Сухан гуфтан аз таърихе, ки бар инсон ҳамеша ҷабр кард, сахт душвор ояд.

Сухан гуфтан аз рӯзгоре, ки пур аз моҷаро будаву рӯзе осудагиро надида, дилро ба дард орад.

Сухан гуфтан аз ормонҳое, ки бар қафаси сина нагунҷида наъразанон бурун зада, ҷигарро пора кунад.

Сухан гуфтан аз Зане беҳтар аз ҳазор мард ҷасорате рустамӣ хоҳад.

Сухан гуфтан аз Марге дар хориву зорӣ ашкро шаш қатор ҷорӣ созад.

Ва сухан гуфтан аз машъале тобанда, аз он ки заминасози бедорӣ будаву Гурдофариди зиндаи фарҳанги тоҷик ва поягузори матбуоти озод Бӯриннисо Бердиева, Сайидаҳмади Қаландар — ҳамкори даҳсоларо дар арафаи зодрӯз, ки охирин рӯзи сол — 30-уми декабр аст, ниҳоят вазиз бошад.

 Се хусусият ва се омили саркӯфта

— Гарчанде ихтисоси банда шарқшинос — арабшинос аст, аммо бо матбуот аз замони хеле хурдиам ҳамкорӣ доштам, аввалин мақолаи ман моҳи июни соли 1958, вақте ки 11 — сола будам, ба чоп расида буд. Баъд аз ин, рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” маҳфиле дошт бо номи “Мухбирони ҷавон”, ки бар он пайвастам ва муттасил аз мактабу маориф ва ҳаёти ҷавонон маводе бар рӯзнома менавиштам. Баъдтар бо пешниҳоди устодон бо дигар рӯзномаҳо ҳамкориро оғоз кардам ва дар рӯзномаи умумииттифоқии “Пионерская правда” дар ҳамон синну сол, мақолачаҳои камина бо забони русӣ аз чоп мебаромадагӣ шуданд ва ҳамин тариқ, матбуот як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ман гашт.

Ин раванд маро то рӯзномаи “Маориф ва маданият” расонид. Дар нимаи солҳои 70-ум ба “Маориф ва маданият” пайвастам, ки дар авҷи ташвиқи бедорӣ ва худшиносии миллӣ қарор дошт. Дар он замон “Маориф ва маданият” бо сарварии Апаи марҳумамон Бӯриннисо Бердиева (эшонро бо исми эҳтиромӣ ҳама Апа мегуфтем) ба ҷамъоварии зиёиёни равшанфикр машғул буд ва ин даргоҳ донишгоҳеро мемонд, ки беҳтарин устодонро гулчин карда овардааст ва пайвастан ба ин гуна донишгоҳ шарафе маҳсуб меёфт, ки бар ҳар шахс муяссар намегашт.

Рӯзномаи “Маориф ва маданият” чанд хусусияти хос дошт, ки зикри онҳо аз аҳамият холӣ набошад:

Якум, боргоҳе буд, ки ҳама касони воридшаванда тасвия, пок мешуданд ва каси нопок дар он ҷо кор карда наметавонист. Ин маҳаки асосии фаъолият дар рӯзнома ҳисобида мешуду Апа бар он сахт аҳамият медоданд.

Дуюм, дар замони Шӯравӣ ҳарчанд, ки низоми маориф, тандурустӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ғайра дар қиёс ба имрӯз дар сатҳи олӣ қарор дошт ва замони баланд будани маърифати мардум ҳисоб меёфт, аммо идеологияи шӯравикунонӣ бар 3 рукни ҷудонашаванда — забон, анъаноти миллӣ ва пояи ақидаи мардум зулму беадолатӣ мекард. Аз ин рӯ, фаъолияти аҳли эҷоди рӯзнома барои зинда кардани ин 3 омили саркӯфтаи мақомоти боло, аз худ ба бегона напайвастан ва нигаҳдории фарҳанги миллӣ, адабиёти миллӣ, таърихи миллӣ, одобу русуми қадимаи миллӣ ва дар кул бар ҳувияти миллӣ, равона мегардид ва ҳар беҷуръате дар ин идора кор карда наметавонист.

Сеюм, идораи “Маориф ва маданият” аз ҳар қишри ҷомеа ва аз ҳар минтақаи кишвар беҳтарин намояндаи худро дошт. Беҳтарин нависанда, беҳтарин шоир ва беҳтарин журналистон дар ин ҷо кор мекарданд, ки аз ҳар манотиқи диёр буданд, аммо амиқтарин ҳамдигарфаҳмӣ дар ин байн ҳукмрон буду маҳалгароиву миллатчигӣ решакан шуда буд. Ин як сутун ё худ пояе буд, ки аҳли эҷоди рӯзномаро ба ҳам мепайваст ва як Тоҷикистоне кӯчакро бунёд мекард.

Паноҳандагии улуғзодаву одина

— Ҳамин тариқ, “Маориф ва маданият” барои ононе, ки бо ҳар сабабу баҳона аз Иттифоқи нависандагон ва ҳатто аз узвияти Ҳизби коммунист хориҷ мешуданд, аз он ҷумла, нависандаи номвар Сотим Улуғзода, шоирон Бозор Собир, Ҳайрат Шанбезода, нависандагону рӯзноманигорон Ҷумъа Одина, Мутеъуллоҳ Наҷмиддинов, Бахтиёр Муртазо… паноҳгоҳе буд…

— На танҳо паноҳгоҳе буд, балки минбаре буд, ки барои ҳар яки эшон ҷангид, мубориза бурд. “Маориф ва маданият”-и Апаи азиз аввалин минбари озодандешони тоҷикони ҷаҳон буд. Ин рӯзнома дар солҳои 60 ва 80-и асри пор, ягона газетаи маорифпарвари Тоҷикистон буд, ки ба ҳар гӯшаву канори Осиёи Миёна, ки як тоҷик ва як мактаби тоҷикӣ мавҷуд буд, рафта мерасид, аз ҷумла, ба шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва Тошканди Ӯзбекистон, Қадамҷову Учқурғон гуфтанӣ қисматҳои ҷанубии Қирғизистон, Сариағоч ва Пахтаарали вилояти Чимкенти Қазоқистон ва ба чандин маҳалли тоҷикнишини дигар.

Он тоҷикони бурунмарзӣ ҳатман андешаву пешниҳодҳои худро ба идораи рӯзнома мефиристоданд. Апа назар ба маводҳои дохили кишвар ба маводу мақолаҳои берун бештар аҳамият медоданд ва дар навбати аввал онҳоро ба чоп мерасониданд. Яке аз корҳои бузурги “Маориф ва маданият” ва Бӯриннисо Бердиева карда ин буд, ки ба дархостҳое “ба фалон мактаби тоҷикии фалон маҳал китобҳои дарсии тоҷикӣ намерасад”, дар газета эълон медод, шароит фароҳам мекард, барои ҷамъоварӣ мусоидат менамуд, то китобҳо ба ҷойҳои лозима рафта расанд. Ин иқдомро баъдан устод Шакурӣ ва Лоиқ Шералӣ идома доданд ва яке аз забондарозиву сарбаландии тоҷикон гашт, ки Апаи азиз оғоз карда буданд.

Иқдоми дигаре, ки Шумо зикр кардед, намунаи олии дастгирии истеъдодҳост. Замони шӯравӣ бисёр истеъдодҳои моро кашф кард, бисёр чеҳраҳои ноошнои моро ба минбар баровард, аммо баъзе шахсиятҳоро бо хурдтарин сабабҳо аз саҳна бурун кард. Намунаи барҷастаи ин устод Улуғзода ва Ҷумъаи Одина аст. Вале бузургтарин иқдомоти Бердиева ин буд, ки дар сахттарин ҳолат ин чеҳраҳоро бар канори худ гирифту бар онон минбар дод.

Рӯзномаи “Маориф ва маданият” танҳо перомуни ахбори муассисаҳои таълимию мактабу донишгоҳҳо набуд, балки як маркази илмӣ — фарҳангӣ буд, ки мақолаҳои таърихӣ, адабӣ, бостоншиносӣ, масъалаҳои этнологию мардумшиносӣ ва ҳоказои аҳамияти иҷтимоидошта ба чоп мерасид. Ба Шумо се мисол меорам:

Аввалан, вақте ки бо сабаби ба Англия паноҳанда шудани писараш Азиз, Сотим Улуғзодаро аз ҷиҳати сиёсиву идеологӣ бадном карданду минбари адабии Иттифоқи нависандагон — “Садои Шарқ” чопи минбаъдаи осорашро боздошт, фақат “Маориф ва маданият” буд, ки ҳамаи танқиду таъқибҳои расмиро сарфи назар намуда, таълифоти нави эшонро, аз “Ривояти суғдӣ” сар карда, то силсилаи очеркҳои таърихӣ дар бораи рӯзгори Абӯалии Сино, ба табъ расонид.

Бо он вуҷуд, ки устод Сотим Улуғзода аввалин раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, баъди аз сафи ИНТ ва ҳам аз узвияти КМ ҲК Тоҷикистон хориҷ шуданду дар хиёбон монданд, болои ин, раҳматӣ Атахон Сайфуллоев ба муқобили он кас мақолаи интиқодӣ навишту ба Апа, ба “Маориф ва маданият” пешниҳод кард. Бердиева мақоларо гирифтанду гуфтанд, инро ба Сотимхон пешниҳод мекунам ва бо ҷавоби ӯ дар як шумора ба чоп медиҳам. Ва ҳамин хел ҳам карданд. Ба хӯрдагириҳои А. Сайфуллоев зидди асари “Ривояти суғдӣ”, устод Улуғзода бо факту далели таърихӣ ҷавоб гардониданд, ки дар як шумора ва дар як ҳаҷм ба хонанда пешниҳод шуд ва хонанда худ қазоват кард, ки кӣ ҳақ аст. Ин ягона роҳе буд, ки Улуғзода худро ҳимоият мекард, дигар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ӯ ҳатто калимае ба чоп намедоданд.

Сониян, ба ин монанд баҳсе миёни Соҳиб Табаров ва Ҷалол Икромӣ шуда буд, ки Бердиева ба устод Икромӣ ҳаққи муҳофизати худро дод ва дар ҳамон ҳаҷми мақолаи Соҳиб Табаров ҷавоби Икромӣ дар як шумора ба табъ расид.

Ва дигар, вақте афсарони идеологии ҳизби ҳоким интишори романи “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одинаро ба сиёҳкорӣ айбдор карданд, боз ҳамон Бердиева буд, ки “муҷрим”-ро ба идорааш ба кор пазируфт.

Зимнан, ҳамкори Шумо Дорои Дӯст миёни паноҳандагон саргузашти нависанда ва тарҷумони барҷаста Ҷумъа Одинаро талх арзёбӣ карданд

— Ҷумъа Одина аз ҷасуртарин нависанда ва рӯзноманигорони давр буд, ки мақолаҳои шадиди интиқодӣ менавишт. Боре аз китоби таърихи халқи тоҷик дар макотиби миёна интиқод кард, ки айб аст дар 8 соли таҳсил 28 соат таърихи миллати худро хонӣ ва он ҳам бо бисёре аз ғалатҳо.

Воқеан, қисмати охири ҳаёти нависанда бисёр ба сахтӣ гузашт. Баъди аз ҷонишинӣ рафтани Асадулло Саъдуллоев ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ-и имрӯз), Бердиева Ҷумъа Одинаро ба сифати ҷонишин қабул кард ва борҳо барои қабули пешниҳод ба КМ ариза навишт. Аммо бо ин вуҷуд, ки дар муддати 2 — 2,5-соли фаъолияташ ҷонишинии Ҷумъа Одинаро аз боло қабул накарданд, ӯро Апа ба сифати ғайрирасмӣ ба ин вазифа гумошта буд ва дар ин баробар, шахси гурдадоре аз КМ пайдо намешуд, ки гӯяд Ҷ. Одинаро ҷавоб деҳ. Боз ҳам ҷасорати мисли санги хорои Апа…

Аммо, мутаассифона, Ҷумъаи Одина дар утоқи кории ман, ки бо Нафасбек Раҳмонов ҳамроҳ менишастем, бо пойи худ омаду пиёлаи чойро гирифт ва бар рӯи миз монду сараш ҳамоил шуд. Дар зери сараш дӯхтаи газетаро гузоштему Апаро фарёд кардем. Он ҳангом духтур омад, ки бадани ӯ хунук гашта буд… Бидуни ҳеҷ дарде ҷонро ба Ҷонофарин супорид.

Ва аввалин гиря аз Бердиева буд, ки нолаи ҷонкоҳ мекард ва ин гиря сангро об менамуд…

Маросими дафни нависанда чӣ гуна гузашт?

— Бисёр ба содагӣ, бо аҳли қалам дар назди ҳавлии кӯчакаш гузашт, дар ҳоле, ки нависандаи номдорӣ ҷумҳурӣ буд.

Истеъдод, покӣ ва озодӣ

Аксари шогирдону дастпарварони Бердиева шоирони номвар шуданд, минҷумла, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Фотеҳ Абдулло, Ҳоҷӣ Мурод, Абдуғаффор Партавзода, Сармад, Дорои Дӯст, ки гарчанде хоксорӣ доранд ва чанде дигар. Дар ин замина ҳамаи ононе, ки бо Бердиева фаъолият доштанд, баъдан дар ҷомеаву ҷодаи нависандагиву журналистӣ мақоми худро дарёфтанд. Омили инро дар чӣ мебинед: озодии фароҳамовардаи Бердиева ва ё истеъдоди фавқулодаи худи эшон?

— Ҳар ду! Апа истеъдодҳоро дар гирди худ ҷамъ мекард ва ба онҳо шароит фароҳам меовард, ки рушд кунанд. Агар ин ҳама чеҳраҳо дар ҷойи дигар ва дар зери дасти каси дигар мебуданд, бо фишор овардан, андешаҳои бикр ва рӯшан олудаву торик мешуданд.

Шахсият ҳамеша дар озодӣ рушд мекунад, дар озодӣ ба камол мерасад ва Апа ин гуна одате дошт, ки аҳли эҷоди идораро комилан озод гузошта буд: кай меоянд, кай мераванд, чӣ менависанд, коре бар онҳо надошт. Танҳо натиҷаро менигарист. Баъзан чанд рӯз намеомад, аммо рӯзи чопи газета ақрабаки соат ба 5 рост, ки шуд ӯ дар идора буд ва ба саҳифаҳои газета назаре меафканду имзо мегузошт. Замоне шеърҳои миллатпарварона ва шӯрангези “Забони модарӣ”, “Аҳмади Дониш”, “Девори Бухоро”, “Кӯч мебандам”, “Пас аз мо” ва “Ба Ҷумъаи Одина”-и Бозор Собир дар “Маориф ва маданият” ба чоп мерасид, ки ашъори ӯро мамнӯъултабъ эълон карда буданду худаш мавриди таъқиби ошкоро қарор дошт, агар ҷасорат ва майдони фароҳамовардаи Бӯриниссо Бердиева намебуд, ин ва садҳо ашъори дигари Бозор Собир ҳамчун дастхат дар хонаи ӯ боқӣ мемонд.

Баъдан, Бӯриннисо Бердиева бо вуҷуди озодӣ додан, кормандонро зери назорат ҳам қарор медод ва покии идораро дар мадди аввал мегузошт. Аз ҷумла, ҳар шахсе, ки аз идора ба сафари корӣ мерафт, Апа пешакӣ огоҳ мекард, ки “дар рафти кор ҳар мушкилие пеш ояд, маро огоҳ кунед, албатта, ҳал мекунам, аммо коре накунед, ки дар ин муддат вақти шумо ба талаф равад, мабодо, ба айшу нӯше машғул нашавед! Агар ягон калима аз номи шумо ба ин ҷо омад, донед, ки дигар баргаштан нест! Қадаматонро инҷо намемонед, то нопок нашавад!”.

Рӯзе яке аз журналистони машҳури солҳои 60 — 90 ба яке аз минтақаҳои Бадахшон ба сафари корӣ баромад. Аммо пеш аз баргашти ӯ ба Апа хабаре расид, ки “фалон журналисти шумо дар лаби чашма қадаҳ мебардораду нӯшбод мезанад”.

Апа садо баланд карданд: “Агар фалонӣ ба ҳамин ҷо ояду яке аз шумо дарро ба рӯяш кушоед, шахси дарро кушода ҳамроҳаш меравад!”

Дар ин ҳол ҳама ҳайрон, ки вақте як журналисти саршинос, як дӯсти наздик, як ҳамкор назди дар ояд, чӣ гуна дарро ба рӯи ӯ намекушоӣ?!

Ҳангоме ӯ назди идора омад, ҳама парешон шуданд ва хабари бозгаштро ба Апа расониданд. Апа назди дар омаданду гуфтанд:

— Шартҳоро гуфтам?! Огоҳат кардам?! Хабар расид?! Ҳайф аст, ки ман бо дастони худам ба дафтарчаи меҳнатии ту чизе нависам. Бо ин вуҷуд, намехоҳам, ки касе аз ин даргоҳ сиёҳном шуда барояд. Худат аз рӯйи виҷдон чизе нависӣ, “бо хоҳиши худ” ё “бо сабаби ба кори дигар гузаштан”, ихтиёрат, аммо дигар ҳаққи вуруд надорӣ, — ва дафтарчаи меҳнатиро ба ӯ дароз карданд.

Аммо баъдтар боз ҳамин ҷавон бо тавсияи Апа ба Маскав барои хондан рафт. Ин ҳам хусусияти хоси Апаи азиз буд, ки истеъдодро ҳамеша дастгирӣ мекард.

Нозбардори қаҳрамони беунвон

Гарчанде Бердиеваро бо сахтгуфториву ошкорбаёнӣ мешиносанд, аммо эшонро нозбардори аҳли эҷоди рӯзнома низ меноманд. Муомилаи эшон бо Шумо ва дигар  кормандон чӣ гуна буд?

— Бердиева чунин як хислати нек доштанд, ки ҳеҷ гоҳ дар муҳити корӣ ба сифати муҳаррир ва корманд ба аҳли эҷод наменигаристанд. Байни мо ягон садде набуд ва эшонро мо ҳамчун Апа пазируфта будем.

Нозбардории Апа то он ҳадде буд, ки модар ба фарзандаш мекунад. Мисоле меорам боз ҳам аз Бозор Собир. Ӯ одатан шабҳо хоб надошт, то субҳ шеър менавишту аз паси эҷод буд ва саҳаргоҳ хоб мерафт. Ҳангоме кор меомад, ки соат ба 12 ва 13 расида буду нисфи рӯз рафта. Боре Апа ба ӯ гуфт:

— Ҳой, Бозор, соат чанд?

— Дувоздаҳ!

— Кор соати чанд сар мешавад?

— Нуҳ!

— Чаро ин қадар дер меойӣ?!

— Набиём, чӣ мегӯӣ?!

Баъдтар Апа гӯё гуфтугӯяшро бо Бозор ҷамъбаст карда бошад, гуфт, “ана бо ҳамин гуна сағираҳо кор мекунам”. Ва бо оҳанги ифтихор афзуд: “Нози ин бачаҳои боистеъдодро ман набардорам, кӣ мебардорад?!”

Аммо Бердиева ҳамеша аз натиҷаи кори Бозор Собир огоҳӣ пайдо мекарданд ва мегуфтанд, ба Бозор кордор нашавед, ӯро ба ҳоли худ монед, чун кори худро медонад.

Ҷасорату ғайрати Бердиеваро ҳама сутудаву тан додаанд ва он касро “заминасози бедорӣ меноманду фаъолияти эшонро машъали тобони даврони рукуд арзёбӣ мекунанд. Вале худи бону Бердиева бо таассуф қайд кардаанд, ки «шояд дар ягон кишвари дигар барои чунин сабки рӯзноманигорӣ ҷоиза медоданд, аммо дар сарзамини мо саркӯбӣ карданд»

— Мутаассифона, сахт саркӯбӣ карданд. Агар Бердиеваро бар ҳоли худ мемонданд, чӣ хидматҳое бар миллат, маориф ва матбуоти тоҷик намекарданд. Аммо бо ин вуҷуд ҳам, Апа боз кори дилхоҳи худро кард.

Ҷойи таассуф дигар аст, ки бо ин ҳама хидматҳо ба маорифи кишвар ҳокимони вақт ва баъд на дар замони корӣ ва на баъди он, ба ба хидмати ӯ арҷгузорие накарданд. Апа ба ҷуз як миқдор “виговор”, дигар унвоне надошт. Агар аз Апа мепурсиданд, ки чӣ унвон доред, гоҳо ба шӯхӣ мегуфтанд: як унвон дорам, ки он ҳам шавҳарам Ҷавҳаршоҳ аст.

Мероси модар

Аз он ки аввалин мақолаҳои худшиносии миллӣ бо ташаббуси Бӯриннисо Бердиева дар саҳфаҳои “Маориф ва маданият” ба зевари чоп расидаанд, Бердиеваро поягузору сардафтари матбуоти озод дар Тоҷикистон меномандБа ақидаи Шумо ба Бердиева ҳамеша чӣ қувват мебахшид?

— Дар вуҷуди инсон 2 падида ҳаст: яке падидаи ҷавҳарӣ, ки модарзодист ва дигарӣ падидаи ҳаётӣ, ки омӯзанда аст. Ҷасораи Бӯриннисо, чунон ки худ мегуфтанд, модарзодӣ буд. Ба беадолатӣ мубориза бурдан, ба дурӯғгӯйӣ нафрат доштан, ба адолат ҳамраъй будан, чеҳраҳои шинохтаро эҳтиром кардан ва дар сурати роҳбарӣ интихоб карда тавонистани чеҳраҳо ва билохир пок нигоҳ доштани пирхона (ҷои кор), ин ҳама аз модар ба эшон гузашта буд. Ва қавли худашон ҳам ҳаст, ки мегуфтанд, ман ҳар чӣ дорам, аз модарам гирифтаам.

Дарвоқеъ, он гунае ки зикр кардаанд, Бердиева дар оилаи милитсионер («Модараш Патӣ Азизова аввалин милитсионерзани тоҷик, раиси шӯрои занон, раиси колхоз дар ш. Панҷакент. Падараш корманди милиса ва ҳизб»  профессор Ҷовид Муқим) чашм ба олам кушодаанд. Аммо худи муаллима дар як мусоҳиба аз зикри ин худдорӣ карда, хешро аз оилаи равшанфикр муаррифӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки обурӯйи милитсия дар он вақт баланд буд. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?

— Дар таърихи башар бисёр шоҳону вазирон ва сиёсатмадороне ҳастанд, дар ниҳоят шахсони поканд ва баръакс, бисёр нопок ва олуда бо беадолатӣ. Масалан, дар он солҳо кормандони умури дохила дар бобати нест кардани осори хаттии мардум даст доштанд, касонеро, ки ҳувияти миллиро дифоъ мекарданд, бар пояи идеологияи замони шӯравӣ ҳамчун миллатгаро зери таҳқир ва ҳатто таъқиб қарор медоданд ва чун ин оила аз ин корҳо дур буданд, гуфтанд равшанфикр. Шояд бо он, ки мансабдорон бар ду табақаи мутафарриқ ҷудо мешуданд, нахостанд, ки Худо накарда волидонашонро ба гуруҳе ворид созанд, ки аз он фарсахҳо дур буданд.

Истодагарӣ ва барканории ӯ

Аммо ба ақидаи Шумо чаро “болонишинҳо” бо Бердиева “баробар ё худ сарбасар шудан” намехостанд ва гарчанде ҳамаи маводҳои нашрияро бо ҷумлаи нуқуташ ба таҳлил мекашиданд, лекин 20 сол бо он кас “тоқат” карданд?

— Ин ба шахси Бӯриннисо Бердиева бармегашт, чун аз аҳволи ҳокимони давр иттилои комил дошт ва бар ҳамин далел, ки сирру асрори ононро медонист ва бар рӯяшон ошкоро мегуфт, касе аз мақомот дар ин беш аз 20 соли роҳбарии ӯ ҷуръат накард, то ӯро барканор кунанд ва дар охир ҳам бо баҳонаи “ба нафақа рафтан” эшонро барканор карданд.

Дарҳақиқат, дар таърихи матбуоти тоҷик барканории ду сармуҳаррир Бӯринисо Бердиева ва Ато Хоҷаев (Ато Ҳамдам) баъзе қиссаҳои аз назари имрӯз боварнокарданиро дар худ доштааст. Мегуфтед, ки сабаби асосии рафтани Бӯриннисо Бердиева аз “Маориф ва маданият” чӣ буд?

— Дар ҳар як шумораи “Маориф ва маданият” аз оғози соли 1963, замони ба кор шурӯъ кардани Апа, то соли 1983, соли аз кор рафтанашон, ҳадди ақал як мақолаи хештаншиносиву миллатпарварӣ ва бар гуфтаи ҳамон замон — “зидди ҷараён” ба чоп мерасид ва бино бар ин “ҷурм”, ҳар шумора дучори ҳамлаи мақомоти вақти Тоҷикистон мегардид. Бо ин аз КМ ҲК ҳафтае набуд, ки то 2-3 маротиба ҷеғ назананд. Дар ин маҷолис Апа бо ёварашон устод Дорои Дӯст мерафтанд ва баъди соате меомаданду кори идора мисли пеш идома меёфт ва ин барои мо кори маъмулӣ шуда буд. Аммо бо ин ҳама, ҷони кормандони ҳизб то ба гулӯ расида буд ва намедонистанд бо чӣ баҳонае аз Бердиеваи ёғиву саркаш халос шаванд.

Дар оғози соли 1983, вақте Ҳилол Каримов — муаллифи китоби “Алифбо”, аз телевизиони Маскав иддао кард, ки то Инқилоби окятбр ва таҳияи китоби мазкур, тоҷикон аслан хату савод ва мактабу мадраса надоштанд, моҳи феврал 17 тан равшанфикрони беҳтарини кишвар, ба шумули Раҳим Мусулмониён ва Нозирҷон Арабзода нома ё худ раддияи эътирозӣ бо номи “Таърих гувоҳ аст” навиштанд, ки ҷойе онро ғайрат ба чоп накард. Аммо баробари ба Апа пешниҳод кардан, эшон иҷоза чопро доданд.

Дар зимн, “Таърих гувоҳ аст” чӣ гуна ба чоп рафт, дар ҳоле ки ҳамаи маводҳо пеш аз чоп аз зери назари Главлит мегузашт?

— Мо дар ин ҳол сирри касбӣ доштем: дар саҳифа ба ҷойи маводҳое, ки хусусияти худшиносӣ доштанд, ягон мақолаи нарм ҷойгузин карда, макети рӯзномаро ба Главлит мефиристодем ва то имзои чопи рӯзнома расидан, мақолаи заруриро бо иқтибосҳои фаровон аз Карл Марксу Ленин барои ҳимои муаллиф “зиннат” медодем. Макет ки расид,

мақоларо табъи дил ҷой дода, ба чоп мебурдем ва бо ҳамин Кумитаи Марказӣ баъди чоп огоҳ мешуд.

“Таърих гувоҳ аст” низ бо ҳамин усул ба чоп рафт ва ин баҳонаи бузурге шуд, ки алами ҷабрҳои 20-солаи дидаро кормандони КМ аз Бӯриннисо кашанд. Гарчанде ин мақоларо ҳам хеле хуб аз суханони бузургон “мусаллаҳ” карда будем, вале натавонист саркӯбии ногузирро аз сари “Маориф ва маданият” ва Бердиева дур кунад. Вақте ки муаллифони мақоларо бурда истинтоқ карданд, ба ҷуз Нозирҷон Арабзода, дигарон сару калобаашонро гум карданд. Хархаша аз моҳи феврал то моҳи июни соли 1983 давом кард ва бо ҳамин “Таърих гувоҳ аст” охирин қатрае шуд, ки косаи сабри ҳокимони вақтро лабрез карду Апаро аз симати “Маориф ва маданият” бо далели “бознишаста шудан”, барканор карданд.

Вале ҳайбати Апа ҳатто баъди барканориаш чунон буд, ки чор моҳи дигар ҳеҷ касе аз Кумитаи Марказии Ҳизби комунист ҷуръат накард, то бо фармони барканории ӯ пой ба идораи “Маориф ва маданият” гузорад. Чун онҳо барои барканории аксари кормандони рӯзнома камар баста буданд, Бердиева истодагарӣ кард. Чанд нафарро ба ҷои Апа таъйин карданд, аммо ӯ гуфт, агар каси маъқули ман набошад, намепазирам. Билохир Бобо Насриддинов — масъули бахши матбуоти КМ-ро оварданд, ки нисбатан ба дидгоҳи Апа мувофиқ буд.

Ниҳоят рӯзе фаро расид, ки як ҳайати 10-нафара бо шумули мудири шуъбаи таблиғи КМ И. Қаландаров ва вазири маориф Рауф Додобоев бо фармон ва ҷойгузинӣ ба идора омаданд. Худи Апа, ки набуданд, дар кабинети ҷонишинашон Асадулло Саъдуллоев ҷамъ омадем. Ин гуруҳи “ҷасур” чун идораро гӯиё бесоҳиб диданд, бо дӯғу пӯписа ба кормандон ҳарф мезаданд ва мақсади ниҳоии гап ба Апа рафта мерасид. Ҳамин ҳангом, чун ҳарвақта Апа аз даромадгоҳи идора ворид шуданду зани русеро, ки дар ошёнаи якум кор мекард, бо овози баланди хоси худ пурсон шуданд: “Валентина! Как ты?”. Ин садои Апаро “воизон” шунида ба куллӣ овозашон дарун зад. Ҳама хомӯш, сокит, ҳатто ки пашша пар занад, овозаш шунида мешавад. Апа то расидан ба утоқи ҷонишин чанд кас, аз ҷумла, мудири шӯъбаи муҳосибот — Надежда Михайловнаро аҳволпурсӣ карданд ва билохир бо садои баланд ва попартоиҳои мардона расиданд ба ҷойи ҷамъомадаи мову дарро кушоданд ва нигоҳе карданду гуфтанд:

— Ҳа, ғайбат карда нишастеду садоро шунида хомӯш шудед?! Ғайбатро идома диҳед, — ва дарро пӯшиданд.

Касе ғайрат накард, ки сухане занад. Боз Апа дарро кушоданду бо виқоре хос идома доданд:

— Ман аз овардани Бобои Насриддин бисёр хурсанд. Лекин, агар як мӯйи сари як корманди ман аз сараш кам шавад ва ягон қасде дошта бошед, инро дониста монед, ки Бобо ҳам дар ин ҷо кор намекунад, шумо ҳам дасти холӣ меравед ва ин идора боз мемонад бар дасти Бердиева!

Ин ду суханро гуфтанду дарро пӯшиданд ва рафтанд. Вале бо ҳамин таъсири сухан ягон нафари аҳли эҷод аз идора берун нарафт. Тавоноии як зане, ки беҳтар аз ҳазор мард аст.

Апа танҳо баъди ин барканориашро қабул карда, умурро ба дасти Насриддинов супорид. Қазия бо ҳамин ба хайр анҷомид ва бо ҳамин ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт… Дигар ҳеҷ касе аз Ҳукумат ёдаш накард, агарчӣ хидмати бисёре карда буд.

Ба ҷои се нуқта

Машъали тобони солҳои 60 — 80-и садаи ХХ баъди барканор шудан аз сардабирии “Маориф ва маданият” 20 сол дар хомӯшӣ монд. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ӯ рӯзҳои сахти худро мегузаронид ва ғами ҷанг ба бемории саратони ӯ балои дигаре гашта буд. Огоҳон мегӯянд, агар дар порлумони Тоҷикистон ба ҷои Валентинаи рус Бӯриннисо Бердиева мебуд ва ҳаққи суханронӣ дода мешуд, шояд ҷанге набуд… Аммои таърих! То охири умр аз ӯ ёде нашуд. Чароғи маърифат моҳи октяри соли 2003 дар синни 67-солагӣ дори фониро падруд гуфт ва хоксорона дар оромгоҳи Лучоб дар канори шавҳар ва писараш дафн шуд. Осудагӣ ба гӯшаи ҳастӣ надида рафт.

Лек унвонҳое бидуни ҳеҷ фармони расмӣ абадан бар номи ӯ пайваст, чун “Сардафтари матбуоти озоди тоҷик”, “Бузургбонуи матбуоти Тоҷикистон” ва “Қаҳрамони Наврӯз”, ки то ба ҳол бар касе муяссар дониста нашуда буд. Ёдат гиромӣ ва равонат шод бод, азхудгузаштаи миллат!

Суҳбаторо: Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here