Ба таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Ба таваҷҷуҳи прокурори генералӣ Юсуф Раҳмонзода,
Ба таваҷҷуҳи директори АНДМ МК Султонзода Сулаймон,
Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён,
Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Муҳтарам Пешвои миллат! Мусаллам аст, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо кишвари азизамон — Тоҷикистон сол то сол рушд карда, сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муайян ва ҳимоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванд такмил ёфта, чун Конститутсияи олии гуманитарӣ дар миқёси ҷаҳон эътироф гардидааст. Ҳуқуқ ба манзили зист ва дахлнопазирии он аз кафолатҳоест, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конунҳои кишвар ба шаҳрвандон додааст, вале дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки бо ғаразу хусумати шахсӣ ва бо роҳи забоняккунӣ бо мақомот, ҳамчунин, бо сӯиистифода аз номи ашхоси баландмартаба мехоҳанд нафареро аз хонаву манзили истиқоматӣ «қонунӣ» пеш кунанд.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дигар ба ягон суду судя бовар надорам. Бо умед ба Шумо — ягона ҳомӣ ва кафили ҳуқуқҳои мардуми оддии кишвар муроҷиат менамоям. Шикояти ман аз болои сардори Муассисаи давлатии «Боғи ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Қурбоналиев Файзалӣ аст. Ин нафар бо баҳонаи он ки гӯё ман заминҳои дар тавозуни муассисаи «Боғи ғалаба» бударо забт карда, дар он хонаи истиқоматӣ сохта бошам, мехоҳад маро бо фарзандону наберагонам аз хонаи истиқоматиямон пеш кунад. Қурбоналиев Ф. ин кирдорашро бо истифода аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ кардан мехоҳад. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳавлӣ пеш кардани ман гӯё бо супоришу дастури Раиси шаҳри Душанбе сурат гирифта бошад. Бовар намекунам, ки раиси ҷавони шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ чунин дастуру супориш дода бошад, аммо роҳбарияти «Боғи ғалаба» барои бехона кардани ману оилаам аз номи ӯ сухан мегӯянд.
Тавре қаблан гуфтам, директори Муассисаи давлатии «Боғи ғалаба» Қурбоналиев Ф. бо банда хусумат ва ғарази шахсӣ дорад. Ғарази ӯ бо ман аз соли 2015-ум, пас аз ба сардории муассисаи мазкур таъйин шуданаш сар зад.
Манзили истиқоматии ман дар кӯчаи Помир 5 «а», яке аз 40 хонаест, ки бо масоҳати 90,8 м2 ва масоҳати замини наздиҳавлигии 1622 м2 дар зери роҳи танобӣ ҷойгир аст ва бо хонаводаам 30 сол боз дар он зиндагӣ дорем. Тааҷҷубовар он аст, ки тӯли ин солҳо чандин директори боғи мазкур иваз шуд, вале ягон нафарашон нагуфт, ки ман заминҳои боғро забт карда бошам. Ҳол он ки банда шахсан ин манзили истиқоматиро аз соҳибони қаблияш харидорӣ карда будам ва онҳо замони шӯравӣ дар ин манзил зиндагӣ мекарданд. Чӣ шуд, ки пас ин қадар сол замини наздиҳавлигии ман дар тавозуни боғи мазкур даромада монд?
Гуфтан бамаврид аст, ки ман дар назди хонаи истиқоматиям як ошхонаи шахсӣ дар масоҳати 458 м2 дорам ва ризқу рӯзии оиларо аз ин ҳисоб таъмин мекунам. Соли 2015, пас аз ба вазифаи директори «Боғи ғалаба» таъйин гардидани Қурбоналиев Ф. ҳуқуқшиноси муассиса Назаров Ҷ. ва хоҷагидори он чанд маротиба ба назди ман омада, аз номи директор, бо баҳонаи он ки гӯё ошхона дар ҳудуди корхонаи мазкур қарор дошта бошад, аз ман маблағ талаб карданд. Вале ман бо ҳуҷҷатҳо исбот кардам, ки ошхона берун аз ҳудуди қитъаи замини муассиса буда, ба он дахл надорад. Бино ба талаб ва тамаъҷӯии масъулини боғ, ман бояд барои давом додани фаъолиятам минбаъд ҳар моҳ 1500 сомонӣ ба онҳо пардохт кунам. Ман талабашонро рад кардам. Пас аз ин, аз болои ман ба суд муроҷиат карданд, ки гӯё ман замини муассисаи мазкурро худсарона забт кардааму дар он хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон бунёд кардаам.
Ҳамин тавр, роҳбарияти Муассисаи давлатии Раёсати ҷангал ва боғи маданӣ-истироҳатии «Ғалаба» нисбати ман ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бораи беэътибор донистани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк, таҳти № 1957 аз санаи 21.11. 2008, ки ба номи ман — Қосимов Салим Азизович, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Помир 5 “а” ба қайд гирифта шудааст, муроҷиат карда, хоҳиш кардааст, ки ба ҳолати аввала баргардонида шавад.
Парвандаи гражданӣ бо даъвои Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ-истироҳатии “Ғалаба” нисбати ман рӯзи 7-уми апрели соли 2016 баррасӣ шуда, дар мавриди гузаронидани экспертизаи судии комплексии сохтмонӣ ва заминсозӣ таъйиноти маҷлиси судӣ бароварда шудааст.
Гузаронидани ташхиси судӣ ба уҳдаи сардори шуъбаи экспертизаи судии иқтисодии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди вазорати адлияи Тоҷикистон Қузиев И. Н., мутахассиси КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”дар шаҳри Душанбе Исматуллоев Ҳ. ва мутахассиси Идораи замини шаҳри Душанбе Валимадов А. вогузор гардида буд.
Тибқи хулосаи экспертизаи судии муҳандисию сохтмонӣ, ки 19-уми октябри соли 2016 аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-криминалистии вазорати адлияи Тоҷикистон гузаронида шуд, дар назди коршиносони судӣ саволҳои зерин гузошта шуд:
1. Оё манзили истиқоматии Қосимов Салим Азизович, воқеъ дар кӯчаи Помир №5а-и шаҳри Душанбе дар заминҳои Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ-истироҳатии “Ғалаба” ҷойгир аст?
2. Оё 458 метри мураббаъе, ки Қосимов С. А. ғасб кардааст, ба масоҳати 1622 метри мураббаъ, ки бо Қарор оид ба қонунигардонии молу мулк, аз 18. 11. 2008, таҳти рақами 1957 тасдиқ гардидааст, дохил мешавад?
Тавре коршиносон дар тадқиқоташон менависанд, ташхис бо усули азназаргузаронӣ ва омӯхтани ҳуҷҷатҳои ба ташхис пешниҳодгардидаи манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Помир хонаи № 5“а” ва 5”б” сурат гирифтааст.
Азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии мазкур бо иштироки соҳибони он, намояндаи КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе Исматуллоев Ҳ. мутахассисони Идораи замини шаҳри Душанбе Валимадов А. ва намояндагони Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи истироҳатии “Ғалаба” Назаров Ҷ ва Боқиев А. гузаронида шуд.
Дар натиҷа аз ҷониби комиссия муайян карда шуд, ки масоҳати қитъаи замини ба ман тааллуқдошта (хонаи 5а) 985,8 метри мураббаъ ва масоҳати қитъаи замини ба номи ҳамсарам Қосимова Х. буда, (хонаи 5б) 324 метри мураббаъ мебошад. Масоҳати ҳарду қитъаи замин 1309,8 метри мураббаъро ташкил дод. Аз ин мебарояд, ки тӯли 30 сол масоҳати қитъаи замини наздиҳавлигии мо на он қадаре, ки дар ҳуҷҷатҳо нишон дода шудааст (1622 метри квадратӣ), балки 1309,8 метри мураббаъ будааст. Яъне масоҳати замини мо 312,2 метри мураббаъ кам будааст, на зиёд (ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мавҷуд аст). Ҳамин тавр, ташхис нишон дод, ки хонаи истиқоматии ман ба роҳи танобии Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба” монеа эҷод намекунад, вале роҳбарияти боғи мазкур бо роҳи шиносбозию ғайриқонунӣ бо судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Қурбонзода К.Р. бе додани манзили истиқоматӣ дар ҷойи дигар аҳли оилаи моро аз манзили истиқоматиямон пеш карданиянд.

Муҳтарам Пешвои миллат, хоҳишмандам пеши роҳи бесарусомонии роҳбарияти Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи истироҳатии “Ғалаба” ва беҳокимиятиро дар суд гиред. Нагузоред ману фарзандон ва наберагонам дар кӯча монем.

Бо эҳтиром, Қосимов Салим Азизович,

сокини ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Помир 5 “а”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here