Ба Раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

Ман Қӯзиқулов Абдуқаҳор, сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Куруш (собиқ Куркат), деҳаи Хавотаг, кӯчаи Сарез, хонаи №7 мебошам.

Ба шумо маълум менамоям, ки мо дар ин ҳавлӣ ҳамроҳи модарам Қӯзиқулова Хомбуш, хоҳарам Ҷумаева Мастоной, додарам Ҷумаев Нарзиқул, завҷаи додарам Ҷумаева Саврӣ бо фарзандонамон зиндагӣ мекардем.

17-уми ноябри соли 2010 модарам Қӯзиқулова Хомбуш аз ман хоҳиш намуд, ки ӯро ба идораи нотариалии давлатии ноҳияи Спитамен барам. Хоҳишашро иҷро намудам. Вай он ҷо дар ҳузури шоҳидон Турсунмурот Нарзиқулов ва Бахтиёр Умарқулов васият кард: «Ҳамаи чизу чораи ба ман тааллуқдошта, аз ҷумла ҳавлии истиқоматии дар ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Куруш, деҳаи Хавотаг бударо ба писарам Қӯзиқулов Абдуқаҳор васият мекунам». «Мурдаи ман ҳам ба ту супорида шуд, ин хонаву ҷой, томарқа азони ту» гуфта, ба воситаи нотариус васиятнома гузошт. 17-уми ноябри соли 2010 васиятномаи мазкур аз ҷониби Азимова Д. М. — нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Спитамен тасдиқ карда шуд.

Касе маро огоҳ накард, ки ин ҳуҷҷатро баъди шаш моҳ ба расмият дарорам.

Ҳамсари додарам Ҷумаева Саврӣ бо модарам муносибати хуб надошт. Додарам оиладор буда, соҳиби 5 фарзанд мебошад, фарзандонаш соҳиби хонаю ҷой гаштаанд. Ғайр аз ҳавлии модарам онҳо боз 3 ҳавлӣ доранд ва ба манзил муҳтоҷ нестанд.

Рӯзе аз кор ба хона омада, дидам, ки завҷаи додарам Ҷумаева Саврӣ ба мошини боркаш чизу чораашро ҷой мекунад. Сабабашро пурсидам, ҷавоб дод:

— Мо аз ин хона кӯчида меравем, бо додаратон дигар зиндагӣ намекунам.

Байни онҳо чӣ гап шуданашро намедонам, сабаби кӯч бастанашонро ҳам.

Фаҳмидам, ки соли 1999 аз маҳаллаи «Дружба»-и шаҳраки Нов, ноҳияи Спитамен хона харидаанд.

Додарзодаам Ҷумаев Мақсуд падарашро зада хуншор карда бо фарзандонаш кӯчида рафт.

Додари беморам Нарзиқул танҳо зери парастории ман монд. Вайро нигоҳубин мекардам. Бо вуҷуди ин, вазъи сиҳатиаш беҳтар намешуд.

Рӯзе додарам аз ман хоҳиш кард, ки вайро ба беморхонаи деҳаи Куркат барам. Хоҳишашро иҷро намудам. Духтурон баъди ташхиси тиббӣ муайян намуданд, ки ӯ гирифтори бемории сил шудааст. Вайро ба беморхонаи вилоятии касалии сил, воқеъ дар деҳаи Деҳмои ноҳияи Ҷаббор Расулов бурда бистарӣ намудам.

16-уми апрели соли 2001 додарам Нарзиқулро дар беморхонаи мазкур ҷарроҳӣ намуданд, вале вайро наҷот дода натавонистанд. Ман мурдаи додарамро ба хона оварда, мувофиқи расму русум гӯручӯб кардам.

Баъд воқеае рӯй дод, ки чунинашро дар гӯшаи хаёл ҷой надода будам. Аз бом тароша афтодагӣ барин, додарзодаам Ҷумаев Мақсуд, ки аз деҳа кӯчида рафта буд ва боре падару бибиашро хабар нагирифтааст, талабгори хонаи ба ман меросгузоштаи модарам шуд.

Зани додарам Саврӣ он вақт таклифи моро ба инобат нагирифта, гуфта буд, ки баъди вафоти ҳамсараш ба Хавотаг кӯчида меояд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Пас аз вафоти додарам омаду талабгори ҳавлии меросӣ гашт.

Ман ба ҷиянам Мақсуд гуфтам, ки ин ҳавлию ҷой аз сари ҳама мемонад. Ин хонаи модарам васияткардаро ту гир, 0,10 гектар замини ба ман гузоштаро 5-сотихӣ тақсим кунем. Аммо ҷиянам розӣ нашуд, гуфт, ки инашро суд ҳал мекунад.

Ҳамин тавр, Ҷумаев Мақсуд бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки соҳиби мероси ба ман гузоштаи модарам шавад. Ҷумаев Мақсуд ва Ҷумаева Саврӣ талаботи даъвогиро чунин асоснок карданд, ки шаҳодатномаи бақайдгирӣ таҳти №1382 аз 25-уми марти соли 1989 ғайриқонунӣ буда, бо асосҳои зерин беэътибор дониста шавад. Манзили истиқоматии баҳснок, ки аз ҷониби Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Уротеппа дода шудааст, ҳамчун ҳуқуқи соҳибмулкии модаркалонаш Қӯзиқулова Хомбуш ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси шаҳодатномаи мазкур бинои истиқоматӣ бо масоҳати 90,3 м.м., масоҳати зист 60,00 м.м. бо бинои ёрирасон ба номи модаркалонаш Қӯзиқулова Хомбуш ба қайд гирифта шудааст.

Даъвогар иброз медорад, ки ҳамаи ин аз тарафи падараш Ҷумаев Нарзиқул сохта шудаасту ба модаркалонаш номнавис шудааст.

Падараш Ҷумаев Нарзиқул дар деҳоти Куркат ба ҳайси мудири мағозаи борҳои хоҷагӣ фаъолият дошт. Соли 1983 вайро барои вайрон кардани  қоидаи савдо айбдор намуда, суд карданд ва 2,5 сол ба сукунати ВКД, воқеъ дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) фиристоданд.

Соли 1986 Ҷумаев Нарзиқул дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайси мудири мағозаи озуқаворӣ фаъолият намуда, ба 40000 рубл камомад роҳ дод. Ман бо ёрии хешовандон ин маблағро ҷамъ намуда, ба идораи савдои вилояти Сирдарё супорида, вайро халос кардам.

Муддате пас Нарзиқул дар ноҳияи Ховоси вилояти Сирдарё фаъолияташро давом дода, боз қоидаи савдоро вайрон кард. Ба вай парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, суд карда, 1,5 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд.

— Ҳамаи сохтмонҳои манзили истиқоматиро ман бунёд намудам. Додарам Нарзиқул ба он муносибате надорад ва ҳатто ба он даст нарасонидааст. Зеро ин муддат вай дар ноҳияҳои гуногун фаъолият мекард ва ҳатто моҳе як маротиба ба хона намеомад,- гуфтам ман дар мурофиаи судӣ.

Дар мурофиаи судӣ раиси идораи нотариалии ноҳияи Спитамен қайд кард, ки васиятнома қувваи худро гум намекунад. Аммо судя мурофиаро яктарафа мебурд, ҳамаи ин ваҷҳҳоро ба инобат нагирифта, ҳалномаро ба фоидаи даъвогар ҳал намуд, ки ин мутлақо нодуруст ва хилофи қонунҳои амалкунандаи мамлакат мебошад.

Заминсози ноҳия бошад, ба ман хабар надода, бо ҷиянам Мақсуд ба он ҳавлии баҳсӣ меравад ва нақшаи тақсимоти манзилро мекашад. Магар ин дуруст ва мувофиқи қонун аст?

Ман бо ҳалномаи Суди ноҳияи Спитамен розӣ нашуда, ба Суди вилояти Суғд шикоят ирсол намудам.

20-уми феврали соли 2018 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Шерзода Ҷ. С. шикояти маро дар бораи беэътибор донистани шаҳодатномаи бақайдгирӣ, муқаррар намудани ҳолати соҳибӣ ва истифодаи амволи ғайриманқул, муқаррар намудани воқеияти қабули мерос ва эътирофи ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматро беқаноат мононд.

Вақти мутолиаи қарор кас монандиеро мебинад, ки дар ҳалномаи Суди ноҳияи Спитамен омадааст. Маълум, ки онро аз ҳалномаи пешин рӯйнавис кардаанд.

Аз ин рӯ, ман ба Шумо, муҳтарам Раиси Суди Олии Тоҷикистон муроҷиат мекунам, зеро медонам, ки ҳомии ҳақиқату адолат ҳастед ва ман Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд мешуморам ва ба қонунҳои одилонаи он бовар мекунам.

Абдуқаҳор ҚӮЗИҚУЛОВ, сокини ноҳияи Спитамен

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here