Миллионҳо нафар дар Сайёра аз аввали моҳи июл, ки мулоқоти Трамп ва Путин-сарварони ду қудрати ҷаҳонӣ мушаххас шуд, дар интизорӣ ба сар бурданд. Ин миллионҳо хасташудагон аз ҷангу ҷидол ва кашмакашҳои хунин,
зери таҳримҳои беасосу пурмашаққатмондагон, паноҳандагоне, ки кишварҳои худро бар асари ҷангҳои хунин тарк кардаанд ва ин ҷангҳоро кори дасти ин ду абарқудрат медонанд, мамолики заъифе, ки ҳуқуқи байналмилалиашон поймол мешавад, буданд. Инҳо интизор буданд ду кишвари қудратманд билохира аввал байни худ забони мусолиҳа меёбанд ва баъд ба дарди ҳазорон нафару садҳои кишвари олам марҳам меҷӯянд. Аммо… аммо… аммо…
Ва аммоҳои зиёд. Мулоқоти тӯлонии ду сарвар танҳо худсафедкунӣ будаву роҳиҳалҷӯӣ дар беҳбуди равобиташон. Вале ин роҳро ҳам наёфтанд. Ҷустӯҷӯи онро ба вақти дигар мавқуф гузоштанд. Трамп аз Путин даъват кард, ки ба Амрико ояд, вале посухи дақиқ наёфт. Дидори баъдӣ кай ва дар куҷо ва бо чӣ рӯзномаи корӣ доир мешавад, ҳамоно мушаххас нест.
Доналд Трамп дар саҳифаи худ дар Twitter навишт, ки ҳамоиши Русия ва ИМА дар Ҳелсинкӣ муваффақияти бузург дошт, агар албатта “душманони аслии халқҳо ВАО-и фейкиро истисно кунем”. Ва хостори мулоқоти дубора бо Путин шуд.
Ва боз аммо… Ин мулоқот шояд дари вуруде ба беҳбуди равобит шавад. Ҳарчанд дида мешавад боз кардани ин дар мушкилоти худро дорад. Қувваҳои бадиву аҳриманӣ ҳамоно муқовимат доранд. Трамп имрӯз ҳарфи хуше ба забон меорад ва фардо ба ин ҳарфҳо таҳдиде зам мекунад. Билохира, ояндаи ҷаҳон ҳамоно гирифтори як номушаххасист. Буҳронҳо дар Сурияву Ироқу Афғонистон боқӣ монданд, касе аз ин қудратҳо ёрои он надорад мардуми ин мамоликро ба ҳоли худ гузорад. Чун яке ба ҳолаш гузорад, дуюмӣ онро забт мекунад. Нобоварии дипломатӣ, шикастҳои пайдарпайи дипломатӣ дар олам…
Оё ин аввалин дидор буд?
Мулоқоти ду президент дар Ҳелсинкӣ аввалин дидор набуд. Бори аввал Трамп ва Путин моҳи июли соли 2017 дар Олмон ва моҳи ноябри ҳамон сол дар Ветнам мулоқот карда буданд. Дар Ҳамбург ду сарвар бештар аз ду соат ҳамсуҳбат шуданд ва дар натиҷа ба ташкили минтақаи озод дар ҷануби Сурия ба тавофуқ ҳам расида буданд.
Дар Дананги Ветнам онҳо танҳо ба ҷаласаҳои умумии ҳамоиши АТЭС вохӯрданд ва чанд бори дигар ҷаласаҳои ҷудогонаи ҳамоиш низ мулоқоти кӯтоҳ анҷом доданд. Ва боз ҳам мавзӯъи калидӣ дар ин дидорҳои кӯтоҳ буҳрони Сурия буд, ки ду ҷониб ба чанд тавофуқи усулӣ даст ёфтанд.
Аммо мулоқоти Ҳелсинкӣ бо вижагиҳои худ фарқ мекард. Аввалан ин дидор дар ҳошияи ягон ҳамоиши байналмилалӣ доир намешуд, балки мулоқоти як ба яки ду роҳбари ду кишвари муқтадири олам буд. Ва ин аввалин дидори танҳо ба танҳо баъди интихоби Трамп ба симмати президентӣ ба шумор мерафт.
Аммо чаро Ҳелсинкӣ?
Хабаргузории РБК дар як таҳлили фарогир қабл аз баргузории ин ҳамоиш навишта буд, ки баъди интихоби Трамп ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин умед буд, ки ду сарвар хеле зуд бояд бо ҳам вохӯранд ва сари масоили доғи ҷаҳонӣ ба гуфтугӯ биншинанд. Ин хабаргузорӣ менавишт, ки рӯйдодҳои гузаштаи таърих баргузории ин ҳамоиш ба Ҳелсинкиро талқин карданд. Сарварони Русия ва ИМА дар тӯли таърих панҷ маротиба дар ин шаҳр мулоқот кардаанд. Соли 1975 президенти ИМА Ҷералд Форд бо сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Брежнев ва сарони 33 кишвари аврупоӣ ва Канада муоҳадаи Ҳелсинкиро имзо карда буд. Аз сӯи дигар, аз Маскав ҳавопаймо зарфи ду соат ба Ҳелсинкӣ мерасад ва аз Шотландия, ки Трамп парвоз мекард, дар се соат меомад. Вабартарии дигари Финландия он аст, ки ин кишвар шомили блоки НАТО нест.
Дар мулоқоти беш аз дусоати ду президент чӣ гузашт?
Путин хост дар мавриди дахолати Русия дар интихоботи Амрико нуқта гузорад ва гуфт, ки ин ҳама маълумотҳои ҷамъовардашуда дурӯғе беш нест ва тавсия дод, ки Амрико ин ҳамаро аз сар берун андозад. Путин изҳор дошт, ки дар остонаи интихоботи президентии Амрико вай хостори он буд, ки Трамп баранда шавад, зеро вай аз беҳбуди равобит бо Русия ҳарф мезад.
Трамп ҳам ба саволи журналистон дар ин маврид посух дод, ки бо Маскав ҳеч гуна созише дар ин замина надошт ва сабаби пирӯзии вай ин кори хубу шоистаи таҳсини тими интихоботии ӯ буд, на чизи дигар.
Путин дар посух ба саволи журналистон дар мавриди Қрим изҳор дошт, ки ду кишвар дар ин бора назарҳои мухталиф доранд, вале барои Русия ин масъала ҳалшудааст ва дигар ҷойи баҳс надорад.
Трамп изҳор дошт, ки Русия ва ИМА дар бад шудани равобит миёни ду кишвар баробар айб доранд.
Президенти Русия изҳор дошт, ки кишвараш ҳамоно ба интиқоли газ аз қаламрави Украина идома медиҳад. Аммо Трамп гуфт, ки ИМА дар мавриди интиқоли васоили энержӣ аз Русия ба Аврупо рақобат хоҳад кард. Вашингтон зидди бунёди хати интиқоли “Ҷараёни Шимол-2” аст. Аммо Путин ба Трамп гуфт, ки Русия ва ИМА метавонанд дар бозори фурӯши васоили энержии ҷаҳон ҳамкориҳои созанда дошта бошанд.
Дар мулоқот Путин ба Трамп тӯпи расмии Ҷоми ҷаҳонии футболро тақдим намуд ваорзу кард, ки соли 2026 ИМА ин чорабинии муҳими байналмилалиро муваффақона гузаронад.
Трамп изҳор дошт, ки муколама миёни Русия ва ИМА ба манфиати ҳамаи оламиён аст.
Асл ва муҳтавои суҳбати бештар аз дусоатаи ду президент дар ҳамин чанд ҷумла хулоса мешуд. Албатта, онҳо дар мавриди буҳрони Сурия, равобит бо Эрон ва барномаҳои ҳастаии он ва чанд масъалаи дигари дорои аҳамияти байналмилалӣ радду бадал карданд. Аммо ҳама гуфтугӯҳо бар пояи муколамаи ду сарвар буданд ва дар ҷамъбаст ягон ҳуҷҷати расмӣ имзо нашуд ва имзо шуда ҳам наметавонист, чун мулоқот сирф ба хотири донистани дидгоҳҳои ду ҷониб тарҳрезӣ шуда буд.
Трамп чиҳо гуфту мегӯяд?
Аз замони расидан ба қудрат Доналд Трамп-президенти ИМА изҳори назарҳои зидду нақизе дар бораи Русия ва ҳамтои худ Владимир Путин доштааст ва дар арафа ва баъди мулоқоти ахираш низ расонаҳои хабарии олам аз Трамп иқтибосоти зиёде овардаанд, ки ину он гуфта. Аз ҷумла, дар суҳбат бо ширкати телевизионии CBS News гуфт, ки Владимир Путин шахсан масъулияти онро бар дӯш дорад, ки гӯё Русия дар интихоботи ахири Амрико даст доштааст. Трамп илова ҳам кардааст, ки дар ҳамоиши Ҳелсинки ба Путин гӯшзад кардааст, ки «Вашингтон такрори ин рӯйдодро намехоҳад».
Трамп боз изҳор дошт, ки Маскав омода аст ба Вашингтон дар масъалаи сулҳу субот дар ниҷазираи Корея ёрӣ расонад. «Русия розӣ шуд, ки дар ҳалли буҳрон бо Кореяи халқӣ-демократӣ мадад кунад, чун Маскав муносибати наздик бо ин кишвар дорад»,-навишт Трамп дар Twitter. Аммо барои ин ҳоло бояд оқибати муколамаро интизор бояд буд.
«Ман ҳатто намехоҳам дар муносибат бо Русия калимаи «душман»-ро истифода барам. Мо метавонем ҳамроҳ кор кунем, мо бо ҳам аз уҳдаи ҳар кор метавонем бароем», — гуфт Трамп ба журналистони Fox News.
Ба гуфтаи Трамп Русия дорои артиши пурқудратест, вале назар ба Чин иқтисоди заиф дорад.
Президенти ИМА Доналд Трамп ахиран изҳор дошт, ки агар натавонад, ки бо ҳамтои русаш канор ояд, пас метавонад душмани сарсахте барои Путин шавад. Дар ин бора вай дар суҳбат бо ширкати телевизионии CNBC изҳор дошт. “Муносибати ман бо Русия сахттар аз ҳамаи президентони Амрико буд ва ҳатто шояд сахттар тӯли ҳамаи ин замонҳо. Таҳримҳои эълонкардаи ман барои Русияро ба ёд оред, рондани дипломатҳои ин кишвар аз Амрикоро ба хотир оред ва ҳамаи корҳои зидди ин кишвар анҷомдодаи маро ба ёд оред. Ин гуна корро ҳоло касе накардааст”.
«Канор омадан бо президент Путин ва Русия хуб аст, вале агар ин кор нашавад, пас ман душмани бадтарини ӯ (Путин) хоҳам шуд”.
Доналд Трамп дар ҳамин суҳбат изҳор дошт, ки мавзеъгирии хеле сахтгиронае дар сиёсати Олмон доштааст ва гуфт, ки бо роҳбарияти Олмон барои он ки аз Русия барои Аврупо газ мехаранд, муқовимат кардааст. “Мо онҳоро аз Русия ҳимоят мекунем, вале онҳо миллиардҳо долларро ба Русия мебахшанд ва ба ивази он газ мехаранд. Ин чӣ буда метавонад? Магар ин рафтори дуруст нисбати Русия аст?”
Конгресменҳо ҳамоно шубҳа доранд
Мусоҳибаи президентони ду кишвари қудратманди оламро танҳо дар Амрико бештар аз 7 миллион нафар тамошо кардаанд. Чунин буд натиҷаи як пажуҳиши хадамоти пажуҳишии Nielsen, ки расонаӣ кард. Трамп ва Путин баъди анҷоми ҳамоиши Ҳелсинки бо хабарнигори амрикоӣ Крис Уоллес ҳамсуҳбат шуданд.
Вале натиҷаи ин гуфтушунид на ҳамаи конгресменҳои амрикоиро қонеъ кардааст. Иддае аз онҳо паси дарҳои пӯшида сурат гирифтани муколамаро шубҳанок медонанд. Эҳтимол меравад рӯзҳои наздик Конгресси ИМА тасмим гирад, ки тарҷумони Трамп дар музокирот бо Путин бону Марина Гроссро даъват кунад ва конгресменҳо аз ӯ дар бораи ҷузъиёти мулоқоти ду сарвар суол кунанд. Дар ин бора яке аз аввалинҳо шуда узви Сенат аз иёлоти Ню-Гэмпшир Ҷон Шахин изҳори назар намуд. Вай дар Twitter навишт: «Талаб мекунам, ки тарҷумони гуфтушуниди Трамп ва Путин ба ҷаласа даъват карда шавад. Ин тарҷумон метавонад бигӯяд, ки президент ба Путин аз номи мо чӣ ваъда дод».
Сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн ҳамоиши Ҳелсинкиро «иштибоҳи фоҷеабор» номид. Дар ин бора РБК истинодан ба сомонаи сенатор иттилоъ дод.
Маккей навишт, ки нишасти матбуотии муштараки Путин ва Трамп «яке аз шармандавортарин суханрониҳои президент буд». Ба навиштаи ӯ президентӣ дар Амрико «дар пасттарин нуқтаи таърихии худ расидааст».
Сенатор ҳамчунин илова кардааст, ки «якравӣ, худхоҳӣ ва автократии» президенти Амрико ба кишвар зараре расонд, ки ҳисобаш номумкин аст. «Ягон пешгузаштаи Трамп ба ҳадди ӯ пеши як ҳокими бедодгару мустабид беобрӯ нашуда буд». Ба андешаи Маккейн президенти Амрико дар ин мулоқот» натавонист ҳақиқатро ба рақибаш бигӯяд».
Вокунишҳои дигар
Дар умум ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мулоқоти Путин ва Трамп истиқбол кардааст. Сарварони иддае аз кишварҳои қудратманди олам дар ин мулоқот боз шудани як дареро дидаанд, ки равзана ба олам аст. Буҳронҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ метавонанд аз ин равзана тадриҷан роҳи ҳалли худро пайдо кунанд.
Таҳлилгари рус, омӯзгори фалсафа Андрей Никулин мегӯяд Трамп бештар аз пештар дар масоили байналмилалӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Ба андешаи ин таҳлилгар аллакай барномаи амали вай дар мавриди Корея хароб мешавад ва яке аз ин сабабҳо он аст, ки Вашингтон омода нест фавран бахше аз таҳримҳои муҳимро лағв кунад. Дур нест, ки бо Чин ҷанги тиҷоратӣ шуруъ шавад. Аз сӯи дигар тарс аз чашмони Ким аз ҳамлаи мушакии Амрико меравад (агар қабл буд).
Трамп, менависад ин таҳлилгар, бо изҳоротҳои баландболои худ дасту пойи худро дар ҳалли буҳрон бо Корея амалан баст. Аз сӯи дигар зиддияти Амрико ҳам бо Чин шиддат мегирад ва Пекин аз номувафақиятӣ дар гуфтушуниди Вашингтон бо Пхенян хуб истифода мекунад. Ва ба гумони Никулин ғавғо дар сиёсати хориҷии Трамп бештар аз корҳои амалист.
Ба ҷойи хулоса
Мулоқоти охири ду президенти ду қудрати ҳастаии олам гувоҳи он аст, ки ду ҷониб ҳусну ниятҳое дар мавриди ба ҳоли одӣ баргардонидани муносибатҳояшон доранд. Русия бештар аз Амрико хостори одӣ шудани ин равобит аст, чун аз таҳримҳои ҷаҳонӣ яқинан зарарҳои ҷуброннашаванда дид. Маскав мехоҳад дар дидорҳои дигар сари ҳамин масоил, яъне лағви таҳримҳо ба ивази гузаштҳо гуфтушунид кунад. Аммо мавзеъгирии Вашингтон дар буҳрони Украин бетағйир мондааст. Забти Қрим ва чанд масоили дигар аз ҷумлаи мавзуъҳои ихтилофие дар минтақа ҳастанд, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш омода нестанд гузашт кунад.
Дар мавриди буҳрони Сурия ва равобит бо Эрон низ ду кишвар зиддиятҳои зиёд доранд, ки бархоста аз манфиатҳои ҳаётии онҳост. Ин ҳама гузашт мехоҳад, то равобит сода шавад. Ба маънии дигар то расидан ба як тавофуқи бунёдӣ роҳ дароз аст ва ҷонибҳоро лозим меояд тадриҷан ва бо сабр ин монеъаҳоро пушти сар гузоранд.
Кор дар ин самт оғоз шуда ва ҷониби Русия хушбин аст, ки мулоқоти ояндаи сарварони созандатар хоҳад буд…
Фирӯзи Муҳаммад