Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат солҳои пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, аъзои он дар сурат худро пуштибони халқ ва ғамхори миллат нишон дода, дар паси парда нақшаҳо барои ба роҳ мондани ҷанги бародаркуш мекашиданд.

Ниҳоят, орзуҳои лошахӯрон бароварда гашт, ки дар ин ҷанг пояҳои давлатдорӣ бениҳоят фалаҷ гардиданд. Дар айёми бедодгариҳо моликиятҳои шахсӣ ва давлатиро рабуданд. Барои ояндаи миллатро табоҳ кардан шахсони равшанфикри ҷомеаро ба қатл расониданд. Вале ҳамоно аз хуни бародарони хеш сер нагашта, ҳоло мехоҳанд вазъи сиёсии мамлакати моро ноором созанд. Ҳамарӯза аъзои зархариди ин ташкилот тариқи шабакаҳои интернетӣ ба Роҳбари давлати мо ва сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги маломат задан мехоҳанд. Ободонии бесобиқа дар ҷумҳурии мо торафт ханҷар ба дилу ҷигари душманон зада, онҳоро ором намегузорад. Ҳамарӯза сохтмонҳои иншооти таъйиноташон гуногун, корхонаҳои азими саноатӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтани роҳҳои замонавии мошингарду роҳи оҳан, мустаҳкамшавии иқтидори ҳамаҷонибаи Тоҷикистон торафт хоҷагони рӯбоҳмиҷози Кабирии лӯхтакро батамом ноҳинҷор мегардонад.

Ин ҳама пешравӣ, ободкорӣ, сарҷамъии миллат, хушҳолии тифлон, дӯстии бародарону ҳамсоягонро нодида гирифта, сиёсати оқилонаи мо — тоҷикон пешгирифтаро ин гуруҳаки оҷиз сиёсати золимона ҳисоб карда, аз ҳар камбудии пашшамонанди мо фил месозанду дар гӯши мардум мехонанд. Вале як чизро намедонанд, ки аллакай рӯйи аслии ваҳшисурати ин гуруҳро мардуми тоҷик хуб дарк кардаю чун гови ало фарқкунанда шудаанд.

Ҳамоно дар сайтҳои иҷтимоӣ санг мепартоянду ҷавобҳои ханҷармонанд мегиранд, вале шарм надошта, кори худро идома медиҳанд. Чун супориш аз ҷосусони истихборотиашон гирифтаанд.

Хиёнат бахшида намешавад. Ҳарчанд Кабирӣ дар Тоҷикистон тавлид ёфта, дар хоки ин Ватан хуни нофаш чакидааст, замини ин ватан ӯро чун модар дар оғӯши худ бузург кардааст, вале бо таъсири омилҳои беруна роҳи худро дигар кардааст, ки охири роҳи пешгирифтаи ӯ нокуҷост.

Ҳама хуб медонанд, ки Кабирӣ лӯхтак асту хоҷагонашон лӯхтакбоз. Ҳар ҷонибе, ки лӯхтакбоз тобаш медиҳад, ҳамон тараф амал мекунад. Кабирӣ яке аз ашхоси пастфитрат, бенанг аст, ҷойи шак нест, чун ҳамаи мо дида истодаем, ки ватани худро, миллати худро, модару фарзанду хешу ақрабои худро ба як тини пучак ба хориҷиёни ба ҳамаи мардуми мо маълум фурӯхт ва фурӯхта истодааст.

Мо миллати куҳанбунёд, соҳиби тамаддуни қадима ҳастем, то ин дам таърихҳои ҷаҳон миллати моро бо некӣ ёд доранд. Миллати тоҷик аз азал бо қаҳрамонию ҷасурӣ номвар буд, ба мисли Спитамен, Восеъ, Темурмалик ва садҳои дигар, ки барои барқарор кардани адолат дар рӯйи замин муборизаҳо бурдаанд. Мутаассифона, Кабирӣ барои манфиати худ ва хоҷагонаш имрӯз тарафи миллату давлати худ санги маломат мепартояд. Аз ҳама таассуфовар ин аст, ки шарм надошта, худро мусалмони ҳақиқӣ меҳисобад. Худ қазоват кунед, хонандаи азиз, магар мусалмони ҳақиқӣ барои пул шуда бандаи Худоро ба қатл мерасонад? Ё мусалмон ватани худро мефурӯшад?

Кабирӣ фикр мекунад, ки дар таърих ҳамчун муборизи роҳи озодӣ сабти ном мешавад? Хато андар хатост! Ӯ дар таърих ҳамчун як ифротию терроргар, ғоратгар, хиёнаткор сабт хоҳад шуд, ки онгоҳ ақрабояш аз пушти ӯ сархам хоҳанд гардид.

Иноятулло КАРИМОВ,

устоди кафедраи улуми Қуръон ва ҳадис, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here