Дар интихоботи навбатии ИМА ду довталаби асосӣ ба курсии президентӣ аз ҳафтод боло ҳастанд. Доналд Трамп 73, Ҷозеф Байден 77-сола мебошанд.

Номи ин мавод аз як филми замони шӯравӣ, баробари пой гузоштан ба хоки Амрико ва шинос шудан бо рӯйхати довталабон дар ду ҳизби асосии ин кишвар — Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва Ҳизби демократ пайдо шуд. (Дар Амрико аслан панҷ ҳизби сиёсӣ ҳаст, аммо сетои он дар маъракаҳо аз яке аз ду ҳизби асосӣ тарафдорӣ мекунанд,- Х. А). Варианти русии ин филм “В бой идут только старики” ном дошт. Дар муқоиса бо кишварҳои пасошӯравӣ номзадҳои асосӣ дар ин мамлакати абарқудрат шахсони сарватманду бонуфуз ва табиист, ки солору калонсол буданд. Ба одату рафтору муносибат ҳам фарсахҳо дур аз Зеленский дар Украинаву Навалний дар Русия ва инак Тихановская дар Белорус. Албатта, ин нафарон мехоҳанд шабеҳ ба сиёсатмадорони амрикоӣ шаванд, вале миёни онҳо чӣ фарсахҳост, ки танҳо вақту умр метавонад ин ҷариро барҳам диҳад. Чунки то ҳанӯз ин андеша аз мағзи онҳо дур нашудааст, ки дар мамолики пасошӯравӣ танҳо забони зӯрӣ ва такя ба ин ё он қувваро мешиносанду эътироф мекунанд. Трамп, Байден, Блумберг, Сандерс бошанд, дар барномаҳои хеш санг ба сӯйи давлати Амрико намепартоянд, балки ин ё он тасмими гирифтаи рақиби хешро зери тозиёнаи танқид мегиранд. Ва хеле ошкору бодалел. Бо лаҳни олуда ба зарофату масхара, на таҳқиру туҳмату ҳақорат, ки хоси даъвогарон ба курсии президентӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ аст. Ҳатто аз забони Блумберг, ки аслан ҷумҳурихоҳ аст, вале мехоҳад аз номи демократҳо номзад шавад, ин ҳарфу ҳиҷо садо надод. Ин ҳам аз хусусиятҳои фарқкунандаи интихобот дар Амрико аст.

Як андеша дар бораи интихоботи кишварҳои пасошӯравӣ оромам намегузошт ва аслан нияти сафари ман ба маъракаи пешниҳоди номзад аз ҳизбҳои сиёсии Амрико ба мақоми президентӣ аз он пайдо шуд.

Замоне буд, ки дар як маъракаи пешниҳоди вакилон ба Маҷлиси намояндагон барои Раҷаби Мирзо шахси боэътимод будам. Бо вуҷуди он, ки Раҷаб зи сар то пойи ноҳияашро қадам задаву дар ҳама участкаҳои интихоботӣ буд, бо чашми сар дидам, ки интихобкунандагон аслан ба масъалаи он ки кадоме вакил мешаваду кадоме не, бефарқ нигоҳ мекарданд. Ҳангоми овоздиҳӣ ба якдигар мегуфтанд, ки калони авлод ё оила ё раис ё бригадир гуфтааст, то ба фалонӣ овоз диҳанд ва онҳо бефарқ ба он нафар овоз медоданд. Он замон маводе дар ҳафтаномаи “Зиндагӣ” зери унвони “Ин мурда кирои гиря кардан набувад” навиштам. Дар он хулосаи хешро аз ин маъракаи парлумонӣ рӯйи коғаз овардам. Андешаамро бо он ҷамъбаст кардам, ки то замоне мардум фаросати сиёсӣ пайдо накунанд, ба тақдири хеш бепарво бошанд, аз рӯйи раҳнамоии ин ё он овоз диҳанд, ҳама талошҳо барои овози онҳо бефоида аст ва “ин мурда (ҷомеаро дар назар доштам,- Х. А.)” кирои гиря кардан набувад”. Ёд дорам, муддате пас сиёсатмадори маъруфи он солҳо, шодравон Қувват Султон дар як мусоҳибааш гуфт, ки баъди хондани он навиштаи ман аз сиёсати беҳуда даст кашидааст ва то худи ҷомеа бедор нашавад, ҳама кӯшиш барҳадар аст. Акнун ман мехостам донам, ки чӣ интихобкунандаи амрикоиро водор менамояд, то агар лозим ояд, соатҳо дар навбат истад, барои ҳар як овоз талош кунад, эътироз намояд, ба майдон резад.

Чунки бо чашми сар дидам, ки интихобкунандагони амрикоӣ ва пасошӯравӣ аз ҳам фарқ доранд. Дар Амрико маросими суханронии ин ё он номзад ба мақоми президентӣ, мулоқоти вай бо мардум шабеҳ ба як базм, ба як ид аст. Мардум ҳамеша кӯшиш мекунанд аз он қафо намонанд. Дар даст акс ё шиорҳои ин даъвогари маснади президентӣ ба мулоқот мешитобанд. Баъзе ҳолат чунин менамояд, ки овози мегирифтаи номзади ин ё он ҳизб фақат ба як овоз вобаста аст. То ба ин ҳад бархӯрд ба ҳар як овози медода ҷиддӣ аст. Шояд далел он бошад, ки ба кори комиссияҳои интихоботӣ ҳама бовар доранд ва бо он ҷиддӣ бархӯрд менамоянд. Андешаи он ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ роиҷ аст, яъне сарвари хонадон ба касе овоз диҳад, ҳама авлоду хонавода аз он дастгирӣ хоҳанд кард, дар Амрико комилан қобили қабул нест. Яъне, дар ин кишвар мафҳумҳои оилаву авлоду деҳаю минтақа барвақт ба қатори калимаҳои архаистӣ дохил шудаанд.

Интихобот дар кишварҳои пасошӯравӣ ба як маросими ҷилванамоии ба истилоҳ “политехнологҳо” мубаддал мешавад. Аз карнаю сурнай сар карда то пайғамбартарошии ин ё он номзад. Аммо ин ҳама ба ҳадде аз ифрот мегузарад, ки мардум ҳавои рафтан ба интихоботро гум мекунанд ва ба он маҷбурӣ, ба хотири ин ё он шахс мераванд.

Аммо интихобкунандагони амрикоӣ байни ҳам задухӯрду моҷаро ва ҷангҳои гуруҳиву маҳаллӣ ташкил наменамоянд. Дар мулоқот бо номзади демократҳо Ҷозеф Байден чанд нафар аз иштирокчиён бо плакатҳои эътирозӣ ҳозир шудаву садо баланд карданд, вале нозирони тартибот бе моҷарои зиёдатӣ эшонро берун карданд ва онҳо ҳам ба нозирони тартибот бе фиғону бе муқобилият итоат карданд.

Вале агар чунин мулоқот ва чунин сару садо дар мулоқот бо ягон номзад масалан дар Қирғизистон мешуд чӣ? Магар оғози боз як хунрезӣ намешуд? Дар баъзе кишварҳои дигар, масалан Туркманистон, магар сабаби боз кардани чанд парвандаи “душмани халқ” намегардид?

Дар ҳамин ҳол, системаи интихоботи Амрико ба ҳадде мушкилфаҳм аст, ки то ҳанӯз бисёре ба он хуб сарфаҳм намераванд. Мардум ба номзадҳо овоз медиҳанд. Номзаде, ки овози бештарро дар иёлот мегирад, ғолиб меояд. Масалан агар номзад дар иёлоти Флорида 51%-и овозҳоро гирад, пас ӯ ҳамаи 27 овози интихобкунандагони ин иёлотро соҳиб мешавад. Ин шабеҳи овоздиҳӣ ба депутатҳои мо аст. Баъди он ки овоздиҳӣ ҷамъбаст шуд, маълум мешавад, ки ин иёлот ба кадом ҳизб овоз додааст. Аз ҳама нуқтаи ҷолиб он аст, ки овози ҳизби дар ин иёлот муборизаро бойдода ба назар гирифта намешавад. Коллекторҳои овозгирифта баъди ин ҷамъ шуда, сарвари давлатро интихоб менамоянд.

Коллеҷи интихоботӣ аз 538 намояндаи 50 иёлот иборат аст. Теъдоди вакилони ҳар як иёлот ба теъдоди аъзои ин ё он иёлот дар Конгресси кишвар, яъне дар аксар ба шумораи аҳолии иёлот вобаста аст. Ҳамин тавр, масалан Калифорния, ки иёлоти сераҳолитарин мебошад, дар Конгресс 55 намоянда дорад ва теъдоди вакилони интихоботиаш низ 55 аст. Дигар иёлотҳое, ки аз ҳама бештар вакилони интихоботӣ доранд, ин Техас — 34, Ню-Йорк — 31, Флорида — 27 ва Пенсилвания — 21 нафар мебошад. Иёлоти шимолии Аляска, ки аҳолиаш чандон зиёд нест, дар Конгресс ҳамагӣ 3 намоянда дорад ва бад-ин сон ҳамагӣ 3 вакили интихоботӣ дорад.

Ҳолатҳои зиёд будаанд, ки аз рӯйи овозҳои гирифта номзад бештар овоз гирифтааст, аммо аз рӯйи овози додаи коллекторҳо овози камтар гирифтаю дар мубориза ноком мондааст. Мегӯянд дар интихоботи президентӣ миёни Эл Гор ва Ҷорҷ Буш дар соли 2000-ум чунин ҳолат рух дода буд. Яъне аз рӯйи овози интихобкунандагон Эл Гор ғолиб омада буд, аммо коллекторҳо бештари овозро ба Ҷорҷ Буш доданд. Ба ин монанд соли 2016 Хиллари Клинтон овози бештари интихобкунандагонро гирифта буд, вале коллекторҳо овози бештарро ба Доналд Трамп доданд. Баъди он ки дар як вохӯрӣ, ки перомуни тақсими овозҳо миёни иёлатҳо ин мавзуъро ёдовар шуданд, ман савол додам, ки “оё номзад метавонад овози коллекторҳоро харад”? Ба ин савол ҷавоби муҷмал доданд. Ба ин маънӣ ки “далеле дар ин маврид нест”.

Таври маълум, коллекторҳо наметавонанд овози додаи мардумро тағйир диҳанд. Онҳо бояд овозашонро ба номзаде диҳанд, ки бештари овозҳоро дар иёлоти онҳо гирифтааст.

Агар чунин системаи интихоботӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, алалхусус дар Осиёи Марказӣ мешуд, яқинан пирӯзӣ насиби оне мешуд, ки даҳони ҳамёнашро калонтар мекушод. Дигар мо на коллекторҳоро медидем ва на дигар мефаҳмидем овози боваркардаи мо куҷост. Ин бори дигар исбот менамояд, ки ҳанӯз роҳи дарозест аз интихобкунандаи мо то интихобкунандаи амрикоӣ.

Чизи муҳими дигар ин буд, ки коршиносони масоили сиёсӣ дар Амрико бисёр маврид пешакӣ медонанд, ки кадом иёлот ба номзади кадом ҳизб овоз хоҳад дод. Яъне, муҳим шахсияти пешниҳодмешуда аз ҳизб нест, балки нуфузи худи ҳизб дар ин ё он иёлот аст. Системаи интихоботие, ки дар ин кишвар ҷорӣ шудааст, таърихи тӯлонӣ дорад ва ин ҳизбҳо шакл гирифтаанд ва бо номзадҳои сазовор ба майдон мебароянд. Шояд барои ҳамин ҳаст, ки пешниҳоди номзади ягона аз ҳизб бештар аз интихоботи президентӣ аҳамият дорад. Муҳим ин ки номзадҳо номзадҳои сазовор ҳастанд, бештар мекӯшанд то ҳамҳизби хешро бад нагӯянд, балки бо андешаҳои хеш ба майдон мебароянд ва аз он масъалаҳое ҳарф мезананд, ки ҳамҳизби эшон фаромӯш кардааст бигӯяд. Масалан Берн Сандерси 76-сола миёни донишҷӯён, ки ба онҳо ваъдаҳои зиёди пеш аз интихоботӣ дода буд,  маҳбубияти зиёд дошт, вале дар охир дар интихоботи ҳизбӣ аз Ҷозеф Байдени 77-сола шикаст хӯрд. Ман мавҷи донишҷӯёнро фақат дар мулоқот бо Сандерс дидам ва дидам, ки чӣ гуна донишҷӯён номзади хешро дӯст медоранд ва барояш талош мекунанд. Бовар дорам, ки андешаҳои Сандерс дар барномаи пеш аз интихоби президентии Байден ҷой хоҳад гирифт.

Аммо дар кишварҳои пасошӯравӣ чӣ? Ҳизбҳо зери сояи раҳбари ҳизб мондаанд ва фикр мекунӣ бо аз майдон рафтани шахси аввали ҳизб, ин ҳизб умри зиёд нахоҳад дид. Барои мисол Ҳизби коммунист, ки билохира аз ҳамон як курсӣ ҳам дар парлумони Тоҷикистон дар интихоботи ахир маҳрум шуд…

Номзадҳо аз ҳарду ҳизб дар интихобот маблағи зиёд сарф мекунанд. Ба ғайр аз ин, нафарони сармоядори зиёд ҳастанд, ки ҳаракати ихтиёриёнро маблағгузорӣ менамоянд. Дар як вохӯрӣ мо ҳатто бо ин ихтиёриён суҳбат доштем ва эшон аз нозукиҳои муносибат бо интихобкунандагон қиссаҳо карданд. Эшон бештар мекӯшанд интихобкунандагонро моил созанд, то ба интихот раванд ва аз номзади сазовор ҳимоя кунанд. Табиист, аксар мекӯшанд номзади хешро тарғиб созанд ва интихобкунандаро водор кунанд, то ба вай овоз диҳад. Аммо, ба қавли онҳо, фақат психолог будан, маблағи бештар аз сармоягузорон ҷамъ кардан кам аст. Чунки интихобкунандаи амрикоӣ ба душворӣ мавқеи хешро тағйир медиҳад ва ба ҳизби хеш содиқ мемонад. Масалан як миллиардер Блумберг, ки номзад буд, бештар сармоя сарф кард, вале ҳатто дар сафи ду номзади асосӣ аз Ҳизби демократ ҷой нагирифт. Яъне, ба интихобкунандаи амрикоӣ муҳим маблағ не, балки садоқат ба ҳизбаш дар ҷойи аввал меистад.

ВАО натанҳо дар Амрико, балки дар тамоми кишварҳо ҳангоми интихобот маблағи хуб ба даст меорад. Ёдам ҳаст, боре як журналисти афғон аз ман пурсида буд, ки ба ҳисоби миёна дар як интихобот чӣ қадар маблағ ҷамъ мекунем? Вақте гуфтам, ки ҷуз ҳизби ҳоким дигар ҳизбҳо дар Тоҷикистон натанҳо маблағ барои расонаҳои ҳизбӣ надоранд, балки қудрати харидории ҳатто ҳазор дона нашрияеро, ки номзади эшонро тарғиб кардааст, надоранд, ба ханда афтод. Гуфт, ки ин рақам ҳангоми интихоботи онҳо то ба миллионҳо доллар мерасад.

Дар маъракаҳои интихоботӣ дар Амрико аз чеҳраҳои маъруф хуб истифода менамоянд. Табиист, ки муфт не. Ҳам сароянда, ҳам ситораи киною театр, ҳам футболбозу ҳам журналист метавонанд дар ин давра маблағеро барои хеш ҷамъ оранд.

Вале як нукта барои ман номафҳум монд. Ин ҳам бошад, иштироки ками донишҷӯён дар интихобот. Номзади ҷавоне агар миёни довталабон мебуд, шояд ба рақиби сарсахти Трампу Байден табдил меёфт. Аммо аз барномаҳои довталабон чунин бармеомад, ки ҷуз Сандерси 76-сола дигар номзаде аз донишҷӯён нагуфтааст. Шояд ҳамҳизби вай Байден ин нуктаро ба назар гирад. Агар не, ҳоло солиёни дароз ба майдон танҳо мӯйсафедон мебароянд…

Хуршед АТОВУЛЛО,

Душанбе — Алмаато — Вашингтон — Шарлотт — Филаделфия — Детройт — Франкфурт — Истамбул — Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here