Чӣ бояд кард, то дидани вазирону раисони Тоҷикистон дар байни мардум имконпазир шавад?
Як майлони ҷолиб дар ҷомеаи Тоҷикистон зуҳур пайдо кардааст. Дар сегменти тоҷикии Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарӣ мансабдороне ҳоло тавсиф мешаванд, ки онҳоро дар байни мардум бештар мебинанд, ё корҳое мекунанд, ки аз одамони оддӣ қариб фарқ надоранд.
Чанде пеш инҷониб ҳам ба раиси феълии шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода изҳори миннатдорӣ фиристодам, ки дар ҷанозаи яке аз шахсиятҳои шинохта ва раиси шаҳри Кӯлоб дар замони шӯравӣ Мирзо Бекматов дар қатори мардум меистод ва ҳеч такаббурро ба худ иҷозат намедод. Ҳатто меҳмонҳое, ки ҳамроҳи ман буданд, бовар кардан намехостанд, ки ӯ раиси сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст. Сабаби дуруд фиристоданам ба Вализода дар ҳамин буд, то ба дигарон сабақ гардад.
Воқеан, аз ин мансабдор, ки қаблан дар ноҳияи ба номи Ҳамадонӣ ва шаҳри Турсунзода ҳам роҳбар буд, мардум чунин хотираҳои неку мусбат доранд.
Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода низ дар нишасти ахири хабарии худ аз он гуфт, ки ҳафтае ду бор ба ҷои кор бо дучарха меояд ва мавриди ситоиши мардум қарор гирифт. Ҳарчанд, ба гуфтаи Саидзода, ин корро маҳз барои саломатиаш мекунаду ҳудуди 20 сол аст, ки ин шуғлаш давом дорад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бошад, аз рӯи меъёрҳои ҳоким дар ҷомеи мо, “гузаронд”: ӯ зимни як нишаст ва гузориши телевизионӣ аз он, аз мардум барои бебарқ монданашон дар сармои зимистони соли гузаштаву равон бахшиш пурсид.
Ӯ пештар бо ин вижагӣ ба як чеҳраи истисноӣ дар ҷомеаи мо табдил ёфта буд, ки дар вилояти бисёрии вақт пуртазод ба байни анбӯҳи мардуми ҷамъомада мерафт, дар ҳашарҳо шахсан иштирок мекарду белу каланд гирифта, ҷӯйбор тоза мекард…
Вақте тафаккур “колхозӣ” буд…
Хуб, вақте аз “меъёрҳои ҳоким дар ҷомеаи мо” гуфтем, манзурамон чист?
Шояд аниқу мушаххас намедонем аз кай дар зеҳни мо ҳангоми шунидани вожаи “раис” ё “мансабдор” як “одами ҷиддиву қавоқӣ” ва аз мардум хеле тафовутпазир пайдо мешавад.
Шояд аз замони шӯравӣ?
Оре, онҳое, ки хотираҳое аз он овон доранд, медонанд, ки кадом раиси колхоз ё бригадир, баъзан котибони якуми райком чунин “гизала” буданд. Масалан, дар ноҳияи Восеъ миёнаи солҳои 80–уми асри гузашта Ҳабибулло Табаров котиби райком буд ва одамон мегуфтанд, махсусан дар замони пахтачинӣ, ҳар саҳар деҳа ба деҳа мегашту одамони дар кӯча бекорро сарзаниш ва ҳатто дашном дода, маҷбур ба пахтачинӣ мебурд. Ин корашро баъдан, ки ба ноҳияи Ҳамадонии ҳозира ҳам рафт, мегӯянд, идома медод. Сухан аз Ҳабибулло Табарове меравад, ки иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузоршударо то интихоби спикери нав раисӣ кард ва баъдан вазири кишоварзӣ ҳам таъйин гардид. Худо раҳматаш кунад, ки чанд сол пеш даргузашт…
Аммо чунин тарзи корбарии, ба истилоҳ, “колхозӣ” бештар дар байни раисони колхоз ҷо дошт. Вагарна аз бештари райкомҳо ҳамчун одами зиёинамои меҳрубон ёд мешавад. Ҳатто котибони якуме дар сатҳи кишвар доштем, ки ҳамчуноне дар ёддоштҳо мехонем, одамони одиву ба мардум наздик будаанд. Аз Турсун Улҷабоев ва Ҷаббор Расулов ёд меоранд, ки ба шаҳру ноҳияҳо ногаҳон мерафтаанд, ба майдони пахтазор даромада, бо одамон сӯҳбат ва ҳамроҳашон ғизо тановул мекардаанд.
Вақте вазири амният бе муҳофиз дар кӯчаҳо мегашт…
Аслан аз рӯи ченакҳои як ҷомеаи мутамаддин баҳо диҳем, дар ин гуна муносибату рафтори мансабдорон ягон ҷо барои қаҳрамониву тавсиф нест. Мебинему мешунавему мехонем, ки дар Ғарб ҳатто мансабдорони сатҳи баланд назири вазиру сарвазир ва ҳатто президент ба ҷои кор бе карру фар меоянд, дар мағозаву дорухона ё ҳар ҷои дигари ҷамъиятӣ дар баробари мардум навбат мегиранд ва нишон медиҳанд, ки аз одамони дигар тафовуте надоранд. Аз сарвазири ҳозираи Арманистон Пашинян мешавад ҳамчун намунаи наздиктарин мисол овард, ки ҳоло ба мушкилу бӯҳрон гирифта шуда бошад ҳам, дар гузаштаи наздик дар кӯчаҳо дучархасаворӣ мекарду пиёда ба кор мерафт.
Дар мо бошад, инро ҳатто барои як раиси ноҳия нонсенс медонанд. Барои чӣ?
Албатта сабабро мешавад дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷустуҷӯ кард, ки вазирону раисонро хеле дастнорас ва дар иҳотаи муҳофизони зиёд медидем. Хуб, ин воқеияти замони ҷанг буд, ки хоставу нохоста мебоист ин ҳолатро тоқат мекардем. Ҳарчанд дар он замони мушкил ҳам мақомдорони муҳиме чун Сайдамир Зуҳуров – вазири собиқи амният ва Шариф Раҳимов – раиси Бонки миллиро гоҳ-гоҳ дар кӯчаҳо медидем.
Кормандони амният баъдан дар хотираҳояшон навиштанд, ки чун Зуҳуров пиёда мегашту онҳо доим дар ташвиш қарор доштанд, тасмим мегиранд, ки аз ӯ бехабар аз дур назорааш кунанд. Генерал Зуҳуров баъдан аз ин огоҳ шуда, сарзанишашон мекунад ва қотеона мегӯяд:
— Пайи кори худ бошед! Чаро ман аз мардуми худам, ки ба онҳо зараре нарасонидаам, бояд сари тарс дошта бошам? Пеши касе на муттаҳамам, на қарздор, ки аз ман қассос бигиранду ба ман зарар расонанд!
Вақте аз сарчашмаи дороиашон бовар доранд…
Масъалаи асосии мансабдорони мардумгурез, ба фикрам, маҳз дар ҳамин нуҳуфтааст: онҳо то куҷо бовар доранд, ки ба касе зарар нарасонидаанд, ҳаққи касеро нахӯрдаанд, то бо сари баланд байни мардум гашта тавонанд?
Дар акси ҳол, феълан, шукри Худо, дар замони оромиву субот зиндагӣ дорем, пас чаро бояд ҳайрон шавем, ки як мансабдор пиёда ба кор меравад, ё дучархасаворӣ мекунад, ё аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебараду дар маъракаи одамон ҳузур дорад?
Пас аз Шамсиддин Орумбекзода, ки вазири фарҳанг буду ба кор баъзан бо автобус мерафт, дидаед, ки як вазир ё муовинҳои аввалу дуввуму севвуми ӯ дар нақлиёти умумӣ, аз ҷумла автобус ё троллейбус ва ё ҳадди ақал дар миниавтобус савор шуда, ба ҷои кор ва ё ба ҷойе рафта бошад?
Агар бошанд ҳам, бовар надорам, ки теъдодашон зиёд аст. Аммо хеле аз академикҳои воқеӣ ва профессорҳои тоҷик ҳастанд, ки қариб ҳамарӯза аз нақлиёти умумӣ истифода мекунанд ва Худо шоҳид, ки ноинсофтарин шахс ҳам наметавонад иддао кунад, ки хизмати онҳо назди ин марзу бум ва ин миллат камтар аз ҳар вазирест…
Фикр мекунед, иллати аз нақлиёти умумӣ истифода накардани соҳибмансабҳо ё дар кӯча нагаштани онҳо дар чист? Оё фақат ба он хотир аст, ки онҳо мехоҳанд бо мошинҳои гаронарзиш зудтар ба ҷойи корашон ҳозир шаванду ба мушкилоти соҳае, ки раҳбараш ҳастанд, роҳи ҳал биҷӯянд?
Намедонам, шояд нафароне бошанд, ки ба ин савол посухи мусбат дошта бошанд, вале ман дар ҷавоб хеле фикр мекардам…
Шояд онҳо андешанд, ки дар байни мардум бошанд, “обрӯяшон” кам мешавад? Ё аз гапи мардум метарсанд?
Ҳамин як масъалаи муҳим аст: гапи мардум! Оё намедонем, ки одамон чӣ мегӯянд?
Агар мансабдорони мо ҳам дар байни мардум бошанд, ҳатман мешунаванд, ки, фарзи мисол, фалон қасру кушк ё фалон мағозаву тарабхона аз фалон вазир ё раис аст. Дуруст, шояд ин молу мулк ба номи дигарон расмӣ шуда, аммо мардум медонанд, ки онҳо ба кӣ мансубанд!
Сармояи мансабдор ва манбаи он
Як масъалаи дигар сарватмандии мансабдорон аст. Бигзор мансабдор ҳам ҷои хурсандӣ дошта бошад, агар он ҳама молу манол бо пули ҳалолу кори шаффоф ба даст омадааст.
Аз мансабдорони сармоядорамон танҳо Зайд Саидовро медонем, ки ба гуфтаи худаш, вақте ба Тоҷикистон омаду вазири саноат шуд, миллионҳо доллар дошт. Бег Сабур ҳам, ки гапу калоча дар атрофаш кам нест, мегӯянд як тоҷири муваффақ дар Русия будаву чанд мағоза доштааст. Шералӣ Кабировро ҳамчун намояндаи охирини олами сармоя метавон ҳисоб кард, ки ба мақоми давлатӣ раҳ ёфт.
Боз киро аз ин гурӯҳ мешиносед? Аммо мансабдорони камбағалеро вохӯрдаед?
Ривоят ҳаст, ки Хумайнӣ вақте раҳбарии Эронро ба даст гирифт, барояш кондитсионер меоранд. Ӯ рад мекунаду мегӯяд ин асбобро вақте ба хонаи ман биёред, ки одитарин эронӣ соҳиби он гардад. Намедонам, ин воқеият дорад, ё не, аммо яқинан ҳикматест бузург…
Дар ҳақиқат, вақте мардум бо мушкилоти зиёди рӯзгор даст ба гиребон аст, вақте зиндагӣ сахтиҳои зиёдеро ба дӯши шаҳрвандон бор кардааст, қаср доштани ҳар вазире, ки моҳонааш шояд каме зиёдтар аз 4-5 ҳазор сомонӣ аст, метавонад норизоии иҷтимоиро ба вуҷуд оварад.
Таҷрибаи чандҳазорсолаи зиндагии башар нишон додааст, ки бар зидди норизоии иҷтимоӣ намешавад мубориза бурду пирӯз шуд, балки бояд алайҳи омилҳое, ки ин норизоиро ба вуҷуд меоваранд, ҷанг эълон кард!
Ҳикмати муҳиме вуҷуд дорад, ки агар бо ришвахорӣ мубориза бурданӣ бошед, бояд байни худиву бегона фарқ нагузошт. Мутаассифона, дар мо омилҳои зиёде ҳастанд, ки то ҳол дар роҳи муборизаи воқеӣ бар зидди ин амали зишт садди мустаҳкаме сохтааст.
Дарвоқеъ, агар онҳое, ки имрӯз зимомро дар ин ё он бахш дар даст гирифтаанду истифода аз нақлиёти умумиро барои худ нанг медонанд ва мардумгурезӣ мекунанд, то ҳадди лозим дар фикри ободии ин кишвар ва обрӯи он бошанд, ақаллан эъломияи дороиҳояшонро на танҳо ҳар сол то 1 апрел ба мақомот пешниҳод кунанд, балки онро дар матбуот ва расонаҳои хабарӣ нашр кунанд, то мардум дар бораи сарвату дороиашон огоҳӣ ёбанд. Магар президенти Қирғизистон ё Русия чӣ камие аз як вазири ҳукумати Тоҷикистон ё мансабдорони аз онҳо пасттар доранд, ки эъломияи дороиҳояшонро ошкор мекунанду дору надори вазирону мансабдорони мо ҳамчунон ба истилоҳ “сирри давлатист”?
Раҳбарияти кишвар бояд дар ин бора ҳам фикр кунанд, ки гапу калоча дар атрофи молу мулки мансабдорон ба сифати як омили норозигии иҷтимоӣ боқӣ мемонад ва инро ба ин ё он шакл ҳатман ифода мекунанд.
Эътирози иҷтимоиро намехоҳед? Пас эъломияи воқеии мансабдоронро нашр кунед!
Бовар кунед, дар ин сурат кӯчаҳо аз раисону вазирон пур мешаванд, зеро чизи дигаре барои нобоварӣ боқӣ намемонад. Ё мемонад?
Албатта манзури ман то куҷо муносиб будани онҳо дар мақоми худ нест.
Ин мавзӯи дигар аст.
Раҷаб Мирзо
nuqta.tj