Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз ман маҷбур шудам ба Шумо муроҷиат намоям, зеро дигар илоҷе наёфтам. Манзили ман дар яке аз тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ҷой гирифтааст. Дар кӯчаи мо ҳамаи ҳамсояҳо бо ҳам дӯсту тифоқ буданд, вале ҳамсояам Арипов Орифхуҷа бо мақсади нишон додани бартарии худ ва гирифтани қасд, гӯё падараш аввал дар ҳавлиаш ва баъдан дар ҳудуди кӯчаи роҳгузар, ки истифодаи умум ва даромад ба хонаи ман ҳисоб меёфт, ибтидои соли 2016 манзили боҳашаммати сеошёна сохтааст, баромадгоҳи моро деворпеч кард. Рафту ягон нафари аҳли оила вафот кунад, илоҷи аз тангкӯча баровардани тобут намешавад. Ман борҳо ба О. Арипов муроҷиат карда, хоҳиш намудам, ки роҳгузарро банд накунад. Вай бошад, қарори Ҳукумати шаҳри Хуҷандро нишон дода, мегуфт, ки ба ин қитъа ҳаққу ҳуқуқ дорад ва ба он қонунӣ соҳиб шудааст. Ман ба гуфтаҳои вай бовар накарда, ба Ҳукумати шаҳр ва прокуратураи Хуҷанд муроҷиат намудам. Вақти санҷиш онҳо муайян карданд, ки қарори мазкур сохтакорона будааст.

Нисбати ин ҳодиса ба О. Арипов ва кормандони масъули Ҳукумат ва Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд аввал бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои «б», «в» ва баъдан бо моддаи 338 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шуд. Зимни тафтиш ҳудуди худсарона ишғол намудаи О. Арипов ва сохтмони худсарона бунёд кардаи вай ва қалбакӣ будани қарори дар даст доштааш ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфтанд, нафарони бевосита қарорро бо роҳи сохтакорӣ омода намуда ба гуноҳашон иқрор шуданд. Гуноҳи О. Арипов ва дигар ҳаммаслаконаш бо моддаҳои 340 қисми 2 бандҳои «б, в» ва 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо ҳукми Суди шаҳри Хуҷанд аз 20-уми марти соли 2017 нисбати онҳо Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» татбиқ гашт.
Баъдан дар асоси шикоятии О. Арипов бо таъиноти коллегияи суди вилояти Суғд аз 31.05.2017 ҳукми суди марҳилаи аввал бекор ва парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии нав ба ҳамон суд ба ҳайати дигар равона карда шуд.
Шикояти мо нисбати ҳамон таъинот ҳоло баррасӣ нагардида, бо таъиноти судӣ аз 14-уми августи соли 2017 парвандаи ҷиноятӣ бе ягон асос ва тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд, гӯё дар кирдори О. Арипов ҷиноят мавҷуд набуда, он бояд қатъ карда шавад. 
Ин дасисабозӣ беҳуда нест. Аз гуфтаи кормандони суд маълум мешавад, ки баъзе масъулини прокуратура ва суди вилоят тарафи О. Ариповро мегиранд. Онҳо овоза паҳн карданд, ки ҳамаи ин бо роҳбарони мақомот мувофиқа карда шудааст. 
Чӣ гуна мувофиқаоварӣ? Агар ба тафтишоти иловагӣ зарурат бошад, пас барои чӣ коллегияи суди вилоят на ба тафтишоти иловагӣ, балки барои баррасии нав ирсол намуд? Зери ин коса кадом нимкоса бошад, ки як қатор кормандони суди шаҳр ва вилоят оид ба мувофиқа шудан бо «боло» ва аз «бозӣ» баровардани О. Арипов ҳарф мезананд? Агар кас бо таъиноти судӣ аз 14-уми августи соли 2017 шинос шавад, асоси воқеӣ надоштанашро мефаҳмад. 
Дар тафтишоти пешакӣ, ки беш аз шаш моҳ кори худро давом дод, пурра таркиби ҷиноят аз тарафи мутахассисони дахлдори ҳам шаҳри Хуҷанд ва ҳам вилояти Суғд ҳаматарафа омӯхта шуда буд ва натиҷаи он зиёда аз 600 варақ дар се боб, ки пурра айбдории судшавандаро бо факту далелҳо, бо нишондодҳои шоҳидони зиёд нисбати вуҷуд доштани ҷиноят, ҳамчунин ишғоли қитъаи замин, қарори раиси шаҳри Хуҷанд №365 аз 15.08.2016 оид ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи заминро пурра собит намуд.
Ҳатто судя, ки қарори мазкурро қабул кардааст, дар ҳайрат мебошад. Чанд маротиба намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аризаи маро баррасӣ карданд ва ба ҷои ҳодиса наомаданд. Онҳо бо қоғазбозӣ мехоҳанд ҷинояти ошкоршударо рӯйпӯш намоянд ва адолати судиро поймол созанд. Як солу ҳашт моҳ инҷониб дар таҳқири ошкоро мебошам ва мақомоти тафтишотиву судӣ дидаву дониста шахсеро, ки аз ҷиҳати моддӣ доро асту ҷиноят содир намудааст, тарафгирӣ менамоянд. Нафареро тарафгирӣ менамоянд, ки бинои қаср монанди сеошёна сохта, роҳи ягонаи умумро худсарона забт намудааст.
Гуноҳи О. Арипов натанҳо ба мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд, ки дорои донишҳои махсус мебошанд, балки ба сокинони кӯча низ бараъло маълум буда, ба манфиати мардум зарари моддӣ ва маънавӣ расонидааст. Зеро роҳрави кӯча хеле танг шудааст, ки ин ҳолат боиси норозигии сокинон ва сабаби ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардани онҳо гаштааст.
Суди марҳилаи кассатсионӣ бархилофи талаботи моддаи 364 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда истода, парвандаи ҷиноятиро яктарафа ва ғайрихолисона баррасӣ намуда, ҳолатҳои дар боло зикршударо сарфи назар карда, ба хулосаи нодуруст омадааст.
Суди марҳилаи кассатсионӣ танҳо дар асоси ваҷҳҳои шикояти кассатсионии маҳкумшуда тафтишоти пешакӣ ва судиро яктарафа ҳисобида, бекор кардани ҳукми суди марҳилаи якум ва ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятиро хоҳиш кардааст ва ба дигар далелҳои парвандаи ҷиноятии гунаҳгории маҳкумшуда аҳамият надодааст.
Суди номбурда ба ҳолате, ки судшаванда худашро гунаҳгор наҳисобидааст ва аз ҷониби маҳкумшуда дар рафти мурофиаи судӣ қарори сохтакоронаро ба корхонаи фаръии бақайдгирии техникӣ супоридаашро сарфи назар кардааст. Инчунин, суд ҳолати ишғол кардани қитъаи замини умум, яъне кӯчаро сарфи назар карда, бо таъиноти худ манфиати ҳифзшудаи сокинонро поймол кардааст. Зеро мутобиқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №365 аз 15-уми августи соли 2016 сохтмони худсарона дар қитъаи замини ғайриқонунӣ ишғол намудаи О. Арипов дар масоҳати 130 метри мураббаъ, воқеъ дар кӯчаи А. Расулов, №143, шаҳри Хуҷанд бартараф карда шуда, он бояд ба ҳолати аввала баргардонида мешуд. Қарори мазкур бинобар мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ ва баррасӣ нашудани он то ҳол ба иҷро нарасидааст. О. Арипов бо баҳонаи зиёд иҷрои қарори мазкурро кашол медиҳад.
Хулосаи дигари суди марҳилаи кассатсионӣ вобаста ба ташхиси гузаронидашуда, ки тибқи он ҳар ду қарор ҳақиқӣ мебошанд, беасос ва ғайриқонунианд. То ҳол бо сабабҳои номаълум қарори №365 аз 15-уми августи соли 2016 оиди ба ҳолати аввала баргардонидани замини худсарона ғасб намудаи О. Арипов мавриди иҷро қарор дода нашудааст. 
Хулосаи дигари марҳилаи кассатсионӣ, ки гӯё суди зинаи якум хилофи талаботи моддаи 334 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кардааст, беасос мебошад.
Суди марҳилаи якум бо парвандаи ҷиноятӣ, маҳал, вақт, тарзи содир шудани он, намуди гуноҳ, сабаб, мақсад ав оқибатҳои содир шудани ҷиноятро бараъло нишон додааст. Вале суди марҳилаи кассатсионӣ хулосаҳои суди марҳилаи якумро беасос ва хилофи қонун ҳисобидааст, ки мутлақо нодуруст аст.
Мутобиқи қисми 2-и моддаи 412 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ бояд бекор карда шавад.
Бинобар ҳамин, аз Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, хоҳиш менамоям, ки қазовати ин масъаларо ба Суди Олии ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералӣ вобаста кунед. Ин гуфтаҳои ман ҳавоӣ нестанд, зеро муддати беш аз як соли сарсонӣ ман ба чунин хулоса омадам. Мақомоти дахлдор дар ин муддат рӯирост сафедро «сиёҳ», сиёҳро «сафед» гуфтанд. Нафарони ин масъаларо баррасикарда ҳатто ягон маротиба ба ҷойи ҳодиса омада воқеаро надиданд. Магар бо чунин корбарӣ масъала ҳалли худро меёбад? Куҷост масъулият ва адолат?…

Абдурозиқ ОРИПОВ,
сокини кӯчаи А. Расулови шаҳри Хуҷанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here