Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Ба таваҷҷуҳи Раиси Маҷлиcи намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода

Дар оғози ин навишта мехоҳам чанд нуктаро пиромуни низоми нафақа дар Тоҷикистон ёдовар шавам, то дар сатҳи Ҳукумати кишвар ба он таҷдиди назар карда шавад.

Синни бознишастагӣ дар кишвари маҳбуби мо замонеро мегӯянд, ки шумо ҳам нафақа мегиред ва ҳам кор мекунед. Чаро? Чунки имрӯз нафақапулие, ки барои хидматҳои зиёда аз 35-солаи шумо таъйин мешавад, барои худи нафақахӯр кифоя нест ва барои маблағи иловагӣ эҳтиёҷ ба кор дорад, то музд бигирад. Ҳол он ки, синни бознишастагӣ айёме ҳаст, ки шумо дигар бояд кор накунед ва бар ивази он хидматҳое, ки дар вақташ ба иҷро расонидед, нафақапулӣ бигиред ва боқимондаи умратонро хуш гузаронед. Аммо, мутаассифона, дар Тоҷикистони азизи мо ин тавр нест. Шахси нафақахӯр ба мисли кӯдаки нотавонест, ки ҳамеша ду чашмаш ба сӯи модараш ҳаст, то ба даҳонаш луқмаи ноне диҳад, то шикамаш сер бишавад, либоси гармаш бипӯшонад, то дар сардиҳо хунукӣ асараш накунад.

Боиси шодмонист, ки бо дастгириву ғамхориҳои Президенти кишвар муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон аз сентябри соли 2020 музди меҳнат ва нафақапулию стипендияҳо ба андозаи то 15% зиёд карда шуд. Ҳар сол, гоҳе дар ду сол як бор бо фармони Президент нафақапулиҳо ба андозаи фоизҳои муайян зиёд карда мешавад, аммо дар низоми нафақа тағйироте сурат намегирад.

Имсол моҳи октябр дар кишвари мо интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар арафаи ин корзори интихоботӣ мехоҳам ба Президенти феълӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонам, ки дар барномаи пешазинтихоботиашон доир ба низоми нафақа, бахусус нафақаи маъюбӣ ворид намоянд ва ба низоми нафақа дар Тоҷикистон таҷдиди назар кунанд.

***

Ман Исроил Бобоев, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати Мастчоҳ, Ассосиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Амиров” мебошам.

Дар хоҷагии деҳқонии мазкур наздик ба 50 сол ба ҳайси ронанда фаъолият кардаам. Аз соли 2010 як муддат барои рӯзгузаронӣ бо мошини шахсиам таксӣ шуда кор мекардам. Рӯзи 6-уми феврали соли 2017 бо амри тасодуф дар истгоҳи хоҷагии “Ҳоҷӣ Амиров”-и ноҳияи Мастчоҳ дар як садамае сахт маҷруҳ шуда, аз пойи ростам маҳрум мондам. Аз ҳамон рӯз ман ба худ унвони “чулоқ”, яъне лангро гирифтам ва бо ҳамин маъюби гуруҳи 2-юм шудам.

Ман мувофиқи синну сол ба нафақа баромада будам, ки он замон нафақаам ҳамагӣ 57 сомониро ташкил медод. Баъдан дар давоми солҳо бо дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафақаам ба андозаҳои 10-15% зиёд шудан гирифт ва бо ҳамин аз 57 сомонии аввала то ба 300 сомонӣ расид. Шукри тинҷию оромӣ намуда, ба ҳамин иктифо кардам. Аммо чӣ мегӯед, ки баъди ба садама дучор шудан, ман аз як поям маҳрум гардидам ва ҳамон тавре, ки дар боло ишора кардам, маъюби гуруҳи дуюм шудам. Аммо дардовараш ин аст, ки ба ҷои нафақаи маро бо сабаби маъюб буданам зиёд намоянд, баръакс онро кам намуда, аз 300 сомонӣ ба 280 сомонӣ расониданд. Сабабашро то ҳанӯз фаҳмидан наметавонам. Ҳамеша дар сарам як фикр чарх мезанад ва ҳеҷ оромам намегузорад: ман, ки солим будам, 300 сомонӣ нафақа мегирифтам, акнун, ки аз як пой маҳрум шуда, маъюб гардидам, нафақаам 280 сомонӣ шуд. Чаро? Магар ин адолати иҷтимоист? Ё як узви ман кам шуд, нафақаам низ бояд кам бишавад? Худованд ҳеҷ касро ба чунин рӯз нарасонад ва аз як пой ё як даст маҳрум нагардонад, ки ба ҷуз худатон касе ғамхоратон нахоҳад буд. Саъдии бузургвор, ки пандҳои ширинаш ҳамеша дармонбахши қалби мананд, чӣ паёми зебое медиҳад ба мо, ки гуфта:

Ба ғамхорагӣ ҷуз сарангушти ман,

Нахорад касе дар ҷаҳон пушти ман.

Шояд баъзеҳо далел биоваранд, ки дар низоми нафақа тағйирот сурат гирифта, барои ҳамин нафақапулии сокинон кам гардидааст. Шояд дуруст мегӯянд, аммо як нафаре, ки солим буду 300 сомонӣ нафақа мегирифт, вақте аз як пояш маҳрум мешавад, нафақааш дар кадом асос бояд кам карда шавад? Аммо вақте ба “ведомост”-и пардохти нафақапулии баъзе аз сокинон назар меафканед, ангушти ҳайрат мегазед, ки ин нафар чикора будааст, ки то се ҳазор сомонӣ, ё аз ин ҳам зиёд нафақа мегирад? Ингуна шахсон ягон унвони давлатӣ надоранд. Онҳо чӣ хидмате барои ин давлату миллат кардаанд? Ё бар ивази кадом корашон нафақаашон зиёд шудааст? То ҷое медонам, хидмати онҳо бештар аз ман нест, вале ин ҳама кори дасти кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аст, ки бо кадом “через”-ҳое нафақаи онҳоро зиёд мекунанд.

Як ҳодисаи дигареро мехоҳам ба таваҷҷуҳи шумо расонам, ки соли 2006 як духтарчаамро, ки тайи 8 сол аз бемории диабети қанд ранҷ мекашид, ба яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои аз назорати духтурон гузаронидан бурдам, то саломатиашро муоина намуда, барои ӯ нафақа таъйин намоянд. Хулоса, ба духтарчаам 130 сомонӣ нафақа таъйин карда шуд, аммо пас аз як сол нафақа қатъ гардид. Сабабашро пурсидам, гуфтанд, ки як бори дигар аз назорати духтурон гузаронед. Соли 2007 бо як азобу машаққат духтарчаамро ба назди комиссияҳо бурдам, вале афсӯс…

Аъзои комиссия, ки тибқи хулоси онҳо нафақа таъйин мешавад, ҳарчи тавонистанд, аз 130 сомонии нафақапулиии духтарчаи беморам кам карданд. Бо шикоят аз нафақа даст кашидаму духтарачаамро ба хона овардам. Аммо чӣ илоҷ, баъди 8 моҳ духтарчаам даргузашт. (Худованд раҳматаш кунад). Дардовар аст вақте мебинед, ки як нафар солим, ягон унвон надораду мисли ман шахси оддист, аммо 2500 — 3000 сомонӣ нафақа мегирад. Магар ин адолати иҷтимоист?

***

Дар фароварди сухан мехоҳам ҳаминро зикр намоям, ки дар ҳар кишваре подоши хидмат ва арҷгузорию ғамхорӣ дар ҳаққи пирону маъюбон ҳаст, ки инро сиёсати иҷтимоии ҳар давлат муқаррар мекунад. Аммо роҳбарони ғамхор ҳамеша дар фикри мардуми худ ҳастанд. Умедворам дар кишвари азизи мо сулҳ ҳамеша пойдор бошаду шодию фараҳ дар дили пирону ҷавонон нишотафзо!

Исроил БОБОЕВ,

маъюби гуруҳи 2, нафақахӯр, сокини ноҳияи Мастчоҳ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here