3 май дар олам ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии озодии баён таҷлил мегардад. Ба назари ман, озодии сухан 11 апрели соли равон, ҳангоми ба ҳабс гирифта шудани муассиси сомонаи WikiLeaks Юлиан Ассанж аз ҷониби пулиси Лондон на танҳо дар Аврупои демократӣ, балки дар тамоми олам ба ҳукми фаромӯшӣ рафт. Ҳамон рӯз Мария Захарова, намояндаи Вазорати умури хориҷии Федератсияи Россия оид ба боздошти ин журналисти австралиятабори роҳи ҳақиқат дар фейсбук навишт, ки  «Дасти «демократия» гулӯи озодиро буғӣ мекунад».  Бале, талх, вале ҳақиқат аст ин гуфтаҳо.

Тибқи гузориши созмони Хабарнигорони бидуни марз соли равон Тоҷикистон дар озодии баён 12 зина поин рафта, дар байни 180 кишвар дар мақоми 161-ум қарор гирифтаст.

Ба гуфтаи Йоҳан Бир, масъули дафтари Осиё ва Аврупои созмони Хабарнигорони бидуни марз ба Радиои «Озодӣ» Тоҷикистон ба хотири сахттар кардани фишор болои матбуоти мустақил, маҳдуд кардани сомонаҳо, баста шудани нашрияҳо ва фишор ба рӯзноманигорон ҷойгоҳи соли гузаштаи худро аз даст додааст.

Воқеан ҳам, вазъияти озодии сухан дар кишвар чунин аст. Агарчи тибқи моддаи 30-и Конститусияи Тоҷикистон «ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шуда, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».  Ҳамчунин, моддаи 3-юми Қонуни ҶТ«Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва моддаи 6-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» низ озодии суханро кафолат дода, сонсур ва таъқиб барои танқидро манъ кардааст. Яъне, қонунан дар Тоҷикистон фаъолияти ВАО озод буда, сонсури давлатӣ манъ аст. Вале дар амал дар кишвар озодии сухан риоя нашуда, тӯли чор соли охир ВАО-и чи давлативу чи хусусӣ шадидан сонсур мешаванд. ВАО-и давлатӣ пурра тобеи муассисонаш буда, дар он принсипҳои асосии фаъолияти журналистӣ, озодии баён, беғаразӣ риоя намешавад. ВАО-и хусусӣ бошад, аз хати  кашидаи мақомоти қудратӣ намебарояд.

Ба назари мо, сонсури ВАО ба се шакл сурат мегирад:

  1. Сонсури мақомоти қудратӣ ва ҳукуматӣ;
  2. Сонсури муассисон ва сармуҳаррирон;
  3. Худсонсурии журналистон.

Мутаассифона, имрӯз мансабдорони масъули ҳукуматӣ ва ниҳодҳои қудратӣ нишондодҳои қонунро ба эътибор нагирифта, аз пеши худ ба расонаҳо ба таври ғайрирасмӣ супориш медиҳанд, ки чиро нашр кардан мумкин асту чиро не.

Имрӯз сонсури муассисон ва сармуҳаррирон низ хеле зиёд ба назар мерасад. Дар расонаҳои давлативу хусусӣ ин як амри маъмулӣ гаштааст. Ба ғайр аз супоришҳои «боло» боз муассису сармуҳаррирон мавзӯъҳо ва ашхоси интиқоднашавандаро барои расонаи худ муқаррар кардаанд.

Мутаассифона, ҳоло муҳтавои аксари ВАО-и кишвар ба талаботи аудитория ҷавобгӯ нест. Махсусан муҳтавои барномаҳои радиову телевизион ва нашрияҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ созгори воқеият нестанд. Ҳоло ягон радиову телевизион ва нашрияи чи давлатӣ ё чи хусусие нест, ки сад дар сад ормонҳои мардумро пайгирӣ кунад. Бештар дар ин расонаҳо тавсифи дурӯғин, тиҷорат ва тарғиби ҳадафнок ҷойи рисолати аслии журналистикаро гирифтааст. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи озодии баён дар Осиёи Марказӣ, пас аз Туркманистон, дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ҳамин ҳол ҷумҳурии ҳамсояи мо — Ӯзбекистон дар озодбаёнӣ панҷ зина боло рафта, дар мақоми 160-ум қарор гирифтааст, ки як зина пештар аз Тоҷикистон аст.

Департаменти давлатии ИМА дар гузориши нави худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки  13-уми марти соли 2019 нашр шуда буд, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон изҳори нигаронӣ кардааст. «Журналистон аз тарси интиқоми мансабдорон пайваста худсонсурӣ мекунанд», гуфта мешавад дар гузориши мазкур.

Воқеан ҳам, хабарнигорони расонаҳои мо худсонсурӣ карда, матолиби хубу дарди ҷомеаро нашр наменамоянд. Зеро журналист хуб медонад, ки агар як нафарро танқид кунад, сармуҳаррир маводро сонсур намуда, чоп намекунад. Дар шароити мавҷуда, ки кор ёфтан хеле мушкил аст, мухбирону муҳаррирон мавқеи бетарафӣ ва ё чашм пӯшидан аз воқеиятро пеша кардаанд. Ҳамин аст, ки воқеият таҳриф мешавад ва расонаҳо ба мухотабони худ таърифу тавсифҳои дурӯғ ва иттилои сонсуршуда пешниҳод мекунанд. Ногуфта намонад, ки аз ин худсонсурӣ аз ҳама бештар хонандаву бинанда ва шунаванда зиён мебинад. Зеро ҳуқуқи қонунии ӯ — дастрасӣ ба иттилои воқеӣ коҳиш меёбад.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз ба худи хабарнигорон низ сарчашмаҳои иттилои давлатӣ ва хусусӣ иттилои сонсуршуда ё таҳрифгардида пешниҳод мекунанд.  Вақте ки худсонсуркунӣ ба вуҷуд омад, муҳтавои расонаҳои чи чопиву чи электронӣ ба талаботи аудитория ҷавоб дода наметавонад.  Ва эътимоди мардум ба ВАО коҳиш меёбад.

Тибқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – принсипи фаъолияти ВАО ва журналистон дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Меъёрҳои мазкур аз арзишҳои умумибашарӣ ва ахлоқӣ буда, бояд редаксияву журналистон дар асоси ин қоидаҳо фаъолият баранд.

Аз ҷумла, ҳақиқатнигорӣ яке аз усули муҳим ва асосии фаъолияти журналистӣ буда, чунин мазмун дорад, ки идораи воситаи ахбори омма ва журналист иттилооти ҳаққонӣ ва саҳеҳ, иттилооти мукаммал, саривақтӣ ва дақиқро омода ва интишор намоянд.

Қобили зикр аст, ки рушди журналистикаи озоду демократиро наметавон бе озодии баён роҳандозӣ намуд. Воқеан, яке аз нишонаҳои кишвари демократӣ – ин мавҷудияти ВАО-и озоду мустақил аст.  Мутаассифона, солҳои охир дар ҷумҳурии мо ВАО олоти тарғиботи синфи ҳукмрон ва ашхоси қудратманд гардида, ба онҳо хизмат мекунад. Ҳамин аст, ки ба мухотабон иттилои сонсуршуда пешниҳод карда мешавад.

Ҷовид Муқим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here