Ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзода,

Ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники милитсия, мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

Як қабил одамоне, ки маконеро обод кардан намехоҳанд, ҳамеша ба порчаи замини нафари дигар чашм ало карда, мехоҳанд онро соҳиб шаванд. Дар роҳи расидан ба мақсади худ, яъне барои соҳиб шудан ба порчаи замини як меҳнатдӯсти дигар, аз ягон амал рӯй намегардонанд. Он чи ки дар зер зикр мегардад, бозгӯи ин гуфтаҳост. 

Ба самъи Шумо мерасонем, ки зиёда аз ду сол инҷониб, масъулини прокуратура ва  муфаттиши ШВКД-и ноҳияи Зафаробод ду ҳалномаи қувваи қонунӣ пайдо кардаи Суди иқтисодии вилояти Суғд ва қарорҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намекунанд.

Бояд гуфт, ки ман, Даминов Мамадкарим солҳои тӯлонӣ бо меҳнати ҳалол  замини бекорхобидаро ҳамроҳ бо аъзоёни бригадаам обод карда, ҳосили хуб мерӯёнидем. Вале ин пешравии мо ба гурӯҳе, аз ҷумла ҳамсояамон, аъзоёни оилаи Муродовҳо  писанд наомад. Номбурдаҳо, гӯё оромии моро нахоста бошанд, ки моро ба гирдоби тӯҳмат гӯтавар гардониданд. Муродов Ғулом бо се нафар пайвандонаш, ки бо хоҳиши худ соли 2008 аз ҷониби хоҳарони дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шавҳар баромадааш, ки ҳамчунин шаҳрвандии Ӯзбекистонро низ доранд, ва Муродов Алишер, раиси собиқи хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо», ки соли 2006 вафот кардааст, қарори ғайриқонунӣ ва қалбакӣ омода намуда, имзои онҳоро гирифта, бо замимаи сертификати аслӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба Кумитаи замини ноҳияи Зафаробод пешниҳод кардааст.

Онҳо иддао аз он кардаанд, ки  гӯё Даминовҳо заминҳои худро ба иҷора додаанд. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2009 бо Қарори Раиси ноҳия ин замин аз фонди махсуси МИҲД-и ноҳия  ба истифодаи мо дода шудааст.

Бояд гуфт, ки аъзоёни собиқи хоҷагии деҳқонии «Орзу-2, 4, 5, 6, 7» соли 2008 бо сабаби истифода карда натавонистани заминашон, аз истифодаи он ихтиёран даст кашида буданд.  Баъди 9 соли истифода бурдани замин ва ободу ҳосилхез гардонидани он, нафароне пайдо шуданд, ки ба ҳар роҳу восита ин заминҳоро ба даст овардан мехостанд. Номбурдаҳо мехоҳанд қарорҳои раиси собиқи ноҳияи Зафарободро аз солҳои 2008 ва 2009 бекор карда, заминеро, ки аз истифодаи он даст кашида буданд, соҳиб шаванд.

17 марти соли 2018 муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Зафаробод  Ф. Қурбонов ғайриқонунӣ маро ба шӯъба бурда, нисбатам  тибқи моддаи 340 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд ва баъдан бо сабаби гузаштани мӯҳлаташ онро қатъ кард. Аз амали муфаттиш ба Прокуратураи вилоятӣ муроҷиат намудам. Қарори мазкур дар асоси шикояти ман, санаи 11 июни соли 2018 аз ҷониби масъулини прокуратураи вилояти Суғд бекор карда шуда, ба тафтиши иловагӣ ирсол гашт.

7 июли соли 2018 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Зафаробод И.Усмонзода қарори аз  прокуратураи вилоят ирсол шударо дуруст баррасӣ накард. Заминхоҳон бо ҳамаи ин қаноат накарда, тӯҳмати нав фикр карда бароварданд. Аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо» бардуруғ иброз намуданд, ки гӯё аз соли 2008 то соли 2016 замини мазкур дар истифодаи онҳо қарор дошта буд. Нисбати мо арзу шикояти беасос намуданд. Муфаттишони милитсия ва прокуратураи маҳал, дар асоси шикоятҳои бофтаю сохтаи онҳо нисбати оилаҳоямон тибқи моддаҳои 334 қисми 2 ва 247 қисми 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.

Зиёда аз 2 сол аст, ки баҳс оиди қарорҳои маҷлиси умумии собиқ хоҷагии деҳқонии «Орзу» дар судҳои иқтисодӣ мавриди қарор дорад. Маълум гашт, ки бо хоҳиши шахсии аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо», Муродов Ғулом ҳамаи ҳуҷҷатҳоро «Дар бораи қатъи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ» тартиб дода, ба Кумитаи идораи замин пешниҳод кардааст. Дар ин бора ду ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда бошад ҳам, оташи дили аризадиҳанда Муродов Ғулом таскин наёфт Вай ду маротиба дар мурофиаи Суди иқтисодии вилояти Суғд иброз намуд, ки имзоҳои дар қарор бударо худаш гузоштааст. Вай дар суд, назди адвокаташ ба гуноҳаш иқрор шуд, вале чанде пас боз ба дурӯғгӯиву бӯҳтоннавозӣ машғул шуда, дигаронро ба иштибоҳ гирифтор намуд.

Дар ин муддат вай бо моддаи 244 (дуздӣ) КҶ ҶТ нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд, вале чор сол пас дар асоси қонуни авф озод шуда бошад ҳам, рафтору кирдораш дигар нашуд. 

Дар як пурсуҷӯ, худи ӯ иқрор шуд, ки «бо қарори маҷлис имзоро ман гузоштам» ва ҷои дигар гуфта буд, ки Даминов Акмал ҳуҷҷатҳоро оварду вай имзо гузошт. Соли 2017 бошад, ба ҷойи ман додарам, Даминов Зафарро гунаҳкор хонд ва соли 2018, дар пурсуҷӯи сеюм, Даминов Мамадкаримро дар ин кор айбдор хонд. Ин  нишондоди вайро муфаттишон ба инобат нагирифта, ман, Мамадкарим ва Зафарро ғайриқонунӣ тибқи моддаи 340 КҶ ҶТ айбдор хонданд. Дар асл мо, Даминовҳо ягон гуноҳ надорем. Бояд таъқид кард, ки оилаи Муродовҳо соли 2008 аз ташкилотҳои қарздиҳанда маблағҳои ҳангуфтро гирифта, барои ба амал овардани манфиатҳои худ истифода карданд. Баъди тамом шудани маблағи мазкур ба замин «часпиданд».

Моҳи марти  соли 2018 тибқи қарори суди иқтисодӣ истифодаи қитъаи замини мазкур ба зиммаи мо гузашт ва нисбати раиси ноҳияи Зафаробод, барои роҳ додан ба хатогиҳои ҷиддӣ, суд таъиноти хусусӣ баровард. 17 марти соли 2018 ман, Даминов Мамадкарим дар ҳолате, ки гирифтори бемории фишорбаландӣ будам, нозири минтақа бо супориши муфаттиш Қурбонов наздам омад ва бо таҳдид гуфт: «шуморо сардор даъват мекунад, сабабашро намедонам» ва бо вуҷуди бемор буданам, маро  ба шӯъба бурд.

Нозири минтақа аризаи худиқрории пешакӣ тартиб додаашро наздам гузошта, талаб кард, ки имзо гузорам. Мехостанд, кореро, ки асло накардаам ба душ гирам. Нисбати ман парванда оғоз намуда, баъдан бо сабаби гузаштани мӯҳлаташ онро қатъ карданд. Аммо масъулини прокуратураи ноҳияи Зафаробод қонуншикании муфаттишро ба назар нагирифтанд. Муфаттиш ба ҳуҷҷатҳои нозироти андоз ҳам баҳои ҳуқуқӣ надод. Вай ба инобат нагирифт, ки Муродовҳо шартномаи ба иҷора додани заминро надоранд ва гуфтаҳои онҳо бофтаю сохта мебошанд. Ин дар ҳолест, ки 8 сол инҷониб хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо» дар нозироти андози ноҳия қайд нашудааст. Наход инро касе дарк накарда бошад. 

Куҷост мантиқ ва тарозуи адолат? 

Бо қарори раиси ноҳияи Зафаробод аз 13 июли соли 2009 дар асоси моддаҳои 7, 12 ва 66-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо пешниҳоди кумитаи заминсозии ноҳия, таҳти рақами 235 аз 3 апрели соли 2009 ба хоҷагии амалкунандаи «Меҳнат», ки вазифаи раисашро Даминов Мамадкарим ба ӯҳда дорад, барои кишоварзӣ 7 гектар ( замини х/д «Орзу» дасткашида)-ро ба истифодаи якумраи хоҷагии деҳқонии »Меҳнат» гузаронд.

Соли 2014 хоҷагии деҳқонии «Меҳнат» дар баробари ду хоҷагии деҳқонии «Даминбобо» ва «Даминбобо-1» таъсис дода шуд.

Муфаттишони ШВКД ва прокуратураи ноҳияи Зафаробод намедонем бо кадом сабаб, саҳми  саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо», ки аз соли 2008 заминашонро ба мақомоти иҷроия супоридаанд ва аз дигар ҷой бо замин таъмин гаштаанд, ба инобат намегиранд. Охир, қариб ҳамаи онҳо ду саҳмӣ замин доранд, ҳатто хоҳароне, ки шаҳрвандии Ӯзбекистонро доранд ва бародари вафоткардаашон низ соҳиби заминанд. 

Мувофиқи маълумотномаҳои ҷамоати деҳот ва кумитаи маҳалла муайян гардид, ки соли 2008 аъзои оилаи Муродовҳо қитъаи заминро самаранок истифода набурда, онро ба алафзор мубаддал гардониданд. Тафтиши муфаттишон гувоҳӣ аз он аст, ки онҳо ба ин ҷиҳати масъала баҳои ҳуқуқӣ надоданд, баракс, собиқ аъзои х\д «Орзу» Муродов Ғуломро дастгирӣ мекунанд. Аҷаб ба назар мерасад: Муфаттишон нишондоди Муродовҳоро бо ҳарфҳои «заррин» менависанд, вале гуфтаҳои мо, андешаҳои мо барои онҳо заррае аҳамият надорад. Чанд нафари дигареро, ки Муродов назди муфаттишон овардааст, аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Барои мисол,  Акмал Ҳоҷимуродов -корманди бонк, Раҳматбой  Гадоев — мутахассиси идораи замин, Худойдод Абдуназаров — мутахассиси заминсозии ҷамоати Х. Алиев. Номбурдаҳо баёноти қаблан дар суд додаи худро иваз намуда, нишондоди бардурӯғ доданд.

Аз ин дарҳамбарҳамии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мо, аллакай дилгир шудаем. 

Ба поси арзишҳои демократӣ, ба поси адлу инсоф, хоҳишмандем, ки

маводро барои идомаи баҳс ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол намоед ва аз прокуратураи ноҳияи Зафаробод парвандаи ҷиноятии № 24315-ро гирифта, ба истеҳсолоти Прокуратураи  вилояти Суғд диҳед. 

 

Зафар Даминов -раиси хоҷагӣ,

Мамадкарим Даминов — аъзои хоҷагӣ ноҳияи Зафаробод

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here