Ҳарчанд нисбати водии Фарғона корҳои зиёди илмӣ анҷом дода шудааст, вале то имрӯз ин водӣ ҳамчун “замини асрорангез” (terra incognita) боқӣ мемонад. Водии Фарғона яке аз қисматҳои куҳантарини таърихӣ ва этнографии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, он дар қисмати ҷанубу шарқии минтақа ҷойгир шуда, бо куҳҳои сарбафалаки Тян-шон дар шимол ва шимолу шарқ ва бо Помиру Олой дар ҷануб печида шудааст. Танҳо дар қисмати ғарбӣ, ин водӣ ба дигар ноҳияҳои Осиёи Марказӣ баромадгоҳи на онқадар калон дорад, ки дар адабиёт он бо номи “дарвозаҳои Хуҷанд” машҳур аст иҳота шудааст.

Дар замонҳои гузашта, тариқи водии Фарғона яке аз масирҳои Роҳи бузурги абрешим мегузашт, ки Шарқро бо Ғарб мепайваст. Дар натиҷа бо ин масир корвонҳо аз Самарқанду Бухоро ва Тошканду дигар шаҳрҳо ба Туркистони шарқӣ раҳсипор мешуданд. Тариқи ағбаҳои куҳии шимолӣ ва шимолу шарқӣ Фарғона бо Талас, Иссиқкӯл, Семиречие, бо ҷанубӣ-Мастчоҳ, Рашт, Бадахшон, Кӯлоб, Ҳисор ва дигар минтакаҳои куҳии Помиру Олой пайваст мешуд.
Ҷойгиршавии мусоиди ҷуғрофии водии Фарғона на танҳо пешрафти босуръати иқтисодӣ ва фарҳангии онро таъмин мекард, балки сабаби омадани элементҳои гуногуни этникӣ гашт. Ба ғайр аз ин, бо ҷой доштани маҳдудияти ҷуғрофӣ, водии Фарғона мутаносибан минтақаи ором ва баъзан вақт берун аз воқеаҳои сиёсие, ки дар дигар вилоятҳои Осиёи Марказӣ рух медод, боқӣ мемонд. Ҷой доштани ҷангу низоъҳо, исёну балвоҳо дар дигар минтақаҳо, ки дар натиҷаи онҳо гуруснагӣ, бесуботӣ ва нодорӣ ба миён меомад, инчунин таъқиби одамон аз нигоҳи сиёсӣ ва динӣ ба он оварда расонд, ки нафарони зиёд аз ҷойҳои дуру наздик ба водии Фарғона меомаданд. Дар охири асри XIX ва аввали садаи XX водии Фарғона ба минтақаи сераҳолитарини Осиёи Марказӣ ва аз ҷиҳати этникӣ гуногун табдил ёфт.
Дар ин ҳудуди нисбатан хурд, ки 22 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирад, се вилояти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, се вилояти Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷамъ тақрибан 14,5 миллион нафар аҳолӣ доранд, зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо сеяки аҳолии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ва нисфи аҳолии Қирғизистон умр ба сар мебаранд. Ба ҳисоби миёна дар як километри мураббаъ зиёда аз 650 нафар зиндагӣ мекунад, ки ин дар муқоиса бо ноҳияҳои сераҳолии Ҳиндустон ва Чин баробар аст. Дар бисёре аз ноҳияҳои водии Фарғона зичии аҳолӣ то 2000 нафар дар километри мураббаъ мерасад.
Мушкилоти водии Фарғона мунтазам ва дар сатҳҳои гуногун омӯхта мешавад, вале бо вуҷуди ин низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин минтақа хеле зуд тағйир меёбад ва талабгори мониторинги доимӣ мебошад. Сатҳи камбизоатии аҳолии баъзе аз вилоятҳои водии Фарғона (аз нишондодҳои расмӣ камтар) ба 40 дар сад ва зиёда аз он мерасад.
Паст шудани сатҳи зиндагӣ дар давраи баъд аз шӯравӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста буд, ки сохтори давлатдорӣ тағйир ёфт. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба он оварда расонд, ки иқтисодиёти ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ поён рафт, ки ба яку якбора афзоиш ёфтани сатҳи бекорӣ оварда расонид. Оморҳои расмии кишварҳои минтақа инъикосгари воқеъии сатҳи бекорӣ шуда наметавонанд. Дар ВАО пайдо шудани омор дар бораи кушодани даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсири худро дар паст кардани сатҳи бекорӣ намегузорад, чунки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол кам нашудааст.
Мушкилоти бекорӣ ва то як дараҷа нигоҳ доштани сатҳи зиндагии мардуми водии Фарғонаро муҳоҷирати аҳолии он ба Русия, кишварҳои дигари ИДМ ва хориҷи дур ҳал менамояд. Дар баробари ин, агар муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври назаррас дар паст кардани шиддатнокӣ дар бозори меҳнат саҳм гузошта бошад, вале он, дар маҷмуъ, барои аҳолии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба як проблемаи дигар мубаддал шудааст.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави кишварҳои минтақа ва водии Фарғона падидаҳои нав ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла, зиёд шудани вайроншавии оилаҳо, афзоиши оилаҳои нопурра бо ноболиғон ва кӯдакон, нобаробарии гендерӣ, зиёд шудани шумораи занони муҳоҷир аз ҳисоби шаҳрвандони муқими кишварҳои минтақа аз ҷумлаи мушкилотеанд, ки минтақаро таҳти таъсир қарор додаанд.
Афзоиши ҳарсолаи аҳолӣ боз як мушкилоти дигари водии Фарғонаро ба миён овард, ки ин норасоии заминҳои корам ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Маҳз зиёдшавии босуръати аҳолии минтақа метавонад дар оянда мушкилотҳои нав эҷод кунад. Дар ҳолати болоравии шумораи аҳолии водии Фарғона (қариб 2 дар сад дар як сол) баъд аз 15 сол аҳолии он на камтар аз 4,4 миллион нафар зиёд шуда, тақрибан 20 млн. нафарро ташкил хоҳад дод.
Яке аз сарчашмаҳои асосии шиддатнокӣ дар водии Фарғона ин масъалаи миллӣ аст. Дар асри гузашта ин қаламрав байни се давлати минтақа тақсим карда шуда буд. Қисми зиёди ҳамвориҳо бо чунин шаҳрҳо: Андиҷон, Ассаке, Қӯқанд, Кувасой, Марғелон, Намангон ва Фарғона, воҳидан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил мешаванд. Қисмати шарқии Фарғона, ки дар он шаҳрҳои Ҷалолобод, Ош ва Узген, инчунин куҳҳое, ки аз шимол, шарқ ва ҷануб ин водиро дар оғӯш мегиранд, ба Ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ доранд. Қисмати ғарбии Фарғона бо шаҳрҳои Исфара ва Конибодом (қисман Хуҷанд)-ро низ ба он дохил менамоянд, ки ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Дар натиҷаи чунин тақсимоти маъмурӣ, гуруҳҳои этникие, ки солҳои зиёд дар паҳлӯи якдигар дӯстона зиндагӣ мекарданд, баъд аз соли 1991 ба ҳайати давлатҳои гуногун дохил гардида, бо марзҳо, сарҳадбонон, гумрук, низоми раводид аз ҳам ҷудо карда шуданд.
Гарчанде тоҷикон, ӯзбекҳо ва қирғизҳо дар қаламрави кишвари худ соҳиби имтиёзҳои сиёсӣ ва мақоми ҳуқуқии “миллати ҳоким” гашта бошанд, пас намояндагони ҳамин гурӯҳҳо дар қаламрави кишвари бегона аксар вақт ба мақоми “майдамиллат”, ки ҳуқуқҳояшон поймол мешавад, табдил ёфтанд.
Қаламрави Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар водии Фарғона ба ҳам омада, системаи мураккаби марзиро дар миёни кишварҳо ба миён меоранд, ки он бо ҷой доштани анклавҳо дар қаламрави якдигар боз ҳам душвор мегардад. Анклав-ин қаламрав ё қисме аз қаламрави як давлат мебошад, ки аз ҳама тараф бо қаламрави давлати дигар иҳота шудааст. Агар анклав ба баҳр роҳи баромад дошта бошад, пас он ниманклав номида мешавад.
Маҳз анклавҳо сабаби нофаҳмӣ байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мегарданд. Дар водии Фарғона анклавҳо, ки аз қаламрави асосии давлатҳои худ ҷудо карда шудаанд, барои аҳолии маҳаллӣ душвориҳои зиёдеро ба миён меоранд. Аз ҷумла, нофаҳмиҳо ва муноқишаҳо дар мавриди қитъаҳои замин, чарогоҳҳо барои чаронидани ҳайвоноти хонагӣ, дастрасӣ ба об, буридани дарахтон барои ҳезум, гузаронидани молу ашё ва амсоли инҳо ба сифати мушкилоти асосӣ маҳсуб меёбанд. Дар сурати муноқиша ҳар яке аз ҷонибҳо метавонад роҳи ҷойдоштаро банд намояд ва ин амалро бо он маънидод кунад, ки ин қитъаи замин ба онҳо тааллуқ дорад.
Бо пош хӯрдани ИҶШС дар водии Фарғона ҳашт анклав ба вуҷуд омад. Дар қаламрави Қирғизистон чор “ҷазира”-и Ӯзбекистон (Сох, Шоҳимардон, Ҷон-Ғара, Ҷангайл) ва ду аз Тоҷикистон (Ворух, Қалъачаи ғарбӣ) қарор доранд. Дар қисми водии Ӯзбекистон бошад, ду анклав-Барак ва Сарвак, ки ба Қирғизистон ва Тоҷикистон мансуб мебошанд, қарор дорад.
Яке аз чунин анклаваҳои машҳури тоҷикон дар вилояти Боткенти Қирғизистон-ин Ворух мебошад, ки ба вилояти Суғди Тоҷикистон мансуб аст. Дар ин анклав тақрибан 40 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аксариятро тоҷикон ташкил медиҳад. Ворух дар ягона шоҳроҳе, ки яке аз ноҳияҳои Қирғизистонро бо тамоми кишвар мепайвандад, ҷойгир шудааст. Ва маҳз ҳамин ҳолат дар бисёр мавридҳо сабаби нофаҳмиҳо байни аҳолии маҳаллӣ ва қирғизҳо мегардад.
Қалъачаи ғарбӣ — яке аз ду (дар қатори Ворух) эксклавҳои Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилояти Баткенти Қирғизистон ҷойгир аст, мебошад. Аз ҷиҳати тобеият ин эксклав ба ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Сарвак (Сарваксой, Сарван) — анклави Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир буда, аз ҷиҳати маъмурӣ ба ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон мансуб аст. Маркази анклав — рустои Сарвак буда, дар як вақт он дар марзи ҳар ду ҷониб: Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад. Он тақрибан 14 километр дарозӣ ва 600 метр паҳноӣ дошта, қад-қади дарёи Сарваксой дар баробари роҳи Камчик, байни шаҳрҳои Ангрен ва Қӯқанди Ӯзбекистон ҷойгир аст. Аз танг будани анклав, махсусан масъалаи чаронидани чорво ба миён меояд, ки аксар вақт ба чарогоҳҳои қаламрави Ӯзбекистон мебарад. Масоҳати анклав тақрибан 8,4 км-и мураббаъ буда, масофаи камтарин байни Сарвак ва боқимондаи Тоҷикистон-1,2 км-ро ташкил медиҳад.
Калонтарин анклавҳои Ӯзбекистон дар қаламрави Қирғизистон ин Шоҳимардон ва Сӯх мебошанд. Дар майдони 352 ҳазор километри мураббаъ 19 маҳалҳои аҳолинишин бо аҳолии 60 ҳазор нафар ҷойгир аст. Зимнан, 99 дар сади аз онҳо тоҷикони этникӣ мебошанд. Анклави Сӯх мисили Ворух дар роҳҳои магистралии қисмати ғарбии Қирғизистон ҷойгир аст.
Дар Ӯзбекистон анклави хурди Қирғизистон бо номи Барак дар масоҳати 4 километри мураббаъ қарор дорад, ки дар он асосан, қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди мушкилотҳои сарҳадии минтақа маҳз бо анклавҳо алоқамандӣ доранд. Онҳо аз қаламрави асосии кишвар канда шуда, проблемаҳои зиёдеро ба миён меоранд.
Муносибатҳои байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар гузашта бештар вобаста ба масъалаҳои гидроэнергетикӣ ва сарҳадӣ тезутунд мешуд. Баъди ба сари қудрат омадани ҷаноби Шавкат Мирзиёев ба ҳайси президенти Ӯзбекистон, гуфтушунидҳо оид ба муқаррар ва муайян кардани хатти сарҳади давлатии байни ду кишвари ҳамсоя фаъол шуд. Дар давоми соли гузашта, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аллакай силсилаи мулоқотҳоро оиди мувофиқати марзҳо гузаронида, инчунин ташрифи ҳайатҳоро ба кишварҳои якдигар ташкил намуданд. Дарозии умумии сарҳади байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон 1370 километрро ташкил медиҳад. Тибқи суханони ходими илмии Мактаби тадқиқотҳои шарқӣ ва африқоии Лондон-Алишер Илҳомов, яке аз дастовардҳои асосии Шавкат Мирзиёев на танҳо нармшавии муносибатҳои мутақобилаи судманди Ӯзбекистон бо ҳамсояҳо, балки музокирот байни сарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад. Тарафҳо даҳ шартнома имзо карданд. Оид ба масъалаҳои марзӣ ҳамагӣ 15 дар сади қитъаи сарҳади давлатӣ ҳамоҳанг нокарда монд. Вале ин 15% аз ҳама қитъаи душвортарин мебошанд. Тарафҳо тафсилоти шартномаро оиди марзҳо ошкор намекунанд, вале аз эҳтимол дур нест, ки қитъаҳои баҳсӣ ин анклавҳои Сӯх, Барак, Шоҳимардон, обанбори Андиҷон ва баъзеи дигар мебошанд. Яке аз натиҷаҳои асосии гуфтушуниди тарафайн ин намоиши иродаи сиёсӣ, мунтазам ва пайваста кушодани гиреҳҳо дар муносибатҳо байни ду давлат мебошад.
Ҷонибҳо, дар рафти музокирот ихтилофоти ҷойдоштаро ҳал намуданд ва танҳо 28 қитъаи байнидавлатӣ боқӣ мондааст, ки ҳалли худро металабад. Ба қавли Содиқ Сафоев, муовини раиси палатаи болоии Парлумони Ӯзбекистон, амалҳои президент Шавкат Мирзиёев ба он равона шудааст, ки аз масъалаҳои ҷойдошта дур нашуда, балки онҳоро дар якҷоягӣ ҳал намоянд. Имрӯз Ӯзбекистон сиёсати пурсамари минтақавиро амалӣ мекунад ва барои муколама оиди масъалаҳои тезутунд омода аст. Ба ақидаи баъзе аз коршиносон, водии Фарғона ҳамчун як қуттии борӯт хавфи бузурге барои минтақа дорад ва ин ақида то имрӯз дар ҷомеа ҷой дорад. Вале бояд таъкид кард, ки даргириҳои охири асри 20 ва аввали асри 21 нишон дод, ки ҳамаи масъалаҳои ҷойдошта ва баҳсталабро, пеш аз ҳама, бояд бо иштироки тарафҳо дар гуфтушунидҳо, бе истифода аз силоҳ ва қувваи ҳарбӣ ҳал намуд.
Масъалаҳои баҳсталаби минтақа, аз ҷумла водии Фарғона, ки қаламрави се кишвари минтақаро дар бар мегирад, бояд бе дахолати кишварҳои дигар, ки бо урфу одат ва арзишҳои миллии аҳолии Осиёи Марказӣ ошно нестанд, ҳал шаванд. Аҳолии водии Фарғона дар муддати садаҳои зиёд, дар паҳлӯи якдигар зиндагӣ карда, риштаҳои хешутаборӣ пайдо карданд. Нофаҳмиҳои марзӣ набояд сабаби ҷудо шудани ин пайвандҳо гардад. Дипломатияи халқӣ низ бояд дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта нақши арзанда ва муҳими худро бозад.

Изатулло Саримсоқов, ходими илмии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here