Рӯзи ғалаба бар Германияи фашистӣ торафт наздик мешавад. Дар назар аст, ки 75 солагии рӯзи Ғалаба 9 маи соли 2020 бо шукуҳу шаҳомат ва тантанаи бузург қайд гардад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурияҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ тайёрӣ мебинанд.

 

Дар Тоҷикистон оилае набуд, ки дар ин ҷанг зарар надидаю фарзанд талаф надода бошад. Нақли мо дар бораи оилае меравад, ки се фарзанди худро ба ҷанг фиристодааст. Ин оилаи зиёӣ, сокини шаҳри Истаравшан Бобоҷон Рабиев мебошад. Се фарзанди ин оила — Аҳмадҷон, Лутфулло ва Мирзо ба ҷанг сафарбар шуда буданд. Ду нафари онҳо дар набардҳо ҳалок гаштанд, фарзанди сеюми оила Мирзо Бобоҷонов то Ғалаба бар душман мубориза бурд ва қаҳрамониҳои беназир нишон дод. Ӯ ба унвони олӣ — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод мешавад, вале бо иштибоҳе ҷанговарро мурда гумон карда, мукофоти Мирзоро дигар мекунанд…

Бобоҷон Рабиев яке аз мардони соҳибмаълумоти замони худ ба шумор мерафт. Ӯ то инқилоби Октябр вазифаи мирзогиро иҷро мекард. Бобоҷон аз ҳисоби замин ва касби мирзогиаш зиндагонии осудаҳолона дошт. Аз гуфтаи мӯйсафедон, ки ӯро мешинохтанд вай соҳиби ҳазорҳо китобҳои пурарзиш буд, ки шиносҳояш аз Арабистону Туркия ва шаҳрҳои Қазону Петербург оварда буданд. Ӯ натанҳо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, балки  русиву арабиро низ медонист ва рӯзномаю китобҳои ба ин забон чопшударо мутолиа мекард. Донишмандию хоксорӣ, инсондӯстию ҷасурии ӯро ба назар гирифта, мардум бо эҳтиром Мирзобобоҷони оқсақол меномиданд.

Аввали асри бистум барои мардуми Шӯравӣ хеле вазнину пурошӯб  омад. Шӯриши халқии соли 1916 дар ҳудуди Тоҷикистон сар зада, Россияи подшоҳиро ба ларза даровард, Инқилоби Октябри соли 1917 бошад, ба ҳаёти мардум тағйиротҳои куллӣ ба миён овард. Дар ҳама ҷо муборизаҳои шадид байни сохторҳои куҳнаву нав мерафт. Дар чунин вазъият идора намудани ҳокимият басо душвор буд, ҷасуриву донишмандии Бобоҷон Рабиевро ба назар гирифта, ӯро ба комитети иҷроияи шаҳри Ӯротеппа ба кор даъват намуданд. Ӯ дар чунин шароити мураккаб барои ба эътидол овардани вазъияти иқтисодию сиёсии кишвар хизмати зиёд мекард. Инро ба назар гирифта, Рабиевро ба съезди 3-уми совети Ӯротеппа, ки аз 31декабри соли 1919 то 5 январи 1920 давом карда буд, вакил интихоб намуданд. Дар мандати ба ӯ дода, чунин сатрҳо буданд:

«Дорандаи мандат Б.Рабиев вакили съезди3-юми Совети уезди Ӯротеппа мебошад».

Съезд фаъолияти хуби меҳнатии Б.Рабиевро ба назар гирифта, ӯро  ҷонишини раиси Комитети иҷроияи уезди Ӯротеппа интихоб мекунад. Дар ин вазифаи пурмасъул вай барои мустаҳкаму пойдории ҳокимияти халқӣ ҳиссаи худро мегузорад.

Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз мегардад, фарзанди калонии вай Лутфулло, ки корманди ШКД-и шаҳри Ӯротеппа буд, ба фронт меравад. Баъди чанде фарзанди дуюм Аҳмадҷон низ ихтиёран ба фронт рафт.

Фашистони аз ҷиҳати яроқу аслиҳа афзалият дошта, торафт ба дарунтари мамлакат ворид шуда, бедодгариҳо мекарданд. Ҷангҳои шадид мерафт, нафрати мардум нисбати фашистон зиёд мешуд. Ба мамлакати мо лозим меомад, ки қувваҳои навро ба фронт фиристад. Фарзанди сеюми Рабиев — Мирзо Бобоҷонов, ки соли 1943 нав 18-сола шуда буд, ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ рафта, хоҳиш намуд, ки ӯро ба фронт фиристанд. Мирзо Бобоҷоновро ба омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Орёл, ки дар Чорҷӯи Туркманистон амал мекард, фиристоданд. Баъди хатми таъҷилии он моҳи августи соли 1943 ӯро ба фронт сафарбар намуданд. Мирзо диловарона меҷангид. Моҳи октябри ҳамон сол дар яке аз муҳорибаҳо аз тири душман ҷароҳатнок шуд. Баъди муолиҷа боз ба фронт баргашт. Сержант Мирзо Бобоҷоновро сардори расчёти пулемётии дивизияи 97-уми фронти 1-уми Украина таъин карданд ва ба ӯ пулемёти №265-ро супориданд. Вай котибии ташкилоти комсомолии баталёнро низ ба уҳда дошт.

Муддате се бародар аз ҳамдигар бехабар дар соҳили дарёи Днепр ҷангиданд. Дар ин муҳорибаҳо ду бародараш — Аҳмадҷон ва Лутфулло ҳалок мешаванд. Дар наздикии шаҳри Уман барои гирифтани баландии №26 аскарони шӯравӣ чандин бор ҳуҷум карданд, аз тири пулемёт 25 фашист нобуд карда шуд.

1-уми майи соли 1944 дар назди деҳаи Печагени Бессарабия задухӯрди шадиде шуд. Фашистон гумон доштанд, ки ба шарафи иди байналхалқии 1- май аскарони сурх ҳушёриро аз даст медиҳанд ва ин мавридро онҳо бояд истифода баранд.

Аз ду тараф борони тир мерехт, фашистон чандин бор ҳамла карда хостанд мавқеро ишғол кунанд, вале аскарони советӣ сахт истодагарӣ намуданд. Пулемётчиён пешакӣ мавқеъҳои оташфишонӣ тайёр карда буданд ва ҳар дам ҷой иваз менамуданд. Дар ин муҳориба Мирзо Бобоҷонов бо пулемёт 28 аскари фашистро нобуд кард.

Моҳи августи соли 1944 дар Полша, назди дарёи Висла, ки дар таърих бо номи пласдарми Сандомир маълум аст, муҳорибаи сахт шуд. Мувофиқи маълумотҳо душман ҳамлаи ҷавобӣ сар карда, якчанд танкҳои «шоҳпаланг»-ро ба майдон мебарорад.

Саҳарӣ чанд нафар ҷанговарон, аз ҷумла, Мирзо Бобоҷонов ва Фахриддин Аминови тоҷик барои танкзанӣ ихтиёран баромаданд. Муҳориба сар шуд, дар ин ҷанг Фахриддин Аминов як танки «шоҳпаланг»-ро зада, аз дуюм чанд фашистро маҳв кард.

Маршали Иттифоқи Советӣ В.Д.Соколовский, ки сардори ситоди фронт буд, дар китоби хотираҳояш менависад: «Бо чӣ гуна маҳорат ва шуҷоат ҷангидани полкҳои армияи 5-уми гвардияи генерал-лейтенант А.С.Жадовро мо дар амалиёти ду ҷанговарони тоҷики ин армия Мирзо ва Фахриддин дидем…»

Моҳи августи 1944 МирзоБобоҷонов дар наздикии шаҳри Варшава бори дуюм ҷароҳатнок мешавад, ба контузияи шадиди гирифтааш, ҷароҳати сахти ба пой бардоштааш нигоҳ накарда, танҳо дар як муҳориба як взводи душман ва ду нуқтаи оташфишони онҳоро нобуд сохт.

Фармондеҳи машҳур генерали армия А.С.Жадов дар китоби «Четыре года войны» қайд кардааст: «Муҳорибаҳои назди дарёи Днестр вазнин буд, хуни бисёре рехт. Дар хотир дорам, ки Мирзо Бобоҷонови 19 сола ду шабонарӯз бо пулемёташ дар наздикии фашистон истода, ҳуҷумҳои паёпаи онҳоро зада мегардонд. Танҳо баъди омада расидани қувваҳои нав, ӯ ба ротааш баргашт».

Дар китоби дигаре «Оружие Славы», Москва ,1975, Воен.издат саҳ.21 омадааст: «Худи Мирзо Бобоҷонов аз августи соли 1944 то феврали соли 1945 268 аскару афсар, ду нуқтаи оташфишонӣ ва мошинаи зиреҳпӯши душманро маҳв сохт…»

Дар вақти гузаштан аз дарёи Одер ва ишғол намудани шаҳри Олау пунктҳои аҳолинишини Едидорф, Линдел, Денг Мирзо Бобоҷонов шуҷоат ва қаҳрамонии бемисл нишон медиҳад. Баъди ҷароҳат бардоштан ва аз майдон рафтани командири рота фармондеҳиро ба уҳдаи худ гирифта, дар сафи пеш меҷангад.

Артиши Советӣ торафт ба Берлин наздик мешуд. Фашистон пешакӣ истеҳкомҳои пурқувват сохта, муқобилияти сахт нишон медоданд. Душман мавқеи аскаронро тирборон менамуд. Пораҳои замин ба ҳаво пошхӯрда, ба сару рӯй хок мепошид. Баъди чанде хомӯшӣ фаро расид. Неруҳои нав ба ин мавқеъ омада, манзараи мудҳишро дарёфтанд. Дар майдон қариб касе зинда намонда буд. Мурдаҳоро гӯронданд, ҷароҳат гирифтагонро рӯйхат карда, ба қисми тиббӣ супориданд. Лекин номи Мирзо Бобоҷонов дар байни ҷароҳатгирифтагон набуд.

Дар Осорхонаи марказии Вазорати мудофиаи СССР, фонди 33 рӯйхати 69015555 парвандаи 6769, саҳифаи 119, варақаи мукофотӣ оид ба Мирзо Бобоҷонов пешниҳоди додани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ маҳфуз аст. Дар он командири полк полковники гвардия Харитонов, сардори ситод Смирнов, генерал-лейтенант Родимсев ва дигарон (ҳамагӣ 7 нафар) имзо гузоштаанд, вале унвони олӣ ба Мирзо Бобоҷонов нарасид. Хабар доданд, ки Мирзо Бобоҷонов дар ҷанги охирин ҳалок гаштааст, аз ин рӯ ба ҷойи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пас аз «маргаш» бо ордени Байрақи Сурх мукофониданд.

Рӯзи ғалаба низ фаро расид. Солҳо гузаштанд, баҳори соли 1962 ҷавони тоҷик Мирзо Бобоҷонов бо сафари хизматӣ ба шаҳри Москва омад. Ӯ ин ҷо вақт ёфта бо рафиқаш Сергей ба тамошои осорхонаи Вазорати мудофиаи СССР медарояд. Дар ин ҷо воқеаи беназир рух медиҳад

Ӯ дар ошёнаи сеюм пулемёти шиносро дида, моту маҳбут мегардад. Ана он яроқе, ки дар ҷанг ҳамроҳаш буд, борҳо ӯро наҷот додааст, ин ҷо маҳфуз аст. Вай беихтиёр даст ба яроқ гузошта гуфт:

— Ин пулемёти ман аст…

— Ба экспонат даст нарасонед, — гуфт зане, ки толорро назорат менамуд.

— Ин пулемёти ман аст,- боз такрор кард Мирзо Бобоҷонов.

— Бо вуҷуди ин ба он даст расонидан мумкин нест,- гуфт  зан ва лаҳзае пас ба гуфтаи Мирзо Бобоҷонов сарфаҳм рафта афзуд:

— Чӣ хел пулемёти шумо?

— Ана рақамаш № 265, ман онро аз ёд медонам, фақат ин ҷо навиштаанд, ки ман ба ду ордени Байрақи Сурх сарфароз гаштаам, дар асл бошад ба як ордени Байрақи сурх сазовор шудаам, — гуфт ӯ.

Зан навиштаҷоти пулемётро хонда гуфт:

— Илтимос, як дақиқа сабр кунед, ман ҳозир сардори осорхонаро даъват мекунам, ӯ ҳалли масъаларо меёбад.

Дар осорхона маҷлиси бошукуҳе оростанд. Собиқ фармондеҳи армия, генерали армия А.С.Жадов, ки Мирзоро хуб мешинохт дуюмин ордени Байрақи Сурхро ба ӯ супорид, ордене, ки ба ҷойи унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод шуда буд.

Ҳамин тавр, ду фарзанди Бобоҷон Рабиев дар ҷанг баҳри ҳифзи Ватан ҳалок гардида, фарзанди сеюм қаҳрамониҳои бемисл нишон дод. Се бор ҷароҳат гирифт, вале зинда баргашта, боз ба халқаш хизмат кард.

Моҳи августи соли 1945 вай ҷангро ба итмом расонида бо пойи маҷруҳ ба зодгоҳаш Истаравшан баргашт.

Аз моҳи декабри соли 1945 то моҳи июни соли 1946 дар вазифаи ҷонишини мудири шуъбаи тарғибу ташвиқи Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) фаъолият намуд. Солҳои 1946-1947 ба ҳайси котиби якуми комсомоли ҳамин шаҳр кор кард. Солҳои 1947 то августи 1949 шунавандаи мактаби дусолаи ҳизбии назди КМ ПК Тоҷикистон буд. Солҳои 1949-1952 ҷонишини мудири шуъбаи тарғиботии КМ комсомоли Тоҷикистон шуд. Солҳои 1959-1961 дастурдеҳи шуъбаи ташвиқотии КМ ПК Тоҷикистон, 1961-1966 ҷонишини мудири шуъбаи Хонаи маорифи сиёсӣ, 1966-1969 ҷонишини мудири шуъбаи тарғиботию ташвиқотии КМ ПК Тоҷикистон, аз моҳи марти 1989-депутати халқии СССР ва аъзои парламенти иттифоқ, аъзои собиқадорони ҷангу меҳнат, баъдан соли 1987 то охири умр раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ҳар қадами ӯ ба насли наврас намунаи ибрат аст, зеро барои мардонагию ҷасорат ӯ сазовори ду ордени Байрақи сурх, ордени Шараф, ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва медалҳои зиёд сарфароз гардидааст.

Наберагони Мирзо Бобоҷонов низ чун падару бобои худ ҷасуру донишманд буда, яке дипломату дигаре сиёсатшинос, яке иқтисоддону дигаре корманди ҳифзи ҳуқуқ, яке варзишгару омӯзгор буда, дар Тоҷикистон ва хориҷи он кору зиндагӣ мекунанд.

 

Ғайрат ҲАКИМОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here