Мусалламан, низоми давлатдории дунявӣ, ки тайи зиёда аз сад соли ахир дар фазои мамолики мутамаддини ҷаҳонӣ мустақар аст, ба унвони муътадилтарин низоми сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию маданӣ шинохта шуда, аз ҷониби башар мақбул ва писандида шудааст.

Мардуми мутамаддини ҷаҳон ба низоми дунёмадорӣ ё ба истилоҳ, секуляризм одат кардаанд ва муваффақияту комёбиҳои башарро ба ин навъ системаи сиёсӣ ва давлатдорӣ марбут донистаанд. Баръакси ин низом, системаи мудирияти динӣ ва мазҳабӣ (манзур низоми динӣ-мазҳабӣ аст, ки тасаллути ҳукумати динӣ бар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоиро таъмин мекунад), ки феълан дар иддае аз кишварҳо арзи ҳастӣ мекунад, мунҷар ба бурузу ҳузури силсилаи мушкилоти ақидатӣ, фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ дар шууни зиндагӣ гардидааст. Дар ин навъ низомҳо, дин ва мазҳаб дар умури давлатӣ ва иҷтимоӣ дахолат карда, ташкилоту созмонҳои динӣ дар ҳудуди давлат ва ҳукумат аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд. Дар системаи клерикалӣ-динӣ на қонунҳои дунявӣ, балки шаръиёти динӣ ба унвони меъёри сохторӣ ва давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд. Ҳарчанд ки баъзе аз давлатҳои динӣ ва мазҳабӣ худро зоҳиран ба замон ва муқтазиёти замонӣ мутобиқ кардаанд (намояндагони аршади ин навъ ҳукуматҳо либоси муосири аврупоӣ ба бар мекунанд, ба таври мудерн суҳбату муколимот анҷом медиҳанд, дар утоқу офисҳои замонавӣ кору фаъолият менамоянд), ҳоло ин маънои онро надорад, ки ба замон ва ба истилоҳ, модернита (таҷаддуд) гироиш пайдо кардаанд. Мутаассифона, ин қабил давлатмардони низоми сиёсии динӣ ва мазҳабӣ таҷаддудгаройиро ба сифати меъёри зоҳирӣ ва фиребо истифода бурда, дар пасманзари модернита барномарезиҳои вижаи худро амалӣ месозанд. Ин аст, ки набояд фиреби ин тоифа давлатмардонро хӯрд. Албатта, наметавон ба таври мутлақ доварӣ кард, ки ҳамаи давлатмардони низоми сиёсии клерикалӣ мутаассиб ва хушкандешанд ва таҷаддудро ба хотири пардапӯш кардани марому ҳадафҳои сиёсӣ ва идеологӣ сӯйистифода мебаранд. Дар миёни онҳо шахсиятҳои биниши дунявидошта кам нестанд, вале, мутаассифона, дар назорату тобеияти низом ва системаи мазҳабӣ қарор доранд ва хоҳу нохоҳ вобастаи идеологияи ҳукмрон мегарданд.

Тавре дар ибтидои матлаб таъкид кардем, дар муқобили системаи динӣ ва клерикалӣ низоми сиёсии дунявӣ қарор дорад. Ба хонандагони арҷманд маълум аст, ки дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно корбаст шудааст: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ, дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва севум, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин тариқ, секуляризм ё дунявият чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан ва аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад. Клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ далолат карда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро ифода менамояд, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад), моҳиятан дар муқобили секуляризм қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун фактор ва омили давлатсозӣ сарфи назар мекунад ва тавассути роҳандозӣ намудани тадобири муассири давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ сатҳи огоҳиҳои мардумиро боло бурда, ҳузуру нуфузи чашмгири ҷомеи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданиро дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъмин мекунад. Барои сарфи назар кардани ҳузуру нуфузи ниҳодҳои динӣ ва мазҳабӣ дар умури давлатӣ давлат ва ҳукумати дунявӣ далелҳо дорад ва давлатмардони низоми давлатдории дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонанд, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару масҷид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дунбол мекунанд. Чуноне ки болотар ишора рафт, аксари кулли мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ-дунявӣ умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи урупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.

Аз таърих медонем, ки ба сабаби камогоҳӣ ва ҷаҳолатпарастӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои миёна хирадситезӣ дар фазою муҳити иҷтимоӣ ҳукмфармо буд. Хирадситезӣ ибтидо дар маркази хилофати динӣ — Бағдод рӯйи кор омада, минбаъд Ғазнавиёну Салҷуқиён ва дигар сулолаҳои туркӣ-муғулӣ онро идома доданд. Таърихи иҷтимоии кишварҳои исломӣ баёнгари он аст, ки давлат ва ҷомеаҳои исломӣ, аксаран дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштанд. Ба унвони намуна метавон гуфтаи сайёҳи франсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро ин тавр ироа кардааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунонки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад».

Вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ-теократиро рӯшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери чатри низоми динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гуруҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷавомеи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Гузашта аз ин, дар муддати сесад соли ахир ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ гирифтор шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби хадамотҳои махсуси ғарбӣ мудохилакорӣ дар умури сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мусулмонӣ) ва сардамдорони динӣ ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва суннати динӣ дарёфта, дар ин замина роҳи ҳалли мушкилоти печидаи диниро дар бозгашт ба «исломи ноб» талаққӣ намудаанд (мутаассифона, ин андеша имрӯз ҳам мадди назари раҳбарони созмонҳои сиррӣ ва ҳаракатҳои радикалии исломӣ қарор дорад), ки роҳи ифротишавӣ ва тундгаройии диниро барои насли ҷавон ҳамвор сохт.

Хушбахтона, давлати мо зиёда аз 28 сол боз ба сӯйи низоми давлатдории дунявӣ раҳсипор аст ва мардуми тоҷик аз ин интихоби дурусту мантиқӣ зарар надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ҷониби фатҳи қуллаҳои истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ ҳаракат мекунад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмуъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон, беҳудуд ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар шароити ибодат, фароғату истироҳат ва шуғлу таҳсил таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни табақаҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, бовармандони динӣ ва ҳаводорони созмонҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоваранд.

Ҳамин тариқ, интихоб намудани низом ва системаи давлатдории дунявӣ қадами аввал ва нахуст аст дар ҷодаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумимиллӣ ва башарӣ. Қадамҳои баъдӣ саъю талоши фаровон варзидан дар роҳи татбиқи барнома ва стратегияҳои давлатӣ мебошад, ки бар мабнои ҳамзистӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ устувор шудаанд. Албатта, барои ба ин дараҷаи рушду тараққӣ расидан зиёд заҳмат кашидан золим аст. Ин аст, ки давлат дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ки дар қолабҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ инсиҷом меёбанд, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва аҳолӣ иқдом меварзад. Аз тарафи дигар, тағйироти сифатӣ ва таҳаввулоти фикрию маданӣ аслу моҳияти низоми давлатдории дунявиро ташкил медиҳад ва бо боло рафтани сатҳи дониш ва беҳтар шудани сифати огоҳиҳои мардумӣ ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии насли наврасу ҷавони ҷомеаҳо ташаккул меёбад.

Н. НУРОВ,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here