Дар хоҷагии деҳқонии “Фарангис” фаъолият мебарам ва сардори ин хоҷагӣ ҳастам. Соли 2015 сокини шаҳри Хуҷанд Музаффар Шарипов ҳамчун раиси фабрикаи мурғпарварии ҶДММ “Мурғпарварии Сомонсуғд” тамос гирифта, хоҳиш кард, ки бо ӯ вохӯрам. Пас аз чанд рӯз вохӯрдем ва ӯ маро ба фабрикаи зикршуда бурд.

Шарипов аз ман хоҳиш кард, ки барои мурғҳои фабрика ба ӯ ба андозаи 19640 кг ҷуворимакка диҳам. Ман розӣ шудам ва нархи як кг ҷувориро 2 сомонию 35 дирам гапзанон кардем, ки 46154 сомониро ташкил дод.

Шарипов занг зада хоҳиш кард, ки ҷувориро ба фабрика фиристам. Пурсидам, ки пулашро кай медиҳад. Дар ҷавоб гуфт, ки дар рӯзҳои наздик қисман-қисман медиҳад. Ба ӯ бовар карда, 29-уми марти соли 2015 бо воситаи ронандаи “Зил” Муҳиддин Зоҳидов 19640 кг ҷувориро фиристодам. Баъди борро қабул кардан 10 ҳазор сомонӣ дода, занг зад, ки боз 9800 кг ҷуворӣ фиристам. Пурсидам, ки боқимонда маблағро кай медиҳад. Гуфт, ки баъди фиристодани ҷуворӣ ҳамаи пулҳоро якҷо мефиристад.

Боз ба воситаи ронандаи номбурда 9800 кг борро бо нархи 2 сомониву 35-дирамӣ фиристодам, ки маблағи 23030 сомонӣ шуд. Шарипов 23030 сомониро дода, гуфт, ки қарзи пешинаро баъд медиҳад. Санаи 13-уми апрели соли 2015 Шарипов ба ман занг зада гуфт, ки ба ӯ 20340 кг ҷуворимакка лозим. Ба ӯ гуфтам, ки аввал қарзҳояшро диҳад, баъд ҷуворӣ талаб кунад. Шарипов қасам хӯрд, ки дар давоми 10 рӯз ҳамаи қарзҳоро медиҳад ва аз ман баъди ба бовариям даромадан боз 20340 кг ҷуворӣ гирифт. Он вақт нархи як кг ҷуворӣ 2 сомониву 32 дирам буд, ки маблағи умумии 47188 сомониро ташкил медод.

Хулоса, Шарипов ҳамагӣ аз ман ба маблағи 116372 кг ҷуворӣ харид, ки 33 ҳазор сомониро дод, аммо боқимонда 83372 сомонии моро надодааст. Илова бар ин, ҶДММ “Мурғпарварии Сомонсуғд” дар Исфара (бахши исфарагӣ), ки ду спиртзавод дошт, замоне, ки Билолиддин раиси завод буд, аз ман 700 ҳазор сомонӣ қарздор шуд. Аммо баъди Неъмат Бегамов раис таъин шуданаш қарзи ман ҳалношуда монд.

Соли 2015 ба ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Б. Ғафуров аз болои Шарипов  ариза навиштам. Соли 2017 ба ман ҷавоб дода шуд, ки ба суд муроҷиат кунам. Ман бо ин хулосаи ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Ғафуров розӣ нашуда, бори дуюм муроҷиат кардам, лекин ба ман ҷавоб дода нашуд.

Вақте бо маводи санҷиш шинос шудем, фаҳмидем, ки бо қарори ваколатдори оперативии ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Б. Ғафуров, капитани милитсия Давронов Ш. аз оғози парвандаи виноятӣ нисбати Музаффар Шарипов рад карда шудааст.

Хулоса, қарз дода, қарздор ва бемор гаштам. Аммо ба чандин мақомоте, ки муроҷиат кардам, ҷавоби қонеъкунанда нагирифтам.

Ягона умед ва бовариям ба Суди Олии иқтисодӣ аст, ки ин мушкили миёншикани маро бо роҳи қонунӣ ҳал карда, маро аз ҳалқаи қарз раҳо мекунад.

Ҷамшед РОЗИҚОВ,

сокини ноҳияи Спитамен, ҷ/ш Навкат, кӯчаи Сомонӣ, хонаи 23

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here