Оё муфаттиш дар бораи қатъ ва ради парванда чизеро медонист!?
Ба таваҷҷуҳи Прокуратураи генералии ҶТ
Ба таваҷҷуҳи Вазорати корҳои дохилии ҶТ
24.07.2020 соати 16:30 дақиқа мототсикли «Ямаха» (рақами давлатиаш TJ 800 В0 1)-ро идора карда, бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз тарафи хиёбони Исмоили Сомонӣ ба самти кӯчаи Карамов мерафтам. Дар рӯ ба рӯи хонаи №16/5 (х. Ҳ. Шерозӣ) як автомашинаи «Фолксваген» (рақами давлатиаш TJ 0139 TT 09), ки ба ширкати “Рахш-Таксӣ” (3333) тааллуқ дорад, аз самти муқобили роҳ ҳаракаткунанда яку якбора ба тарафи чап гашта, ба роҳи ҳаракати ман баромад. Онро дида, педали тормозро зер кардам, вале аз сабаби наздик будани масофа ҳодисаро пешгирӣ карда натавониста, ба он бархӯрдам. Дар натиҷа худам зарари миёна ба саломатӣ гирифтам ва мототсиклам зарари техникӣ гирифт.
Санҷиши маводро муфаттиши РВКД дар шаҳри Душанбе Бадилзода М. бурда, маро дар садамаи рухдода гунаҳгор кардааст. Вақте барои шиносшавӣ бо мавод ва нусхабардорӣ намудан аз он ба назди муфаттиш рафтем, моро шинос накарда, гуфт: “Дар куҷо омадааст, ки шуморо бо маводҳо шинос кунам ва шумо аз он нусхабардорӣ кунед!?”.
Бояд гуфт, ки ҳангоми мавҷуд набудани асос барои оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор бароварда шуда, нусхаи карор дар муҳлати се шабонарӯз ба шахс равон карда, ҳуқуқҳо ва тартиби шикоят аз болои қарор ба ӯ фаҳмонида мешавад (моддаи 149 КМҶ).
Бо ариза ба РВКД, Прокуратураи шаҳри Душанбе, Раёсати тафтишотии ВКД, Прокуратураи генералӣ муроҷиат намудам. Дар Раёсати тафтишотии ВКД баёнотамро оид ба садама гирифта, бо маводҳо шинос накарда, “худамон фарёд мекунем” гуфта, дигар фарёд накарданд. Барои бекоркунии қарор ба Прокуратураи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ навиштам, вале то имрӯз ҷавоб наомадааст.
Муфаттиши калони Раёсати тафтишотии ВКД Абдулҳаев З. М. 28.10.2020 бо имзои худ бо почта бо мазмуни «Аризаи шумо дар Раёсати тафтишотии ВКД мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, муайян карда шуд, ки оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Бадилзода М. санҷиш гузаронида, нисбати ронандагон Маҳмадалиев М. М. ва Садыков А. А. дар истеҳсолот дар асоси моддаи 27, қисми 1, сархати 2 КМҶ қатъ карда шудааст» мактуб равон намудааст.
Дар сурате, ки аризаи ман дар Раёсати тафтишотӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, «Оид ба ҳолати мазкур Бадилзода М. санҷиш гузаронида, нисбати ронандагон дар истеҳсолот дар асоси моддаи 27, қисми 1, сархати 2 КМҶ қатъ карда шудааст» ҷавоб диҳад, пас гуфтаи муфаттиш, ки “ба куҷое муроҷиат мекунӣ, аз дастат ягон кор намеояд” рост буда, дар бораи “қатъ ва рад” чизеро медонистааст!?
Абдулҳаев З. М. дар мактубаш овардааст, ки тибқи хулосаи ташхиси судӣ-автотехникӣ, «бархӯрӣ ҳангоми дар ҷои номуайяншуда баромада, дар хати сеюми роҳ нисбат ба самти ҳаракати мототсикли “Ямаха” рост шудани автомашинаи “Фолксваген” дар масофаи 10,2 метр аз рост ба чап ба амал омада:
— ронандаи “Фолксваген” аломати дастурдиҳандаи 4.1.1 «Ҳаракат ба пеш»-ро ба инобат нагирифта, дар ҷойи номуайяншуда тоб хӯрда, талаботи бандҳои 95 ва 166-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (минбаъд ҚҲР)-ро ва ронандаи мототсикли “Ямаха” талаботи банди 118, 130 сархати 2 ва 131 ҚҲР-ро бояд риоя мекарданд;
— аз рӯи механизми содиршавии садама, риоя накардани талаботҳои дар боло оварда, хусусан банди 118 ҚҲР (дар ҳаракатҳои ронандаи мототсикл Садыков А.) боиси ба вуқуъ омадани садамаи нақлиётӣ шуда метавонад.
Агар дар рафти санҷиш муайян шавад, ки ба ҷабрдида зарари сабук ба саломатӣ расонида шуда, дар ҳаракатҳои ронанда вайронкунии талаботи ҚҲР дида мешавад, мавод нисбати ронанда аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуда, барои дидани чораи маъмурӣ равон карда мешавад.
Асосан ҳангоми расонидани зарар дар асоси талаботи моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ: 1. Барои риоя накардани ҚҲР аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси зарар дидани воситаи нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ, иншоот ё дигар молу мулк гаштааст, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз се то шаш моҳ таъйин карда мешавад. 2. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани дигар ҚҲР, ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. 3. Барои риоя накардани ҚҲР аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст, ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати то шаш моҳ таъйин карда мешавад.
Вақте «Фолксваген» аз самти муқобил ҳаракат карда, аломати дастурдиҳандаи 4.1.1 «Ҳаракат ба пеш»-ро ба инобат нагирифта, дар ҷои номуайяншуда бо вайронкунии талаботи бандҳои 95 ва 166-и ҚҲР — «Пеш аз тобхӯрӣ, гардиш ба дасти чап ронанда вазифадор аст ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеагӣ ва хатар эҷод накунад, хати дахлдорро дар канори қисми мошингарди роҳ, ки барои ҳаракат ба самти додашуда пешбинӣ шудааст, ишғол намояд. Ҳангоми гардиш ба чап ё тобхӯрӣ ронанда уҳдадор аст ба воситаҳои нақлиёте, ки бо роҳи аҳамияташ баробар аз самти муқобил — мустақиман ҳаракат доранд, роҳ диҳад» ба тарафи чап гашта, ба роҳи ҳаракати мототсикли «Ямаха» баромада, ронандаи мототсикл барои пешгирии бархӯрӣ педали тормозро зер карда, ҳодисаро пешгирӣ карда натавонистааст:
— “ронанда уҳдадор аст нисбат ба воситаи нақлиёти дар пеш ҳаракаткунанда чунин масофаеро нигоҳ дорад, ки имконияти пешгирии ба ҳам бархӯрданро дар ҳолатҳои боздорӣ ё бозистии фаврии он дошта бошад (банди 118);
— шабона ва (ё) ҳангоми дидашавандагии нокифояи роҳ суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконият диҳад, ки ӯ воситаи нақлиётро дар ҳудуди дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат боздошта тавонад (банди 130, қисми 2);
— суръати ҳаракат бояд ба ронанда имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд (банди 131)”.
Дар банди 118 ронанда нисбат ба воситаи нақлиёти дар пеш ҳаракаткунада масофа (дистансия)-ро нигоҳ дорад, банди 130, қисми 2 ҳолати шабона ва ё ҳангоми дидашавандагии нокифояи роҳ ва банди 131 назорати доимии суръати ҳаракатро ҷиҳати иҷрои таъмини талаботи ҚҲР дар бар гирад ва автомашинаи «Фолксваген» аз самти муқобил якбора ба роҳи ҳаракат баромада, садама дар рӯзи равшани офтобӣ рух дода, Садыков А. А. мототсиклро бо риояи талаботи ҚҲР идора карда бошад, вайронкунии талаботи ин бандҳо ба ронандаи мототсикл Садыков А. А. чӣ алоқа дорад?
Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки ронанда Маҳмадалиев М. М. автомашинаи «Фолксваген» (рақами давлатиаш TJ 0139 TT 09)-ро дар хиёбони Ҳ. Шерозӣ идора карда, аз тарафи хиёбони И. Сомонӣ ба самти кӯчаи Карамов ҳаркат менамуд ва ҳангоми дар рӯ ба рӯи хонаи №16/5-и хиёбони Ҳ. Шерозӣ расидан аломати дастурдиҳандаи 4.1.1 «Ҳаракат ба пеш»-ро ба инобат нагирифта, дар ҷои номуайяншуда бо вайронкунии талаботи банди 95 ва 166 ҚҲР ба тарафи чап гашта, ба роҳи ҳаракати мототсикли «Ямаха» таҳти идораи Садыков А. А. қарордошта, ки бо риояи талаботи ҚҲР онро бо хиёбони Ҳ. Шерозӣ аз тарафи хиёбони И. Сомонӣ ба самти кӯчаи Карамов ҳаркат карда мерафт, баромада, ба он бармехӯрад. Дар натиҷа ҳарду воситаи нақлиёт зарари техникӣ дида, Садыков А. А. ҷароҳати миёна ба саломатӣ мегирад (санади судӣ-тиббӣ таҳти №4407 аз 27.07.2020).
Ҳамин тариқ, Маҳмадалиев М. М. бо ин кирдори худ ҷинояти дар моддаи 212 КҶ пешбинишударо содир мекунад.
Дар ҳаракатҳои ронандаи мототсикли «Ямаха» — ман, Кадыров А. А. вайронкунии талаботи бандҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дида нашуда, аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 212 КҶ пешбинишуда вуҷуд надорад.
Аз ҳамин лиҳоз, хоҳиш мекунам, ки гунаҳгорони қазия ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, то адолат тантана кунад.
Абдураҳим САДЫКОВ,
сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳнави поён, хонаи №5 «а»