Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд кардаанд: «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад».
Дарвоқеъ, интихобот имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон дар фазои ободу озод зиндагӣ ба сар баранд. Маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо мекунанд, ки намояндаи хешро барои иҷрои ормону иродаи худ ба номзадии президентӣ интихоб намоянд.
Дар моддаи 25-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ омадааст, ки: «Ҳар шаҳрванд бидуни ҳар гуна табъиз ва бидуни маҳдудияти беасос бояд ҳуқуқу имконияти зеринро дошта бошад: а) дар идораи корҳои давлатӣ мустақиман ва ё аз тариқи намояндагоне, ки озодона интихоб мешаванд, иштирок намояд; б) дар интихоботи воқеан даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ ва баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад ва изҳори озодонаи иродаи интихобкунандагонро таъмин мекунад, овоз диҳад ва интихоб шавад». Талаботи ин модда дар раванди интихоботҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доиршуда ҳамаҷониба риоя гардида, мардум метавонанд озод ба ҳизб ё номзади арзандаи худ овоз диҳанд. Ҳоло ҳар як сокини кишвар боифтихор мегӯяд, ки Тоҷикистони мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалиро эътироф намуда, қонунгузории худро оид ба интихобот дар заминаи онҳо такмил додааст.
Санаи 11-уми октябри соли 2020 дар кишвари соҳибистиқлоли мо — Тоҷикистон яке аз рӯйдоди муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он тамоми мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик баҳри фардои дурахшони сарзамини худ ширкат мекунанд.
То фаро расидани чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯзи дигар мондааст, вале имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифон матлабҳои ғаразноке паҳн карда, мехоҳанд миёни мардум ошӯбу иғво барангезанд. Тавре аз сомонаҳои интернетӣ огоҳ ҳастем, ҳизбу гуруҳҳои мухолиф, ки фаъолияташон дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъ шудааст, фурсатталабона дидгоҳи мардумро бо афсонагӯйиҳои хеш дигар карданӣ ҳастанд, аммо ҳаргиз ба ин мақсади ғаразноки худ намерасанд. Зеро миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик аз имтиҳонҳои сангини таърих дарси ибратбахш ва ватандӯстиву худшиносӣ гирифтаву ба қадри сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ мерасад.
“Ҷангал бе рӯбоҳ намешавад” мегӯянд дар урфият. Ин бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд ва заррае низ имкон пайдо намекунанд, то ақидаи мардумро бо он “афсонаномаҳо”-и худ дигар намоянд. Ҳар фарди тоҷик имрӯз зиракии сиёсиро аз даст надода, дар интихобот ба ҷонибдории номзади арзандааш овоз медиҳад.
Мардуми сарбаланди тоҷик ин баромадҳои беасоси душманони миллатро қотеона маҳкум намуда, бовар доранд, ки дигар ҳеҷ гоҳ мардуми азиятдида, хусусан, ҷавонони илмдӯсту меҳнатдӯст фирефтаи найрангҳои пайравони чунин ташкилотҳои террористӣ нашуда, барои ояндагон симои манфур, дилу нияти бадхоҳонаи онҳоро воқеъбинона нишон дода, баҳри якпорчагӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба ҷон баробар саъю кӯшиш менамоянд.
Самад САЙФУЛЛОЕВ,
сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти фосилавии ДДЗТ