Дар деҳаи Хоҷа Обигарм таваллуд шуда, ба воя расидам. Соли 1977 ман ба Ҷабборов Ширин, ки бо роҳхати Вазорати тандурустӣ баъди хатми донишгоҳи тиббӣ ба осоишгоҳ ба кор омада буд, ба шавҳар баромадам. Соҳиби чор фарзанд шудем. Зиндагиамон ширин мегузашт. Вале ба ҳамаи ин чашм расид магар, ки баъди 8 соли зиндагиамон  рӯзҳои сиёҳи ман сар шуданд. 

Соли 1985 аввал модарам баъди бемории дарозмуддат дар синни 47-солагӣ аз дунё даргузашт. Чор фарзанди ӯ дар тарбияи ман монд. Соли 1986 бошад, дар вақти кор шавҳари маро Норов Раҳматулло, ки ронандаи осоишгоҳ буд, бо автобусаш пахш карда, кушт. Ман аз ин ба тамоми даргоҳҳо шикоят бурдам, вале ба доди ман касе нарасид. Ба тақдир тан додаму шукри фарзандонамро кардам. Ҳамаи ин солҳо мо дар хонае зиндагӣ мекардем, ки онро соли 1977 ба ману шавҳарам ҳамчун ба оилаи навбунёд дода буданд.

Пагоҳии 12 марти соли 1992 фарзандамро ба мактаб гуселонида, худам бо ҳамроҳии бародарам ба Душанбе барои дар беморхона хобида табобат гирифтан рафтам, зеро аз ғаму дард ба бемории асабу ҷоғар гирифтор шуда будам. Нисфирӯзии ҳамон рӯз ронандаи мошини сардухтури осоишгоҳ Назаров Саидалӣ бо ҳамроҳии писарамакам Беков Зиёдулло ба назди ман омада гуфтанд, ки бибиат вафот кардаасту рафтанат даркор ва рост маро ба хонаам оварданд. Дар хона маълум шуд, ки фарзанди калониам-Рустамҷонро Одинаев Аслам дар вақти дарси иловагӣ бо мушт ба сараш зада, куштааст. Ман аз ин мусибат низ ба суди ноҳияи Варзоб шикоят овардам, вале суд ҳалнома баровард, ки писари ман дору хӯрда нобуд шудааст. Дар натиҷа асли воқеаро аниқ накарданду аз Одинаев Аслам 30 сӯм ҷарима ситониданду халос. Ман аз ин қарори суд ба Суди олӣ шикоят бурдам.Вале он баррасӣ нагардид. Дар ин мусибат низ аз шикоятҳои ман хақ ба ҳақдор нарасиду ман аз тарсу ҳароси Норов Р. ва Одинаев А. Ба шаҳри Душанбе кӯчида омадам. Иҷоранишин шудам. Дар хонаам бошад, бародарам Беков Тағоймуродро бо аҳли оилааш шинондам. Аз баски завҷаи бародарам русзабон буд, онҳо соли 1996 ба Русия кӯчида рафтанд. Ман хонаамро ягон кас аз худ накунад гуфта, дар он писари тағоям Сангов Шамсиддинро шинондам. 

Вале гоҳе омада, хонаро хабар мегирифтам. 12 марти ҳар сол ёдбуди писарамро  дар ҳамин ҷо мегузаронидам. Якуми октябри соли 2006 ба сарам боз мусибат омад. Фарзанди дувумам-Дилафрӯз аз бемории вазнин оламро тарк карду ду фарзанди хурдсолаш ба ман монд. Чӣ кор кунам, дар тақдирам як умр фақат сағирапарварӣ будааст.

Баъди ин мусибат ман дар Душанбе истода натавонистам ва хостам ба зодгоҳам баргардам. Дар ҳамин вақт фарзанди савумам-Манижаро, ки касби падарро интихоб карда буд, баъди хатми донишгоҳи тиббӣ бо роҳҳат ба ҷои истиқомат (ӯ дар қайди ҳамон хона аст), яъне бо осоишгоҳи Хоҷа Оби гарм барои кор фиристоданд. Ман аз писари тағоям Шамсиддин хоҳиш кардам, ки хонаро холӣ кунад, зеро акнун мо худ дар он ҷо зиндагӣ хоҳем кард. Вале ӯ ба ман хабар дод, ки хона хонаи ӯст, зеро хонаро харидааст ва дар қайди он низ ҳаст. Ман ба назди сардухтури осоишгоҳ Қосимова Чоригул рафтам . Ӯ дар назди коргарони он ҷо Т Ғафуров ва М. Баҳриддинов ба ман гуфт, ки ба суд муроҷиат кунам.

Ман ҳамин тавр низ кардам. Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҳмудов Зубайд аризаи маро баррасӣ карда, 12 июни соли 2008 қарорро ғайримунсифона ба фоидаи писари тағоям баровард. 16 июни соли 2008 ман бо аризаи кассатсионӣ муроҷиат кардам, ки парвандаро ба суди шаҳрӣ фиристонанд, аммо то ҳол ҷавоб наомадааст.

Ҳоло ман намедонам ба куҷо ариза нависаму шикоят кунаму дар куҷо зиндагӣ намоям. Ҳамчунон намедонам, ки ба ман касе ёрӣ дода метавонад ё не?

Ин ҳасратномаамро барои он навиштам, ки ягон масъуле мехонаду ба додам мерасад.. Албатта, агар дил дошта бошаду дарди инсонро ҳис кунад.

 

Т.Ҷабборова,

сокини деҳаи Хоҷаобигарм

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here