Бархе аз душманон ва бадхоҳони миллат ба амсоли роҳбари Паймони зиддимиллӣ Кабирӣ дар бораи забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ андешаҳои нодуруст баён мекунанд, ки на танҳо барои миллат ва ояндаи он носозгор аст, балки хавфноку хатар низ дорад.

Ин афрод бидуни андеша ва таҳлил мавзӯро ба гунае шарҳ медиҳанд, ки пурра ба манфиати бегонагон аст. Бегонагоне, ки дар бадбахтиҳои солҳои 1992-1997 сабабгори асосӣ буданд. Онҳо намехостанд, ки тоҷикон миллат ва давлате дошта бошанду бо роҳи худ ҳокимият бисозанд. Ин гуруҳҳо ояндаи забони тоҷикиро низ зери хатар мебаранд. Ба ин тариқ мехоҳанд ҳатто миллатро аз байн бибаранд. Ба далели онҳо агар хуб таваҷҷуҳ кунед, зуд мефаҳмед, ки бо ҳадафи сиёсии палидонаи худ миллати тоҷикро тобеи як миллати дигар кардан мебошанд. Масалан онҳо мегӯянд, ки дар ин забон, яъне забон бо хати форсӣ маълумот зиёд аст. Дуруст аст, ки базаи маълумотии хати форсӣ зиёд, вале дар ин база вуҷуд доштани маълумотҳои барои мо бегонаро низ бояд нодида нагирифт. Онҳо ба кишвари ба мо маълум такя мекунанд, вале он кишвар имрӯз ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз кишвари мо фарқи зиёд дорад.

Мусаллам аст, ки замоне мо тоҷикони Осиёи Миёна бо форсҳои Эрони имрӯза якҷо буда, Эрони бузургро ташкил медодем. Вале ҳоло соҳиби кишвари мустақил ва ҳувияти алоҳида ҳастем. Он Эрони гузаштаи мо имрӯз вуҷуд надорад ва Эрони имрӯза аз он ба куллӣ фарқ мекунад. Мо, халқҳои форсизабон, дигар дар сарзамини қадимаамон якҷоя зиндагӣ карда наметавонем. На Ҷумҳурии Исломии Эрон, на Давлати Исломии Афғонистон ва на Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин имконро ба мо намедиҳанд. Ҳама истиқлоли худро мехоҳанд ва эҳтиром мекунанд. Ҳукумати имрӯза ва фардоинаи Тоҷикистон ҳам намехоҳад ҷузъи давлати дигаре, дастнигари ҳокимияти дигаре бошад. Ва ин табиист. Зеро мо ҳама — эрониҳо, афғонистониҳо ва тоҷикистониҳо миллатем ва миллатвор зиндагӣ бояд кунем.

Пас, мо — тоҷикистониён ғами ояндаи фарҳанги худро бояд хӯрем, фарҳангеро, ки асоси пойдевораш маданияти умумиэронӣ мебошад, моҳияти онро маданияти тоҷикӣ ташкил медиҳад. Мутаассифона, тамоилҳо ва талошҳои имрӯзаи ҳам дар чаправию ҳам дар ростгароӣ ба манфиати миллати мустақил нест. Нашавад, ки пас аз об аз сар гузаштан, ба худ оем. Мо дар ҳама чиз, аз ҷумла дар масъалаи расми хат низ инро бояд дар назар дошта бошем.

Бояд зикр кард, ки ман таҳти мафҳуми маданияти умумиэронӣ ҳолатеро мефаҳмам, ки ба сарзамини имрӯзаи Эрон ё Афғонистон ё Осиёи Миёнаи тоҷикӣ ба алоҳидагӣ ва танҳо хос нест, балки ҳамаи онҳоро дар бар мегирад ва оғози ин маданият ҳадди ақал асри XXV пеш аз милод аст. Ҳолатҳое шудааст, замонҳое будааст, ки дар инкишофи ин фарҳанг гузаштагони мардуми Осиёи Миёна пешрав будаанд, замонҳое гузаштагони афғонистониҳо ва замонҳое гузаштагони эрониҳо. Пас, ин ифтихори умумии мост.

Масъалае, ки мо баҳс мекунем, хусусияти иҷтимоӣ, хусусияти умумифарҳангӣ дорад. Ҷиҳати илмии онро мутахассисон таҳқиқ кардаанд ва ҳар кадоми мо аз он таҳқиқот истифода мебарем. Ҳар фикри шахсие, ки ба ҳақиқати илмӣ наздиктар бошад, манфиати миллатро беҳтар ифода намояд, пайгирӣ кардани он беҳтар аст. Ҳатто барои фаҳми он ки бояд чигуна расми хат дошта бошем, бояд худамонро шиносем. Мо кистем ва аз куҷоем.

Қавми тоҷик ба таври азалӣ ва якпорча дар Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон иқомат мекунад. Дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тоҷиконро ба номи тоҷик ном мебаранд. Дар Эрони имрӯза бошад, аз рӯи маълумоти расмӣ қавме ба номи тоҷик мавҷуд нест. Инро аз се сабаб якеаш буданаш мумкин аст.

Дар хоки Эрони имрӯза:

— ҳеҷ вақт қавме ба номи тоҷик зиндагӣ накардааст;

— замоне дар ин кишвар қавме ба номи тоҷик буду бо сабабҳои маълуму номаълум аз миён рафт;

— имрӯз ҳам дар ин сарзамин қавми тоҷик мавҷуд асту бо чӣ сабабе дар эҳсоияи расмӣ зикр намешавад.

Ҳар кадом ҷавоб бо ин андешаҳо, хоҳ мусбат бошад, хоҳ манфӣ, баҳси худро дорад. Барои ба дарозо накашидани сухан инро ба фаҳмишу иродати ҳар кадом хонанда ҳавола мекунам.

Назари ман ин ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам қавми тоҷик зиндагӣ мекунад. Инро бо чунин мисолҳо исбот кардан мумкин аст:

Хуросон, яъне минтақаҳои шимолу шарқии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дохили давлати Сомониён ҳам буданд ва на танҳо дар он давр, балки пеш ва баъди он ҳам рафтуомад ва одобу муоширати ҳамсон бо ҳамсояҳои шарқии худ доштанд.

Шероз ҳамеша мулки тоҷикон будааст ва Саъдии Шерозӣ борҳо дар ғазалиёташ ин маъниро ифода кардааст. Дар Эрони имрӯза насабҳое ҳастанд, ки ба қавми мардуми мо ишора мекунанд. Масалан Аҳмади Тоҷик, Робияи Тоҷикдухт ва ғайра.

Пантуркистон ҳам даъво мекарданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқе нест, балки онҳо ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири мадраса ва эрониён забони худро гум кардаанд. Онҳо зидди барпо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Устод Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронд ва ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад.

Давоми хулосагиронаи устоди арҷманд ин аст: «Эронигароӣ ва эронимаобӣ барои миллати мо кори хайр нест ва набояд ҷавонони поктинат ба ин доми хатарноки ноаён биафтанд ва фиреби ватандӯстони дурӯғинро бихӯранд, зеро ин домест, ки баъзе эронгароён ба он афтидаанд ва мехоҳанд дӯстони нодони худро ба он кашанд. Дар асл ин домест, ки душманони ному забони халқи тоҷик танидаанд ва онҳо шояд маъдуде чанд беш набошанд… Номи «тоҷик», мардуми тоҷик боаслу насаб аст ва асолати таърихии дуру дароз дорад. Вале баъзан тоҷикони беасолат, беаслу насаб пайдо мешаванд. Ин тоифа дар ҳар асру замон бо шаклу рангҳои гуногун: бо фикру андешаҳои авомфиребонаи дигарон пайдо мешаванд. Ҳамин вазъият дар солҳои бистум, дар вақти тақсимоти миллӣ рӯй дода буд. Фитрату Файзулло Хуҷаев ба халқи худ хиёнат намуда, моро турк карданӣ шуданд ва аз шаҳрҳои қадимтаринамон маҳрум шудем. Агар пеши ин пастфитратӣ ва ноҷавонмардӣ гирифта нашавад, боз дурӯягон ва фурумоягони дигар пайрави ин фикри ботил мешаванд ва ба мо, ба мардуми мо чи ёдгор мемонад? Тоҷик як бор фиреби ин тоифаро хӯрда, шаҳрҳои таърихиашро аз даст дода буд ва ин бор дар марҳалаи дигари таърихӣ гӯли тоифаи дигари онро бихӯрад, номашро, номи кишварашро, хуллас истиқлолашро, ки баъд аз ҳазор сол ба даст овардааст, аз даст медиҳад ва дар саҳифаҳои таърих гумном хоҳад шуд».

Ман ҳамфикри устод ҳастам. Он пантуркизмро имрӯз на танҳо дар миёни адибону олимони ҳамсояҳо, балки байни роҳбарони давлатҳои ҳамсоя ҳам мебинам ва даъвои форсигӯию расми хати бо ном «миллатпарастони» имрӯзаи мо, акси садои ҳамдилӣ бо онҳо менамояд. Онҳое, ки тоҷикро турк карда аз худ бегона карда натавонистанд, онҳое, ки тоҷикро форс ё иронӣ карда, ба Осиёи Миёна бегона карда натавонистанд, акнун ба муқобили расми хаташ қиём карда, халқи тоҷикро аз расмихати мустақил маҳрум ва дар заминаи расми хат, номи забон ва ниҳоят номи халқро ҳам дигар кардан мехоҳанд. Зеро нағз медонанд, ки аҳли илми забони ҷаҳони имрӯза ин расмихатро ҳар куҷо бинад, забони форсӣ ва давлати Форс (то нимаҳои солҳои сиюми асри 20) ва ниҳоят Эрон ба ёдаш меояд. Мо бошем, тоҷику тоҷикистонием. Яъне мо аз назари онҳо ҳеҷ пайвастагие ба он фарҳанг надорем, ба ҷуз хат.

Тоҷик забони худро аввал дарӣ гуфт, зиёдтар аз он забони дарӣ дар қаламраве пайдо шуд, ки онро имрӯз қаламрави тоҷикнишин эълон мекунем, дар давлате пайдо шуд, ки онро аввалин давлати тоҷикии замони мусулмонӣ медонем. Тоҷик сипас забони худро форсӣ номид.

Дар солҳои чилуми асри XVIII дар натиҷаи суст шудани империяҳои марказонидашудаи муғулҳо ва меросхӯрони онҳо — туркҳои гуногунқавм Эрон ё Хуросони бузург ба се ҳисса тақсим шуд — Эрон, Осиёи Миёна ва Афғонистон. Дар Афғонистон паштунҳои дурронӣ, дар Эрон ва Осиёи Миёна бошад, қабилаҳои гуногуни турк ҳукмрон шуданд ва ифтихори мо танҳо ба он монд, ки коргузорӣ туркӣ нашуд.

Дар инкишофи фарҳангии минбаъда забони форсии мо аз ҳисоби гӯишҳои маҳаллии маҳдудшуда ва гӯиши ҳокимони вақт махсусиятҳои худро пайдо кард. Бинобар ин, гарчи забон дар Эрон ба номи форсӣ боқӣ монд, дар забонҳои минтақаҳои дигар сифатҳои ба мисли кобулӣ, мавароуннаҳрӣ ё бухороӣ пайдо шуданд. Дар аввали асри ХХ, вақте матбуоти тоҷикии Бухоро, аз ҷумла соли 1912 рӯзномаи «Бухорои шариф» ба вуҷуд омад, яке аз пешниҳодҳо он буд, ки забони ин рӯзнома забони форсии бухороӣ — забони тоҷикӣ шавад. Дар ин бора Мирзоҷалол Юсуфзода дар «Бухорои шариф» (№3) навишта буд: «Ҳанӯз шумораи аввали «Бухорои шариф»-ро нашр накарда будем, ки баъзе аз оқоён ҳозир шуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд: «Ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст, рӯзнома ҳам бо забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст».

Доро МАҲКАМОВ,

сардори шуъбаи иттилооти ДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here