минтаҳои кишвар ногувор намуда, онро ба манфиатҳои хеш ҳал намоянд. Хусусан, мушоҳида мегардид, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо онҳо аз ҳиссиётҳои миллӣ ва диннии шаҳрвандон истифода менамуданд. Аз ин сабаб, КМ бе ҳеҷ ваҷҳ хоҳиши берун намудани қушунҳои қудратии кишварро аз Душанбе надошт.
Аммо баъзе сарчашмаҳои ахборотӣ ба тамоми воқеаҳои февралӣ органҳои маҳаллии ҲК-ро гунаҳгор менамуданд. Ҳамчун як фарди ин миллат ба хулосае меоям, ки аз ин фоҷиаи сиёсии Тоҷикистон КМ ИҶШС манфиатдор будааст. Чунки таи солҳои босозӣ то ба давраи митинг дар мамлакат маҷлисҳои машваратӣ, анҷуманҳо ва пленумҳои беохир ташкил карда мешудааст, вале онҳо дар муайян намудани стратегияи кишвар ягон самараи мусбӣ намебахшиданд. Чунин ҳолат оқибат зери пардаи демократикунонӣ ва плюрализми сиёсӣ амал намудани КМ ИҶШС гардида, сабабгори чунин беҳокимятӣ дар кишвар шуда буданд. Нишонаҳои таъсиррасонӣ тавассути чунин шахсони манфиатҷӯ дар дохили ҳизб ҷудоӣ андохта, идеяҳои марказгурезӣ, мусатқилгардӣ ва маҳалчигиро дар ҶШТ зинда мегардонид. Ҳамаи ин омилҳо ва дигар асрорҳои мавҷудбуда ба вусъат ёфтани ҳодисаи Баҳманӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамуданд. Аз ин рӯ, дар он солҳо мардуми шарифи тоҷик аз асрори аслии ҳодисаҳои Баҳманмоҳ мехост огоҳ гардад ва дар ҳаёти минбаъдаи хеш дигарбор ба чунин фоҷиҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ нагардад.
Дар баробари ин, воқеаҳои фоҷианоки баамаломада ба андешаи бархе аз коршиносон гуё як ҳодисаи пешаки тарҳрезишуда ба шумор мерафт. Чунки онҳо омили ба вуҷудоии ҳодисаҳои февралиро аз паст будани вазъи зиндагии мардум не, балки аз фаъолияти пинҳонии як гуруҳи сиёҳкорон, ки мехостанд дар ҷумҳурӣ табаддулоти давлатӣ гузаронда аз он манфиат гиранд, иборат медонанд. Баръакси ин гуфтаҳо, ташкилкунандагони табаддулот хизматчиёни давлатиро, ки софдилона ватанро аз ин ҳодиса мудофиа менамуданд гунаҳгори асосии ҳодисаҳои февралӣ дониста, миёни мардум овозаҳои бардурӯғ паҳн намуда буданд. Бо ин ҳама ҳукумати кишвар ба хотири давом наёфтани ин амалҳои ваҳмангез дониставу надониста ҳар касро гунаҳкор намекард. Чунин амалиётҳои яктарафа сухани мардумии калтакро ятим мехӯрад, ҳалворо ҳаким, ба хотирам меорад.
Ба ин васила, ҳаводиси баамаломадаи баҳмании солҳои 1990 ҳар як фарди тоҷикро ба андеша намудан водор менамояд. Ҳамчун як фарди тоҷик аз он таасуф мехӯрам, ки аз ҳодисаҳои баҳманмоҳи кишвар си сол сипарӣ шудаасту муаммои он ҳанӯз норавшан боқӣ мондааст. Чаро? Воқеан, ин муаммо бо гузашти вақт аз ҷониби васоити ахбори умуми он давр ба мо то андозае равшан гардида буд, ки тафтиши ҳодисаҳои ҷиноии баҳманмоҳи соли 1990-ро дар аввал кумитаи давлатии бехатарӣ ба ихтиёри худ гирифта буданд. Ҳол он, ки тафтиши ин корро тибқи талабот хуб мешуд якбора мақомоти прокуратураи ҷумҳурии Тоҷикистон мебурд. Вале ин тавр нашуда буд. Яъне, тафтиши ҳодисаҳои баҳманмоҳи баъди чор моҳи воқеаҳо ба ихтиёри прокуратураи Тоҷикистон вогузор шудааст. То ба прокуратура ворид гузаштани кори тафтишот бисёр муфатишҳои умумиитифоқӣ даъват шуда буданд, вале сабаб чӣ бошад, ки сарчашмаи асосии рух додани ҳодисаҳоро равшан намекарданд.
Аз он рӯзҳо солҳои зиёд сипарӣ гаштааст, вале атрофи он ҳодисаҳо миёни равшанфикрону зиёиёни кишвар ҳанӯз баҳсу мунозираҳо идома доранд. Зеро ҳар фарди ватандӯсти тоҷик ҳар рӯзи моҳи феврал сари ин масъала андеша намуда, пурсон мешавад, ки дар рӯйдодҳои Баҳманмоҳ гунаҳгори асосӣ кӣ будааст ва аз ин ҳодиса киҳо бешат манфиат гирифтаанд? Ҳар як шоҳиди ҳодиса ба ин суол бо фаҳми хеш ҷавоб медиҳад. Вале касе собит накардааст, ки гунаҳкори асосии ин ҳодиса кист. Баробари ин, андешаи бархе аз сиёсатмадорон суоли “Сабабгору гунаҳгори руйдодҳои Баҳманмоҳ киҳо буданд?” Алакай кӯҳна шудааст. Аммо барои инсоният аз ҳама довари бузург вақт ба ҳисоб меравад. Бо дарки имкон ва мушоҳидаи ҳодисаҳои баъдии соли 1992 ба хулосае омадан мумкин аст, ки баҳманмоҳи хунин амали тарҳрезишудаи КГБ-и СССР буд. Яъне, амали фоҷиавии февралии соли 1990 дар кишвар ёде аз охирин талошҳо, дақиқтараш аз охирин тохтутозҳои ошуббарангези империяи шӯравӣ дар минтақаҳои зердасташ, хусусан дар Тоҷикистон беқудрат буданд.
Далели аслии сар задани ин ошуби хунин таҳкими қудрати заволёбандаи империя буд, ки ҳомиёнаш азбайнравии онро дар рӯ ба рӯи худ медиданд. Аз ин рӯ, василаи рӯи саҳна омадани воқеаи Баҳманмоҳ кори дасти мақомотҳои қудратӣ, пеш аз ҳама КГБ-и ИҶШС буд, ки дар ҷумҳурии хурди мо барои онҳо хеле муваффақона анҷом пазируфта буд. Бубинед, бо гузашти си сол аз ин воқеа собит нашудааст, ки кадом неъруе мардумро ба хиёбон овардааст. Чунки мардумро худи онҳо ба тазоҳурот оварда буданд ва ин аслро ҳанӯз пинҳон медоштанд.
Гузашта аз ин, мардуми рӯшанфикри Тоҷикистон дар қиёс бо минтақаҳои дигари Осиёи Марказӣ бештар фаъол ба назар мерасид, ки ин ҳолат ҳам тавонист дар пешорӯи як интихоботи порлумонӣ барои макони саркӯби низомӣ қарор гирифтани ин нируҳо хидмат кунад. Ба ёд биёред, дар он солҳо намояндагони ин нирӯҳо дар бисёр аз ҳавзаҳои интихоботӣ номзад пешбарӣ карда буданд ва имкони пирӯзии онҳо хеле зиёд буд. Ба ҳамин далел, тактикаи КГБ аввал ба чопу пахши тӯҳматнома дар ҳаққи ин номзадҳо шурӯъ карда ва саранҷом корро ба митингу хунрезӣ кашид.
Ҳамин тариқ, соли 1990 пеш аз интихоботи порлумони кишвар дар шаҳри Душанбе фоҷиаи сиёсӣ бо чунин сабабҳо роҳандозӣ гардида, ба қурбон шудани чандин ҷавони бегуноҳи тоҷик сабаб гардид ва ба манфиати ташкилкунандагони хориҷию дохилиаш анҷомида шуда буд.
Аммо бархе аз сиёсатмадорон манфиатҳои миллии Тоҷикистони азизамонро сарфи назар намуда, дар ин фоҷиа ба ҳимояи манофеи дигарон сафарбар гардида буданд. Чунки дар кашмакашии он солҳо мардуми аз сиёсат дурбудаи тоҷикро гунаҳгор меҳисобанд. Хусусан, ҳодисаҳои февралиро Қ. Маҳкамов ҳамчун сиёсатмадор сарвари аввали ҳизби ҳокими пешини Тоҷикистон, ки он рӯзҳо идораи кишварро дар даст дошт, боре дар мусоҳибае бо як рӯзноманигори русзабони Тоҷикистон, дақиқан мисли ҳамон солҳои дар сари қудрат буданаш кушташудагони Баҳманмоҳи соли 90-ро «кучка террористов» номидааст. Маълум аст, ки барои ӯ манфиати мардуми кишвар ҳамеша дар баробари фармонҳои ҳокимони қудратмандаш беарзиш буд ва ӯ дигар то охири умр бо ҳамин андешаҳои бегонапарастиаш содиқ хоҳад монд. Бале, дар он ҳодисаи хунин чанд ҷавони тоҷик ҷон бохт, аммо ҳокимаш онҳоро авбош номид. Дар кишварҳои пешрафта дар ин ҳолат дар ҷойи кушташудаи қурбониён моҳҳои дароз ва сипас ҳар сол шамъ мегирёнанд ва хотираи онҳоро пос медоранд.
Воқеан, дар кишвари мо чунин одамони бегонапараст, шахсони пойбанд ба сиёсатҳои дигарон ангуштшумор мебошанд. Хушбахтона, шумораи онҳо дар ҷомеаи имрӯза арзи вуҷуд надошта, аксари онҳо чандин маротиба ба табаддулоти давлатӣ даст зада, айни ҳол аз ватан берун мебошанд. Онҳо худро дар шуури мардум содиқ ва дар назарҳо ватандӯст вонамуд мекунанд, вале дар асл касони дигаранд. Чунки ақидаи онҳо на ба мафкураи мардуму кишвари азизи мо бегона аст, балки ҳадафу мақсадҳои нопоки чунин ашхосон ба ватан доимо исён меорад. Хушбахтона ин ҳодиса ба хуби анҷом ёфта, нақшаи тарҳрезишудаи онҳо дар моҳи феврали 1990 дар кишвари мо ба пурраги анҷом наёфтанд. Аммо ҷойи ҳайрат нест, ки ин шахсони манфиатдор аз ҳодисаҳои февралӣ мушараф нагардид. Зеро буданд гуруҳи манфиатдор, ки дар амалу рафтори фарқкунанда ва симою қиёфаи дигар баъд аз ду соли ҳодисаҳои Баҳманӣ руи саҳнаи сиёсат омада, Тоҷикистони навтаъсисро ба гирдоби оташ гирифор намудаанд. Ин маротиб ин гурӯҳи табаддулотгарон на сабабгори 27 қурбонӣ, балки зиёда аз 25000 нафар тоҷик дар кишвар гардида буданд. Шояд ташкилкунандагони он ҳанӯз паси парда амал намуданро идома дода истода бошанд.
Мусоев Ш. М.,
Саидумаров С. С.