Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Пешвои миллат, ба воситаи муроҷиати худ аввалан миннатдории бепоёни худро ба сиёсати хирадмандонаи Шумо баён менамоям.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, яке аз шохаҳои ҳокимият — ин ҳокимияти судӣ мебошад, вале мутаассифона муддати 4 сол боз аз бесалоҳиятӣ ва ба манфиатҳои шахсии худ истифода бурдани қонун аз ҷониби судяҳои Суди ноҳияи И. Сомонӣ, Суди ноҳияи Шоҳмансур ва Суди шаҳри Душанбе даъвоҳои граждании ман бо ҳалномаҳои ғайриқонунӣ, усулҳои истифодаи сохтакорӣ ва сарфи назар кардани қонунҳо, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Шумо таҳти №1504 аз 30-юми августи соли 2013 тасдиқ шудааст, рад гардида, ё ҳуқуқу манфиатҳои ман маҳдуд мегарданд.

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, маҳз диққати Шумо ба дастгирии занон ва баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бо воситаҳои ахбори омма ба чашм мерасад.

Натиҷаи баррасии давомёфтаистодаи парвандаи оилавии ман муддати 4 сол дар судҳои ноҳияҳои И. Сомонӣ, Шоҳмансур ва Суди шаҳри Душанбе нишон дод, ки судяҳо беғараз нестанд ва баҳри баровардани ҳалномаҳои ғайриқонунӣ ва ё қарорҳои кассатсионӣ ба истифодаи тамоми усулҳои ғайриқонунӣ ва характери коррупсионӣ дошта қодиранд.

Чунончи судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон, ки айни замон дар вазифаи муовини раиси Суди шаҳри Ҳисор кор карда истодааст, ҳангоми баровардани ҳалнома аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми сентябри соли 2019 бо роҳи таҳрифкорӣ ворид намудани маълумотҳои бардурӯғ дар ҳалномаи худ дар хусуси масоҳати манзили истиқоматӣ ба ҳиссаи ман барзиёд нишон дода, тибқи ҳалнома гӯё баробар тақсим намудааст, дар асл бошад, ба тарафи муқобил масоҳати манзили истиқоматиро зиёд тақсим намудааст.

Судя Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон тамоми меъёрҳои КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро сарфи назар намуда, манфиатҳои шахсиашро дар навбати аввал гузоштааст.

Муддати тӯлонӣ судяҳои судҳои ноҳияҳои И. Сомонӣ, Шоҳмансур ва Суди шаҳри Душанбе, аз қабили Сайдализода Шарифхон, Шарофзода Баҳодур, Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон, Ҳамидзода Гулнисо, Раҷабалӣ Аҳтам ва Раҳимзода Абдусалом аз хизматҳои Юнусов Хуршед ва Юнусова Нафисахон истифода бурда, ҳалномаҳои бармаҳал ва ғайриқонунӣ мебароранд ва тамоми даъвоҳои маро, ки бо далелҳои бебаҳс исбот гардидаанд, рад намудаанд.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди шаҳри Душанбе таҳти раисии судя Раҳимзода Абдусалом дастгирӣ ва пуштибонии судя Ҷурахонзода М.Ҷ.-ро нишон дода, танҳо як ваҷҳи овардаи маро қонеъ намуда, дигар ваҷҳҳои овардаи маро ба инобат нагирифтааст. Бо мақсади ба як ҳолати ногувор қарор додани даъвои ман, ҳалномаро пурра бекор накарда, танҳо манфиатҳои шахсони сеюмро, ки даъвоҳои беасос намудаанд, қонеъ намуда, ба оқибатҳои баррасии нави судӣ маҳдудият гузоштааст.

Кадом ҳолате, ки холисона баррасӣ мегардад, аз тарафи судяи Суди шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Аҳтам бо истифода аз шиносоии наздикаш бо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад боз бекор гардида, оқибат ҳалнома хилофи қонун бароварда мешавад.

Судяҳо бо роҳҳои сохтакории хизматӣ ҳалномаҳои худро ба фоидаи собиқ шавҳарам мебароранд. Ман зиёда аз 40 маротиба ба қабули Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтам, вале ӯ ҳатто маро шунидан нахост.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки судяҳо Сайдализода Шарифхон, Шарофзода Баҳодур, Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон, Ҳамидзода Гулнисо, Раҷабалӣ Аҳтам ва Раҳимзода Абдусалом ба обрӯ ва нуфузи низоми судӣ иснод оварда, боварии Шумо ва шаҳрвандонро зимни баррасии парвандаҳо коста мегардонанд.

Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидаю дониста баровардани ҳалномаи ғайриқонунӣ ва ё сохтакории хизматӣ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.

Бинобар ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки вобаста ба қазияи бавуҷудомада мусоидат намуда, баҳри ба ҷавобгарӣ кашидани судяҳои боғараз дастурҳои асоснок дода шавад.

Комила САИДОВА,

шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров, 1-ум гузаргоҳ, бинои 6, хонаи 56

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here