Вақте ки соҳибкорони Бозори марказии ноҳияи Ҷ. Расуловро безобита карданро сар карда буданд, моҳи апрели соли 2014 буд. Ҳамон вақт Салимзода К. (Бутаев К.) сардори нозироти андоз буд. Вақте ки 12-уми сентябри соли 2017 Бозори марказии ноҳияи Ҷ. Расуловро маҳкам карданд, Салимзода раиси ноҳия буд. Аз ҳамон вақт баҳси бозор дар ҳамаи марҳилаҳои Суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда истодааст.

Соли 2016 Салимзода таъкид намуда буд, ки аз сабаби ворид гардидани тағйирот ба нақшаи генералии шаҳраки Меҳробод ҷойи бозори марказӣ ба эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият гирифта мешавад. Раиси ноҳия ба соҳибмулкон мактуб дод, ки дар ҷои бозорашон хонаҳои истиқоматии 6-9-ошёна ва боғи фарҳангию фароғатии кӯдакона, сохтмони хонаҳои истиқоматии 1-ошёна ба инобат гирифта шудааст. Дар ноҳия боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки 7 гектарро ташкил медиҳад, ҳаст ва тамоман хароб аст. Барои чӣ ин боғро обод намекунанду бозорро бо баҳонаи боғ хароб месозанд?! Дар ноҳия ҷойҳое ҳастанд, ки мисли ҷангал бекор хобидаанд. Лекин раис ба бозори мо мечаспад, моро ба бозори хусусии бародараш (номаш азони бародараш, лекин мо медонем, ки бозор аз они ӯст) кӯчониданӣ асту бозори марказиро нимвайрону нимвалангор кард.

Санаи 12-уми сентябри соли 2017 аз ҷониби МИҲД-и ноҳияи Ҷ. Расулов бо ёрии кормандони милитсия дар асоси қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов №550 аз 8-уми сентябри соли 2017 фаъолияти Бозори марказии ноҳияи Ҷ. Расулов манъ карда шуда, бозор маҳкам карда шуд. Дар Суди иқтисодӣ ду парвандаи иқтисодӣ бо даъвои соҳибкорони Бозори марказии ноҳияи Ҷ. Расулов ба ҳам вобаста баррасӣ шуда истодааст:

— Аризаи се соҳибкор — Ваҳобов Холмат Ҷабборович, Ҳакимов Азим Хоҷаевич ва Ҳалимов Насимҷон Анварович оид ба беэътибор донистани санади ғайримеъёрии ҳуқуқӣ нисбати шахсони манфиатдори МИҲД-и ноҳия ва Кумитаи идораи замини ноҳия. Ин аризаҳо дар бораи беэътибор донистани Қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов аз 29-уми марти соли 2017 таҳти №197, ки ҳарсе “Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи як қисми қитъаи замини бинои мағозаҳо” аст, ки бо баҳонаи “бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ” кашида гирифта шудаанд. Ин се ариза аввал ба манфиати соҳибкорон ҳал шуд, баъд бо сабабҳои номаълум бар зарари онҳо. Шояд ин ҷо сирре бошад?

Хулоса, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Э. С. бо ҳалнома аз 30-юми ноябри соли 2018 бори сеюм аризаро рад кард. Тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 268-и Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ нишондодҳои марҳилаи кассатсионӣ, аз он ҷумла шарҳ додани қонун, ки дар қарор оид ба бекор кардани санади судии суди якум ё марҳилаи кассатсионӣ нишон дода шудааст, барои суди иқтисодие, ки парвандаро аз нав баррасӣ менамояд, ҳатмӣ мебошад. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Э. С. бархилофи моддаи мазкур қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми октябри соли 2018-ро сарфи назар карда, ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул кард, ки аз болои ин ҳалнома низ ба коллегияи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ оварда шуд.

Тибқи талаботи моддаи 15-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалнома, қарор ва таъиноте, ки аз тарафи суди иқтисодӣ қабул карда мешаванд, бояд қонунӣ, асоснок ва делелнок бошанд (26.12.11 с., №776).

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъиноти худ аз 21-уми январи соли 2019 шикояти кассатсионии моро баргардонида, ваҷҳ овардааст, ки гӯё мо муҳлати шикоят оварданро гузаронида бошем. Дар таъинот навишта шудааст, ки гӯё ҳалнома ба мо санаи 7-уми декабри соли 2018 таҳти №9/1245 ирсол карда шудааст. Лекин таъиноти мазкур нодуруст, ғайриқонунӣ ва бармаҳал мебошад. Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 175-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суди иҷтисодӣ нусхаи ҳалномаро ба шахсони иштироккунандаи парванда дар муҳлати 5 (панҷ) рӯзи баъди қабули ҳалнома мефиристонад ва ё бо забонхат ба онҳо месупорад. Агар ҳалнома санаи 30-юми ноябри соли 2018 аз ҷониби судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Э. С. эълон карда шуда бошад, ҳалнома дар муҳлати 5 (панҷ) шабонарӯз ба мо пешниҳод карда нашуд. Намояндаи ваколатдори мо Якубова Л. Ш. ба унвони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намудааст, ки ҳалномаи мазкур дар муҳлати дар қонун муайяншуда пешниҳод карда шавад. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Э. С. ба мо нусхаи ҳалномаро баъд аз 25 рӯз, яъне санаи 25-уми декабри соли 2018 тариқи почта фиристонд ва ҳалнома бо тариқи почта ба ноҳияи Ҷ. Расулов санаи 28-уми декабри соли 2018 расид (нусхаи лифофаҳо ва ҳалнома замима мегардад). Ҳамин тавр, аз ҷониби судя моддаи 175-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда нашуд.

Ҳамин тавр, бо асосҳои дар боло овардашуда мо муҳлати шикоят карданро нагузаронидаем. Лекин коллегияи Суди Олии иқтисодии ҶТ ин асосҳои моро ба инобат нагирифта, шикояти кассатсионии моро рад кард. Албатта, агар рад накунанд, қарор ба фоидаи мо мебарояд. Чи хеле ки Салимзода К. инро нахост, судяҳо низ ӯро дастгирӣ карданд. Масъала якто — раиси ноҳияи Ҷ. Расулов дар асоси моддаҳои 37-41-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани замин ба эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият ва ҳуқуқи истифодаи замини 3 соҳибкорро бекор кард ва фаъолияти соҳибкоронро дар Бозори марказии ноҳияи Ҷ. Расулов манъ намуд. Судяҳо дар санадҳои судӣ хулоса додаанд, ки раиси ноҳия аз ваколатҳояш бараъло баромада, ин қарорҳоро қабул карда, ҳуқуқҳои соҳибкоронро вайрон кардаанд, лекин баъдан онҳо фикрашонро дигар карда, дигар санадҳои судиро бароварданд. Ҳамин аст адолати судӣ?

Ҳама “ғам”-и раис, вазиру кабирро хӯранд, кӣ ғами халқи оддӣ ва соҳибкоронро мехӯрад?!

Ҳалимов Насимҷон, Пулатов Мухтор, Юлдошев Махсуд, Юлдошев Азизбек, Абдумуротов Аҳрор, Давронов Зокир, Маъруфов Маҳмуд, Ҳакимов Азим ва 35 нафари дигари соҳибкорони ҷабрдида

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here