Ба таваҷҷуҳи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода,

Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Панҷакент, муҳтарам Шафеиён Ислом Зиёзода

Мушкилоти вазнини оилавӣ ва дардмандӣ солҳои зиёд боз домангирам аст. Бояд зикр намуд, ки аз соли 2006 ин ҷониб барои табобату шифо ёфтан аз ин беморхона ба он беморхона медавам.

Ман аз модар ятим мондам. Соли 2000-ум бо Мардонов Мавлон оиладор шудам. Соҳиби ду фарзанд шудем, аммо зиндагии оилавиамон дер давом накард. Шавҳарам бо ҳар баҳона бо ду фарзандам аз хона бароварда пеш кард. Аз сабаби бемодарӣ барои як бурида нону як пора либос бо ду ятимам дарбадар ҳастаму хобам ҳаром аст.

Дар кӯчаву бозор оби чашмам дар бари рӯ сарсону саргардон медавидам. Роҳбарону мутасаддиён медиданду чашм мепӯшиданд. Фарқ надорад барои онҳо, ҳама чиз мерасад, шикамашон сер, бачаҳояшон пӯшида. Пас чӣ парвои дигарон доранд!?

Ҳамин хел, духтарчаам ҳаётро падруд гуфту худам ба бемории руҳӣ гирифтор шудам. Мардуми саховатпеша фарзанди дигари ятимамро ба тарбияти худ гирифтанд. Аз ин вазъияти нобоб ҳар кас ба тарзи худ истифода мебурд. Аз рӯйи бемаблағӣ шиноснома гирифта наметавонам. Дар шаҳр роҳбарон аз рӯйи адолату қонун амал намекунанд. Мувофиқи бемориам маро ба нафақа намебароранд. Дорову корчаллон, дузду ғоратгар шод, ки даври онҳост. Деги ҳаннот ҳамеша дар ҷӯш, вале мурдан барои мурда як ид будааст. Кош ҳамон солҳои кӯдакиам мемурдаму бори ин азобҳоро намекашидам. Агар мутасаддиён нисбати ташхису таҳлили духтурони ҷумҳурӣ бепарвоӣ намекарданд, ман ҳам ба нафақа гирифтан ҳуқуқ доштам. Худованд ба баъзе роҳбарони бемасъулият, ки ба ман эътибор намедиҳанд, рӯзи ба сарам омадаро мечашонд, баъд мефаҳмиданд. Миёни мардум бекас будаму миёнарав надоштам. Агар ман ҳам миёнарав ё пул медоштам, соҳиби нафақаи беморӣ, соҳиби замини наздиҳавлигӣ, соҳиби замини обӣ, лалмӣ, алафдарав ва чарогоҳ ба мисоли дигарон мебудам. Ҳозир писари ятимам дар ба дари мардум ба воя расида, 15-сола шудааст. Рӯзе мешавад, ки писари ятимам маро албатта меёбад.

Ку инсоф!? Ку адолат!? Ҳама танҳо худашро медидаву фикри худро мекардааст. Баъзе роҳбарону мутасаддиён барои кӯдаки гаҳвораашон замин ҷудо карда мемондаанд. Хаёл мекунанд, ки ҳеҷ кас намедонад. Кас ҳайрон мешавад, сахт ба изтиробу шигифт меояд. Чаро пеши роҳи чунин унсурҳоро мақомоти салоҳиятдор гирифта наметавонанд? Роҳбари шаҳр, заминсози шаҳр, роҳбари ҷамоат ва заминсози ҷамоат ба ин муаммо чӣ мегуфта бошанд?

Вақтамро танҳо бо дору хуш мегузаронам. Ба хотири нафақа ва ёфтани дорупулӣ ба мутасаддиёни соҳаи тиб муроҷиат кардам. Ҳамаашон розӣ, фақат Қандаҳоров розӣ нашуд.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эътироф, эҳтиром, риояву ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодии инсон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешидааст. Чаро тафтишгарон нисбати арзу шикояти меҳнаткашон бо назари нек, аз рӯйи меҳр ва қонуни қабулшуда амал намекунанд?

Ман соли 2020 ба унвонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳоким ва прокуратураи шаҳр барои ҳаллу фасл накардани шикоятномаҳоям арзу дод кардам, зеро ҷабру ситам ба ман аз ҳад гузашта буд. Махсусан раиси қишлоқ мансаби сардориро бо ёру ҷӯрабозӣ ба даст овардаасту табъи мардумро хира мегардонад. Ҳамаи норасоиҳои сардор дар мактуби ман зикр ёфта буд.

Аммо, шигифтзадаам ва эътироз мекунам, ки раиси ҷамоати деҳот дар ҳаққи мо — ятимон ахбороти бардурӯғро нанависад. Ҳол он ки, ман аз қарори №441 хабар надорам. Мазмуни мактуби ман танҳо аз замини наздиҳавлигӣ иборат набуд. Ба ҳар гуна суханҳои бофтаю сохтаи ҳар касу нокас бовар намуда, бе таҳлилу тафтиш ва муайян намудани ҳақиқати ҳол тайёранд чӣ корҳоро дар ҳаққи одам наандешанд!

Дар ниҳояти ин навиштаҳоям умедворона аз матбуот дархости онро менамоям, то бо мусоидати хеш мӯйро аз хамир ҷудо кардаву ҳақиқату адолат ва қонунияти дар ҷойҳои мо нопайдоро барқарор намоянд.

Муниса ҲАМЗАЕВА,

шаҳри Панҷакент, ҷамоати деҳоти Фароб

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here