Бинобар маълумоти шабакаи телвизионии «WIONEWS»-и Ҳиндустон, ҳукумати Чин даъвои аз худ намудани 45 дарсади замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ҳудуди Помирро доштааст. Ин маълумот дар доираҳои муайян ҳангома ва иғвоҳои зиёдеро ба бор овард, ки аз онҳо баъзан бӯи ғараз нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Гӯё Ҳукумати Тоҷикистон аз халқи худ пинҳонӣ қисм — қисм ҳудуди Помирро ба ивази 7 миллиард доллари амрикоӣ ба ихтиёри Чин мегузорад. Ин иддао албатта ҳангомае беш набуда, танҳо ҳадафи эҷоди ихтилоф миёни давлатҳо ва носуботии вазъи дохилии Тоҷикистонро дорад.

Иддаои баъзе аз муаррихони чинӣ дар мавриди он, ки Помир гӯшае аз замини таърихии онҳост, аз нуқтаи назари илмӣ тамоман беасос мебошад. Ҳафриётҳои зиёди бостоншиносон дар ин минтақа собит мекунанд, ки маданияти асрисангии Помир бо маданиятҳои асрисангии дигар минтақаҳои аз Тоҷикистони имрӯза пайдошуда муштарак мебошанд. Масалан осори неолити аз ҳудуди Помир кашфшуда дар адабиёти таърихӣ «Неолити куҳии маданияти Ҳисор» ном гирифтааст. Ин тамаддун аз ҳазораи 6 то 3-и пеш аз мелод давом кардааст. Гузашта аз ин, осоре, ки бостоншиносон аз ёдгориҳои таърихии Мағори Шахта, Қалъаи Ямчун, Вомар, Вахон, Қаҳқаҳа, Карон, Қалъаи Хум, Ванҷқалъа, Кофирқалъа, Чокарқалъа, Шошбувед II, Доруҷ, Рин, Вранг, Вришмқалъа, Қалъаи Ҷавшангоз ва ғайра ба даст оварданд, ҳамагӣ шаҳодатгари он аст, ки ин маданият ба умқи фарҳанги ориёиҳо рост меояд. Махсусан пайдо кардани нишонаи чоргӯша, ки инъикосгари чор унсури ҳастӣ: об, оташ, хок ва бод мебошанд, ки ин фарҳанг ба дини қадимаи тоҷикон — зардуштия тааллуқ дорад. Ё тасвири акси бузи оҳу, нахчир, доираҳо ва ғайра, ки ҳар яке дар худ як рукни фарҳанги ориёиҳои қадимро ифода мекунад. Санъати меъмории ёдгориҳои зикршуда, ҳам сохти дохилӣ ва ҳам намои зоҳириашон ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарҳанги чиниҳо рост намеояд. Аз ҳар тараф агар ба сохти махсусан қалъаҳои Ямчун, Вомар, Карон назар афканем, нишонаҳои фарҳанги митроизм, зардуштия ва умуман маданияти ориёиҳоро мушоҳида намудан мумкин аст. Гузашта аз ин, номи кулли ёдгориҳои ҳудуди Помир умуман ба забони чинӣ наздикӣ надорад. Он ба умқи забонҳои қадимаи мардумони ориёиасл мансуб аст.

Аз нуқтаи назари топонимика агар таваҷҷуҳ намоем, эҳсос мешавад, ки аксари номҳои геогарфии минтақа, ба монанди Бадахшон, Помир, Шуғнон, Ишкошим, Хоруғ, Рӯшон, Роштқалъа, Вахон, Шингон, Дуроҷ, Мурғоб, Сарез, Зоркӯл, Ғунд ва ғайра истилоҳоте мебошанд, ки реша ба забони қадимаи бохтарӣ доранд ва ҳар яке дар навбати худ дорои мазмуни муайян ҳастанд. Ногуфта намонад, ки ҳатто қисме аз номҳои географии заминҳои ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғури Чин низ ба забони бохтарӣ тааллуқ доранд. Зеро дар ин ҳудудҳо замоне тоҷикон ҳукуматдорӣ мекарданд. Масалан соли 661 писари Яздигурди III — охирин шоҳи Сосониён, Фирӯз дар ҳудудҳои Хутан ва Қошғар давлате бо исми Тоҷикӣ бунёд намудааст. Чиниҳо ин ҳуҳудҳоро пасон забт карда, Синзян номиданд, ки маънояш сарҳадҳои нав мебошад. Худи маънои ҳамин калима шаҳодат аз он медиҳад, ки чиниҳо ба ин заминҳо баъдан ворид шудаанд.

Тамоми сайёҳони олимони дунё, ки ба Помир сафар кардаанд, ба монанди Дҳармагупта, Пол Пелло, Ал-Истахрӣ, Ибни Ҳавқал, ас-Самъонӣ, Марко Поло, Ибни Батута, Мирзо Ҳайдари Муғул, А. П. Федченко, Н. А. Сверсов, А. Э. Регел, Д. Л. Иванов, Н. Л. Корженевский, Ионов, Ванновский, П. А. Баранов, Н. П. Горбунов ва садҳо нафарони дигар дар ҳеҷ куҷо мардуми таҳҷоии инҷоро чинӣ зикр накардаанд. Ҳатто худи сайёҳони чинӣ, ба монади Хаютаснак, Чжан Сян, Сюан Сзан ва даҳҳо нафарони дигар ҳангоми сафар ва ё гузаштан аз ин сарзамин ба фарҳанг ва зисту зиндагонии мардуми мавзеи Помир ҳамчун халқи бегона ва барои онҳо нав муносибат намудаанд.

Ин ва даҳҳо далелҳои дигаре ҳастанд, ки беасос будани даъвоҳои кадом як муаррихи чиниро дар бораи ба таърихи онҳо мансуб будани Помир инкор менамояд. Дар масъалаи баҳсҳои марзӣ, ки ба таърихи миллатҳо алоқаманд аст, нашояд аз имкониятҳои пешрафтаи иқтисодию молӣ кор гирифт, балки аз илм ва дастовардҳои он самаранок ва хирадмандона истифода бояд бурд. Зеро маҳз илм метавонад ҳақиқатро ошкор кунад. Агар масъала баръакси ин шакл гирад, ба ҳеҷ ваҷҳ адолат барқарор намешавад.

Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,

омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here