Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ

Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон

Муҳтарам Пешвои миллат, ба Шумо ҳамчун модари 10 фарзанд ва ҳамсари собиқ хизматчии давлатӣ бо як мушкиле муроҷиат менамоям, ки ҳеҷ бовар надоштам рӯзе оилаи мо бо он рӯ ба рӯ мешавад.

Ҳамсарам собиқ хизматчии давлатист. Шавҳарам Саидов Маҳмурод Шосафарович солҳои тӯлонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон” фаъолият дошт ва барои барқарор шудани хатсайри Душанбе-Москва хизматҳои арзанда анҷом додааст. Баъдан, ҳамчун муовини раиси ноҳияи Восеъ низ кор кард. Умуман, зиндагии хубе доштем. Ҳама мушкилиҳоямон замоне сар зад, ки соли 2014 аз чанд бонки кишвар ба мо огоҳинома омад. Гӯё мо аз онҳо пули калон қарз гирифта бошем. Ин хабар моро ҳам дар таҳлука андохт. Зеро, тавре гуфтам, зиндагии хуб доштему аз ягон чиз танқисӣ намекашидем. Бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзии худу фарзандонамонро меёфтем, барояшон хонаву дари алоҳида харида будем. Ҳайрон шудем, ки ин гуна қарзи калонро кӣ ва барои чӣ аз номи мо гирифтааст.

Баъдан маълум шуд, ки додарам Қараев Низом Достиевич ва ҳамсари ӯ Қосимова Садоқатхон Сабзалиевна бо гумроҳ сохтани писарони мо Бахтиёрҷон Маҳмуроди Шосафарзод ва Саидов Умед Маҳмуродович 5 хонаи моро бегона карда, ба номи худ гузаронидаанд, то аз бонкҳо қарз гирифта, тиҷорати худро ба роҳ андозанд ва баъдан пули бонкҳоро супорида, боз хонаҳоро ба номи мо баргардонанд. Мо аз ин ҳолати кор то омадани хабарномаҳои бонкҳо хабар надоштем.

Вақте писаронам асли воқеаро ба мо нақл карданд, масъаларо аз нигоҳи ҳуқуқӣ пайгирӣ кардем. Дар натиҷа Низом ва ҳамсараш Садоқатхон барои ба боварии мо даромадан дар муддати 10 рӯз як хонаи моро баргардониданд ва ваъда доданд, ки дар наздиктарин фурсат қарзҳои бонкии худро пардохта, 4 хонаи дигарамонро низ бозпас мегардонанд (чандин сабтҳои аудиоӣ мавҷуд аст). Аммо ҳолати қаллобии ин ду нафар бо далелҳои мушаххас исбот шуда бошад ҳам, мутаассифона, аз ҷониби мақомоти марбута сарфи назар карда шуданд. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки Қосимова Садоқат бо сӯйистифода аз номи шахсони баландмақом супоришу дархостҳои кормандони мақомоти давлатиро писанд намекунад.

Ҳарчанд далелҳои раднашаванда дар мавриди қаллобии ин ду нафар ва ба доми фиреб афтонидани писарамон ба суд пешниҳод гардида бошад ҳам, суд ҳамаи далелҳоро сарфи назар карда, парвандаро ба фоидаи бонкҳо ҳал ва моро аз хонаҳои ҳалолу меҳнатии худамон берун кард.

Ҳоло мо 23 нафар узви як оилаи бузург дар хаймаи назди хонаи худамон, дар бадтарин шароит зиндагӣ дорем. Дар ин бора журналистони ватаниву хориҷӣ мақолаву гузоришҳо низ омода намудаанд.

Мо бовар дорем, ки Шумо, Пешвои муаззами миллат, аз ин хабарҳо огоҳӣ надоред, вагарна ҳатман дар мавриди чунин қонуншиканиҳо чораандешӣ менамудед.

Ҷаноби Олӣ, ба фикри мо судҳо қарори худро маҳз тавассути фишор аз ҷониби шахсони таъсиргузор қабул кардаанд. Тавре аз мулоқоти Шумо бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар бармеояд, Шумо ба ягон нафар иҷозат намедиҳед, ки аз номи дигарон гап зананд ва талаб мекунед, ки ҳама баҳсҳо тибқи қонун баррасӣ шаванд.

Аммо ҳоло мо хеле маҷбур шудем, ки ба Шумо муроҷиат намоем, зеро акнун 1 солу 3 моҳ мешавад, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои қаллобонаи Қосимова Садоқат ва Қараев Низом хурду калони хонаи мо дар сардиҳои зимистони гузашта ва дар гармиҳои гӯшношуниди тобистони имсола дар хайма ва дар шароити бисёр бад зиндагӣ дорем, агар инро зиндагӣ гуфтан мумкин бошад.

Ҳоло бошад, моро маҷбур карда истодаанд, аз ин хайма ҳам, ки дар назди хонаи қонунии худамон аст, берун равем. Вале намедонем ба куҷо равему оянда чӣ кор кунем.

Муҳтарам Президент, Ҷаноби Олӣ, аз Шумо хоҳиш ва илтиҷо дорем, ки дар ҳалли қонунии ин мушкили ба сари мо омада дасти ёрии худро расонед, вагарна, намедонем он бо чӣ анҷом хоҳад ёфт.

Бо эҳтиром,

зани муштипари хонабардӯш

Саидмоҳ Қараева

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here