Масъалаи муайян набудани хати пурраи сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мавзӯи нав нест, он аз замони шӯравӣ мерос мондааст. Мутаассифона ҳукуматдорон ва зимомдорони он давраи Тоҷикистони шӯравӣ иҷозат доданд, ки дар қисми зиёди заминҳои Тоҷикистон қирғизҳо сукунат кунанд. Аммо дар чанд соли охир ин масъала боз ҳам ҳасос гардида, дар натиҷаи моҷароҳо чандин нафар сокинони осоишта ва марзбонон кушта ва захмӣ шуданд. Бештари ин қурбониён аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва чаро маҳз аксариятро сокинони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, муаммои сарбастаро мемонад.

 Ҷониби Қирғизистон дар аксар маврид баҳона пеш меорад, ки тоҷикон моҷароҷӯ ва марзшикан ҳастанд, ба ҳаёти шаҳрвандонаш хатар доранд. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳама маврид ҳалли дипломатии масъаларо пайгирӣ намудааст, ки инро бархе аз афрод дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун заифии артиш ва масъулони Тоҷикистон эълон доштаанд, ки дар асл чунин нест. Баъдан як нуктаи дигареро бояд қайд намуд, ки дар машқҳои ҳарбие ки чанд рӯз қабл дар Русия баргузор гашт, аз ҳукуматдорони кулли 11 давлати ширкаткунанда, танҳо сарвари Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков дар он ҷо бо сарвари Русия В.Путин иштирок намуда, то шаҳри Оренбург бо таклифи президенти Русия дар чархбол ҳамроҳ буданд.

 «Дасти сеюм» ё якум?

Ишораҳо ба «дасти сеюм» вобаста ба моҷароҳои марзӣ низ борҳо дар расонаҳо садо додааст, аммо кӣ будани онро касе дақиқ намегӯяд ва танҳо фарзияҳои худро пардапӯшона пешниҳод менамоянд. Дар навиштаҳои коршиносон ва рӯзноманигорон ба Русия ҳамчун «дасти сеюм» ва пуштибони Қирғизистон ишораҳо вуҷуд дорад, вале ин фарзияҳо мумкин аст, нодуруст бошад. Зеро Русия дар ҳарду кишвар пойгоҳҳои ҳарбии худро дорад ва намехоҳад, ки аз ин пойгоҳҳо маҳрум гардад, бахусус дар замоне ки бо ИМА рақобати шадиди геополитикӣ ва геоэкономӣ дорад. Чинро ба унвони «дасти сеюм» эътироф кардан чандон мувофиқ нест, зеро Чин бо Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамсарҳад аст, яке аз сармоягузорони асосии иқтисодиёти ин кишварҳо ба шумор меравад ва аз ҳама муҳимтар барои Чин оромии ин кишварҳо зарур аст. Зеро роҳҳои тиҷоратии он дар ҷанубу ғарбӣ маҳз тавассути Қирғизистон ва Тоҷикистон мегузарад. Ӯзбекистон дар давраи президентии Шавкат Мирзиёев сиёсати дӯстӣ бо ҳамсоягонро пеш гирифтааст, барои саноати рушдёфтаистодаи Ӯзбекистон бозорҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон хеле заруранд ва ҳамзамон ин кишвар ба Қирғизистон низ масъалаи марзҳои муайяннашуда дорад, дар чунин вазъият Ӯзбекистонро «дасти сеюм» донистан комилан ғалат мебошад.  Шояд суоле ба миён ояд, ки пас кист он «дасти сеюм», аз паси куҳи Ҳимолой аст ва ё аз паси уқёнуси Ором? На аз ину на аз он. «Дасти сеюм» дар Бишкек аст!

Ҳайрон мешавем ки чаро Бишкек барои худ «дарди сар» эҷод мекунад? Решаи ин муаммо ба моҷароҳои дохилии чанд соли охири ин кишвар пас аз сарнагун кардани президенти собиқ Аскар Акаев сахт алоқамандӣ дорад. Муборизаҳо барои ҳокимият дар Қирғизистон хеле пуршиддат ҷараён дорад, асосан намояндагони шимол ва ҷануб ба ҳам рақобат доранд. Намунаи барҷастаи ин раванд мухолифат байни президенти собиқ Алмосбек Отамбаев ва роҳбари феълии Қирғизистон Сооронбой Ҷеэнбеков аст. Президенти собиқи Қирғизистон дар ҳабс қарор дорад ва ин ҳолат зиддияти шимолиҳо ва ҷанубиҳоро бештар кард, зеро президентҳо яке аз шимол ва дигаре аз ҷануб аст. Дар чунин вазъияти ҳассос офаридани симои душмани умумимиллӣ шиддати ин ихтилофи дохилиро кам менамояд ва таваҷҷуҳи мардумро ба дигар самт равона месозад. Шояд масъулони қирғиз низ аз ин усул кор гирифта, мехоҳанд аз моҷароҳои дохилӣ таваҷҷуҳи мардуми худро ба масъалаи марзӣ равона созанд ва дар симои Тоҷикистон душмани миллии худро офаранд. Нуктаи дигареро бояд қайд намуд, ки ин даргириҳо дар давраи ҳукумати бону Роза Отунбаева оғоз гашта, вайронкунии марз аз ҷониби қирғизҳо маҳз дар ҳамин давра афзоиш ёфт. Дар замони президентии Аскар Акаев моҷароҳои марзӣ хеле кам буд, аммо бо зуд — зуд иваз гаштани ҳокимият дар Қирғизистон моҷароҳои марзӣ бештар гашт, зеро ҳокимияти марказӣ заиф гардид ва дар муборизаҳои сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият ва курсии вакилӣ дар парлумон тарафҳо барои ҷалби бештари ҷонибдорон ба масъалаҳои марзӣ низ дахл намуданд. Ин усули Қирғизистон ҳангоми интихоботҳои ИМА хеле маъмул аст, ки барои дур намудани таваҷҷуҳи одамон аз масъалаҳои дохилӣ Русия, Эрон ва баъзе аз кишварҳои Амрикои лотинро ҳамчун душман ҷилва медиҳанд.

Рӯзи 19-уми сентябри соли 2019 зани 33 солаи сокини Бишкек Мээрим Черикбаева худро дар нишасти хабарии агентии иттилоотии Қирғизистон АКИпресс Маҳдии охирзамон эълон намуд ва тавассути расонаҳои қирғизӣ ин хабар зуд паҳн гашта, ҳангомаеро ба бор овард. Дар пасманзари ҳодисаҳо дар марз бо Тоҷикистон паҳн гаштани хабари мазкур гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки расонаҳои ин кишвар барои идоракунии ҷомеаи худ хеле таҷрибаи бой доранд ва аз онҳо ҳар найрангро умедвор шудан мумкин аст.

Яке аз далелҳои боварибахш ба кори дасти Бишкек будани моҷаро дар марзи Тоҷикистон дар он аст, ки ҳамеша ҷониби Қирғизистон ба моҷароҳо бо тайёрии пешакӣ даст мезанад. Масалан, шоҳидони моҷарои марзии 16 сентябр баён намудаанд, ки аз ҳамсояҳои қирғизашон дар он вақт касе наменамуд, зеро онҳоро пеш аз оғози моҷаро ба ҷои дигар муваққатан кӯчонданд. Далели дигар ҳузури тахминан 250-300 сарбози иловагӣ дар минтақаи моҷарои марзӣ аст. Кормандони неруҳои вижаи қирғиз борҳо дар либоси ғайриҳарбӣ дар моҷароҳои марзӣ бо Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳимоя шудани иштирокчиёни моҷароҳои марзӣ аз тарафи ҳокимияти Қирғизистон эҳтимолияти саҳмдор будани онҳоро бештар мегардонад. Ҳатто кор ба дараҷае расида буд, ки дар парлумони ин кишвар пешниҳоди додани унвони қаҳрамонӣ ба чанд нафари моҷароҷӯи марзӣ низ баррасӣ шуда буд.

Чаро қирғиз «зӯр» шуд?

Қирғизистон новобаста аз он ки афроди мулкӣ ва ё ҳарбиёнаш сокинони осоиштаи Тоҷикистонро куштанд ва захмӣ намуданд, бояд дар асоси қавонини байналмилалӣ ҷавоб гӯяд ва ба оилаҳои афроди қурбонгашта ва зарардидагон товон пардохт намояд. Танҳо бо ин роҳ пеши роҳи тоҷиккушӣ то замони ҳалли баҳси сарҳад гирифта мешавад. Барои ин муроҷиати Тоҷикистон ба додгоҳои байналмилалӣ ва Шӯрои амнияти СММ зарур аст.

Суоли асосӣ он аст, ки чаро ҳоло Қирғизистон «зӯр» гаштааст? Ин масъала ба мавзӯи тағйири роҳбарият дар Ӯзбекистон ва сиёсати хориҷии он низ рабт дорад. Зеро Ӯзбекистон дигар ба сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги минтақа дар Қирғизистон ва Тоҷикистон мухолифат надорад ва дигар барои Бишкек иттифоқчие чун Душанбе ба муқобили Тошканд лозим нест. Акнун барои қирғиз аз «дӯстии абадӣ» бо тоҷик дида, об, замин ва чарогоҳҳои тоҷик заруртар аст ва қирғиз ҳарчи бештар аспи худро ба дарунтари хоки тоҷик дидан мехоҳад.

«Аз мӯрча мадад»

Тоҷикистон сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон дорад ва ҳодисаҳои рабудани сокинони маҳалҳои наздимарзӣ ва таҳдиди хатар ба ҷони онҳо борҳо иттифоқ афтодааст. Аз ин рӯ, ба сокинони ноҳияҳои марзӣ барои ҳимояи худ ва оилаашон доштани яроқ иҷозат дода шавад. Ин пешниҳод маънои онро надорад, ки ба ҳама сокинони ноҳияҳои марзӣ пурра яроқ дода шавад, воситаи муҳофизат танҳо ба одамоне ки ҷисман ва руҳан солим ҳастанд, дода шавад ва онҳо доимо дар зери назорат бошанд. Дар ҳолати зарурӣ сокинони бо воситаи муҳофизатӣ таъмин метавонанд ба марзбонон мадад намоянд ва иқтидори мудофиавии кишвар ба таври доимӣ бо қувваи иловагӣ таъмин мегардад.

 

Сӯҳроби Мирзоалӣ,

рӯзноманигори мустақил

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here