Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ш Шоҳиён.
Ба раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Гиёзода М.Қ.
Дар рӯзгори мо муроҷиаткунандагон ҳолати ноодилонае рӯй додааст, ки дар ин мушкилӣ танҳо Воситаҳои ахбори омма мушкили моро осон менамояд ва дарди дили моро ба мақомотҳои болоӣ, аз он ҷумла роҳбари давлат мерасонад, зеро мо мустақилона ба тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ғ. муроҷиат намудем, вале мутаассифона муроҷиатҳои мо бе натиҷа ва ҳатто баъзеҳояшон бе ҷавоб монданд.
Шояд дар бораи қазияи мо маълумоте дошта бошед. Мо собиқ роҳбаладони ҶСК “Тоҷик Эйр” мебошем, ки ғaйpиқoнyнӣ моро аз вазифаҳоямон озод намуда, пеш карданд. Қабл аз оне, ки моро аз кор озод намуда буданд, мо бо номаи кушод ба унвонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мадад ва дастгирӣ муроҷиат намуда будем, зеро роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” бе ягон асоси қонунӣ шароити пардохти музди меҳнати тамоми кормандони ҶСК “Тоҷик Эйр” -ро тағйир дода, музди маошамонро ба андозаи аз 50 то 60 % кам карданӣ буд, ҳоло он, ки ин тағйирдиҳии пардохти музди меҳнат танҳо ба роҳбаладон дахл дошт на ба ҳамаи кормандони Ҷамъият. Ҳоло ба мо маълум гардид, ки тaғйиp додани шароити пардохти музди меҳнат танҳо ба роҳбаладон ва ҳайати техникӣ равона карда шуда, нисбати ҳайати маъмурии ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҳавонавардону сарҳавонавардон дахл надорад (оид ба ин тасмим фармони директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” мавҷуд аст).
Мо коллективи роҳбаладон иборат аз 73 нафар дар муроҷиатномаи ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристодаамон имзо гузошта, онро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дигар мақомоти дахлдор супорида будем.
Вале роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» пас аз оне, ки мо ба унвонии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номаи кушод муроҷиат намудем, нисбати коллективи роҳбаладони ҶСК «Тоҷик Эйр» хусумат пайдо намуда, мо 14 нафар роҳбаладонро аз байни 73 нафар ҷудо карда, бе ягон тафтишу хулосаи дуруст ва розигии Иттифоқи касабаи корхона дар санаи 26.05.2017 сол, пас аз вақти корӣ, тахминан соатҳои 20:00 дақиқаи ҳамин рӯз, дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст, дар асоси моддаи 42, қисми 1, зербанди 3-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне- “бе сабабҳои узрнок уҳдадориҳои меҳнатиро, ки шартномаи меҳнатй ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи корманд гузоштаст, мунтазам инро накардани ӯ, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шуда бошанд”, аз вазифаҳоямон озод намуданд, ҳоло он, ки нисбати мо 14 нафар пеш ягон муҷозоти интизомӣ (огоҳӣ, танбеҳ, танбеҳи қатьӣ) татбиқ нашуда буд. Баръакс, аксарияти мо муроҷиаткунандагон дар давраи кориамон бо грамотаҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз шуда будем ва дар хислату кирдори мо ягон амали ғайриқонунӣ мушоҳида намешуд.
Ҳама роҳбаладони аз вазифа бе асос озодшуда, дараҷаи “Роҳбалади калон” дорем. Се нафари мо бевосита сардори Хадамоти роҳбаладон дар Ҷамъият кор кардаем ва дар кори худ соҳибкасбем. Ҳангоме, ки моро аз кор бе сабаб озод карданд як нафари мо, яъне Қурбоналии Назаралӣ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошт, ду нафари мо, яъне Мирзоева Фарангис ва Ахмедова Малика дар сафари корӣ дар хориҷи кишвар дар парвоз буданд, як нафари мо, яъне Леонидова Ирина бо сабаби дар курсҳои такмили ихтисос қарор доштанаш, аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, дар ҷараёни таълимӣ қарор дошт.
Аз 14 нафаре, ки ғайриқонунӣ аз вазифаҳоямон озод шудаем, 12 нафари мо занҳо мебошем, ки 2-3 нафарӣ кӯдаки хурдсол дорем. Баъзеи мо модарони танҳо буда, ягона таъминкунанда дар оила ҳастем ва бори гарони зиндагӣ ба уҳдаамон мебошад. Як нафари мо, яъне Леонидова Ирина дар даст кӯдаки ширмаки то яксола дорад. Як нафари дигари мо ҳомиладор аст (Алиназарова Елена). Ҳайратовараш он аст, ки Леонидова Ирина пас аз оне, ки аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд (декретный отпуск) ба кор баромад, ҳатто ба уҳдадориҳои меҳнатии худ шуруъ накарда, бе ягон огоҳӣ ӯро ва дар маҷмуъ ҳамаи мо 14 нафарро аз кор озод карданд. Дар байни мо як нафар зан, яъне Қурбонова Инобат мебошад, ки 40 соли ҳаёташро дар авиатсияи тоҷик сарф кардааст ва ягона зани тоҷик мебошад, ки 40 сол бе фосила дар вазифаи роҳбалади ҳавопаймо кор кардааст ва дорандаи бисёр ордену медалҳо ва грамотаҳо мебошад. То ба нафақа баромадани Қурбонова Инобат ҳамагӣ се моҳ монда буд, вале инро ҳам ба назар нагирифта, ба ӯ имкон дода нашуд, ки бо обрӯй ба нафақа барояд.
Вақте ки аз ҷониби Роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” нақшаи азкорпешкунии кормандон амалӣ мешуд, онҳо пеш аз ҳама кормандони бесарпаноҳро, ки ин ҳам занон, занони танҳо, модарони танҳо, ки танҳо фарзандони хурдсолашонро ба воя мерасонанд, ҷудо карда аз кор пеш карданд.
Роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” занон, модарони танҳоро, ки фарзандони хурдсол доранд бе ягон сабаб аз кор озод карда, ягон кафолату имтиёзҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси меҳнат ба онҳо додааст ба эътибор нагирифт ва амалҳои ноодилонаи ӯро ин қонунҳо сади роҳ нашуд. Ҳуқуқи модар, кӯдак, зан ва дар маҷмуъ инсон ба мисли матоъи таҳдарӣ поймол мешуд, ки ин амал дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд басо нанговар аст. Дар тамоми давраи кориамон ҳоло дар ёд надорем, ки чунин поймолкунии ҳуқуқ бараъло нисбати занон ва модарон равона шуда бошад. Мутаассифона, ин доғи рӯз имрӯз ба души мо афтидааст ва сарсону саргардон шуда дар ба дари мақомотҳо медавем.
Аҷибаш он аст, ки сабаби аз кор пеш карданамон ин ҳамон муроҷиатномае, ки ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишта будем асос шудааст. Яъне ба Роҳбари ҶСК “Тоҷик Эйр” маъқул нашудааст, ки камбудиҳои дар Ҷамъият ҷойдошта ва норозӣ буданамон барои кам кардани музди меҳнатамонро ба унвонии Роҳбари давлат арз кардаем. Магар ба Роҳбари давлат арз кардан гуноҳ аст? Мо ёд надорем, ки барои ба Роҳбари давлат арзу шикоят кардан касеро муҷозот карда бошанд. Вале акнун бо чашми cap инро дидем ва дар ҷисми худ мушоҳида кардем. Шояд ин дар ояндаи наздик таҷриба ҳам шавад барои дигарон!
Вақте ки ҳуқуқҳои конститутсионии мо дағалона поймол мешуд, мо муроҷиаткунандагон ба Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон муроҷиат намуда будем ва Прокурор нисбати фармонҳои ғайриқонунии ҶСК “Тоник Эйр”, ки бо он мо аз кор ронда шуда будем эътироз оварда, талаб намуд, ки фармонҳои ғайриқонунии Роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” бекор карда шуда, моро ба кори пештараамон барқарор намоянд. Вале роҳбари ҶСК “Тоҷик Эйр” амри прокурорро низ иҷро накард. Хеле андуҳгин гардидем, ки ҳоло замоне шудааст, ки бархе мансабдорон худро аз қонуну инсоният авлотар мешуморад ва ҳатто амру эътирози прокурорро, ки баҳри барқарорсозии адолат ва қонуният қабул мешавад пеши пой мекунанд. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳояш зикр менамояд, ки шахсони мансабдор волоияти қонунро таъмин намоянд. Вале дар ҳолати мо, ин амру дастури Пешвои миллат рӯи қoғaз монд. Магар дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки волоияти қонун ва иҷрои он аз ҷониби ҳар як фард шарт ва зарур аст, мумкин аст, ки ҳамин гуна поймолкунии ҳуқуқи инсон, модар ва кӯдак ба роҳ монда шавад? Албатта не!
Пас аз ин амалҳои ғaйриқонунӣ 12 нафари мо маҷбур шудем, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳоямон ба суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе бо даъво дар бораи барқарор намуданамон ба кори пештара ва ғ. муроҷиат намоем. 2 нафар занҳои дигар, ки дар якҷоягӣ аз кор ронда шуда будем, дар алоҳидагӣ бо даъвоҳои алоҳида муроҷиат намуданд.
Ҳатто ҳуқуқҳои мо то он дараҷа поймол мешуд, ки борҳо ба ҶСК “Тоҷик Эйр” барои гирифтани нусхаҳои фармонҳоямон ба таври хаттӣ муроҷиат намуда будем, то ки ба суд муроҷиат намоем. Вале роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” на ба талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на ба талаботҳои Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” итоат накарда, ба мо нусхаҳои фармонҳоямонро надоданд ва ҳатто ҷавоби хаттӣ ба муроҷиатамон нагирифтем. Мо як илоҷ карда, ба суд муроҷиат намудем ва танҳо дар охирон рӯзи мурофиа нусхаҳои фармонҳоямонро ба суд пешниҳод намуданд ва мо бо он шинос шудем.
Мо хеле аз адолати судӣ умедвор будем ва боварӣ доштем, ки ҳокимияти судӣ ба ин бедодию беадолатии роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” бо қарори одилонаи худ нуқта мегузорад. Вале сад афсӯс, ки ин тавр нашуд. Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе Чӯрахонзода Масрур умеди моро ба рӯзи хубу обод, барбод дод.
Новобаста аз он, ки мо занҳо-модарон аз рӯи қонунҳо имтиёзҳо дорем ва моро ғaйpиқoнyнӣ аз кор озод намуда буданд ва гарчанде, ки Прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба манфиати мо даъвогарон хулоса дода, аз суд талаб намуданд, ки даъвои мо қонеъ карда шуда, ба ҷои кори пештараамон барқарор карда шавем, вале судя аз тарсу фишор буд ё ин, ки аз чизи дигар тарсид, ки талаботҳои даъвогии моро бе асоси қонунӣ рад намуда, фармонҳои ғайриқонунии Роҳбари ҶСК “Тоҷик Эйр”-ро асоснок шуморид. Охирон мурофиаи судии мо ба тарзе гузашт, ки гӯё аз паси судя касе тела дода истодааст, ки тезтар қарорро қабул кунад. Ҳатто баъзе дархостҳои мо баррасӣ нашуда монд. Шояд, судя пас аз қарори қабулнамудааш ором хоб карда бошад, вале оромии ӯ барои худаш буд, на барои 9 нафар занони танҳою кӯдаки хурдсолдошта. Чунин шахсон, ки оби дидаи модаронро рехтанд, бе ризқу рӯзӣ монданд ва сарсону саргардон карданд, оё ором хоб карда метавониста бошанд?
Дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ироа мегардид ва ҳидоятҳои дигари ӯ вобаста ба санадҳои судии қонунӣ қабул шудан боз ҳам рӯи қoғaз монд? Албатта, роҳбар ва намояндагони ҶСК “Тоҷик Эйр”, аз он ҷумла судя зану фарзанд доранд. Магар наметарсанд, ки ин гардиши фалак дар рӯзгори онҳо низ омаданаш мумкин аст?
Ҳоло мо аз болои қарори ғайриқонунии судяи суди ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе Ҷӯрахонзода М. ба суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ овардем. Аз эҳтимол дур нест, ки боз нисбати ҳалли мунсифонаи парвандаи мо Роҳбарият ва намояндагони ҶСК “Тоҷик Эйр” дахолат кунанд. Аммо мо умед ба ҳақиқат ва адолат дорем ва умед дорем, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе адолатро барқарор менамояд! Дар давраи баррасии парвандаи мо Роҳбарият ва намояндагони ҶСК “Тоҷик Эйр” моро ба ҳаргуна гуноҳҳо туҳмат карда, дар назди судя ва дигар мақомот сиёҳ карданд. Бо ин иғвовy дурӯғ ва туҳмат, мақомоти судиро таҳти фишор ва тарс қарор доданд ва маҷбур кунониданд, ки ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул намуда, вайронкуниҳои қонунро, ки аз ҷониби Роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” содир мешуд бо номаи адл рӯйпӯш намоянд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханҳои пандомӯзаш ишора менкунад: “Судя ҳуқуқи хато карданро надорад!”. Бале, судя ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири инсонҳоро ҳал менамояд. Судя барои ҳар як қарори худ, ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди Худо масъулият дорад ва хатои кардааш нобахшиданист.
Намояндагони ҶСК “Тоҷик Эйр” бо туҳмату иғвo қариб буд, ки моро душмани миллат эълон мекарданд ва ҳаргуна суханони бадро дар ҳаққи мо паҳн карда, туҳматҳоеро бар сари мо бор карданӣ мешуданд, ки гӯё бар зидди сиёсати давлат бархоста бошем. Вале Худо моро эмин дошт ва ба туҳмати ноҳақ гирифтор накард. Бо ин туҳматҳояшон бехабаранд, ки аксарияти мо аъзои Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем! Рӯзноманигорони муҳтарам!
Мо муроҷиаткунандагон аксарият занон ва модарон мебошем ва аз дастгирӣ ва ҳимояи Шумо умед дорем. Мо боварӣ дорем, ки Шумо тавассути Васоити ахбори омма ба мушкилоти мо расидагӣ карда, дарди дили моро тавассути ВАО ба Роҳбари давлат ва дигар мақомоти дахлдор мерасонед. Мо дар навбати худ ба Шумо изҳори сипос намуда, дар корҳои эҷодиатон муваффақиятро аз даргоҳи Худо талаб менамоем.
Мо омодаем, ки вобаста ба ҳолатҳои дар боло зикршуда маводҳои заруриро пешкаш намоем.
Бо камоли эҳтиром,
Собиқ роҳбаладони ҶСК “Тоҷик Эйр”:
Ахмедова М.Р.
Алиназарова Е.А.
Бобоева Н.А.
Леонидова И.О.
Мирзоева К. Р.
Мирзобекова Ш.В.
Юнусова М.М.