Як гурӯҳ ҷавонони Тоҷикистон ба дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе ва ба дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе вобаста ба нишасти ахири мухолифин дар Варшава муроҷиатнома ирсол кардаанд, ки нусхаи он ба дасти редаксияи мо расид. Матни пурраи муроҷиатнома чунин аст:

«Мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба аст, ки ба дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои бонуфузи аврупоӣ, ки муқими Тоҷикистон мебошанд, муроҷиат карда мерасонем, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ташкилоти эсктремистӣ-террористии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар якҷоягӣ бо ҳаракати экстремистии «Гурӯҳи-24» ва «Ватандор» бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чанд вақт боз дар ба дари ташкилоту созмонҳои Аврупо гаштугузор доранд ва бо ҳамин роҳ мехоҳанд, ки ҷиноятҳои содирнамудаи худ ва ҳаммаслаконашро пӯшонанд. Лекин аз чӣ сабаб бошад, ки кишварҳои Аврупо аз намояндагони созмонҳои худ, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд намепурсанд, ки барои чӣ ба муроҷиатномаҳои чандинкаратаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон посух намегӯянд.

Ба назар чунин менамояд, ки кишварҳои Аврупо мехоҳанд, ки Тоҷикистон ҳам мисли кишварҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик аз сари нав боз ба хуну хок оғушта гардад. Ростӣ мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин рафтори мақомоти расмии кишварҳои аврупоӣ, ки намояндагони худро бо сад орзую умед вакили Парлумони Аврупо интихоб намуда, мехоҳанд, ки чӣ дар кишварҳои Аврупо ва чӣ дар кишварҳои дунё пеш аз ҳама сулҳу субот, озодӣ ва тараққиёту пешравиро дастгирӣ намоянд, на балки дастгири террористону экстремистон бошанд.

Мо ҷавонони Тоҷикистон бори дигар хотиррасон мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба хотири сарҷамъии мардум ва сулҳу осоиштагӣ дар кишвар чун дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба собиқ ҲНИТ имконияти васеъ фароҳам овард, ки дар фазои сиёсии кишвар кору фаъолият намуда, дар ба эътидол овардани оромӣ осудагии мардум саҳмгузор бошанд аммо ин ҳизби ба ном исломӣ дар давоми фаъолияташ барои тараққиёту пешрафти ҷомеа, ташаккули фарҳангии ва сиёсии мардуми кишвар алалхусус ҷавонон кореро ба анҷом нарасонид. Баръакс аъзоёни ҲНИТ ба ҷинояткорӣ, фисқу фасод ва тафриқаандозӣ дар байни мардум даст заданду халос.

Мо ҷавонон дар чунин андешаем, ки кӯшишу талоши кишварҳои Аврупо ва созмонҳои бонуфузи он аз Ҳукумати Тоҷикистон барои озод кардани ҷинояткороне, ки хуни ноҳақ рехтанд ва мехоҳанд боз ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик, ки талхии ҷангу кашмокашиҳоро дидааст, бараъло ҳақиқат адолатхоҳ ва демократӣ будани созмонҳои кишварҳои тараққикардаи Аврупоро зери суол мегузорад.

Барои мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст, ки чаро кишварҳои Аврупо ва созмонҳои бонуфузи он ба гуфтаҳои бофтаи М.Кабирӣ бовар мекунанду ба факту рақамҳо, ки далели рӯшани исботи ҷиноятҳои содирнамудаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошанд ва аз тарафи мақомоти расмии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, бовар намекунанд. Талоши кишварҳои Аврупо аз нигоҳи мо ҷавонон «стандартҳои дугона»-ро мемонад. Дар сухан муборизи зидди терроризм ва экстремизм буда, дар амал мақсаду мароми дигар дар андешаашон доранд.

Агар ин хел набошад, пас мисоли равшанеро барои кишварҳои Аврупо барои қазоват пешниҳод менамоем, айни замон ба ҷаҳониён маълум аст, ки маҳз бетарафӣ ва «стандартҳои дугона»-и кишварҳои абарқудрати дунё дар кишварҳои Шарқи Наздик ба он оварда расонд, ки ташкилоти террористӣ ба ном «Давлати исломӣ» пайдо гардид, пурсида мешавад, ки магар имрӯз абарқудратҳо наметавонанд, ки якҷоя ин гурӯҳи террористиро аз байн бубаранд, албатта метавонанд, маҳз ана ҳамон сиёсати «стандартҳои дугона» пеш гирифтани кишварҳои абарқудрати дунё, Аврупо ва аз паси ангуштон назар кардани мушкилоти кишварҳои даргир, мардуми бечора ва бегуноҳи ин минтақаҳоро ба бало гирифтор кардааст. Имрӯзҳо мебинем, ки садҳо ҳазор нафар кушта шудаву миллионҳо нафари дигар бесарпаноҳ дар қаламрави кишварҳои Аврупо сарсону саргардон гашта истодаанд.

Мо ҷавонони аз саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон дар ёд дорем, ки дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон маҳз бо дастгирӣ ва маслиҳати ҲНИТ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷангӣ таҳмилӣ кашида шуд ва чӣ қадар шаҳрвандони бегуноҳи Тоҷикистон дар ин ҷанг кушта шуда, садҳо ҳазор нафари дигар аз хонаву дари хеш маҳрум гашта, гуреза шуданд ва оқибати шаҳди мусофирӣ ва ғарибиро дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя кашидаанд. То имрӯз падарону модарони мо он рӯзҳоро ба ёд оварда ашки ҳасрат аз чашмонашон ҷорӣ мегардад ва ҳамеша дуо мекунанд, ки дигар ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои мудҳиш ба сари мардуми тоҷик наояд.

Аз ин рӯ бори дигар ба кишварҳои Аврупо ва созмонҳои бонуфузи он мо ҷавонон муроҷиат карда гуфтанием, ки дар ҳодисаҳои рухдодаи моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки бевоситаи ҲНИТ ҳамчун ҳизби экстремистӣ-террористӣ ва оқибатҳои он дар Тоҷикистон бо чашми ҳақиқат нигаред.

Тоҷикистон аз давраи ба даст овардани соҳибистиқлолияш дар кутоҳтарин мӯҳлат ба ҳамаи созмонҳои демократии ҷаҳонӣ пайваст ва бевосита дар Конститутсияи худ меъёрҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дарҷ карда, ба ҳамаи сокинони кишвар ҳуқуқҳои баробари озодии сухан ва баён фароҳам овард. Тоҷикистон ҳамаи санадҳои аҳамияти байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрвандро қабул ва эътироф намудааст ва ин маънои онро дорад, ки Ҳукумат баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳамаи чораҳоро дида истодааст. Мо ҷавонон ба ин иқдоми пешгирифтаи давлат ҳеҷ шубҳае надорем.

Тибқи дастуру пешниҳодҳои созмонҳои аврупоӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар қонунҳои худ ба таври доимӣ тағйироту иловаҳоро дароварда, онҳоро ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мекунонад.

Ба замъи ин чӣ қадар пешравиҳо дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон шуда истодааст ва ҳамаи ин маҳз бо кӯшишу талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст ва мо ҷавонон намегузорем, ки суботу оромии кишварамон халалдор карда шавад.

Ҳамчунин мо ҷавонон ба тамоми кишварҳои тараққикардаи Аврупо, ки проблемаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ намуда, таклиф менамоем, созмонҳои бонуфузи Аврупоӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд ва мо ҷавонон тайёрем онҳоро қабул намоем ва бо тамоми табақаи аҳолии Тоҷикистон ба тариқи озод вохурӣ анҷом бидиҳанд.

Тибқи ахборотҳои ба мо ҷавонон расида, гурӯҳи экстремистиву террористие, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ният доранд, ки рӯзҳои 9-10 сентябри соли равон дар қаламрави кишварҳои Аврупо даст ба тазоҳурот бизананд.

Ин гирдиҳамоиҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИТ Илҳомҷонов Ёқуб ва Хоҷаев Азизхӯҷа ва боз 29 нафар дигар шаҳрвандон, ки тайёрии ҷангиро дар лагерҳои террористии кишварҳои Шарқи Наздик гузаштаанд, айни замон бо шиносномаҳои қалбакии кишвари Венгрия дар кишварҳои Аврупо қарор доранд ва мехоҳанд, ки вазъиятро дар кишварҳои Аврупо муташанниҷ гардонанад.

Мо ҷавонони касбу кори гуногуни Тоҷикистон бори дигар қотеъона аз сафоратҳо ва дафтари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки муқими шаҳри Душанбе мебошанд талаб менамоем, ки ба террористону экстремистон саҳланкорӣ накунанд, ки оқибатҳои нохубро ба миён меорад.

Дар сурати ҷамъ омадани онҳо дар кишварҳои Аврупо мо ҷавонони Тоҷикистон ҷавобан ба ин агар 10 (даҳ) нафар гирдиҳамоӣ кунанд, мо 1000 (ҳазор нафар) ва агар 100 нафар гиридиҳамоӣ кунанд, мо 10000 (даҳ ҳазор) нафар ба сафоратхонаҳои кишварҳои Аврупо ва дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ҳозир мешавем.

Ҷавонони Тоҷикистон»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here