Анқариб ном ва чеҳраи Оғохони IV баҳри натанҳо мардуми кишвари мо, балки барои мардуми сайёра ошно аст. Мавсуфро ҳамчун марди маорифпарвару сулҳҷӯ ва хайрхоҳ дар ҷаҳон мешиносанду ситоиш мекунанд. Ҳамчунин, худи Оғохони IV бо ташаббусҳои хайрхоҳона пайваста ба мардуми сайёра кӯмакҳо кардаасту мекунад.

Номи Оғони IV дар радифи сиёсатмадорон, сарватмандон ва давлатмандони варзидаи ҷаҳонӣ меистад ва Оғохони IV бо аксарият роҳбарону сиёсатмадорони ҷаҳон муносибат ва ҳамкориҳои ҳасана ба роҳ мондааст. Мутаассифона, имрӯзҳо аз номи дини Ислом гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ амалҳову кирдорҳои зиште анҷом медиҳанд, ки мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, вале дар ин росто Оғохон бо рафтору амалҳои башардӯстонаву хирадмандонааш моҳият ва ҷавҳари аслии ин динро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаасту мекунад. Оғохони IV-ро роҳбари исмоилёни ҷаҳон, ҳозиримом, аълоҳазрат ва бад-ин минвол бо арзи эҳтирому арҷгузорӣ ба шахсияту мақомаш ҳамагон ном мебаранд.

Бояд ёдовар шавем, ки 24-уми майи соли ҷорӣ “Рӯзи Дидор”-ро пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон таҷлил намуданд. Тазаккур медиҳем, ки санаи 24-уми майи соли 1995 дар Бадахшон ва дар шаҳри Душанбе Оғохони IV бо пайравони исмоилия нахустин бор дидор намуда буд ва аз он сол инҷониб исмоилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.

Дар саросари ҷаҳон каму беш 20 миллион нафар аз мазҳаби исмоилия пайравӣ мекунанд. Пайравони ин мазҳаб бештар дар кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Конодо, Бритониё ва Фаронса умр ба сар мебаранд.

Пайравони исмоилиёни Тоҷикистон аз ҷумлаи бузургтарин ҷамоъатҳои исмоилиёни ҷаҳон маҳсуб меёбанд (бештар аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд), ки ағлаб дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зиндагонӣ менамоянд.

Шоҳзода Карим Оғохони IV тавонист дар давраи раҳбариаш барои исмоилиёни ҷаҳон дар заминаи ниҳодҳои мазҳабӣ шабакаҳои хеле қавии тиҷоратӣ, хайрия ва фарҳангиро бунёд кунад. Сандуқи Оғохон дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин созмонҳои хайрия ва маърифатӣ маҳсуб меёбад, ки баҳри садҳо ҳазор нафар дар гӯшаву канори ҷаҳон кумак мерасонад.

ШабакаҳоиОғохони IV, аз ҷумла муассиси Донишгоҳи Оғохон дар Покистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри ХоруғиТоҷикистон ва Норини Қирғизистон мебошанд. Ҳамчунин, дар Торонтои Канада як Маркази бузурги Исмоилиҳо ва Осорхонаи Карим Оғохон бунёд шудаанд.

Воқеан, Оғохони IV дар шумори он шахсиятҳоест, ки баҳри ҷомеаи ҷаҳонӣ хидматҳои арзишманд кардаасту мекунад. Имрӯзҳо перомуни номи Оғохони IV зиёд ҳарфҳои накӯву таҳсинбор дар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳо аз ҷониби шахсиятҳои қадршинос ва нухбагони ҷаҳонӣ изҳор мегардад, ки ин ҳам бахше аз арҷгузорӣ ба корнамоиҳои мавсуф мебошад. Саҳмгузориҳои Бунёди рушди Оғохон бештар ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии иқтисодиву иҷтимоии мардум равона гардидааст. Дар айни ҳол ташкилотҳои Оғохон аз ҷумлаи беҳтарин ташкилотҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, ки дар беҳтару хубтар гардидани зиндагии мардум нақши бориз гузоштаанду мегузоранд. Ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба туфайли ин марди шариф ҳақиқати аслии дини Исломро шинохтааст. Оғохони IV дар айни замон воқеан рисолати бузурге бар дӯш дорад, ки аз сӯе ҳамчун инсони гуманист ва аз сӯи дигар намояндаи як дин баромад мекунад. Барои мисол, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намуда, бештар дар манотиқи куҳистон амал мекунад. Он дар тамоми вилояту ноҳияҳои кишвар намояндагиҳои худро дорад, ки албатта, баҳри пешбурди некӯаҳволии мардуми кишвар амал мекунад. Дар ин самт Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумори соҳаи маориф, аз ҷумла таъсиси Мактаби маълумоти касбӣ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳои оид ба рушди синни томактабии кӯдак, инчунин ташаббусҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Маркази минтақавии ташхис дар Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ, боз маблағгузориҳои сершумори соҳаи энергетика, молияи хурд, телекоммуникатсия, туризм ва фарҳангро ба сомон расонида истодааст.

Оғохони IV шахсияти нотакрори замон аст, ки асоси марому мақсади ӯ  инсоният дар саодатёрӣ, ҳамзистӣ ва ғамхорӯ ғамшарики ҳам умр ба сар бибаранд. Ин гуна инсонҳоро арҷманд доштан ва аз кирдору рафторашон ибрат гирифтан амалест шоиста. Зеро муҳаббат, садоқат ва накӯкории ин гуна шахсиятҳо паёмест аз худшиносӣ ва худогоҳӣ.

ШоҳзодаКаримОғохони IV аз намояндагони бонуфузи ҷаҳони Ислом дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Соли 2017 Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаи солонаи Пешвои ҷаҳонро ба се шахсият ва ду созмон, аз ҷумла ба шоҳзода Карим Оғохони IV супурд ва мавсуфро яке аз шахсиятҳои дар роҳи тағйири ҷаҳони имрӯза унвон кард.

Чи тавре, ки Сандуқи Созмони Милал изҳор дошта буд: Карим Оғохон барои нақши раҳбариаш дар ҳалли масоили ҷаҳонии тандурустиву маориф ва бӯҳрони паноҳҷӯён тавассути Шабакаи рушди Оғохон ва ҳам барои ҳамкории густардааш бо Созмони Милал сазовори ин ҷоизаи муътабар дониста шуд.

Ҳамин тавр Оғохони IV чандин ҷоизаҳои ҷаҳониро соҳиб шудааст, ки албатта, ин ҳама арҷгузориҳои созмонҳои бонуфузу кишварҳо ва шахсиятҳои алоҳида, шаҳодат бар он медиҳанд, ки Оғохони IV дар воқеъ дар пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми сайёра, содиқона ва ҷониссорона, хидматҳои шоиставу боистаро анҷом додаасту медиҳад.

Ва бо камоли эҳтиром шахси Оғохони IV ва кулли пайравони мазҳаби исмоилиёнро ба рӯзи мубораки Нур хуҷаста бод бигӯем! Рӯзи Дидор поянда бод!

Зоҳир САЙФУЛЛО

 

ШАРҲИ ҲОЛ:

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13-уми декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард аст. Вай замоне масъули ёриҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид будааст. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Тавсеъаи Оғохон» (AKDN) аст. Оғохон чаҳор фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оғохон, шаҳзода Раҳим Оғохон ва шаҳзода Ҳусейн Оғохон аз Бегим Салима Оғохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон аз Бегим Инора Оғохон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here