Ба раиси Суди олии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён
Ману шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Боймуҳаммадов Абдухалил Холмуродович 19 декабри соли 2004 тӯйи арӯсиамонро бо миёнаравӣ ва роҳбарии ҷавобгар Рустамова Ҷ. М. дар тарабхонаи «Меҳргон» гузаронидем. Дар ҳамон ҷо Рустамова Ҷ. гӯё ақди никоҳамонро ба расмият даровард. Баъд фаҳмидем, ки ин кори Рустамова Ҷ. қалбакӣ ва сохтакорона будааст: корманди САҲШ оварданаш ва имзои моро гирифтанаш дурӯғ будааст. 15 феврали соли 2007 ақди никоҳи мо дар шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти №75 ба қайд гирифта шуд. Мо аз ҳаёти оилавиамон ду фарзанди ноболиғ дорем, ки ҳарду дар ҳамин манзили истиқоматӣ таваллуд шуда, ҳамон ҷо истиқомат мекарданд.
Дар вақти хостгорӣ Рустамова Ҷ., бародараш Боймуҳаммадов Х. ва дигар хешовандонашон гуфта буданд, ки дар шаҳри Душанбе барои домодшаванда хона харида мондаанд. Пас аз тӯй ману шавҳарамро ба манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149, ки аз сабаби шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштанашон ба номи аммаи ӯ Рустамова Ҷ.М. (ҳоло бо ман мавқеи муқобили мурофиавиро гирифтааст) расмӣ кунонида шуда будааст, бо тамоми чизу чораи арӯсиамон маскун кунониданд. Илова ба ин, Рустамова Ҷ. ҳамон рӯзҳо ва баъдан низ ба ман ваъдаҳои бисёр медод, ки маро дар қайди ин хона мегузорад, вале бо ҳар баҳона ҳуҷҷатҳои хонаро намедод, ки худам ва фарзандонамро ба қайд гирам. Ману шавҳарам бо пешбурди хоҷагии умумӣ дар ин манзили истиқоматӣ зиндагӣ мекардем. Дар ҳуҷраҳои дигари ҳамин манзили истиқоматӣ бародарону хоҳарони шавҳарам, ки аз Ӯзбекистон омада, дар донишгоҳҳои олии Душанбе таҳсил мекарданд – Боймуҳаммадовҳо, — Абдурашид, Ҳоҷиқурбон, Ҳоҷимурод, Шамсинисо ва Абдулазиз низ ҳамроҳи мо зиндагӣ ва дар пешбурди хоҷагии умумиамон саҳм мегузоштанд. Дар ин хона зиндагӣ оғоз карданамро ҳамсояҳо метавонанд тасдиқ кунанд. Илова бар ин, аъзои оила ва квитансияҳои супоридаи хизматрасонии коммуналӣ метавонанд сокини ин хона будани маро собит созанд, ки суди марҳилаи якум ба ин ҳолат низ баҳо надодааст. Рустамова Ҷ. ва ягон нафари аъзои оилааш дар ин хона зиндагӣ, соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ накардаанд. То саршавии баҳси судӣ Рустамова Ҷ. мегуфт, ки «Хона-хонаи ман нест, хонаи хусурат ва он аз они ту мешавад». Инчунин, дигар хароҷотҳои пулии вобаста ба истифодабарии ин манзили истиқоматӣ ва таъмирҳояшро худи мо амалӣ мекардем.
Шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х., дар зодгоҳаш, н. Узуни в. Сурхондарёи Ӯзбекистон мувофиқи ихтисосаш кор гирифта, ба он ҷо рафта меомад. Робитаи ману фарзандонам бо шавҳарам тариқи рафтуомади мо бо тариқи раводид ба назди ӯ ва рафтуомади ӯ ба назди мо сурат мегирифт.
Аснои зиндагии бисёрсолаи оилавӣ бо шавҳарам ва муносибатҳои хешутаборӣ бо хешовандони ӯ муайян кардам, ки солҳои донишҷӯии шавҳарам, модари ӯ марҳум Боймуҳаммадова Хайринисо аз пасандозҳои оилавиашон соли 1995 ба шавҳари ҷавобгар Рустамова Ҷ. — Рустамов Ҷаъфар 75 000 сӯми ӯзбекӣ, ки ҳамон вақт ба 1500 доллари амрикоӣ баробар буд, барои харидани хона ба писараш-шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х. дода будааст ва бо ин пул ҳамон сол дар ш. Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149 хона харидаанд. Вале азбаски Боймуҳаммадов А.Х. шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштааст, онро ба номи нафари дигаре, ки шаҳрванди Тоҷикистон будаасту бо Рустамов Ҷ. муносибати наздик доштааст, расмӣ кунонидаанд. Ниҳоят соли 1999 онро ба номи аммаи шавҳарам Рустамова Ҷ., расмӣ кунонидаанд, аммо хароҷотҳои хизматрасонии ин хонаро худи Боймуҳаммадовҳо мекардаанд.
Донишҷӯёни дар боло қайдшуда донишгоҳҳояшонро хатм карда, ба зодгоҳашон баргаштанду манзили истиқоматии дар боло қайдшуда пурра дар соҳибӣ ва истифодаи ман қарор гирифт. Рустамова Ҷ. бошад, ҳамоно ваъда медод, ки маро ба қайди ин хона мегузорад, вале иҷро намекард. Ин масъаларо бо шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х. муҳокима кардем ва мегуфт, ки вақту соаташ расидааст ва аммааш бояд хонаро ба номи яке аз фарзандонамон гузаронад. Ману фарзандонам бошем, бинобар дар Ӯзбекистон зиндагӣ кардани падарашон бо раводиди семоҳа он ҷо мерафтем ва ба Душанбе баргашта, дар манзили боло зикршуда зиндагӣ мекардем. Яъне ману фарзандонам шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149 тариқи доимӣ зиндагӣ доштем.
Санаи 4 сентябри соли 2017 ҳамроҳи фарзандонам бо гирифтани раводид ба Ӯзбекистон сафар кардем. 30 декабр ба Тоҷикистон баргашта, қаблан ба хонаи волидонам рафта, санаи 3 январи соли 2018 бо фарзандонам ва падарам Шовалиев Сайдаҳмад ба манзили истиқоматии худамон, ки калиди ягонаи он дар дасти ман буд, рафтем. Ба хонаамон омада дарёфтем, ки ба ҷои дари даромадгоҳи чӯбини хонаамон дари оҳанӣ насб шуда, он бо қулфи дигар маҳкам карда шудааст ва мо натавонистем, ба хона дароем. Аз ҳамсояамон Гулбоғ сабаби инро пурсидем. Ӯ гуфт: «Умринисо, хоҳари шавҳарат дарро шикаста, дари нав гузошт».
Ман ба номи сардори Шуъбаи милитсия ариза ва баёнот навиштам. Нозири минтақавӣ аризаамро қабул карда гирифт ва дигар ягон чораҷӯӣ накарда маро ҷавоб дод. Сипас ман ҳамроҳи модарам Шовалиева Мӯмина ба назди Рустамова Ҷамила рафта, ҳолати воқеаро пурсидем. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки «Хона- хонаи ман не, хонаи хусурат, барои ҳамин вақте хусурат гуфт, ки ҳуҷҷатҳои хонаро ба духтарам Умринисо диҳед, ман ҳам додам. Ман аз вай ягон маблағ нагирифтаам, вай аз куҷо пул дорад, ки хона харад». Баъдан ӯ бо таҳқиру таҳдид ман ва модарамро аз хонааш ронд.
Пас аз ин мо муайян кардем, ки дар набудани ману фарзандонам Рустамова Ҷ.М. ҳамроҳи шавҳараш Рустамов Ҷаъфар маслиҳат карда, бо роҳи ғайриқонунӣ ва мақсади бегона кардани хона ба номи Искандаров Исроил (шавҳари Боймуҳаммадова Умринисо) тариқи тартиб додан ва имзо кардани шартномаи сохтакоронаи хариду фурӯши манзили истиқоматии дар боло қайдшуда, бо мақсади маҳрум кардани ману фарзандонам аз ҳуқуқи идомаи истифодаи ин манзил шартномаи қалбакии хариду фурӯши хонаро ба имзо расондааанд, ки тибқи он гӯё соҳибмулки ин манзил Искандаров И.В. гардидааст. Баъдан бо маслиҳати ғаразноки якҷоя Рустамова Ҷ.М., Искандаров И.В. ва Боймуҳаммадова У.Х. тариқи пинҳонӣ аз мо ва бе розигии мо — шахсони дар он ҷо маскунбуда, яъне хилофи иродаамон ба манзили истиқомат мекардаамон тариқи шикастани дар даромада, дари оҳании нав насб карда, онро бо қулфу калид маҳкам карда, бо ин роҳ моро аз манзили истиқоматиамон ва чизу чораамон маҳрум кардаанд.
Ман нисбати шаҳрвандон Искандаров И.В., Боймуҳамадова Қ.Х. ва Рустамова Ҷ.М. оиди аъзои оилаи соҳибмулк эътироф намудан, маскун кардан ва ба қайди манзили истиқоматӣ гирифтан, рӯёнидани зарари моддию маънавӣ аз ҳисоби ҷавобгарон ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъво пешниҳод кардам.
Аммо суд зимни баррасии парванда ин талаботи қонунро сарфи назар карда, чунин менамуд, ки гӯё пурра ба манфиати тарафи мурофиавии муқобил кор карда истодааст. Ҳамчунин, суд далелҳои овардаи маро, дархостҳои якчандкаратаамро беасос ба инобат нагирифта, баръакс далелҳои сохтаю қалбакии тарафи дигарро дуруст шуморида, гузашта аз ин, ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ дастрас ва пешниҳоднамудаи тарафи мурофиавии муқобилро, ки бо забони ӯзбекӣ пур карда шудаанд, бе тарҷумаи тариқи нотариалӣ тасдиқшуда қабул карда, ва онҳоро асоснок ҳисобида, талаботи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон кард. Зеро ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ дар суд тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бидуни ба расмиятдарории онҳо далелҳои хаттӣ эътироф намегарданд. Ин ҳуҷҷатҳо бо тарҷумаи забони давлатӣ ба тариқи нотариалӣ тасдиқ гардида, бояд пешниҳод карда шаванд.
Паҳлӯи дигари ғайриқонунӣ будани амали шаҳрвандон Искандаров И.В., Боймуҳаммадова Қ.Х. ва Рустамова Ҷ.М. он мебошад, ки бо мақсади ғаразнок, ба хотири он ки ману фарзандонамро аз ҳуқуқи истифодаи манзили зист мекардаамон маҳрум намоянд, байни худ созиши бадқасдона карда, бе огоҳ кардани ман ва гирифтани розигиам бидуни доштани нақшаи ҳақиқии дигар кардани соҳибмулки манзили истиқоматии баҳсӣ, тариқи пинҳонӣ шартномаи қалбакии хариду фурӯши онро ба имзо расонидаанд, ки шартномаи мазкур ғайриқонунӣ ва беэътибор буда, аз ин ҷиҳат низ ҳуқуқҳои ман дағалона вайрон карда шудааст.
Ман борҳо ба суд муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки дар ин манзили баҳсӣ суди сайёр гузаронида шавад, аммо дархостҳои чандинкаратаи маро суд ба назар нагирифт ва қонеъ накард.
Судя Шарифзода С. шахсияти ҷавобгарро муайян накарда, дар ҳалнома насаби ҷавобгарро Боймуҳамадова Қумринисо овардааст, ки мувофиқи маълумотномаи суроғавӣ бо ин ному насаб ягон шаҳрванд дар қайди Тоҷикистон нест. Дар марҳилаи суди кассатсионӣ мо ин хатоиҳои судя С. Шарифзодаро бо далелҳо исбот намудем, аммо онҳо баъди пешниҳод кардани созиш аз тарафи Рустамова Ҷ. низ ҳамаи нодурустиҳои ҳалномаро дидаю дониста бетағйир мондаанд.
Ҷавобгарон дар марҳилаи кассатсионӣ маълумотномаи дурӯғеро бо роҳи ғайриқонунӣ аз ҷои зисти ману фарзандонам ба суд пешниҳод кардаанд, ки гӯё мо сокини Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошем.
Дар асоси талаботи моддаи 189 Кодекси граждании ЧТ аҳдҳо ба амволи ғайриманқул бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ маълум гардид, ки шартномаи хариду фурӯш ба қайд гирифта нашуда, Искандаров И. ва Боймуҳаммадова У баъди дарро шикаста даромадан ва дари оҳанин мондан ягон рӯз дар хонаи мазкур истиқомат ва ихтиёрдорӣ накардаанд. Коллегияи судӣ дарк карда буд, ки тамоми амалҳои ҷавобгарон ғайриқонунианд, аммо ба ин нигоҳ накарда ҳалномаро бетағйир монд.
Хулоса суд баҳси байни ман аз як ҷонибу Искандаров И.В., Боймуҳамадова Қ.Ҳ. ва Рустамова Ҷ.М.-ро бе санҷишу таҳлили холисонаю ҳаматарафаи кор, яктарафа баррасӣ намуд ва дида мешавад, ки суд ваҷҳҳои овардаи тарафи муқобилро ҳаматарафа дастгирӣ карда, баръакс ваҷҳҳои овардаи маро беасос ҳисобидааст, ки боиси бароварда шудани ҳалномаи бармаҳал ва ғайриқонунӣ гардидааст.
Чуноне дар оғоз қайд кардам, аз болои ин ҳалнома ба суди шаҳри Душанбе шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ва ба раиси суди номбурда шикоят оварда, хоҳиш кардам, ки ҳалномаи дар боло қайдшуда бинобар бармаҳал ва ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, парванда барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суди зинаи аввал ирсол карда шавад. Аммо шикоятҳоям қонеъ нагардиданд ва ман ҳоло умедвор ҳастам, ки ин камбудиҳо аз ҷониби марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳ карда мешавад.
Аз қарори қабулнамудаи суд Рустамова Ҷ. то он дараҷае аз худ рафт, ки баъди анҷоми суд, дар ҳавлии суд ва берун аз он бо ман, шавҳарам, модарам ва падарам хост ҷанҷол намояд. Ӯ бо шавҳарам ҷанҷол кард, ки чаро ӯ дар суд шоҳидӣ дод, ки хона, хонаи аммааш набуда, хонаи онҳост ва аммааш Рустамова Ҷ. аз 18 сол пеш вафот кардани модари шавҳарам Боймуҳаммадова Хайринисо сӯиистифода бурда, пинҳонӣ хонаро ба номи Искандаров И. (шавҳари хоҳаршӯям) ба расмият даровардааст.
Рустамова Ҷамила бо ин амалҳояш қонеъ нагашта, ба мактаби №48, ки фарзандонам дар он ҷо таҳсил мекунанд, рафта, ба муаллимааш таҳдид кардааст, ки чаро дар хусуси хондани фарзандонам ба ман маълумотнома додааст. Ва гуфтааст, ки аз сентябри соли равон онҳоро ба ин мактаб қабул накунанд. Ҳоло он ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба таҳсилро дорад.
Шавҳари Рустамова Ҷ.. — Рустамов Ҷаъфар ба шавҳарам аз аввал гуфта буд, ки «Ман ҳама связома хезондагӣ, мо ин корро хушрӯ придумать кардем, шумо ягон кор карда наметонед.» Ҳамин тавр низ шуда истодааст. Ману фарзандонам бошем, аз 3.01.2018 сол инҷониб аз хонаву дар ва чизу чораамон пурра маҳрум мебошем ва ба онҳо дастрасӣ надорем. То имрӯз ман гумон доштам, ки ҳама дар назди қонун баробаранд, аммо мутаассифона ин хел набудааст.
Искандаров Исроил ва Боймуҳаммадова Умринисо бошанд, дарро ба дари оҳанин иваз намуда, ба деҳаи Питомники ноҳияи Шаҳринав баргашта, он ҷо зинданӣ доранд. Рустамова Ҷ ва Боймуҳаммадова Умринисо, ки худ омӯзгоранд, дидаву дониста ҳуқуқҳои ману фарзандонамро поймол намуданд.
Ҳуқуқҳои конститутсионии ману фарзандонамро, ки пурра аз тарафи ҷавобгарон поймол шуда истодаанд, бояд кӣ ҳимоя кунад? Оё ҳақ ба ҳақдор мерасад?
Шовалиева Мунира Сайдаҳмадовна, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бинокорон, бинои 7,ҳуҷраи 9.