Судяи шаҳри Хуҷанд ва судяҳои вилояти Суғд чӣ гуна беадолатии судиро таъмин мекунанд?

Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Мо лозим намедонистем тавассути матбуот унвонии Шумоён муроҷиат кунем, аммо муносибати Эраҷ Ализода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд ва С. Ҷ. Шерзода, М. Латифзодаву М. Очилзода, судяҳои Суди вилояти Суғд ба қонуну қонунгузории Тоҷикистон ва барқарор кардани адолати судӣ моро водор кард, ки қалам ба даст гирем. Мехоҳем ба Шумо — ҳомиёни қонун ва адолати судӣ дар Тоҷикистон дар мисоли парвандае, ки мо иштирокдораш ҳастем, аён гардад, ки кадом судяҳо ба арзишҳои волои ҷомеаи ҳуқуқбунёд беэҳтиромӣ мекунанд. Онҳо бо истифода аз салоҳиятҳое, ки қонун ба судяҳо додааст, ҳалномаву таъиноти судие содир мекунанд, ки сар то по нақзи қонунҳои Тоҷикистон аст.
Ин ҷо гап дар бораи шартномаи хонае меравад, ки 24 сол пеш ҳадя шудааст, аммо бар асоси ҳалномаи судя Эраҷ Ализода бекор карда мешавад. Судя гузашта ва таърихро ба майлу хости худ ва хилофи қонунгузории Тоҷикистон мехоҳад тағйир диҳад. Агар судя ин гуна аз мантиқ кор намегирад, пас вой бар ҳоли мардуме, ки корашон ба дасти онҳо афтад.
Хонаро бар асоси “шаҳодатномаи мерос” ҳанӯз соли 1986 бобоямон Абдулло Исмоилов вобаста ба шароити оилавӣ ба аммаамон Маҳбуба Исмоилова қонунан ҳадя дода буд. Дар навбати худ, соли 1993 аммаамон ба падари мо — бародарашон Ғайбулло Исмоилов шартнома доданд, ки хона моликияти ӯ шавад. Эраҷ Ализода далелҳоеро, ки ҳаққу ҳуқуқи қонунӣ ва маънавии моро ба мероси падар собит менамоянд, аслан ба эътибор нагирифт ва шартномаи ҳадяеро, ки 24 сол пеш байни хоҳару бародар баста шуда буд, беэътибор намуд.
Ин хонаи истиқоматӣ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, тангкӯчаи Дуредгарон, хонаи №5 дар қитъаи замини 422 метри мураббаъ ҷойгир буда, 49,6 метри мураббаъи фоиданок дорад, ки аз 35,7 метри мураббаъ масоҳати зист, ду шипанг, се анбор, сарой, се хона, ду ошхона таркиб ёфта, моликияти падари мо Исмоилов Ғайбулло мебошад. Ин хонаро 18-уми феврали соли 1986 бобоямон Абдулло Исмоилов ба аммаам — Маҳбуба Исмоилова ҳадя дода, 5-уми апрели соли 1993 аммаам онро ба бародараш, падари мо — Ғайбулло Исмоилов ҳадя кардааст. Шартномаи ҳадя вуҷуд дорад, ки ин моликияти падариро барои мо собит мекунад.
Аммо Суди шаҳри Хуҷанд 22-юми феврали соли 2017 аризаи даъвогии мо — Исмоилов Мухтор, Исмоилов Мурод, Исмоилов Дилшод — оид ба муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос ва тақсими амволи меросӣ нисбати ҷавобгарон — Исмоилова Меҳрӣ, Абдуллоев Ғуфрон, Исмоилов Баҳодур, Исмоилова Биоминаро рад кард. Дар навбати худ, аризаи даъвогии ахириҳо, бо ҳамроҳии Идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Хуҷандро дар бораи беэътибор донистани шартномаи ҳадяи манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, тангкӯчаи Дуредгарон, хонаи №5 қонеъ кард. Яъне шартномаи ҳадяи манзили истиқоматӣ аз 5-уми апрели соли 1993-ро беэътибор донист.
Судяи Суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода дар вақти қабули ин ҳалнома чанд асоси ғайривоқеӣ, ғайримантиқӣ ва ғайриқонуниро истифода карда, беадолатии судиро таъмин намуд:
Якум. Эраҷ Ализода барои беэътибор донистани шартномаи ҳадяи манзил маълумоти намояндаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд Ф. Машариповро асос кардааст. Ф. Машарипов дар мурофиаи судӣ иштирок карда, гӯё баён кардааст, ки соли 1993 бо дархости Маҳбуба Исмоилова барои ба расмият даровардани шартномаи ҳадя маълумотнома дода шуда, аммо дар ин маълумотнома манзили истиқоматӣ (қисми манзили истиқоматӣ бо литери 1А 1М бо масоҳати 25 м2, масоҳати зисташ 18,1 м 2) ҳамчун хонаи худсохт нишон дода шудааст ва ҳатто бо забони русӣ навишта шудааст, ки “не подлежит”, яъне “ҳадя карда намешавад”. Ба қавли Ф. Машарипов, нотариуси давлатӣ ин ҳолатро ба назар нагирифта, шартномаи ҳадяро ба расмият даровардааст.
Ин дар ҳолест, ки Ф. Машарипов боре ҳам дар мурофиаи судӣ иштирок накардаву ҳеҷ гуна баёнот надодааст. Ҳатто кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд аз баргузории ҳамчунин мурофиа хабар надоштанд. Аз ҷониби суд ҳеҷ гуна хабарнома ба унвонии ин идора ирсол карда нашудааст. Аммо Эраҷ Ализода дар қисми асосноккунии ҳалнома маҳз ин нуктаи нишондоди ӯ (Ф. Машарипов)-ро яке аз асосҳои беэътибор донистани шартномаи ҳадя донистааст.
Дуюм. Дар қисми дигари ҳалнома судя Эраҷ Ализода овардааст, дар шаҳодатнома, ки ба номи Абдулло Исмоилов аз моҳи феврали соли 1986 барои ба расмият даровардани шартномаи ҳадя байни ӯ ва Исмоилова Маҳбуба навишта шудааст, дар сутуни рӯйхати иншоот дар муқобили литери 1А 1М бо забони русӣ “не подлежит” навишта шудааст. Инчунин илова кардааст, ки дар маълумотномаи дигаре, ки ба номи Исмоилова Маҳбуба аз 31-уми марти соли 1993 дода шудааст, ҳолати хонаи истиқоматӣ ҳамон тартиб нишон дода шудааст, ки “не подлежит”, яъне ҳадя кардани он бо сабаби сохтмони худсарона буданаш манъ карда шудааст.
Аммо ин таҳрифи ҳуҷҷат аст. Баъди ба миён омадани ин баҳс оид ба ин масъала мо ба КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд бо мактуб муроҷиат намудем ва тибқи посухи масъулини ин идора (пештара МБТИ — Межрайонный бюро технической инвентаризации — Бюрои барӯйхатгирии фаннии ноҳиявӣ) аз 5-уми апрели соли 2017 дастурамали Вазорати Хоҷагии Коммуналии РСС Тоҷикистон (аз соли 1983), ки ин масъаларо танзим мекард, то соли 1998 амал менамуд. Дар замимаи №12-и он ишораи “отметка подлежит ли сносу” омадааст, яъне ин хона кӯчонда мешавад ё не. Маънои “не подлежит”-е, ки Эраҷ Ализода асос кардааст, “не подлежит сносу”, яъне мувофиқи нақшаи кулли шаҳрдорӣ ҳавлии мазкур “набояд кӯчонда шавад” аст, на “набояд ҳадя дода шавад”.
Аммо судя Эраҷ Ализода маълумотномаи идораи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷандро ба таври худ шарҳ дода, истифода кардааст. На ба ин маъно, ки “набояд кӯчонда шавад”, балки “набояд ҳадя карда шавад”. Оё қонун ин иҷозаро медиҳад, ки маълумотномаи як идораро судя барғалат маънидод кунад? Агар аз рӯи ин мантиқ гирем, пас ҳеҷ кас дили пур дошта наметавонад, ки пас аз маргаш моликияти ӯ воқеан ба фарзандаш насиб мекунад ё не.
Сеюм. Вақте бар асоси маълумотномаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд ҳалномаи суди марҳилаи якум қабул шудааст, пас оё мешавад онро қонунӣ ҳисобид? Албатта, не. Яъне ин ҳалнома ғайриқонунӣ аст.
Чорум. Судя Эраҷ Ализода таъиноти судиро замоне ба мо дод, ки аз қабулаш 15 рӯз сипарӣ шуда буд. Ин дар ҳоле буд, ки мо барои иштирок накардани Ф. Машарипов дар мурофиа бо ариза муроҷиат намудем, аммо Эраҷ Ализода як рӯз баъд аз аризаи мо — 4-уми апрел, бо санаи 20-уми март, яъне 15 рӯз қафо таъинот қабул карда, ба мо дод. Инро чӣ гуна мешавад фаҳмид? Оё ин таъинот қонунӣ буда метавонад?
Панҷум. Падари мо соли 2009 оламро тарк карданд. То будани он кас 16 сол ва пас аз 8 соли даргузашташон хоҳари он кас — аммаи мо чаро ба додгоҳ муроҷиат накарданд? Судя Эраҷ Ализода чаро ин суолро матраҳ накард?
Шашум. Тибқи қонун давомнокии муҳлати ба даст овардани мерос 15 сол муқаррар шудааст. Аз соли 1993 то ба ҳол 24 сол мегузарад. Худ баррасии ин масъаларо чаро судя дидаву дониста ба роҳ монд?
Хулоса, суди марҳилаи якум бо ҳамин гуна асосҳои ғайриқонунӣ ва тафсири шахсии судя аз маълумоти расмӣ ва қабули таъиноти судӣ 15 рӯз қабл аз санаи содираш ба охир расид.
Мо барои супоридани шикояти кассатсионӣ ба назди С. Ҷ. Шерзода, судяи Суди вилояти Суғд рафтем. Ӯ маводҳоро аз назар гузаронда гуфт, ки ба ин Шумо ҳақ доред. Мо ба ӯ гуфтем, ки парванда камбудиҳои ҷиддӣ дорад, аммо ӯ гуфт, ки парванда ягон камбудӣ надорад ва дар ҳолати камбуди ҳуҷҷатҳо моро худаш огоҳ менамояд. Аммо ҳамон рӯз ҳузури Меҳрӣ Исмоилова, яке аз ҷавобгарони аризаи даъвогии мо, ки гӯё барои расонидани нусхаи шиносномааш ба утоқи Эраҷ Ализода ба Суди шаҳри Хуҷанд омада буд, шакку гумони моро ба вуҷуд овард. Дар ҳоле, ки парванда барои баррасӣ ба суди вилоятӣ рафтааст ва С. Ҷ. Шерзода гуфт, ки тамоми ҳуҷҷатҳо такмил шудаанд, чӣ гуна ба суди шаҳрӣ нусхаи шиноснома бояд мерасонданд? Агар камбуди ҳуҷҷат буд, пас онро бояд суди вилоятӣ талаб мекард, на шаҳрӣ.
Як рӯз баъд, яъне 16-уми майи соли 2017, дар ҳузури судяҳо С. Ҷ. Шерзода, М. Очилзода ва муовини раиси Суди вилояти Суғд — М. Латифзода мурофиа оғоз шуд. Мо ба онҳо рафтани Меҳрӣ Исмоилова ба назди судяро мисол оварда, гуфтем, ки аз баррасии шикояти кассатсионӣ нохушбин ҳастем ва баргузории онро рад мекунем. М. Латифзода ба ин ҳаққи қонунии мо эҳтиром нагузошта, гуфт: “Ин ҷо бозори Панҷшанбе нест, ки Шумо инро рад кунед!”.
Ҳамин тавр, М. Латифзода, С. Ҷ. Шерзода ва М. Очилзода дар муддати 15 дақиқа шикояти моро дар суди вилоятӣ баррасӣ намуда, қарор қабул карданд, ки таъиноти суди марҳилаи якум бетағйир монда шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин баррасӣ танҳо ҷониби мо ширкат кард ва аз тарафи ҷавобгарон ҳеҷ кас набуд.
Дар қарори судие, ки таҳти раисии М. Латифзода, судяҳо Шерзода С. Ҷ. ва М. Очилзода қабул карда шуд, ҷойҳое, ки номи мо дар ҳалномаи судии марҳилаи якум хато рафта буд (масалан, ба ҷои “Исмоилов” “Исматов” навишта буданд), айнан нусхабардорӣ шудаанд. Аз ин мо ба хулоса расидем, ки қарори суди вилоятӣ бар асоси ҳалномаи суди марҳилаи якум содир шудааст ва шикояти мо аслан ба баррасӣ гирифта нашудааст. Шикояти касатсионии мо дар Суди вилояти Суғд ҳамин тавр “баррасӣ” шуд.
Баъдан боз ҳам барои воқеъбинона муносибат кардани судяҳо ба парванда мо ба Суди вилояти Суғд шикоят кардем. Ин навбат парвандаро судя А. Воситзода баррасӣ намуд. Мо умед доштем, ки ин судя ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Аммо ин танҳо хаёл буд ва он ҳам ҳалномаи суди марҳилаи якумро бетағйир боқӣ гузошт.
Баъди чанд муддат мо ба назди раиси Суди вилояти Суғд Б. Оқилзода даромадем. Парвандаро аз назар гузаронд ва намояндаи суди вилоятро ба наздаш хонда, таъкид кард, ки ин ҷо кор хеле ғайриқонунӣ бандубаст шудааст. Ба мо гуфт, ки шумо равед, ман инро худам меомӯзам. Мо ариза кардем. Гуфтанд, ки ҷавобатонро мо бо почта мефиристем.
Аз миён як моҳ гузашт. Вақте модарамон ба суди вилоят раванд, ба он кас гуфтаанд, ки дар хулосаи суд ҳеҷ тағйирот нашудааст. Аммо дар посух ба аризаи мо Б. Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд аз ҷумла овардааст: Маҳбуба Исмоилова, ки манзили истиқоматии меросиро ба падари мо ҳадя намудааст, баёнот додааст, ки ӯ на ҳамаи манзил, балки қисми онро ба падари мо ҳадя карда будааст.
Ин даъво маълум аст, аммо ҷаноби раиси суди вилоят инро ба назар нагирифтаанд, ки чаро маҳз баъд аз 24 сол Маҳбуба Исмоилова, намояндаи як хонадони маъруфу барӯманди Хуҷанд ба ёди мероси падар рафтанд? Метавонанд пурсанд, ки хонум Исмоилова, 24 сол боз чаро хомӯш будед?

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва раиси Суди Олии Тоҷикистон!
Қисса кӯтоҳ, моро мехоҳанд аз мероси падарамон маҳрум кунанд ва дар ин кор судяҳои шаҳри Хуҷанд — Эраҷ Ализода ва вилояти Суғд — С. Ҷ. Шерзода, М. Латифзода, М. Очилзода, А. Воситзода ва раиси Суди вилоят Б. Оқилзода мусоидат мекунанд. Шумо худ пай бурдед, ки аз суди марҳилаи якум то марҳилаи кассатсиониву назоратӣ чӣ гуна беадолатии судӣ шудааст.
Ҳоло мо аз Шумо умедворем, ки дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти назоратии мо моҳиятан дар доираи қонун ва адолат баррасӣ карда мешавад. Мо фақат мехоҳем, ки ҳама баррасиҳо аз рӯи қонун ва фақат қонун сурат гиранд, на тафсиру фаҳмишҳои шахсии судяҳо.

Бо эҳтиром, Мухтор, Мурод ва Дилшод Исмоиловҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here