(Ё чӣ тавр 0,4 сотих замин 0,66 сотих шуд?

 

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон

Пешвои муаззами миллати мо! Ҷаноби олӣ!

 Ба Шумо маълум менамоям, ки дар муддати 10 сол 4 нома ба Дастгоҳи иҷроияи Президент навиштам. Супориши хаттии фиристодаи Дастгоҳи иҷроия ба мақомоти вилоятӣ ва ноҳиявӣ зина ба зина омада расиданд. Вале дар мақомоти сатҳи ноҳия ва минтақа аризаро насанҷида, рӯякӣ барои ман ва ба суроғаи Дастгоҳи иҷроия фиристоданд. Ба чор мактуби навиштаам як ҷавоби нусхабардоришударо ба такрор навишта фиристодаанд. Ҳам ба суроғаи ман ва ҳам ба суроғаи Дастгоҳи иҷроия. Ба Прокуратураи генералӣ низ 7 мактуб навиштам, ки оид ба одилона санҷидани арзи банда буд. Боз ҳам ҷавоби носанҷидаро фиристоданд. 3 нома ба номи Раиси вилоят навиштам, ки ба он ҳам ҷавоби маро қонеъкунанда надоданд. 

Аз ин сабаб, маҷбур шудам ин маротиба ба номи Шумо тариқи рӯзнома арзи худро расонам. Ҷаноби олӣ, ба Шумо боварӣ дорам ва ягона умедам аз Худо ва баъдан аз Шумо аст.

Раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода ба 7 номаи навиштаи банда ягон посухи қаноатбахшкунанда надодааст. Қарори баровардаи ҷамоати деҳоти Гулистон оид ба заминҳои наздиҳавлигии 7 нафараи сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон, аз соли 1999, бояд дар бойгонии ҷамоат маҳфуз мебуд. 11 сол аст, ки мо онро суроғ мекунем, вале он беасос нобуд карда шудааст. Дар посухҳои Раиси ноҳия омадааст, ки қарор дар бойгонии ҷамоат нест, балки дар бойгонии шаҳри Кӯлоб аст. Мо ба бойгонии шаҳри Кӯлоб рафта дидем ва ҷавоби хаттӣ гирифтем, ки дар бойгонии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб қарори лозима нест.

Бо арзи эҳтиром аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба мо ҷиҳати барқарор намудани адолати судӣ кӯмак намоед. Ҳалномаи судие, ки суди ноҳияи Восеъ оид ба даъвои даъвогаре, аз замини наздиҳавлигии мо, ки дар он хонаи истиқоматиамон ҳаст ва солҳои зиёде зиндагӣ дорем, кӯмак намоед, зеро, ки ҳукм бо якчанд далелҳои қотеъ, ки дар поён қайд карда мешаванд, ғайриобъективӣ ба манфиати даъвогар бароварда шудааст.

Нафари даъвои заминдошта, як нуқтаи фурӯши сӯзишвориро, ки замони давлатӣ буданаш ҳамагӣ ду колонкаи бензинрезии сайёр, як вагон ва 4 сотих замин дошт, пас аз шахсӣ кардан бо роҳи ғайриқонунӣ васеъ карда, барои 66 сотих замин сертификати шубҳанок гирифтааст. Дар сертификат санаи мушаххаси додани он нишон дода нашудааст. Сертификати мазкур таҳти №101А дар Кумитаи замин ба қайд гирифта шудааст ва Суди ноҳияи Восеъ маҳз ҳамин рақами қайдро асоснок намуда, ҳалномаи нодуруст баровард. Суди кассатсионӣ инро бетағир мононд, дар ҳоле, ки ин рақам, яъне №101А на дар китоби бақайдгирии шӯъбаи Кумитаи замин дар ноҳияи Восеъ ва на дар китоби бақайдгирии Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ сабт нашудааст. Дар бойгонии ин мақомот низ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда нест. Мутаасифона, суд ин сертификати шубҳанокро асоснок намуда, ҳалномаро ба манфиати онҳо баровард. Ягон далели пешниҳоднамудаи маро ба инобат нагирифт. На суди ноҳия ва на суди кассатсионӣ китоби бақайдгирии кумитаҳои замини ноҳияву ҷумҳуриро набардошт ва талаб нанамуд, ки қонунӣ будани ин сертификат исбот карда шавад.

Ҳангоми хусусӣ кардани нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва «зиёд» шудани замини он, ҳамчунин дар ҳуҷҷатҳои таркиби парванда шубҳаҳо ва қонуншиканиҳо ҷой дорад. Бояд гуфт, ки аслан замини маҳалларо чен накарда, барои 66 сотих замин сертификат кардаанд. Аҳли маҳалла ёд надорад, ки касе заминро чен карда бошад. Ҳуҷҷатҳои зиёд, аз қабили ҳуҷҷатҳои пеш аз ғайридавлатӣ кардан, бо нишон додани масоҳати қитъаи замини пешина, эълони музояда ва протоколи он, ҳуҷҷати савдои нархпайдошавӣ дар рафти музояда нест.

Мувофиқи гувоҳнома ва саҳмияҳои директори Базаи нафти ноҳияи Восеъ (ҳозира АООТ «Искандар») Амиров Қувват, ки ҳоло ҳам соҳибмулки ин муассиса мебошаду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҷузъи ин муассиса буд, соли 2001 муассисаи мазкур ғайридавлатӣ карда шуд. Соли 2009 бо тартиб додани санади «супоридану қабул» муассиса пурра ба ӯ, яъне Амиров Қ. тааллуқ дошта, ӯ дар гувоҳномааш мегӯяд, ки нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ҳеҷ гоҳ нафурӯхтааст. Пас бо кадом роҳ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ шахсӣ карда шудааст?

Гузашта аз ин, дар харитаи замини Хоҷагии деҳқонии «Ҳулбук» қитъаи замини фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва истгоҳи хусусигардонидаи шаҳрванд Бобоев У. 0.66 га дарҷ шудааст, ки ин бо харитаи «Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои истифодабарии меросии якумра», ки харитаи асосии Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониба ПДА «Тоҷикзаминсоз»-экспедитсияи заминсозӣ тартиб дода шудааст, мувофиқат намекунад. Қитъаи замини баҳсӣ дар харитаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳамчун маҳалли аҳолинишин нишон дода шудааст. Дар харитаи кумитаи замини ноҳия низ маҳалли аҳолинишин нишон дода шудааст.

Далелҳои қатъӣ аз мақомоти ҳукуматӣ дорам, ки мувофиқи он ҳуҷҷатҳо ва сертификати замини 66 сотихаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ғайриқонунӣ ба шумор мераванд.

Мувофиқи мактуби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2/8-02-55 аз 20.10.2017с. ва маълумотҳои бойгонии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» то имрӯз ягон шахси воқеӣ барои истифодабарии нуқтаи сӯзишвории мазкур дар деҳаи Гулистони ноҳия Восеъ ва барои бо тартиби муқарарнамуда ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, муроҷиат накардааст. КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и минтақаи Кӯлоб низ дар мактубаш таҳти №257 аз 10.10.2017с. қайд намудааст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ объекти мазкур дар корхона ба қайд гирифта нашудааст. КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Восеъ дар мактубаш таҳти №1-26 15.02.2018с. зикр намудааст, ки сертификати 66 сотих замин таҳти №101а  ба номи Бобоев У. дар китоби бақайдгирии сертификатҳои Кумитаи замин ва КДФ-и ноҳияи Восеъ ба қайд гирифта нашудааст ва нусхаи Протоколи қитъаи замини Бобоев У. дар бойгонӣ вуҷуд надорад. Ин далелҳои қотеъ басанда аст, ки сертификати №101а ба номи Бобоев У. барои 66 сотих замин ғайриқонунӣ шуморида шавад.

Ман ба ҳуҷҷатгузории нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кор надорам, ин кори мақомоти давлатӣ аст. Гап сари он аст, ки соҳиби ин нуқтаи сӯзишворӣ заминҳои маро якҷо бо хонаи истиқоматиам «забт» карда, мувофиқи санад оид ба вобаста намудани қитъаи замин барои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ соли 2005 сертификат кардааст. Дар ҳоле, ки хонаи мо бо ҳудуду деворҳояш аз соли 1999 арзи ҳастӣ дорад.

Яке аз далелҳои дигар он аст, ки давоми солҳои зиёд онҳо боре ҳам барои 66 сотих замин андоз насупоридаанд ва ягон расиди супоридани маблағи андоз надоранд. Онҳо гӯё, ки ин объектро ба маблағи 20000 харидаанд, агар чунин аст, бигзор расиди боҷи давлатиро пешниҳод намоянд. Тамоми деҳа медонад, ки ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз худи онҳо буд ва барои хок пошидан дар чашми судҳо ҳуҷҷати хариду фурӯш омода намудаанд. Худи гӯё фурӯшанда Бобоев Пайрав гуфт, ки ба ивази нуқтаи сӯзишворӣ бо 66 сотих заминаш аз касе маблағ нагирифтааст. Чаро Бобоев П.-ро ба суд даъват карда, намепурсанд?

Мо аз соли сохтани хонаи истиқоматӣ ва гирифтани сертификат андози заминро сари вақт месупорем. Нусхаи расиди супоридани маблағи андоз ва маълумотнома дар бораи қарздор набуданро дар даст дорем.

Оне, ки онҳо андози замини 66 сотихаро боре ҳам насупоридаанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин қитъаи замин ҳеҷ гоҳ ба онҳо тааллуқ надошт.

Ёдовар мешавам, ки мо қитъаи замини наздиҳавлигиро дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда — ариза оиди ба мо ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ барои сохтани хонаи истиқоматӣ ба унвони роҳбарияти собиқ «Хоҷагии ба номи М.Маҳмадалиев», (баъдан «Хоҷагии деҳқонии «Ҳулбук» ном гирифт) аз таърихи 20.09.1999с. ҳамчун саҳмдорони ҳамин хоҷагӣ гирифта будем. Дар асоси ҳамин аризаамон намояндаи хоҷагии мазкур омада, ба мо хоҷагидорон иборат аз 7 нафар аз 8 то 12 сотихӣ заминро ҷудо карда дод ва сипас кумитаи замини ноҳия парвандаи замин ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро омода намуд. Аз ҳамон вақт сар карда, ман Иброҳимов Ҷ. ва хоҳарам Боймуродова О. бо аҳли оилаамон дар ҳамин замин, аз соли 1999 хонаи истиқоматӣ сохта, зиндагӣ дорем. Мутаасифона ин дар ҳалномаи судӣ қайд нашудааст. Далели барои мо ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани манзили истиқоматиро Раиси ҷамоати деҳоти Гулистон дар ҷавоби мактуби ман соли 2018 дар мактубаш таҳти №1/139 аз 14.03.2018 с. тасдиқ намудааст.

Сипас дар асоси ҳамин Қарори хоҷагӣ соли 2007 тибқи Қарори ҷамоъати деҳоти Гулистон таҳти №129 аз 13.07.2007с. ба мо (Иброҳимов Ф. ва Боймуродова О.) сертификати ҳуқуқи истифодабарии меросии якумраи замин ба миқдори 12 сотихӣ ба ҳар кадом доданд, ки ин дар китоби бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замини Кумитаи замини ноҳия таҳти № 6536 ва № 6537 ба қайд гирифта шудааст. Ҳуҷҷатҳои номбаркардашуда дар «Парвандаи замин»-и мо М3-2559 аз соли 2005 инҷониб дар бойгонии Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 19805 маҳфуз аст. Нақшаи замине, ки кумитаи замини ноҳия барои мо ҷудо кардааст дар харитаи заминсозӣ нишон дода шудааст ва он бо харитаи «Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои истифодабарии меросии якумра», ки харитаи асосии Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ПДА «Тоҷикзаминсоз»-экспедитсияи заминсозӣ тартиб додааст, пурра мувофиқат мекунад. Қитъаи замини баҳсӣ дар харитаи ҷумҳуриявӣ ҳамчун заминҳои истифодабарии меросии якумраи аҳолинишин нишон дода шудааст. Дар харитаи кумитаи заминсозии ноҳия низ қитъаҳои замини мо дуруст нишон дода шудаанд, ки бо харитаи ҷумҳуривӣ мувофиқат менамояд.

Қайд кардан зарур аст, ки қариб нисфи 66 сотих замини ба таври шубҳаовар сертификаткарда аз ҳисоби заминҳои ҳамшафати шоҳроҳи нақлиётгарди ҷумҳурӣ мебошад, ки  ин худ мухолифи Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти №214 аз 6 майи соли 2006 мебошад. Инро ҳам суд ба назар нагирифт, ҳарчанд ман инро хаттӣ ба суд пешниҳод намудам. Мувофиқи ин қарор паҳноии 25 метр аз роҳ бояд ҳамчун минтақаи ҳифзшавандаи ҳамшафати роҳ дар тавозуни Вазорати нақлиёти ҶТ бошад, аммо онҳо бе  ягон асос то шоҳроҳи автомобилгард ба сертификат даровардаанд. Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки дар замони шуравӣ ҳамагӣ 4 сотих буд, аз ҳисоби заминҳои аҳолинишини ҷамоати деҳот ва заминҳои ҳамшафати шоҳроҳи автомобилгард бе розигии Вазорати нақлиёти ҶТ 66 сотих карда шудааст.

Хоҳиш менамоям, ки аз мақомотҳои дахлдор ҳамаи ҳуҷҷатҳои ибтидоии ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, яъне ҳуҷҷатҳои пеш аз хусусигардониро дастрас ва пешниҳод намоянд. Дар он ҳуҷҷатҳо масоҳати аслии замини нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дарҷ шудааст. Қарори раиси ноҳия таҳти №182 аз 20.10.1997с. барои ғайридавлатӣ гардонидани якчанд муассисаву идораҳои умумии техникии худи ноҳия аст, на барои ғасби заминҳои аҳолинишини хоҷагии ҷамоат. Онҳо ҳамин Қарори раиси ноҳияро истифода намуда, қонуншиканиҳои зиёде намудаанд.

Сертификатҳои моро суди ноҳияи Восеъ ҷиҳати аслӣ буданаш ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи ҶТ фиристод ва баъд аз гузаронидани экспертиза Маркази мазкур тибқи хулосаи ташхисӣ комплексии судӣ — техникии ҳуҷҷатҳо, таҳти №-01-02-3288/2016, аз 17 октябри соли 2016, аслӣ ва ҳақиқӣ будани сертификатҳои моро тасдиқ намуд.

Инчунин, дуруст будани сертификатҳои моро Кумитаи замини ҶТ бо ирсоли мактуб тасдиқ намудааст.

Аммо суди ноҳияи Восеъ ноадолатона дар «Ҳалномаи судӣ»-и худ сертификатҳои моро беэътибор донист. Мо ин ҳалномаро ноадолатона меҳисобем ва бо он розӣ нестем. Ҳуқуқҳои мо дар вақти баррасии парвандаи шаҳрвандӣ поймол шуда, раискунанда намегузошт, ки озодона баромад кунем, ба тарафҳо саволҳо диҳем. Саволу ҷавобҳои моро дар протоколи маҷлиси судӣ ба пуррагӣ қайд накарданд. Раискунанда яктарафа амал кард ва танҳо нишондоди намояндаи даъвогарро ба инобат гирифта, баррасии парвандаро пеш бурд. Инчунин, дар мурофиа аз кумитаи замини ноҳия ҳамчун намоянда шахсеро даъват карданд, ки оид ба ин қитъаи замин чизеро намедонад ва ба иқрори худаш, дар он ҷо ягон бор  набудааст.

Вақте мо ба суди кассатсионӣ муроҷиат намудаем, он низ ҳамагӣ як бор моро даъват намуда, дар 25-30 дақиқа корашро анҷом дод ва ба мо эътибор ҳам надода, қайд намуд, ки баъди баровардани қарор ҳукмашро хаттӣ пешниҳод менамояд.

Баъдан маълум шуд, ки дар ҳарду марҳила ҳукмро бетағйир монондааст. Суди вилоятӣ низ ба доди мо нарасида, ҳукмро бетағйир мононд.

Ҳамин бедодгариҳо сабаб шуд, ки ба Шумо – Ҷаноби олӣ, бо умед муроҷиат намуда истодаем.

Пешвои муаззами миллат, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки барои барқарор намудани адолат кӯмак намоед.

Далел ва ҳуҷҷатҳои лозимаро дар даст дорам ва ҳангоми лозим шудан пешниҳод хоҳам кард.

Бо эҳтиром,

Иброҳимов Ҷ.Б., 

сокини ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Гулистон,

 деҳаи Гулистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here