Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ман Раҳмонова Замира, маъюби гуруҳи 3-юм, ношунавою безабон ҳастам. Мани муштипар дар зиндагӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаам. Соли 2004 ба бемории фалаҷ гирифтор шудам, ки дар натиҷа аз шунавоӣ ва ҳарф задан маҳрум гаштам. Баъди ба ин беморӣ гирифтор шуданам, муҳтоҷу бечора шудам.
Медонам, ки Шумо ятимпарвару меҳрубон ҳастед. Вақте дар оинаи нилгун тамошо мекунам, ҳарчанд намешунавам, вале эҳсос мекунам, ки Шумо ба маъюбон ғамхориҳои падарона мекунед, онҳоро навозиш мекунед ва дар оғӯш мегиред ва ман ҳамаи инро дида, ашки шодӣ мерезам. Ғамхориҳои Шумо, Пешвои миллат, мо маъюбонро хеле руҳбаланду дилшод мекунад, ки чунин Пешвои ғамхору дилсӯз дорем, ки ҳаргиз моро хор шудан намегузоранд.

Муҳтарам Пешвои миллат!
Ман ҳоло аз сабаби надоштани ҷойи зист дар хобгоҳ (Маяковский 74) истиқомат мекунам. Вале моро аз хобгоҳ бароварда истодаанд. Агар ин тасмим амалӣ гардад, намедонем дар ин сардиҳо ба куҷо паноҳ мебарем. Мо пушту паноҳе надорем, бо модару хоҳарам танҳо зиндагӣ мекунем. Яъне, чун падар болои сарамон нест, танҳоем. Болои бехонагиву дарбадарӣ, вазъи саломатиам ҳам хуб нест.

Муҳтарам Пешвои миллат!
Ба ҷуз Шумо касе надорем, ки ба додамон расад. Аз Шумо, падари ғамхор, хоҳиш мекунам, ки барои ҳалли мушкилии мо ёрӣ расонед. Агар вобаста ба шароит соҳиби ягон манзили истиқоматӣ ва ё қитъаи замин барои сохтмони манзил мешудем, нигарониҳоямон паси сар мешуд. Умедворам, ки муроҷиати мани маъюбро ба эътибор гирифта, кӯмакамон мекунед.
Дар охир ба Шумо, Пешвои миллат, тани сиҳат, вақти хуш ва давлати пойдор орзу мекунам! Бигзор Шумо, падари ғамхор, болои сари мо соябон бошед.

Бо эҳтиром ва як ҷаҳон умедворӣ,
Раҳмонова Замира

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here