Дар Хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А. Назирови ноҳияи Файзобод, дақиқтараш, дар деҳаи Фатҳобод солҳои қаблӣ 1 гектар боғоти ҳосилхези себи хубонӣ ҷойгир буд, ки соле ба ҳисоби миёна зиёда аз 80 тонна себи хубонӣ медоду дастурхони аҳолиро ғанӣ мегардонд.

Собиқ раиси Кумитаи заминсозии ноҳия Илҳом Ҳасанов барои бунёди манзили истиқоматӣ ба 3-4 нафар аз боғоти 1-гектара замин ҷудо карда, сертификат додааст, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Нафароне, ки аз овардани ному насабашон худдорӣ мекунам, дар майдони зиёда аз 0,20 га ниҳолҳои себи ҳосидеҳро бурида решакан карданд, ки раҳми кас меояд.
Агар масъулони Кумитаи заминсозӣ ва нафароне, ки барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ себҳоро решакан карданд, як ниҳол мешинонданду ба воя мерасониданд, шояд дилашон месӯхту мақоли «тарбурӣ — сарбурӣ»-ро амалӣ намекарданд.
Паранда бо умед лона месозаду фарзанд ба дунё меорад. Деҳқон ниҳол мешинонаду онро ба воя мерасонад, то ниҳолаш бор ораду мардум ком ширин кунанд. Агар лонаи парандаро вайрон кунем, дарахтони ҳосилдеҳро бурида партоем, на Худо мебахшаду на бандааш.
Наход нисбати себҳои хубонӣ ин қадар бераҳмӣ кунем!?…

Додои ҲАҚҶӮЙ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here