Салом ба ҳафтаномаи дӯстдоштанӣ ва хондании ҳамагон — “Фараж”. Ман низ яке аз хонандагони доимии ҳафтанома ҳастам ва хуб медонам, ки барои ҳалли садҳо масъалаҳои оилавӣ, гражданӣ ва судию иқтисодӣ ин расона мусоидат кардааст ва ҳатто бештар аз баъзе мақомот саҳмгузор шудааст.

Аз ин рӯ, умедворам, ки арзи ман низ нашр ва бо ин васила мушкилӣ ҳал мешаванд.

Кам нестанд ҳолатҳое, ки зан ҷабрдидаю хиёнатдидаи шавҳар гардад. Ман низ ғайр аз ҷабри сиёҳбахтӣ ва азобҳои тӯлонии камбағалӣ боз фиреби молӣ хӯрдам. Гап дар сари он, ки бо Устораҷаб Наврӯзов солҳои 1985-1995 оиладорӣ кардем. Дар ин миён соҳиби ду фарзанд — Умедҷон ва Надомат шудем, аммо аз сабаби ба зани ҷавонтар гирифтор шудани шавҳарам, оилаамон пош хӯрд. Хулоса, бо ду фарзанд ба хонаи падар баргаштам ва ду кӯдакро ҳатто бе алименти падар бо хорию зорӣ ва камбизоатӣ то соли 1993 ба воя расонидам. Давоми 9 соле, ки дар хонаи падар будам, чи хеле ки мегӯяд, “сояи бева ғавс аст”. Аз ин рӯ, чӣ таънаҳое шудидаму чӣ азобҳое кашидам, аммо ба хотири ятими кулл нашудани фарзандонам таҳаммул намудам. Вале дар охири кор зиндагӣ чунон маҷбурам кард, ки ба хотири як пора нон марди ҳамсоли падарамро ба шавҳарӣ қабул намудам, то ду фарзандам оиладор шаванд. Зеро падари худашон ҳатто як сомонӣ ҳам алимент намедод ва ёрии моддие намекард.

Аз як тараф бемеҳрию дар нимароҳи зиндагӣ моро партофтани собиқ шавҳарам Устораҷаб азоб диҳад, аз дигар ҷиҳат азоби бехонаю дар будани худам ва писарам, ки бо оилааш дар кулба зиндагӣ дорад, ғам медиҳад. Танҳо такя ба кори одилонаи масъулини ноҳия доштам, ки ба додам мерасанд ва маро аз қасди худкушию дигар ҳолатҳои нохуш эмин медоранд, аммо тангии зиндагӣ маҷбур кард ба сохторҳои болоӣ арзамро баён дорам. 10 сотих заминеро, ки дар вақти никоҳи якҷояамон доштем, баъди ҷудошавиамон шавҳарам ҳатто бе розигии ман фурӯхтааст. Ин заминфурӯшии ӯ боиси сарсонии ману саргардонии ду фарзанду набераҳоям шуд.

Имрӯз писарам бо келину набераҳоям дар кӯча мондаанд. Духтарам бошад, аз шавҳар бозгашт шудаву ба ҷойи зист ниёз дорад. Аммо бародар, ки бояд ӯро ҷой диҳад ва то дами дубора бахташ хандидан бонӣ кунад, аз пушти замини мо, ризқи мо, умедворию дилпурии моро фурӯхтани падараи худбинашон наметавонад ин корро кунад.

Дар масъалаи моликияти якҷояамонро худсарона фурӯхтани шавҳари собиқам ба раиси ҷамоати деҳоти Палдорак Ёдгорв М. М., муовини раис Сафаров Ҷ. Т. ва раиси маҳаллаи Роғ Миров О. (ҳамон солҳо номбурдагон дар вазифаҳои зикршуда кор мекарданд, ҳоло шояд тағйирот шуда бошад) соли 2015 хаттӣ муроҷиат намуда будам.

Гурӯҳи корӣ рафта дид ва шоҳид шуданд, ки қитъаи замини дар маҳаллаи Роғ, кӯчаи Бобоҷон Ҷумъаев ҷойгирбуда, ки зиёда аз 20 сол пеш совхози Правда ба мо дода буд, холӣ хобидааст. Аммо шавҳарам ба ризқи фарзандонаш ва молики ин замин будани ман низ нигоҳ накарда, онро ба Мавлон Маликов фурӯхтааст. Хуллас, ҳоли ману фарзанду наберагонам вазнин аст. Илова бар ин, бемор ҳастам ва шароити табобат ҳам надорам. Вале собиқ шавҳарам, ки аз худо натарсида моро дар кӯча партофт, аз қонун натарсида, моликияти якҷояамонро бе огоҳии ман фурӯхтааст. 

Дар қисми якуми моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: Амволи муштараки зану шавҳар пас аз қайди давлатии никоҳ дар байни зану шавҳар муносибатҳои молумулкӣ асоси ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Минбаъд дар ҷараёни никоҳ молу мулки якҷоя бадастовардашуда, ки қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ намудааст, амволи муштараки зану шавҳар ба шумор меравад ва амволе, ки зану шавҳар дар давраи ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ҳисобида мешавад.

Оё мувофиқи қонун ва Кодекси оила моликияти якҷояи баъди никоҳ бадастовардаро бе розигии як ҷониб фурӯхтан мумкин аст? Магар ба чунин худсарон ягон ҷазо нест? То кай мард дилаш зани нав кашад, фарзандону занро ба кӯи сарсонӣ монда, зани дигар мегирад?

 

Нуқра МИРЗОШАРИПОВА,

сокини маҳаллаи Роғи ноҳияи Мастчоҳ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here