Ба сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд

Шикояти ман аз дағалӣ, дуруштмуомилагӣ ва рафтори ноҷоизи як корманди тасодуфии МКД БДА, сержанти калони милитсия Раҳмонов А. Г. аст.

Санаи 26-уми июни соли 2019 тахминан соати 9:30, ки худамро начандон дуруст ҳис мекардам, аз рӯи зарурат нақлиётамро дар канори роҳ, ки дигар воситаҳои нақлиёт истода буданд, гузошта, ба дорухона даромаданӣ будам. Боварӣ доштам, ки ман дар инҷо ягон қоидаи роҳро вайрон накардаам. Чунки пеш аз нақлиёти ман ва пас аз он нақлиёти дигар истода буданд. Ҳамин вақт ин корманди бадхашм чӯбдасташро бозӣ доронда, ҳуштаккашон ба сӯи ман омад. Худашро шинос накарда, аз ман ҳуҷҷат талаб кард. Ҳуҷҷатро пешниҳод кардам. Ӯ гуфт, ки «қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардӣ, инҷо зери аломати роҳ мондӣ нақлиётро! Аз куҷо мешавӣ? Дар инҷо чӣ кор мекунӣ?». Гуфтам, ки аз Истаравшан омадаам ва дору хариданӣ ҳастам.

Ҳамин тариқ, маро беасос гунаҳгор мекард. Корманд нақлиёти аз дигар ноҳияҳо омадаро бо ҳар роҳ протокол мекунад. Масалан, ту аз куҷо, дар инҷо чӣ кор мекунӣ? Ин савол чӣ маъно дорад? Аз он бӯи чӣ меояд? Барои чӣ нақлиёти аз пеш истодаро протокол накард?

Ин «хӯҷаини роҳ» аввал гунаҳгор мекард ва баъд чун адвокат роҳҳои сабуккунандаашро нишон медод. Ба ман чунин гуфт: «Барои худам 10 сомонӣ медиҳӣ, ёрдам мекунам. «Под знак» наменависаму «изминение маршрут» менависам, ба ту сабуктар меафтад».

Ҳамин тавр, протокол тартиб дод. Ман ба нақлиёти худ рафта, ҳуҷҷатҳои титу пора кардаи ӯро ҷобаҷо карда рафтанӣ будам, ки боз ишорачӯбашро ба дасташ зада-зада, ба наздам омад. Афту андомашро турш карда, бо ишорачӯбаш ба курсии нишасти ман зада, бо дӯғу пӯписа муроҷиат кард: «Барои чӣ истодаӣ? Тезтар нест шав аз инҷо!». Ӯ барои тартиб додани протокол 10-15 дақиқа вақти маро гирифт. Дар ин вақт дар пасу пеши автомашинаи ман дигар автомашинаҳо наздик монда шуда буданд, ки барои баромада рафтанам имконият набуд. Рафтори ин корманд ба иззати нафси ҳар ронанда мерасид.

Ариза навиштам оид ба ин қазия. Ба аризаи аввалаам ҷавоб гирифтам, ки гӯё шикоятам тасдиқи худро наёфтааст. Дар ҳақиқат, ман медонам, ки бе шоҳид шикоят тасдиқи худро намеёбад. Дар мавриди бадмуомилагии ин корманд ягон чора дида нашудааст. Дар ҳоле, ки ҳангоми дуруштмуомилагӣ ва ду пойро дар як калӯш андохтаву “автомашинаатро аз инҷо гир” гуфтанаш, ду сокини шаҳри Хуҷанд рақами телефонашонро додаву шоҳид буданд. Ин ҳодиса дар рӯ ба рӯи растаи дорухонаҳо, назди гузаргоҳи зеризаминӣ, болотар аз Панҷшанбебозори шаҳри Хуҷанд ба амал омада буд.

Ин корманд дар ҳақиқат тасодуфӣ аст, муомилаи хубро намедонад, дарди маҳалчигӣ дорад. Яқин аст, ки агар пуштибоне намедошт, бо ин рафтору кирдораш дар вазифааш намеистод. Сабаби ба пуррагӣ баррасӣ нагардидани аризаи ман ҳам аз ин шаҳодат медиҳад. Ҳатто то ҳол ҳуҷҷати ронандагиам ба ШБДА-и шаҳри Истаравшан нарасидааст…

Ҳасанов Беҳрӯз Шарифҷонович,

сокини деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий