Мусоҳибаи М. Кабирӣ ба зарбулмасали мардумии «Бузак, намур, баҳор меояд, харбузаю хиёр меояд» шабоҳат дорад. Яъне, «тими хоинони миллаташ» умед доранд, ки баҳори онҳо дубора барояшон рӯ метобаду аз меваҳои он лаззат мебаранд. Лекин ин орзуяшон дигар ҳеҷ гоҳ ҷомаи амал намепӯшад.

Муҳтавои мусоҳиба нишон дод, ки он ба вазъияти кунунии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ягон таъсире нахоҳад дошт. Ҳамон туҳмату буҳтони дур аз ҳақиқат нисбати роҳбарияти давлати тоҷикон, зикри гузоришҳои созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, интихоботи дар пеш истодаи президентӣ ва ғайраву ва ҳоказо, ки ҳамарӯза дастгоҳи таблиғотии мухолифин пахшу паҳн менамояд. Яъне, ҳамон шиорҳои куҳна ба монанди поймолкунии ҳуқуқи инсон, беадолатиҳо нисбати зиндониёни сиёсии наҳзатӣ, натиҷаи интихобот ва масоили дигар.

Пеш аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки тамоми гузоришҳои созмонҳои байналмилалии ба монанди «Экономист», Reporters Without Borders, Хонаи Озодӣ (Фридом Хаус), HRW/HW ва ғайра, ки дар мусоҳиба ба онҳо ишора шудааст, дар асоси факту рақамҳои воқеӣ тартиб дода намешавад. Яқин аст, он манфиати абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавиро ифода менамояд ва бо хадамоти махсуси ин кишварҳо алоқаи зич доранд.

Тӯли солҳои зиёд аст, ки ин абарқудратҳо дар самти ба ном барқароркунии демократия дар кишвари мавриди назар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои геополитикии худро пиёда мекунанд. Аз ин лиҳоз, иттилооту гузоришҳои созмонҳои ба онҳо марбута ғаразнок мебошанд ва характери тавсиявӣ доранд.

Онҳо маводи лозимии бардурӯғро аз мухолифини кишвари мавриди назар мегиранд. Ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз хизмати мухолифини ПМТ истифода менамоянд ва гузоришу ҳисоботашон дар асоси маълумоти онҳо тартиб дода мешавад. Аз ин лиҳоз, чунин санадҳоро Тоҷикистон ба инобат намегираду иҷро ҳам намекунад. Бигзор ҳисоботҳояшонро чоп кардан гиранд.

На танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми халқи тоҷик медонад, ки гунаҳгори асосии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ҳалокати мардум бо теъдоди зиёд мухолифини наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон мебошанд. Ин дар сафҳаи таърихи тоҷикон ҳамчун фоҷиа сабт гардидааст.

Созишномаи умумии сулҳро низ мухолифин вайрон карданд. Зеро, пинҳонӣ даст ба терроризму экстремизм заданд. Мақсади асосии онҳо воқеан ҳам бунёд намудани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Соли 1992 аллакай дар Рашт парчами сабзи исломро боло карда буданд.

Ба ин нигоҳ накарда, маҳз ба туфайли роҳбарияти кишвар ва азму иродаи мардуми шарифи тоҷик сулҳу субот дар Тоҷикистон барқарор аст. Бар хилофи гуфтаи мусоҳиб, дар ин самт Созишномаи мазкур саҳм дошт ва дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи имзо шудани он барои татбиқи чорабиниҳои дар назар гирифташуда иқдоми ҷиддӣ намуд. Ин мухолифин буданд, ки зери пӯшиши санади номбурда мақсадҳои ғаразноки худро пиёда мекарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизми диниро ҳамчун як василаи мубориза бо мухолифин истифода набурдааст. Аъмоли террористии мухолифин исботи худро ёфтааст. А. Назарзода ва роҳбарони зиндонии дигари онҳо наҳзатие буданд, ки даст ба табаддулоти давлатӣ заданд. Ҳодисаи Данғара низ баёнгари воқеии гуфтаҳо мебошад. Бинобар ин асос, инчунин, ҷиҳати пешгирии минбаъда аъмоли террористии наҳзатиҳо, фаъолияти онҳо мамнуъ эълон карда шудааст.

Абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ баҳри пиёда кардани манфиатҳои геополитикиашон аз стандартҳои дугона истифода мебаранд ва дар оянда низ истифода мекунанд. Мухолифин инро дер фаҳмиданд. Вале, онҳо ин равандро наметавонанд боздоранд. Рӯзе расиданаш мумкин, ки онҳо душмани абарқудратҳо мешаванд.

Имрӯз аён аст, ки даъватҳои зиддиҳукуматии мухолифин аз аввал фармоишӣ буданд ва ҳоло ҳам ҳамин тавр аст. Лекин «давидани гӯсола то каҳдон». Рӯзе мешавад, ки наҳзатиҳои қаторӣ инро мефаҳманд. Ҳамаи ин шиору даъватҳо тибқи қонунгузории кишвар ҳамчун хиёнат ба ватан арзёбӣ мегарданд. Метавон гуфт, ки «дафтари аъмоли» мухолифин аз онҳо пур шудааст ва ҷавобашро дар назди мардум ҳатман хоҳанд дод.

Икром НАЗАРОВ,

омӯзгор аз шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here