Дар қаламрави пасошӯравӣ ҳар сол 19 август солгарди як рӯйдоди таърихӣ таҷлил мешавад, ки онро бо истилоҳи ГКЧП ёд мекунанд. Ва соли ҷорӣ низ истисно набуд. Аммо дар Маскав имсол ин санаи таърихӣ ба тазоҳуроту гирдиҳамоиҳое рост омад, ки шабоҳатҳо ба 28 соли пеш доштанд. Моҳҳои июн, июл ва августи соли равонро моҳҳои хезишҳои мардумӣ дар пойтахти Русия метавон номид. Ва ҷолибтарин нукта он буд, ки мардум бо як овоз шиорпартоӣ мекарданд: «Тағйирот!» Ва чун ҳамон 28 сол пеш касоне буданд, ки даъват ба сарнагунии низоми ҳоким мекарданд. Дар пасманзараи ин тазоҳуроту ин гирдиҳамоиҳои худҷӯш ёде аз ГКЧП як амри табиӣ буд. Иддае аз коршиносону таҳлилгарон талош кардаанд умумиятҳоеро миёни фосилаи 28 сол бубинанд.
Албатта, эътирозоти имрӯзу ГКЧП қобили қиёс нестанд. Вале аз миёни мақолаи Владимир Новиков бахше аз назари мо тозагӣ дар таҳлили ГКЧП буд, ки хостем манзури Шумо намоем.
КРЮЧКОВ ВА ДИГАРОН
То кунун дар бораи ГКЧП назария ва фикру мулоҳизаҳои зиёде мавҷуданд. Ин гуна назарияҳо атрофи эътирозоти имрӯзаи Маскав ҳам тор метананд (ин ҷо гап сари эътироз ҳам нест, балки бозии нухбагон ва интиқоли қудрат меравад). Барои дарки ин нукта лозим меояд баъзе чизҳоеро ҳам оварду ба ҳам муқоиса намуд, ки то куҷо ҳақ будани ҷонибдорони ин назария, ҳамчунин камбуди бинишҳо ва дарки моҳият рушан шавад.
Назарияҳои зиёд атрофи КГЧП бештар аз он сабаб баён мешаванд, ки дар ин раванд Михаил Горбачёв шахсан ширкат дошт. Аммо дар доираҳои хурдтар дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта масъалаи дигаре ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд. Ин гуруҳ мегуфтанд, ки эҳтимол бо роҳандозии табаддулот сарвари КГБ Владимир Крючков ва сарвазири вақт Валентин Павлов масъалаи иваз кардани Горбачёв бо Елтсинро ба вазифаи президенти Иттиҳоди Шӯравӣ баррасӣ карда буданд.
Ин ду — Крючков ва Павловро мухолифонашон шахсиятҳои камарзиш медонанд. Андроповро, ки маҳз Крючковро ба КГБ оварда буд ва мегӯянд, болотар аз кори котибӣ ба кори дигаре қодир набуд. Павлов бошад майзада, нодон ва саркаше буд. Ба чӣ далел ин ошиқони қазовати арзишӣ фаромӯш мекунанд, ки Павлов як молиявишиноси хеле шоистае буд, ки мутақобилан ба хубӣ дар иқтисоди бозор мувофиқ афтода, дар огоҳӣ аз қонунҳое, ки вай метавонист ба ҳар ислоҳталаби ҷавон имкон фароҳам орад. Крючков шахсияти номафҳуме набуд. Дар доираи мутахассисоне, ки корҳои пинҳониро пеш мебурданд, баҳси тезутунди вай бо сарвари мустақимаш Юрий Андропов, ки мегуфт ба ҳам омадани ду Олмон зарурати таърихист ва ИҶШС бояд ин равандро худ сарварӣ кунад, маълум аст. Аммо Крючков (зимнан модари ӯ аз олмониҳои Поволже буд ва худаш забони олмонӣ ва фарҳанги Олмонро хеле хуб медонист) аз фаъолони ашадии ин ба ҳам омадан буд. Оё зарурате дорад, ки дар бораи оқибати ин баҳси тундаш бо Андропов ҳарф занем?
Аз ин рӯ, фарзияи иваз намудани Горбачёв бо Елтсин ва нақши Крючков ва Павлов дар ин пурра метавонад ҷо дошта бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки фарзияи мазкур на дар доираҳои маҳдуд баррасӣ мешавад, балки аз шаҳодати ширкаткунандагонаш ва огоҳиҳоии бештари онҳо низ дида мешавад.
Чунончӣ, дар соли 2009 аввалин шаҳрдори Маскав Гавриил Попов дар суҳбат бо журналисти украинӣ Дмитрий Гордон рӯйдодҳои Маскавро натиҷаи се тавтеа донистааст. “Аввал, дар ҳақиқат нақшаи худи Михаил Горбачёв буд, ки мехост муоҳадаи иттифоқ имзо шавад. Дуюм, нақшаи муҳофизакорон, ки аз номи Горбачёв ҳарф мезаданд, мехостанд ӯро барканор созанд ва дар сурати пирӯзии куллӣ дар бораи Горбачёв андешанд: месазад, ки ӯро чун як лӯхтаки гапшунав баргардонанд ва ё аслан ба ҳолаш гузоранду дигар аз ҳар қудрат дур созанд. Сеюм, демократҳо. Хуб, дигар чӣ зарурате ба он ҳаст, ки гуноҳҳоро пинҳон дорем, мо демократҳо низ медонистем: аз ин ба баъд дигар намешавад чунин зисту зиндагонӣ дошт ва ноумедона ҳам бошад ҳизби “Ҷунбиши русиягии ислоҳоти демократӣ”-ро таъсис додем. Илова бар ин, бароямон муяссар ҳам шуд, ки атрофи Елтсин муҳофизакоронро ба майдони интригаҳои сиёсӣ кашем, зеро баъзеи онҳо (дар навбати аввал Владимир Александрович Крючков) мехостанд Елтсин президент бошад”.
Метавон илова кард, ки бино ба шаҳодати ҷонишини раиси КГБ Виктор Грушко моҳи январи соли 1991 Крючков ӯро бо ҷонишини аввали Шӯрои вазирони Федератсияи Русия Юрий Скоков, ки аз ҷумлаи дӯстон ва наздикони Борис Елтсин буд, шинос кард. Сарвари КГБ ба ӯ тавсия дод, ки бо Скоков иртиботҳои доимиро барқарор созад, мавзуъи мулоқотҳоро мустақилона интихоб намояд ва дар ҳоли хеле зарур будан, ӯро дар ҷараён гузорад. Магар ин талоши пайдо кардани роҳҳои иртиботи мустақим бо Борис Елтсин нест?
Аммо Крючков бо ҳама заковате, ки дошт, ин таҳаввулот дар афкори мардумро натавонист таҳлилу баррасӣ кунад ва ба хулосае ояд. Ин афкор барояш бегона буд. Елтсин бошад ба ин арзишҳо эҳтиром қоил шуд ва ҳамзамон дарк кард, ки аз ҷараёнҳо ва доҳиёну пешвоёни мардумӣ вобаста аст. Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз Попов ва дигарон барои Елтсин назар ба Крючков муҳимтару афзалтар шуданд ва ҳатто барои кулли кишвар будан бо ин афрод аз ояндае хабар медод.
Зимнан, Александр Коржаков дар хотироташ дар бораи мулоқоти Елтсин бо Крючков ёдовар мешавад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пештар аз табаддулот сурат гирифтааст. Аҷиб, онҳо дар бораи чӣ метавонистанд гуфтугӯ кунанд? Ва шаҳодати дигар: субҳи 21 август Крючков хостори он шуд, ки бо Елтсин ҳамроҳ ба Форос парвоз кунанд ва бо Горбачёв мулоқот намоянд.
Ва билохира, охири соли 2011 духтари Елтсин Татяна Юмашева гуфт, ки ба назари ӯ ин дақиқан чунин аст, ки генерали мустаъфии КГБ Николай Леонов ба Крючков пешниҳод кард, ки Елтсинро ба президентии СССР расонад. Ва барои исботи фикраш аз ду рӯйдод ёд мекунад. Аввалан, дар ин бора худи Крючков дар хотироташ нанавиштааст. Дуюм, худи Елтсин низ ягон бор на дар китобҳояш ва на дар суҳбаташ бо духтараш ёдовар нашудааст. Вале Татяна Борисовна чунин меҳисобад, ки ин гуна иртибот ва хоҳиши мулоқот ва гуфтугӯ бо Елсин дар сатҳи роҳбарии КГБ матраҳ шуда буд.
Ҳамин тариқ, фарзияи нақшаи Крючков дар бораи гуфтугӯ бо Борис Елтсин ва талош барои президенти СССР кардани вай як воқеъият аст.
Метавон гуфт, ки агар ин нақша муваффақ мебуд, пас Русия таъриху сарнавишти комилан дигар медошт. Зеро Елтсин на ба он ҳадде демократ буд, ки атрофиёнаш мепиндоштанд. Вай як шахси қудратхоҳ буд бо ғояи коммунистӣ, ғояҳои либералӣ ва ҳар ғояи дигар барояш танҳо василаи расидан ба қудрат буд. Ҳамин тавр, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, вай дарк кард, ки ҷараёни зиддикоммунистӣ метавонад ӯро воқеан ба қудрат оварад. Аммо агар ҳамон замон ба вай мансаби президенти ИҶШС пешниҳод мешуд, пас вай ин қувват ва ин нерӯро дошт, ки барои бақои СССР ҳар кори лозимро анҷом диҳад. Вале метавонист ин иттифоқ на 15, балки шояд ҳамагӣ 8-9 ҷумҳурӣ медошт.
Вале чаро Крючков дар тарҳи худ ноком монд? Ва барои посух ба ин суол, аз суханони Гавриил Попов истифода мекунем: «…ва ин ҷо зери фишори мо Елтсин ба назари ман, қарори оқилонаву дурандешона қабул кард: эълон кард, ки барои бозгардонидани Горбачёв мубориза хоҳад бурд”.
КӢ САРИ РОҲИ САРВАРИ КГБ-РО ГИРИФТ?
Аммо чаро Попов ва Ко барои Елтсин муҳимтар буданд, то ки Крючков? Дар ҳоле, ки аз нигоҳи иҷтимоӣ Крючков ба Елтсин наздиктар буд. Барои посухи ин суол ва дарёфти иллатҳои амалкарди Елтсин вазъи ҷамъиятии он замонро бояд пеши назар овард. Попов ва Ко барои Елтсин талаби ҳолати руҳии ҳамон замон буданд.
Ва ин дархости оммавӣ чӣ буд? Пас биёед хеле ростқавл бошем ва эътироф кунем, ки ин дархост хеле содда буд. Касе мехост садҳо навъи ҳасибро дар дӯконҳо бубинад. Каси дигар мехост ба мағозае ворид шавад, ки он ҷо танҳо ҳақиқат фурӯшанд, на ваъдаҳои пучу холӣ. Касе гумон мекард, ки вай хеле соҳиби истеъдод аст ва метавонад агар сари қудрати кадом идорае бошад, ислоҳот гузаронад. Ва ғайраву ҳоказо. Яъне, мардум дигаргунӣ мехостанд, мардум аз ваъдаҳо хаста шуда буданд, тағйирот мехостанд, аммо тағйироти иҷтимоӣ, беҳбудиҳо дар сатҳи зиндагонӣ.
Аммо суоле ба миён меояд, ки пас чаро Крючков, ки собиқаи тӯлонии кори роҳбарӣ дорад, дар рӯйдодҳои басо ҷиддиву сарнавиштсозе назири буҳрони Венгрия ва пахши шӯриш дар ин кишвар, вуруди артиш ба Афғонистон ширкат кардааст, дар Маскави тобистони соли 1991 аз қувваи ҳарбӣ истифода накард?
Посух ҳамон якест: вай танҳо монда буд, касе набуд, ки ин гуна фармон агар содир мешуд, иҷро кунад. Вале ҳастанд боз касоне, ки назари дигар доранд. Онҳо мегӯянд Крючков низ вазъ ва руҳияи мардумро дарк карда буд. Ҳарчанд ин як ривояти бофтаест. Вале агар боз ҳам жарфтар равем ва ибрози назари болоро таҳлил кунем, мебинем, ки Крючков баъди нокомӣ бо Елтсин руҳафтода шуд, дарк кард, ки дигар наметавонад…
Муаллиф В.Новиков, “Совершенно секретно”