Ба таваҷҷуҳи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода

 

Мо — волидайн ифтихор аз он дорем, ки бинои Гимназияи №1 бо тамоми шароити лозимӣ сохта ба истифода дода шуд. Маҳз бо дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Шумо, Раиси муҳтарам, бинои мазкур аз муассисаҳои таълимие, ки дар кишварҳои хориҷа амал менамоянд, фарқияте надорад.

Албатта, имрӯз дар баробари он, ки дар мактаб шароити хуби таълимӣ бошад, саҳми роҳбарияти муассиса низ назаррас аст. Дар муассисаи мазкур омӯзгорони пуртаҷрибаву соҳибтахассус ба фарзандони мо таълиму тарбия медиҳанд. Кӯшишҳои сарвари муассисаи мазкур Сатторова Саиднисо Ҷӯрабоевнаро низ мо мехостем дар алоҳидагӣ зикр намоем. Рӯзҳое, ки бинои муассиса азнавсозӣ мешуд, ин зани ҳалиму меҳрубон ва дар як навбат сарвари соҳибтаҷриба дар қатори сохтмончиён бо сарулибоси корӣ истода меҳнат мекард. Мо борҳо шоҳид гаштем, дар баробари он, ки баҳри таълиму тарбияи фарзандони мо талош намояд, дар навбати дигар шабу рӯз барои беҳтар гардонидани шароити муассиса саҳм мегузошт. Ӯ тавониста истодааст, ки дар муддати роҳбариаш таълиму тарбияро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, беҳтарин омӯзгоронро ҷамъ оварад. Аммо имрӯз мо — волидайнро овозаҳое, ки байни кормандони соҳаи маориф, махсусан дар шаҳри Хуҷанд паҳн гардид, ба ташвиш овардааст. Моро бетаъсир гузошта наметавонад, ки гӯё рӯзҳои наздик сарварии Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил бар уҳдаи нафари дигар гузошта мешавад. Аз шунидани ин овоза ҳамаи мо нигаронем ва нисбати ояндаи фарзадону набераҳоямон хавотирем. Зеро мо дар ҳақиқат дида истодаем, ки сарвари имрӯзаи муассисаи мазкур Сатторова Саиднисо аз он рӯзе, ки вазифаи сарвариро ба уҳдаи худ гирифт, кори худро аз ободонии муассиса оғоз намуд. Баҳри таълиму тарбияи фарзандони мо ва ҳам барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани шароити таълимӣ дар муассиса заҳматҳои беандоза кашид. Инчунин, ҳоҷатхона, ки хеле фарсуда буд, аз нав сохта ба истифода дод. Барои боз ҳам беҳтару хубтар бо забонҳои англисӣ ва русӣ таълим гирифтани хонандагон кабинети замонавӣ ташкил карда, ҳамаи дарҳо ва тирезаҳои собиқ бинои куҳнаро аз нав барқарор намуд.

Аз ин рӯ, овозаҳои паҳнгаштаистода моро водор намуд, ки барои аз вазифа сабукдӯш нашудани ин сарвари хоксор кӯшише намоем, бетарафиро ихтиёр накунем.

Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки агар чунин овозаҳо ягон ҳақиқате дошта бошанд, баҳри бартараф намуданаш мусоидат менамудед. Зеро мо — волидайн ва ҳамчунин фарзандонамон аз сарвари имрӯзаи муассисаи мазкур аз замин то осмон розӣ ҳастем ва намехоҳем, ки ба ҷои ӯ нафари дигар ба вазифаи сарварӣ ба ин муассиса омада бошад. Бори дигар, раиси муҳтарам, аз таваҷҷуҳи беандозаатон сипосгузорем ва итминони комил дорем, ки ин мактуби моро ба инобат мегиред ва баҳри дар оянда низ аз ҷониби Сатторова Саиднисо Ҷӯрабоевна идома додани роҳбарӣ дар Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил мусоидат менамоед.

Олимова З., Қодиров А., Усмонова Г., Ибодуллоев С., Усмаилова М., Турабоева Ш., Ҳомидова З., Солиев С., Раҳматов Б. ва беш аз 40 имзои дигари волидон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here