Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муҳтарам Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти мардумии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тавассути муроҷиати мазкур қабл аз ҳама миннатдории хешро барои сиёсати хирадмандона ва халқпарварона ба Шумо изҳор менамоям.
Ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои Ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими қонунмандӣ ва қонунмеҳварии кишвар гом ниҳад. Аммо мутаассифона, 2 сол инҷониб аз бесалоҳиятӣ ва ба манфиатҳои шахсии худ истифода бурдани қонун аз ҷониби судяҳои суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва Суди Олии Ҷумурии Тоҷикистон даъвоҳои граждании ман бо ҳалномаҳои ғайриқонунӣ, сохтакорӣ ва сарфи назар кардани қонун, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Шумо, таҳти рақами 1504, аз 30-юми августи соли 2013 тасдиқ шудааст, рад гардида, манфиатҳои қонунии ман ва ҳамсарам дағалона вайрон ва поймол гардида истодаанд.
Ман ба суди шаҳри Исфара оиди аз манзили шахсиам, воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи марказӣ, бинои 59, ҳуҷраи 20 кӯчонидани Сӯфихолов А. Ҳ. ва Ҳоҷихонов М. аризаи даъвогӣ навишта будам. Аризаи даъвогии маро судяи суди шаҳри Исфара Ғанизода Комилҷон Тағойбек баррасӣ карда, бар хилофи талаботҳои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ, яктарафа ва ғайри холисона, санаи 16-уми майи соли 2019, ҳалнома бароварда, даъвои маро рад кард. Аризаи даъвогии муқобили даъвои Сӯфихолов А. Ҳ. ва Ҳоҷихонов М.,-ро «Дар бораи басташуда эътироф кардан ва бо эътибор ҳисобидани шартномаи хариду фурӯши квартира» қонеъ намуд.
Аз болои ҳалномаи мазкур ман ба зинаҳои кассатсионӣ ва назоратии суди вилояти Суғд шикоят бурдам, аммо шикоятҳои ман бе ягон асос рад карда шуданд. Баъдан, 14 июли соли 2020 намояндаи ваколатдори ман Зайниддинзода И. ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ шикояти назоратӣ пешниҳод кард. Дар асоси шикояти мазкур судяи Суди Олӣ Қамарзода Р. парвандаи гражданиро пурра, ҳаматарафа ва холисона мавриди омӯзиш қарор дода, 14-уми октябри соли 2020 оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот баровард.
10 ва 11-уми ноябри соли 2020 бо даъвати котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ ман бо ҳамсарам Иброҳимова Сангчахон дар маҷлиси судии коллегияи судӣ иштирок намудем, ки он таҳти раисии Қодирзода Т.Қ. ва судяҳо Ваҳҳобзода Ш. ва Мирзозода И. Ш. гузашт. Рӯзи авввал маърӯзачӣ бо парванда судя Ваҳҳобзода Ш. буд. аммо, 11-уми ноябр маърӯзачӣ иваз шуд. Раисикунандаи парванда Қодирзода Т. Қ. гуфт, ки аз сабаби ивазшавии маърӯзачӣ Ваҳобзода Ш. бемориаш будааст, аммо, дар асл, судя Ваҳобзода он рӯз дар утоқи кориаш қарор дошт. Ба ҷои Ваҳобзода Ш. судя Аланазарзода Шароф ба баррасии парванда ҳамроҳ шуд. Пас аз мурофиа гуфтанд, ки санаи ояндаи баррасии шикоят ба рӯзи 25 ноябр, соати 9:00 монда мешавад. 25 ноябр бо намояндаи ваколатдорам Зайниддинзода И. соати 9:00 ба Суди Олӣ ҳозир шудем, аммо, шикоят ҳамон рӯз соати 16:00 бе иштироки Сӯфихолов А. Ҳ. ва Ҳоҷихонов М. яктарафа ва ғайрихолисона гузаронида шуда, шикояти назоратии намояндаи ваколатдори ман Зайниддинзода И. беқаноат монда шуд.
Ҳол он, ки ҳамаи камбудию қонуншиканиҳо, ки аз ҷониби суди зинаи аввал ва зинаҳои кассатсионӣ ва назоратии суди вилояти Суғд роҳ дода буд ва дар натиҷа ҳалнома ва қарорҳои ғайриқонунӣ қабул карда шуда буд, дар таъиноти Судяи Суди Олӣ Қамарзода Р. аз 14.10. 2020 аниқу равшан бо нишон додани меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ дарҷ шуда буд.
Сӯфихолов А.Ҳ. ва Ҳоҷихонов М. аз баргузории маҷлиси коллегия хабардор буданд, лекин 25 ноябри соли 2020, новобаста аз он, ки аз ҷониби котиби коллегия Ватанзода Ш. хабардор гардида бошанд ҳам, 25.11. 2020 сол дар маҷлиси коллегияи судӣ иштирок накарданд. Вобаста ба ҳолатҳои кор баён менамоям, ки хонаро ман ба Ҳоҷихонов Муталифхон бо илтимоси Сӯфихолов Абдулатиф ба иҷораи бемузд, бо мақсади нигоҳубини манзили истиқоматиам, ки дар рӯ ба рӯи манзили баҳсӣ қарор дошт, дода будам. Ман аз Сӯфихолов Абдулатиф гӯё барои фурӯши манзили истиқоматии баҳсӣ маблағи пулӣ ба андозаи 1300 доллари ИМА бо арзиши ҳамон вақтаи бо пули миллӣ мутаносибан 120000 сомонӣ (ҳоло он ки пули миллӣ то соли 1999 рубл буд, на сомонӣ) гирифта бошам, тамоман нодуруст аст. Гуфтаи Муминов, ки гӯё ба хонаи ман ҳамроҳи Сӯфихолов Абдулатиф омада, маблағи пулиро супорида бошад, дурӯғ аст. (пас Кимсанов Хуршед куҷо шуд).
Инчунин, ҷавобгар-даъвогар нисбати ман ба ШВКД-и шаҳри Исфара бо ариза муроҷиат намуда буд, ки хонаро ӯ аз ман соли 1994 (аз болояш ислоҳ намуда, соли 1998 навиштааст) ба маблағи 14000 рубли русӣ харидааст. Илова бар ин, ду фиттаи сабти овози гуфтугӯи ман ва Сӯфихоловро, ки ман ба суди марҳилаи якум бо мақсади ошкор намудани дурӯғгӯии Суфихолов Абдулатиф оиди харидорӣ намудани манзили истиқоматиям, пешниҳод карда будам, мавриди муҳокима қарор дода нашуд. Яъне, Суфихолов Абдулатиф кай ва ба кадом маблағ харидани манзили истиқоматии маро умуман намедонад ва дар мурофиаи марҳилаи якум судро ба иштибоҳ андохта, нишондоди бардурӯғ дод, ки гӯё ман соли 1994 аз Сӯфихолов Абдулатиф 10 ҳазор рубли русӣ қарз гирифта бошаму бар ивазаш хонаамро пешниҳод кардаам. Дар асл ман аз Суфихолов Абдулатиф ягон маротиба то имрӯз ягон дирам қарз нагирифтаам, баракс, соли 1994 ман дар вазифаи сардори филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Исфара кору фаъолият мекардам ва музди меҳнати солонаам мувофиқи маълумотномаи филиали Агроинвесбонк дар ш.Исфара, аз 09. 11. 2020, №37 09 1, маблағи 4123999 рубли русиро ташкил мекардааст.
Ҳуҷҷати манзили истиқоматӣ дар худи манзили истиқоматӣ мавҷуд буда, Сӯфихолов Абдулатиф манзили истиқоматии маро бо роҳи қаллобӣ ба бародараш Ҳоҷихонов Муталифхон фурӯхта, баъдан боз аз вай харидааст. Бояд гӯям, ки то имрӯз маблағи андози манзили истиқоматии баҳсӣ аз ҷониби ман пурра пардохт карда шудааст.
Чи тавре, аз маводи парванда бармеояд, ҳамсарам Иброҳимова Сангчахон оиди моҳи октябри соли 1997 аз ҷониби ман гӯё ба Сӯфихолов А. Ҳ. фурӯхтани манзили истиқоматии баҳсӣ, ки дар давраи оиладориамон ба даст оварда, моликияти муштараки мо ба ҳисоб меравад, умуман хабар надошт. Ӯ танҳо медонист, ки ман манзили истиқоматиро ба ҳамдеҳаамон Сӯфихолов А. Ҳ. ва бародараш Ҳоҷихонов М. барои муваққатан истиқомат намудан ба иҷораи бемузд додаам. Ғайр аз ин, Сӯфихолов А. Ҳ. дар давоми зиёда аз 22 сол ягон маротиба ба ман оиди ба расмият даровардани манзили истиқоматии зикршуда муроҷиат накардааст. Аз ҳаракатҳои ҷавобгарон-даъвогарон бо роҳбарии Сӯфихолов А. ҷинояти қалобӣ ва азхудкунии моли ғайр бо ҳаҷми махсусан калон дида мешавад.
Суди зинаи аввал парвандаро яктарафа ва ғайрихолисона мавриди баррасӣ қарор дода, ҳуқуқ ва манфитҳои конститутсионии ҳамсарам Иброҳимова Сангчахонро дағалона вайрон карда, дар натиҷа ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул кардааст.
Мутаассифона, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ ваҷҳу далелҳои бебаҳси аз ҷониби ман дар шикояти кассатсионӣ овардашуда, далелҳои аз ҷониби намояндаи ваколатдори ман Зайниддинзода И. дар шикояти назоратӣ овардашуда ва аз ҷониби суди зинаи аввал дағалона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи моддиро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор надод ва ҳалномаи суди шаҳри Исфара аз 16.05.2019-ро бетағйир монда, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратии моро беасос беқаноат мондааст.
Пас аз ин, ман 27-уми январи соли 2021, ба унвони раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад шикояти назоратии такрорӣ навиштам. Шикояти назоратии маро судяи Суди Олӣ Оймаҳмадзода М. баррасӣ намуда, 22 феврали соли 2021, таҳти №22-220/21, ба ман ҷавоби хаттӣ ирсол кард. Дар он қайд шудааст, ки қарори назоратии коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ аз 25 ноябри соли 2020 дуруст буда, асос барои бекор кардан, ё тағйир додани санадҳои судии қаблан қабулгардида мавҷуд намебошад. Ҳол он, ки ҳамаи қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби суди шаҳри Исфара ҳангоми қабули ҳалнома ҷой доштанд, аз ҷониби судяи Суди Олӣ Қамарзода Р. бо таъинот аз 14 уми октябри соли 2020 холисона, бо дараҷаи баланди касбӣ ошкор карда шуда буданд.
Мутаассифона, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ., Аланазарзода Ш. ва Мирзозода И.Ш. таъиноти судяи Суди Олӣ Қамарзода Р.-ро, аз 14 уми октябри соли 2020, ки асоснок ва қонунӣ буд, бинобар манфиатдории шахсиашон сарфи назар намуда, қарори тамоман ғайриқонунӣ қабул кардаанд.
Муҳтарам Ҷаноби олӣ, ҳолатҳои дар боло зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки судяи суди шаҳри Исфара Ғанизода Комилҷон Тағойбек, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ., Аланазарзода Ш. ва Мирзозода И. Ш. ба обрӯ ва нуфузи мақомоти судӣ иснод оварда, боварии Шумо ва шаҳрвандонро ҳангоми баррасии парвандаҳо коста мегардонанд. Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидаю дониста баровардани ҳалномаи ғайриқонунӣ ва ё сохтакории хизматӣ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ кардааст.
Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки вобаста ба қазияи ба вуҷудомада, ба мақомоти дахлдор, аз он ҷумла ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш диҳед, то барои ба ҷавобгарӣ кашидани судяҳои боғараз даст ба кор шаванд.
Иброҳимов Исмонҷон,
сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, кӯчаи Гумбаз, хонаи 9