“Бузургдошти рӯзи таваллуди паёмбари Худо (с) дар асоси фаҳму дарки дуруст, истгоҳи пураҳамияте барои таваллуди ҷадиди миллату қавмҳо ба ҳисоб меравад”.

Ин андешаи донишманд, Фуод Муҳаммад Ноҷӣ аст, ки перомуни ҷашни таваллуди охирин паёмбари башарият, ҳазрати Муҳаммад (с) ироа доштааст. Сухани мазкур паҳлуҳои пурмаъниро соҳиб аст. Аз ин хотир, онро интихобан дар матлаъи сухан ҷой додам. Он маонӣ ва мафоҳими хулосавиро дар худ ҷамъ кардааст ва ба саргаҳи баҳсу мунозираҳо ва ихтилофоти бидуни манфиату маънӣ, ки дар хусуси ҷашни мазкур дар ин ё он ҷомеа пайдо мегарданд, зарбаи таваққуф мезанад. Чун таваллуди Паёмбар (с) ба монанди таваллуди шахсони тасодуфӣ нест ва таваллуди тамомии башарият ба таваллуди он бастагии зич дорад. Мелоди ӯ ба ақвому милали олам, ки аз нигоҳи маънӣ дар раддаи мурдаҳо қарор доштанд ва дар ботлоқи залолату гумроҳӣ дасту по мезаданд, таваллуди дубора бахшид ва ба он тӯдаи одамони бебанду бор дубора ҳаёти шоиста овард. Дар аснои вақфаи ирсоли паёмбар, ки бо охирин паёмбари бани Исроил ҳазрати Исо мутаваққиф гашт, то биъсати паёмбари хотим Муҳаммад (с), ки ҳудудан 600 сол давом намуд, қариб асолати инсонӣ дар саросари олам ба вартаи нестӣ ва нобудӣ расида буд. Бесарусомонӣ, хушунат, ваҳшоният, куштор, зулму ситам аз ҷумлаи аъмолест, ки қабл аз мелоди расулуллоҳ дар сарзамини араб ва боқӣ қораҳои замин дар саргаҳи амалҳои рӯзмарраи инсонӣ қарор доштанд ва ба як шайъи муъмулӣ ва муқаррарӣ табдил ёфта буданд. Вилодат ва зуҳури чунин фиристода аз ҷониби Аллоҳ ин амалкардҳои разила ва аз хулқи инсонӣ дурро аз ҷомеаҳои башарӣ ба куллӣ решакан намуд ва дар ивази онҳо авсофу ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ, озодӣ ва мувозинати ҳуқуқи башариро ба мерос гузошт. Ҳадафи ҳамасола ҷашн гирифтани санаи таваллуди он ҳазрат низ дар ҳамин аст. Яъне дар пасманзари эҳёи мелоди набӣ, мелоди ҷадиди уммати ислом нуҳуфтааст. Агар ёдоварӣ намудан аз санаи таваллуди ӯ бидуни ҳеҷ мақсаду ҳадафе сурат бигирад, пас ин ҷашн мисли дигар сабтҳои таърихӣ ва ба ҷуз сафҳа гардонидани таърих дигар манфиате надорад. Ба ақидаи соҳибназарон қайд намудани таваллуди он бузургвори оламшумул як навъ руҷуъи такрорӣ ба сӯи Муҳаммади амин ба ҳисоб меравад. Шояд пайравони ӯ, дар асари андармониҳои дунёи мағрурсоз роҳу пайроҳаи ӯро ба гушаи фаромӯшӣ андозанд ва бузургдошти мелоди ӯ як навъ танбеҳ ва тазкири хубест барои дубора иқдом намудан ба роҳи сафои ӯ. Сухани мазкур болотар аз ҳама ҳадаф ва мақсади аслии бузургдошти таваллуди расули Худоро бозгӯ менамояд. Он ҳадафу мақсад “таваллуди ҷадид”-и миллату қавмҳост. Мусалмононе, ки бо ифтихор ва тантанаи хос аз таваллуди паёмбарашон ҷашн мегиранд, лозим аст бо зикру ёди расулуллоҳ дубора ба сӯи ӯ руҷуъ намоянд, ки пас аз марги ӯ суннати покаш руҷуъгоҳи мусалмонон буда метавонад. Дар маҳофилу масоҷид ҷамъ омадану чанде аз марсияҳоро мавриди қироат қарор додан дар қиболи мелоди расул унсури асосӣ ва амали матлуб ба ҳисоб намеравад. Балки матлуб он аст, ки шахсияти Паёмбар (с) ба таври лозима шинохта шавад. Паҳлуҳои ҳаёти гуногунҷанбаи ӯ мавриди омӯзиш ва амал қарор бигирад. Дар замони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми фарҳангҳо, гуфтугӯи тамаддунҳо, шинохти Паёмбар (с) ва суннати ӯ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Чунки ҳамон аъмолу амалкардҳои зишти замони қабл аз биъсати Паёмбар (с) ва меросмонда аз низоми золимонаи императории ҷаҳон, имрӯз дар ҷомеаҳо ҳукмфармоӣ мекунад ва шиддат мегирад. Хусумату бадбинӣ, миллатгароӣ, нажодпарастӣ, худкушӣ, инсонкушӣ ва амсоли ин кирдорҳои номатлуб ҷомеаи моро рӯз аз рӯз таҳдид мекунад, ки ягона сангари қавӣ дар ин самт бозгашт ба роҳи паёмбари Ислом аст. Миллати Исломро таваллуди ҷадид мебояд. Лозим аст, ки суннати қавлӣ ва феълии ӯ маърифат карда шавад ва мавриди амал қарор дода шавад. Дар байни насли навраси мо, ки ахиран дар роҳи инҳироф қадам мегузоранд, ахлоқу сифоти ҳамидаи Паёмбар (с) фаҳмондадиҳӣ карда шавад. Ӯ шахсест, ки Худованд аз Арш дар васфи ахлоқи накӯяш оят нозил намудааст: “Бешак ту дорои ахлоқи бузург ҳастӣ” (Сураи Қалам, ояти 4). Паёмбари мо, дуруди Худо бар ӯ бод, ба тамоми маънӣ инсони комил буд, мо ӯро ҳамчун инсони меҳрубон ва бошафқат мешиносем, ки ба кулли дарду алами мардум расидагӣ мекард ва даъвати онҳоро бо чеҳраи кушод лаббайк мегуфт. Ӯ сарваре буд, ҳамеша бо мардум, дар миёни мардум, бо дарду ғам ва шодии мардум шарик. Бурдбориву сабр аз ҷумлаи сифоти ҷудонашавандаи ӯ маҳсуб мегарданд. Мо дар шахсияти Муҳаммад (с) инсонеро дар меёбем, ки ба забони амал ба тамоми подшоҳону мулуки дунё паём ирсол мекунад ва талаб менамояд, ки кибру ғурури ботили худро як сӯ гузоранд. Муносибати ӯ бо як бодиянишин паёми созандаест, ки ба ҳама фармонравоёни дунё мерасонад. Аъробие, ки дар рӯбарӯи он ҳазрат падид меояду ӯро дар оғӯши худ бо як тарзи аз одоб берун ба шиддат мефишорад ва ба сӯяш хитоб мекунад, ки эй Муҳаммад, амр намо, то ба ман аз моли Худо, ки дар назди туст ҳақе ҷудо бикунанд. Паёмбар (с) бидуни ягон ғазабу ошуфтахотирӣ ба асҳоб амр мефармояд, ки барои он мард моле ҷудо бикунанд. Ин аст ҳадди аълои тавозуъ ва сабру бурдборӣ. Ӯ одами бо шафқат буд. Ибодатгаре буд, ки дар намозаш сураҳои тӯлониро қироат мекард ва он ибодаташро ба кулли дунё ва дороияш иваз намекард. Аммо бо шунидани гиряи тифле, ки модараш аз назди ӯ дур аст, амали дӯстдошта ва гаронбаҳояшро қурбон менамуд ва ба хотири гирифтани тифл қироаташро кӯтоҳ менамуд. Ҳангоме дар пушти ҳаявон бори аз тоқаташ бешро медид, ӯ зери бори нороҳатӣ ва дилсӯзӣ дар мемонд. Раҳму дилсӯзӣ сабру бурдборӣ ва дигар авсофи ҳамидаи ӯро қалам аз васф намудан оҷиз мемонад. Муҳаммад (с) касе буд, ки мебахшиду гузашт мекард. Тӯдаи мушрикон солҳо дар муқобили ӯ набард, зулму ситам, таҳқир ва душманӣ намуданд, амакаш Ҳамзаро дар пеши чашмонаш шаҳид намуданд ва ҷигарашро бо як шакли мудҳиш канда партофтанд. Ӯ чӣ мавқиф гирифт дар баробари он душманони сарсахту тоғӣ, ҳангоме, ки ба дасташ асир афтоданд? Ба онҳо гуфт, дар ҳоле, ки қодир буд ҳамагии онҳоро ҳалок бикунад, “Биравед, ки ҳамаи шумо озод ҳастед!”. Умуман сабру таҳаммул, шафқату меҳрубонӣ, адолату инсоф, бахшишу гузашт, накӯкорӣ, мардонагӣ ва ғайра аз ҷумлаи авсофи ҳамида ва сутудаи Муҳаммад (с) маҳсуб мегарданд, ки дар татбиқи ин сифатҳои олии инсонӣ касе аз инсоният ба ӯ баробар шуда наметавонад. Ӯ дар ҳама паҳлуҳои ҳаёти инсонӣ беҳтарин идеал барои инсоният буда метавонад, ки бегумон ислоҳи иҷтимоиву сиёсӣ, буҳрони ахлоқии кулли ҷомеаҳои башарӣ ба пайравии ӯ бастагӣ дорад. 12 моҳи рабиъулаввали соли 1438 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 30 ноябри соли 2017 мелодӣ рӯзи таваллуди ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Бо фарорасии соли таваллуди муаллими башарият ҳамагии ҳамватононро табрик ва таҳният мегӯем ва аз Аллоҳ хоҳиш мекунем, ки мардуми шарифи мо, махсусан насли ҷавонро дар лобалои ҷашни мелоди расулуллоҳ таваллуди ҷадид ато фармояд ва зиндагӣ дар наҳҷи расулро бароямон насиб кунад.
Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here