Душманону нотавонбинони миллати мо дар қолабҳои шахсиву гуруҳӣ ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа мисли “хамелеон” рӯ зада, аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон ва дурӯғафканӣ бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеии Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, латма ва доғ ворид кунанд ва бехабар аз онанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст.

Касе ба суханони пучу бемаънӣ ва бебунёди онҳо гӯш намедиҳад ва агар диҳад ҳам, мисли тамошои мазҳакаи навбатии гуруҳи ҳаҷвӣ ва ё зери номи “Хоинони миллат” назар меандозаду як дамаке аз ин сӯзиши пур аз манфиатхоҳии шахсии хоинон фаротар бохабар мегардад.

Онҳо худ дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ба қавле мухлиси суханҳои қолабиашон нест, вале ҳамоно аз ин мавқеи бешарафиашон истифода мебаранд. Ҳар шахс ва шахсияте, ки иродаи солим дорад, ба ҳар тарзе зери шуури худ суолеро ба миён меорад, ки оё рӯзе мешуда бошад, ки ин гуруҳчаҳои бо ном мухолифин ва зери пардаи “наҳзат” паноҳбурда аз андешаҳои нигилистии худ даст кашанду афкори солимро пеша карда, ба ҷои он, ки дасисаҷӯйӣ кунанд, ба фикри андешаи ифтихори миллӣ афтида, дар бунёди Тоҷикистони дунявӣ ва соҳибистиқлол ҳиссагузорӣ кунанд… Худо медонаду иродаи нотавонбинонаи онҳо!

Такрор ҳам шавад, инҷо ёдоварӣ муҳим аст, ки воқеан ҳам, имрӯзҳо бо ном мухолифони Ватан, ки зери чатри хоҷагонашон бурун аз марзи кишвар, дур аз ёру диёр, бо қалбҳои пур аз кину бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштосоямон, ки бо боду ҳавои пок, хиёбону гулгашт, шаҳру деҳу рустои обод, оби ҷонбахш ва гулу гиёҳи равонбахшаш қалби сайёҳону ҳар бинандаро мафтун намуда, сокинони Ватан аз ин туҳфаи Офаридагор фараҳманду шукри истиқлолиятро доранд, санги маломат мепартоянд.

Мо ҷавонони кишвар, дар фазои амну осоиш кору фаъолият намуда, аз ба ном “андеша”, “афкор”, “ақида”, “хулоса”, “таҳлил”, “изҳорот”-и ташкилоти ифротии “Паймони миллӣ” дар суҳбати онлайние, ки бо ташаббуси “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баргузор гардид ва андешаҳои муғризони онҳо ва ҳама думравонаш, бояд ҷиддан огоҳ бошанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, чунин иғвобарангезиро шадидан маҳкум мекунем.

Бедил АШУРОВ,

таҳлилгари масоили сиёсӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here